Шарҳи Маснавӣ (170)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (12)

* * *

Изофат кардани Одам он заллатро ба хештан, ки “Раббано заламно” ва изофат кардани Иблис гуноҳи худро ба Худои Таъоло, ки “Бимо ағвайтанӣ” (3)

* * *

Як мисол, эй дил, пайи фарқе биёр,

То бидонӣ ҷабрро дар ихтиёр.

Эй дил! (Ё, эй соҳибдил!) Барои он ки фарқи ҷабру ихтиёрро баён кунӣ, мисоле бизан, то аз тариқи мисол тафовути ҷабрро аз ихтиёр ташхис диҳӣ.

Даст, к-он ларзон бувад аз иртиъош

В-он ки дастеро ту ларзонӣ зи ҷош.

Масалан, дасте, ки аз марази раъша меларзад, мусалламан ин ларзиш иҷборан сурат мегирад ва ҳеч ихтиёре дар он нест. Вале ту, ки дастатро бо ихтиёри худ меларзонӣ, ин ларзиш бо он ларзиш фарқ дорад.

Нукта: Мисолеро, ки Мавлоно дар ин байт ва чанд байти дигар оварда, ҳамон мисолест, ки Абулҳасани Ашъарӣ (поягузори мактаби эътиқодии ашъарӣ, 260-330 ҳ.қ) гуфтааст. Ӯ гӯяд:

الانسان يحسّ من نفسه تفرقة ضرورية بين حركتي الضرورية والاختيارية كحركة المرتعش وحركة المختار

Инсон виҷдонан ҳисс мекунад, ки ҳаракати изтирорӣ бо ҳаракати ихтиёрӣ фарқ дорад; монанди касе, ки бар асари бемории раъша дасташ меларзад ва касе, ки ба майл ва ихтиёри худ дасташро меларзонад”. (Ба нақл аз: Ниҳоятул-иқдом, с.73; Милал ва Ниҳали Шаҳристонӣ, с.124)

Ҳар ду ҷунбиш офаридай Ҳақ шинос,

Лек натвон кард ин бо он қиёс.

Ин ду ҳаракатро махлуқи офаридгор бидон, вале ин ҳаракатро бо он ҳаракат наметавон муқоиса кард ва ҳар дуро яксон фарз намуд. Зеро ларзиши дасте, ки ба ихтиёр меларзад, бо ларзиши дасте, ки иҷборан бар асари бемории раъша меларзад, фарқ дорад, ҳарчанд ки холиқи ҳар ду ҳаракат Худованд аст.

Нукта: Пештар гуфта омад, ки аз назари ашъариён, холиқи феъл Худованд аст ва одам фақат косиби феъл мебошад, аммо дар айни ҳол, тафовути ин ду ларзиш дар ин аст, ки дар ларзиши иҷборӣ инсон худро масъул намебинад, вале дар ларзиши ихтиёрӣ навъе масъулият ҳисс мекунад. Ашъариён ин тамсилро дар нафйи ҷабри маҳз ва ихтиёри мутлақи инсон овардаанд.

Мавлоно аз абёти пешин масъалаи ҷабр ва ихтиёрро аз манзари аҳли калом баррасӣ мекунад ва қабл аз ин абёт, масъалаи мазкурро бо машраби сӯфиёнаи худ ҳал кард. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.479-80)

З-ин пушаймонӣ, ки ларзонидияш,

Чун пушаймон нест марди муртаъиш.

Аз ин ки дасти худро беҳуда биҷунбонӣ ва осебе бибинӣ, албатта ки пушаймон хоҳӣ шуд. Ва ин пушаймонӣ нишон медиҳад, ки ту бар ларзондани дасти худ ихтиёре доштаӣ, вале касе, ки дасташ ба сабаби бемории раъша меларзад, агар аз ин ларзиш осебе бибинад, мавриде надорад, ки пушаймон шавад, зеро ларзиши дасти ӯ иҷборӣ аст, на ихтиёрӣ, ки надомат ба бор оварад.

Баҳси ақл аст ин. Чӣ ақл? Он ҳилагар

То заъифе раҳ барад он ҷо магар.

Ин гуна мабоҳис марбут ба ақл аст ва усулан ин баҳсҳои аҷиб фақат метавонад афроди соддаандеш ва ноогоҳро то ҳудуде роҳ бибарад. Аммо ин ақли ҳилагари ҷузъӣ ҳам аҷаб мавҷудест!

Баҳси ақлӣ гар дуру марҷон бувад,

Он дигар бошад, ки баҳси ҷон бувад.

Мавлоно ин гуна баҳсҳои хушки каломӣ ва ақлиро намеписандад, ҳарчанд ки дар аснои Маснавӣ гоҳ заруратан ба он мепардозад. Аз ин рӯ, гӯӣ ки аз ин баҳсҳои хам андар хам афсурдахотир шуда, мухотабонро ба сӯйи “баҳси ҷон” таваҷҷӯҳ медиҳад. Баҳси ҷон ҳамон шуҳуди ҳақиқат аз тариқи сафои ботин аст. Бад-ин сон, баҳси ҷон ошёнаи саодат ва оромиши руҳии башарият аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.480-81)

Маънои байт: Мабоҳиси ақлӣ ва каломӣ агар фаразан ҳамчун марвориду марҷон ҳам, ки бошад ва анзорро ба худ ҷалб кунад, вале баҳси ҷон ва шуҳуди ҳақиқат аз тариқи таҳзиби ботин ва танвири қалб, чизи дигаре аст.

Баҳси ҷон андар мақоме дигар аст,

Бодаи ҷонро қавоме дигар аст.

Баҳси ҷон ҷойгоҳ ва мартибае дигар дорад ва шароби ҷон қивом ва пухтагии дигаре дорад.

Қивом: Ҳолати чизе, ки расида ва пухта бошад.

Нукта: Наҷмуддини Розӣ гӯяд: “Ақлро бар он ҳазрат роҳ нест. Раванда ба қадами ақл бад-он ҳазрат натавон расид”. (Ишқу ақл, с.64)

Он замон, ки баҳси ақлӣ соз буд,

Ин Умар бо Булҳикам ҳамроз буд.

Он вақте ки баҳсҳои ақлӣ эътибор дошт, Умар ибни Хаттоб бо Абулҳакам (Абӯҷаҳл) дамсоз ва ҳамроз буд.

Нукта: Умар ибни Хаттоб ва Абӯҷаҳл ҳар ду бутпараст буданд, вале Умар ибни Хаттоб ба ислом даромад ва Абӯҷаҳл ҳамчунон бар бутпарастӣ исрор меварзид. Мавлоно гаравиши Умар ибни Хаттоб ба исломро таъбир мекунад ба бозомодан аз мартибаи нозили ақл ба мартибаи волои ҷон. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.481)

Чун Умар аз ақл омад сӯйи ҷон,

Булҳикам Бӯҷаҳл шуд дар баҳси он.

Умар аз мартибаи ақл ба сӯйи мартибаи ҷон иртиқо ёфт ва ба ислом гаравид, вале Абулҳакам (Абӯҷаҳл) дар баҳси ҷон дармонда шуд ва лақаби Абӯҷаҳл ёфт ва хулоса дар мартибаи ҷаҳл истод.

Сӯйи ҳиссу сӯйи ақл ӯ комил аст,

Гарчи худ нисбат ба ҷон ӯ ҷоҳил аст.

Абӯҷаҳл нисбат ба мабоҳиси ақли ҷузъӣ комил буд, яъне дар умури дунё ва нафсониёт барҷаста буд, вале дар мавриди масоили марбут ба имон ва яқин ва баҳси ҷон, комилан нодон буд. Пас, ӯ Абулҳакам буд дар эҳтиҷоҷот ва муноқишоти ақли ҷузъӣ, ва Абӯҷаҳл буд дар маърифат ва яқини қалбӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: