Ҳакими гумноми хуҷандӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳар гоҳ сухан аз андешмандону фалосифаи халқи тоҷик ба миён ояд, ба зеҳни ҳар як аз мо тоҷикон, номи абармардоне чун Форобӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Хайём, Мавлоно ва амсоли эшон табодур мекунад, чаро ки дар китобҳоямон, чи он чи дар мактабҳои миёна тадрис мешавад ва ё дар донишгоҳҳоямон меомӯзанд ва ҳатто он чи дар авсоти окодемӣ матраҳ аст, танҳо ҳамин асомӣ мавриди тадовуланд.

Аммо, оё аз касе дида ва ё шунидаед, ки аз Соинуддин Алии Хуҷандӣ маъруф ба Ибни Турка, ба унвони як файласуф ва ориф, ном бурда бошад? Ҳол он ки ин ҳакими вораста, дар заминаи дониши фалсафа ва ирфони исломӣ, агар нагӯем боризтар аз номбурдагон мебошад, ақаллан ҳамтирози эшон дар ин майдон ба шумор меравад.

Роқими сутур дар ин навиштор, бар онам миқдоре роҷеъ ба шарҳи ҳоли ин донишманди ворастаи тоҷик ва низ перомуни китоби маъруфу машҳури вай мавсум ба «Тамҳидул-қавоид”, ки дар заминаи ирфони назарӣ нигошта шуда ва китобест беҳамто, сӯҳбат ба амал оварам.

* * *

Шарҳи ҳол

Соинуддин Алӣ, фақеҳ, ҳаким, ориф, шоир ва адиби қарни ҳаштум ва нӯҳуми ҳиҷрии қамарӣ аст. Кунияи ӯ Абӯмуҳаммад ва шӯҳраташ ба унвони Ибни Турка, ё Соинуддини Хуҷандӣ, ё Соинуддини Турка ва ё Туркаи Хуҷандӣ ва низ Соинуддини Исфаҳонӣ машҳур аст.

Хонадони ӯ, ба унвони хонадони Оли Турка, бисёр маъруф ва мӯҳтарам буданд ва асолатан аз шаҳри Хуҷанд буда ва аз замони муғул то сафавия дар Исфаҳон мезистанд. Номи падараш Муҳаммад ва падарбузургаш Абӯҳомид Садруддини Туркаи Исфаҳонӣ, ҳаким ва орифи қарни ҳафтум ва ҳаштум ва бузурги хонадони Оли Турка ва ё Оли Хуҷанд аст. Ин хонадон, то ба ҳадде маъруф ва машҳур ва забонзади хоссу омм дар Исфаҳони Эрон буда ва мебошанд, ки имрӯза дар Исфаҳон хиёбонеро, ки ин хонадон мезистанд (ва ба эҳтимоли зиёд насли эшон то ба имрӯз дар ҳамин шаҳр зиндагӣ менамоянд), ба унвони «Хиёбони Оли Хуҷанд” ном ниҳодаанд.

Аз фарзандони Соинуддин дар манобеъ, фақат номи ду тан ба номҳои Муҳаммад ва Афзал омада, аммо худаш аз даҳ фарзандаш дар вақойеи зиндагияш сӯҳбат кардааст.

Соинуддин Алӣ, машҳуртарин ва муҳимтарин шахсияти хонадони Оли Туркаи Хуҷандӣ аст. Макон ва торихи вилодаташ ба таври эҳтимолӣ дар Исфаҳон ва ҳудуди 770 ҳ.қ мебошад. Вай солҳо назди бародари бузургаш, ки аз уламо буд, улуми диние мисли ҳадис, тафсир, фиқҳ ва усулро ёд гирифт ва дуруси дигаре монанди калом, ирфон ва баъзе аз улуми ғариба (мисли ситорашиносӣ ва ғайра)-ро назди асотиди дигаре омӯхт ва дар ин улум ва низ дар ҷафру аъдод (арифметика) табаҳҳури зиёд пайдо кард.

Соли 789 ҳ.қ замоне ки Темур Исфаҳонро тасарруф кард, Соинуддин ҳамроҳи бародараш ба Самарқанд рафта ва аз онҷо бо кӯмаки бародари бузургаш ба ҳаҷ сафар кард ва баъд ба Миср ва Шом рафт. Дар ин сафарҳо аз машойихи сӯфия ва уламо баҳраҳои зиёд бурд. Баъд ба Эрон баргашт ва замоне ки хабари даргузашти Темурро дар соли 807 ҳ.қ шунид, ба Исфаҳон рафт.

Соинуддин муддате дар Исфаҳон гӯшанишин буд ва баъд ба даъвати Пирмуҳаммад, яке аз наберагони Темур ва волии Форс, ба Шероз рафт ва муддате баъд дар дастгоҳи ҳукуматии Искандар ворид ва аз наздикони ӯ шуд. Баъд аз туғёни Искандар алайҳи Шоҳрух, ки дар натиҷаи он Искандар кушта шуд, Соинуддин дубора гӯшанишин шуд ва чун ҳама ӯро аз наздикони Искандар медонистанд, душманонаш кӯшиданд ва Шоҳрухро нисбат ба ӯ бадбин карданд. Ӯ низ барои ин ки аз шарри онҳо дар амон бошад, ба Хуросон рафт. Муддате аз тарафи Шоҳрух Мирзо мансаби қозигӣ дошт, ки баъд аз ин интисоб, мавриди ҳасодати бадбинон қарор гирифт ва ба сӯфигарӣ ва хориҷ шудан аз мазҳаб муттаҳам шуд.

Бинобар ин, барои бозҷӯйӣ ба Ҳирот фиристода шуда ва муддатҳо таҳти озору шиканҷа буд, то дар соли 830 ҳ.қ, ки суиқасд ба ҷони Шоҳрух Мирзо тавассути Аҳмадлур дар масҷиди Ҳирот шуд, ба ӯ тӯҳматҳое заданд ва ба ҳабсу табъид ва мусодираи амвол маҳкумаш карданд ва ӯ низ бо қувваи қалам ва дифоъҳояш, аз худ рафъи иттиҳомҳо ва нисбатҳои нораво кард, то билохира табриа ва сафед шуд.

* * *

Асотид:

1. Шайх Сироҷуддини Билқинӣ, ки Соинуддин аз ӯ дар Миср илми ҳадис омӯхт;

2. Сайид Ҳусайни Ахлотӣ: вай бо гурӯҳе аз бузургони муосири худаш бо ин шахс ҳам мулоқот дошта ва ҳам матолиб омӯхт;

3. Эҳтимолан аз маҳзари Шамсуддин Муҳаммад ибни Фанорӣ, муаллифи китоби “Мисбоҳул-унс” низ баҳра бурдааст.

* * *

Шогирдони Соинуддин:

1. Муҳаммад (писараш);

2. Мир Сайид Муҳаммади Бадахшӣ;

3. Паҳлавон Шамсуддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Котибии Нишопурӣ, аз шоирони қарни нӯҳуми ҳиҷрии қамарӣ, ки дар тасаввуф мурид ва шогирди Соинуддин буд;

4. Амир Сайид Аҳмади Лолаӣ;

5. Шарафуддин Алии Яздӣ.

* * *

Дидгоҳи Соинуддин:

Афкору андешаи ӯ яке аз мароҳили муҳимми такомул ва пешрафти ҳикмат ва ирфони исломӣ аст. Ӯ муҳимтарин ҳалқаи робит миёни Ибни Сино, Ғаззолӣ, Суҳравардӣ, Ибни Арабӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва ҳавзаи фалсафии Исфаҳон ва ҳикмати мутаолияи Садрулмутааллиҳини Шерозӣ аст. Вай яке аз шахсиятҳои муассир ва бонуфузест, ки қабл аз Мулло Садро, дар садади талфиқи ҳикмати ишроқӣ ва машшоӣ ва ирфонӣ баромад; яъне миёни ин се хост ваҳдат эҷод кунад.

* * *

Осор ва таълифот:

Ин шахсияти бузург дар бештари донишҳои он рӯзгор табаҳҳур дошт ва дар ҳар як аз онҳо соҳиби осор ва таълифот аст. Бархе аз ин осор ба арабӣ ва бархе ба форсӣ мебошанд. Аз ҷумлаи осори ӯ:

1. Тамҳидул-қавоид (дар ирфони назарӣ);

2. Китоби Асрорус-салот (румузи намоз ба шеваи ирфонӣ);

3. Рисолаи Завъул-ламаъот (дар шарҳи Ламаъоти Ироқӣ дар ирфон);

4. Рисолаи Шаққул-қамар;

5. Тӯҳфаи алоийя (масоили фиқҳӣ бар асоси мазоҳиби чаҳоргона);

6. Нафасатул-масдури аввал ва дуюм (шарҳи вақоеи зиндагияш);

7. Рисолаи эътиқодот;

8. Атворун салоса (дар бораи се тавр аз атвори сӯфиён);

9. Рисолаи Нуқта дар шарҳи ҳадиси «Анан-нуқтатул-лати таҳтал-бо”-и мансуб ба ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (а);

10. Рисолаи Муаммо (тарҷумаи аҳодисе аз пайғамбар (с) ва Алӣ (а));

11. Ал-маноҳиҷ фил-мантиқ (мантиқ ба равиши машшоиён);

12. Инзолия (дар нузули китоб ва кайфият ва маротиби он);

13. Ал-арбаъинийя (дар шарҳи як ҳадис ва хусусияти адади арбаъин);

14. Ал-боийя (дар иллати тақаддуми ҳарфи «бо” дар Қуръон нисбат ба ҳуруфи дигар);

15. Тақдимул-ақли алан-нафс;

16. Шарҳи Фусусул-ҳикам.

ва чандин осори дигар…

Илова бар инҳо, вай манзумоте ба форсӣ ва арабӣ дорад. Бархе аз пажӯҳишгарон (аз ҷумла Оқобузурги Теҳронӣ) аз «Девони Соинуддини Исфаҳонӣ” ном бурдаанд.

* * *

Китоби Тамҳидул-қавоид:

Яке аз беҳтарин осори Соинуддин, китоби “Тамҳидул-қавоид” аст, ки китобе фалсафӣ ва дар ирфони назарӣ нигошта шудааст. Ин китоб солҳо китоби дарсӣ буда ва ҳамеша дар назди урафо ва ҳукамо аҳамияти хоссе доштаааст. Иншоаллоҳ сари фурсат каме ба тафсил роҷеъ ба ин китоб сӯҳбат ба амал хоҳем овард.



Рубрики:Инсони муваффақ, Ирфони назарӣ, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: