Шарҳи Маснавӣ (171)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (13)

* * *

Изофат кардани Одам он заллатро ба хештан, ки “Раббано заламно” ва изофат кардани Иблис гуноҳи худро ба Худои Таъоло, ки “Бимо ағвайтанӣ” (4)

* * *

Баҳси ақлу ҳис асар дон ё сабаб,

Баҳси ҷонӣ ё аҷаб ё булъаҷаб.

Мабоҳиси ақлӣ ва ҳиссӣ, аз навъи истидлол ва роҳ ҷустан аз асар ба муассир ва ё интиқол аз сабаб ба мусаббиб аст. Вале баҳси марбут ба ҷонро бояд муҳим ва шигифтангез бидонӣ ва дорандагони ақлҳои ҷузъӣ қодир нестанд онро дарк кунанд. (Баҳсҳои ақлӣ ҳаргиз аз хористони шаккҳо ва сангистони гумонҳо ва ташвиши хотир мубарро нест. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.482))

Булъаҷаб: Ҳар чизи шигифтзо.

Завъи ҷон омад, намонд, эй мустазӣ!

Лозиму малзуму нофӣ муқтазӣ.

Эй толиби нури маърифат! Бидон, ки ҳар гоҳ нури ҷон битобад, тамоми мабоҳиси марбут ба қилу қол аз қабили “лозиму малзум” ва “нофӣ ва муқтазӣ” барҷо намонад.

Мустазӣ: Партавгиранда, толиби нур.

Нукта: Маънои чанд истилоҳи мантиқӣ, ки дар байти фавқ омадааст:

Лозиму малзум ба ду амре гӯянд, ки вуҷуди яке мутаваққиф бар дигаре бошад. Масалан, ҳар гоҳ ду чизро дар назар бигирем, яке “А” ва дигаре “Б” ва вазъи он тавре бошад, ки ҳар вақт “А” вуҷуд пайдо кунад, “Б” ҳам вуҷуд пайдо мекунад, дар ин сурат “А”-ро малзум ва “Б”-ро лозим гӯянд ва робитаи он дуро “лузум” номанд. (Асосул-иқтибос, с.23)

Нофӣ ҳар ҳукме аст, ки нафйкунандаи ҳукми дигар бошад, ё касе аст, ки даъвои хасмро нодуруст шумурад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.482)

Манзури байт: Шинохти ҳақиқат ва ҳусули маърифат ниёзе ба баҳсҳои ҷадалӣ ва муноқишоти каломӣ надорад, балки баръакс дар муноқишоти каломӣ, ки нафсҳои аммора бар он фармон меронанд ва онро идора мекунанд, ғолибан ҳақиқат пинҳон мемонад.

З-он ки биноро, ки нураш бозиғ аст,

Аз далели чун асо бас фориғ аст.

Зеро нури чашми равшанбинон тобнок ва пурфурӯғ аст. Чунин ашхосе дар паймудани роҳи ҳақиқат, ба асои далоил ва эҳтиҷоҷот ниёзе надоранд.

Бозиғ: Равшан, тобон.

Нукта: Ҳар гоҳ шамси ҳақиқат битобад, дигар ба шамъи ақлҳои ҷузъӣ ниёзе нест. Ташбеҳи “далел” ба асо, аз он рӯст, ки асо дар торикии шаб ва ё барои нобиноён ва беморон ба кор ояд, вале дар равшании рӯз бар кор намеояд ва биноён ва тандурустон ба он ниёзе надоранд; чунон ки занҷираи далелу мадлул ва сабабу мусаббаб фақат ба дарди мубтадиён мехӯрад, дар ҳоле ки мунтаҳиён ва сиддиқон аз мадлул ба мадлул мерасанд, чунон ки Имом Алӣ (а) дар дуое фармояд:

يا من دلّ ذاته بذاته

Эй Худое, ки худ бар хештан далолат дорӣ!

Ё Имом Содиқ (а) фармояд:

اعرفوا اللهَ بالله

Худоро ба Худо бишносед!

(Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.483)

* * *

Тафсири “Ва ҳува маъакум айнамо кунтум” (Ва Худо ҳамроҳи шумост ҳар ҷо бошед)

* * *

Мавлоно дар ин фасл ба ихтисор мафҳуми “маъийят” (ҳамроҳӣ)-ро бо истинод ба ояти 4 сураи Ҳадид баён медорад.

Бори дигар мо ба қисса омадем,

Мо аз он қисса бурун худ кай шудем?

Мо як бори дигар зоҳиран ба нақли ҳикояти мавриди назар бозгаштем, вале ботинан мо кай аз ин ҳикоят дур шудаем? Яъне мо ҳаргиз аз ин ҳикоят дур нашудаем. (Зеро Мавлоно ҳаргиз аз ҳадиси ҳазрати дӯст берун нарафтааст ва сирри дилбари худро дар ҳадиси дигарон мегӯяд.)

Гар ба ҷаҳл ойем, он зиндони ӯст

В-ар ба илм ойем, он айвони ӯст.

Агар ба нодонӣ гирифтор шавем, ин марҳила зиндони Ҳақ Таъолост. Ва агар ба мартибаи илм ва доноӣ ҳам иртиқо ёбем, он илм ва доноӣ ҳам айвони мақсуди ҳақиқат аст.

Нукта: Изофаи “зиндон” ва “айвон”, изофаи тахсисӣ аст ва марҷаъи замири “ӯ” ба Худо бозмегардад. Манзури Мавлоно ин аст, ки ҷаҳли башар зиндоне аст, ки Ҳақ Таъоло барои ӯ тақдир фармуда, ва илми башар низ айвон ва гулистоне аст, ки Худованд ба ӯ ато фармудааст. (Мавлавинома, ҷ.1, с.100)

В-ар ба хоб ойем, мастони вайем

В-ар ба бедорӣ, ба дастони вайем.

Агар ба хоб фурӯ равем, масти Худованд ҳастем, ва агар ба бедорӣ бозойем, дубора асири қудрати ӯ ҳастем.

Нукта: “Дастон” ба маънои нағма ва суруд ва афсона аст. Ҷамъи “даст” низ тавонад буд ва даст киноя аз қудрат аст. Ва инҷо чун баёни мақоми “маъийят” аст, ин маъно муносибтар меояд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.484)

В-ар бигирйем, абри пурзарқи вайем

В-ар бихандем, он замон барқи вайем.

Агар гиря кунем, абри пурҷилва ва шукӯҳманди ӯ ҳастем, ва агар бихандем, барқу тобиши ӯ хоҳем буд.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 43 сураи Наҷм:

وَأَنَّهُ هُوَ أَضْحَكَ وَأَبْكَى

Ва Ӯст, ки механдонад ва Ӯст, ки мегирёнад”.

В-ар ба хашму ҷанг, акси қаҳри ӯст

В-ар ба сулҳу узр, акси меҳри ӯст.

Агар хашмгин шавем ва ба ситез даройем, инъикосе аз сифати қаҳри ӯст, ва агар ба сулҳу мудоро даройем, он низ инъикосе аз сифати лутфи ӯст.

Мо кийем андар ҷаҳони печ-печ?

Чун алиф. Ӯ худ чӣ дорад? Ҳеч-ҳеч.

Мо дар ин ҷаҳони печ андар печ ва хам андар хам чӣ касе ҳастем? Мо ҳамчун “алиф” ҳастем. Ӯ аз зоти худ чӣ дорад? Мусалламан ҳеч аз худ надорад. На нуқта дорад, на ҳаракат дорад ва на ҳеч аломате дорад. Пас, мо зуҳуре, ки пайдо мекунем, мутаваққиф бар зуҳури ҳазрати Ҳақ аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: