Шарҳи Маснавӣ (169)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (11)

* * *

Изофат кардани Одам он заллатро ба хештан, ки “Раббано заламно” ва изофат кардани Иблис гуноҳи худро ба Худои Таъоло, ки “Бимо ағвайтанӣ” (2)

* * *

Гуфт шайтон, ки “бимо ағвайтанӣ”,

Кард феъли худ ниҳон деви данӣ.

Шайтон ба Худованд гуфт, ки ту маро гумроҳ кардӣ. Ӯ гумроҳии худро ба ҳазрати Ҳақ нисбат дод ва он деви фурӯмоя кори худро пинҳон дошт.

Нукта: “Бимо ағвайтанӣ” (بما أغويتني) яъне, “ба сабаби он ки маро гумроҳ кардӣ” қисмате аз ояти 16 сураи Аъроф аст:

قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ

Иблис гуфт: Парвардигоро! Ба ивази он ки маро гумроҳ кардӣ, ман низ бар роҳи бандагонат ба камин менишинам ва ононро аз роҳи мустақими ту бозмедорам”.

Гуфт Одам, ки “заламно нафсано”,

Ӯ зи феъли Ҳақ набуд ғофил чу мо.

Вале ҳазрати Одам (а) гуфт: Парвардигоро! Мо ба худ ситам кардем. Ва ӯ ҳамчун мо аз ҳикмати кори ҳазрати Ҳақ бехабар набуд.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 23 сураи Аъроф:

قَالاَ رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ

Одам ва Ҳавво гуфтанд: Парвардигоро! Ба худ ситам кардем. Ва агар бар мо омурзиш наёварӣ ва раҳмат раво мадорӣ, ҳар ойина аз зиёнкорон хоҳем буд”.

Манзури байт: Мавлоно мегӯяд, ҳазрати Одам (а) бо он ки медонист, холиқи ҳақиқии аъмоли бандагон Худованд аст, бо ин ҳол, лағзише, ки аз ӯ содир шуд, ба худ нисбат дод, на ба холиқ.

Дар гунаҳ ӯ аз адаб пинҳон-ш кард,

З-он гунаҳ бар худ задан ӯ барбих(в)ард.

Бо он ки ҳазрати Одам (а) медонист, ки холиқи афъоли бандагон Ҳақ Таъолост, вале ба ҷиҳати риояти адаб онро бар забон наёвард ва пинҳон кард. Ва бо интисоби он гуноҳ ба худ, аз фазл ва раҳмати илоҳӣ бархӯрдор шуд ва мақбули даргоҳи Ҳақ гардид.

Барбихвард: Бархӯрдор ва комёб шуд.

Баъди тавба гуфташ: Эй Одам, на ман

Офаридам дар ту он ҷурму миҳан?

Пас аз он ки Одам (а) тавба кард, Ҳақ Таъоло ба ӯ фармуд: Одамо! Оё он гуноҳе, ки муртакиб шудӣ ва он ранҷҳо, ки кашидӣ, магар онҳоро ман халқ накардам? (Пас, чаро онро ба худ мансуб доштаӣ?)

Миҳан: Ранҷҳо ва саъйҳо, ҷамъи миҳнат.

На ки тақдиру қазои ман буд он?

Чун ба вақти узр кардӣ он ниҳон?

Магар на ин буд, ки тақдир ва қазои ман сабаби он гуноҳ ва ранҷ шуд, пас чаро ҳангоми узрхоҳӣ ин масъаларо пинҳон кардӣ?

Нукта: Одам (а) ба ҷиҳати риояти адаб, гуноҳеро, ки тақдири илоҳӣ бар ӯ лозим карда буд, ба худ нисбат дод ва бад-ин тартиб шарти убудиятро баҷо овард, аммо Иблис онро ба Худо нисбат дод.

Гуфт: Тарсидам, адаб нагзоштам,

Гуфт: Ман ҳам поси онат доштам.

Одам (а) гуфт: Тарсидам, ки мабодо беадабӣ кунам. Ҳазрати Ҳақ низ фармуд: Ман ҳам ба ҳамин сабаб, поси адабат доштам ва туро бахшидам.

Нукта: Дар ҳикоят аст, ки яке аз орифон дар гуфтугӯи бо Ҳақ Таъоло гуфт: Эй Худои ман! Ту гуноҳро муқаддар доштӣ, ту онро ирода кардӣ, ту онро дар нафси ман офаридӣ. Он гоҳ ҳотифе дар посух ҳамегуфт: Ин шарти тавҳид аст, пас шарти убудият кадом аст? Ориф посух гуфт, ки: Ман хато кардам, ман муртакиби гуноҳ шудам ва ман ба нафси худ зулм кардам. Пас ҳотиф гуфт, ки ман омурзидам ва ман афв кардам ва ман раҳмат овардам. (Шарҳи Фусусил-ҳикам, ба нақл аз Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, ҷ.1, с.239-240)

Ҳар кӣ орад ҳурмат, ӯ ҳурмат барад,

Ҳар кӣ орад қанд, лавзина х(в)арад.

Ҳар кас, ки ба даргоҳи илоҳӣ эҳтиром гузорад, дар ивази ин кор, мавриди эҳтиром қарор мегирад. Ва масалан ҳар кас қанд биёварад, ҳалвои бодом мебарад.

Лавзина: Ҳалвое, ки аз мағзи бодом сохта бошанд.

Нукта: Мисроъи дуввум аз ҳайси мазмун ишорат аст ба ояти 160 сураи Анъом:

مَن جَاء بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا وَمَن جَاء بِالسَّيِّئَةِ فَلاَ يُجْزَى إِلاَّ مِثْلَهَا وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ

Ҳар ки некӣ кунад, даҳ баробар подош гирад, ва ҳар ки бадӣ кунад, фақат ба андозаи кори бадаш ба ӯ ҷазо дода шавад. Ва албатта, ки ба онон ситам наравад”.

Таййибот аз баҳри кӣ? Лит-таййибин,

Ёрро хуш кун, биранҷону бибин.

Занони покиза ба киҳо таъаллуқ доранд? Албатта, ки ба мардони пок. Пас, дӯстро хушҳол кун ва ё ранҷ бидеҳ ва натиҷаи ҳар ду корро мушоҳида кун.

Таййибот: Ҷамъи таййиба, пок ва покиза.

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба қисмате аз ояти 26 сураи Нур:

الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ

Занони бадкор шоистаи мардони бадкоранд ва мардони бадкор сазовори занони бадкор ва занони покиза дар хӯри мардони покизаанд ва мардони покиза сазовори занони покиза…”

Мисроъи аввали ин байт истидлоли тамсилӣ аст дар баёни матлаби байти пешин, ки ҳар кас ба наҳве ҷавоби амали худро мебинад. Дар мисроъи дуввум дар бархе аз нусхаҳо ба ҷойи “хуш кун” “бар каш” омадааст. Ва “бар кашидан” ба маънои боло кашидан, истихроҷ кардан, чиндор кардан ва парвардан аст. Ваҷҳи аввал бо сиёқи мавзӯъ муносибтар меояд.

Манзури мисроъи дуввум: Ҳазрати маъшуқро бо амали зишти худ ба ғазаб ор ё бо амали неки худ ба лутф ор ва натиҷаи ҳар ду амалро мулоҳиза кун. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.478-79)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: