Хайру шарр аз дидгоҳи Мавлавӣ (1)

Бахши аввал

Ба қалами Асғари Оқоӣ ва Аббоси Изадпаноҳ

Чакидаи мақола

Масъалаи шурур яке аз боризтарин мавзӯъҳоест, ки бисёре аз мункирони Худованд онро масъалае ҷиддӣ дар баробари Худобоварон медонанд ва муддаъӣ ҳастанд, ки дар баробари ин пурсиш, ки «бо вуҷуди Худои меҳрубон ва қодири мутлақ, чаро чунин шуруре вуҷуд дорад ё бояд дошта бошад?», наметавон посухи шоистае дод ва ин далели муҳкаме бар заъфи муддаъои Худобоварон бар раҳмат ва қудрати мутлақи Худост ва натиҷаи он нафйи вуҷуди Худованд аст.

Ин мақола пас аз ишорае кӯтоҳ ба посухҳои додашуда ба ин масъала, рӯшан мекунад, ки дар канори “адамӣ” ангоштани шурур, иддае бо зикри фоидаҳое ҳамчун таъолибахшии руҳи инсон ва пешрафти ҷомеаи башарӣ, мекӯшанд назарияи машҳур дар бораи масъалаи шурур, яъне назарияи нисбиятро, рӯшантар кунанд.

Мавлавӣ, бо баёнҳои мухталифе, ба исботи нисбияти шурур пардохтааст ва онро лозимаи ҳаёти дунявии башар медонад. Бидуни шурур на танҳо бисёре аз умур дар пардаи ибҳом боқӣ мемонд, балки бисёре аз фазилатҳо ва ҳунарҳои башарӣ низ бурузе намеёфт. Аз сӯйи дигар, ӯ мӯътақид аст, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавон шарре мутлақ дар ҷаҳон ёфт ва низ мӯътақид аст, ки миёни худи шурур низ нисбият барқарор аст.

* * *

Калидвожаҳо: Мавлавӣ, Маснавии Маънавӣ, хайр, шарр, масъалаи шарр, нисбияти шурур.

* * *

Муқаддима

Сухан аз хайру шарр собиқае дерин дар миёни анбӯҳи андешаҳои таъаммулбарангези торихи башарият дорад ва нависандагон торихи ин баҳсро ба қарни шашуми пеш аз мелод ва замони Будо бармегардонанд. Ин масъала дар бурҳаҳое, аз вижагиҳои ғолиби мабоҳиси он давра маҳсуб мешудааст; ба тавре, ки воковии гароиши инсонҳо ба шарр ва ин ки чаро онон ба анҷом додани феъли шарр гароиш меёбанд, аз мушкилтарин пурсишҳои фалсафӣ ба шумор омада, ки дар асоситарин сурати он бад-ин гуна матраҳ шудааст: Оё метавон ин иддаъоро пазируфт, ки Худо хайри томм, илми томм ва қудрати томм аст ва дар айни ҳол шарр вуҷуд дорад?

Мутакаллимон ва файласуфон ва андешварони мутаъаддиде ба масъалаи шурур пардохтаанд. Иддае ахлоқро дар банди таҳлили мафоҳиме чун хайру шарр ва монанди он донистаанд ва бархе гуфтаанд, танҳо хайри мутлақ иродаи нек аст. Бархе шурурро натоиҷи гуноҳон дар зиндагии афрод донистаанд ва иддае онро дастмояи санавият — ба унвони собиқадортарин шакли баҳси шурур — қарор дода, мӯътақид шудаанд, ки маншаи шурур наметавонад Худованд бошад. Аз ин рӯ онро ба шайтон нисбат додаанд; чунончӣ бархе файласуфон монанди Афлотун низ мӯътақид буданд, ки шарр наметавонад махлуқи Худои меҳрубон бошад. Бархе низ бо такя ба вуҷуди шурур дар олам, дар эътиқод ба Худованди меҳрубон ва қодири мутлақ шакк кардаанд. Гарчӣ иддае масъули шурурро мушкиле барои инсон, на Худованд, донистаанд; чаро ки ин табъи одамӣ аст, ки маъҷуне аз некӣ ва бадӣ дар он қарор дорад ва инсон ба иродаи хеш онро билфеъл мекунад. Бисёре низ нисбӣ будани масъалаи шурурро назарияи мӯътабаре талаққӣ накардаанд.

* * *

Баррасии иҷмолии масъалаи шарр

Дар баррасии масъалаи шурур пурсишҳое пеши рӯйи мост, ки лозим аст ба он таваҷҷӯҳи шоистае дошта бошем:

Хайру шарр чист?

Милоки он чист?

Ақсоми он кадом аст?

Оё он чунон ки бархе муддаъӣ шудаанд, фақат асолати фоида меъёри айнии шоист ва ношоист хоҳад буд?

Оё хайр иборат аст аз он чӣ барои инсон лаззатбахш ва саодатбахш бошад?

Чаро ҷидол миёни хайру шарр густараи азиме аз торихи адабиётро ба худ ихтисос додааст?

Оё набояд гуфт, омили аслии саодати башар ин аст, ки ҳадафи матлуб дошта бошад?

Ва оё ба ростӣ он чунон, ки бахе гуфтаанд, доштани ҳадаф ва матлуб, бо фуқдон мулозим аст?

Робитаи нафси аммора, ихтиёри инсон ва камолоти нафсонии ӯ чист?

Чаро чунин ихтиёре, ки инсон дар асли он ҳеч ихтиёре надошта ба ӯ дода шудааст, то ӯ дар маърази озмоишҳои сахт қарор гирад?

Оё ба ростӣ Худоҷӯӣ ва ёфтани камоли ахлоқӣ, худ маълули вуҷуди нафси аммора аст?

Ва оё фалсафаи вуҷудии шайтон ва нафси аммора он аст, ки инсони залум ва ҷаҳул онро ба унвони такягоҳе барои расидан ба қурби илоҳӣ қарор диҳад?

Чӣ ниёзе буд чунин барномае барои такомули ахлоқӣ ва нафсонии башар қарор дода шавад?

Оё ба ростӣ вуҷуди шурур ба ҳеч ваҷҳ бо ҳастии Худованди меҳрубон ва қодири мутлақ созгор нест?

Оё метавон чунин дунёеро, ки дар аҳодис пур аз сахтиҳо ва балоёи мухталиф тавсиф шуда низоме аҳсан номид?

Агар мафоҳими хайру шарр бадеҳӣ ҳастанд, чӣ гуна мешавад, ки дар миёни бархе қабилаҳо худкушӣ, қатли ҳамватан ва ҳатто қатли падару модар амале ахлоқӣ маҳсуб мешавад ва оё ба ростӣ ҳамаи инсонҳо наметавонанд саодати ҳақиқиро ташхис диҳанд ва хайрро биёбанд?

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, масъалаи шурур се гуна тафаккури фалсафӣ ба вуҷуд овардааст, ки ҳар се мунофии тавҳид аст:

1. Яке, санавият ва эътиқод ба ду мабдаи аслӣ (ба хотири номумкин будани судури шарр аз фоъили хайр);

2. Дигар, инкори вуҷуди илму машият ва ирода дар низоми ҳастӣ (ба далели вуҷуди нақсҳо ва завоид ва лағвҳо);

3. Севвум, фуқдони адолат (ба хотири вуҷуди табъизҳо ва зулмҳо).

Ишколи хайру шарр аз назари баъзе махсусан ғарбиҳо, муҳимтарин ишколи тавҳид аст.

Он чӣ метавон дар ин нигоҳи иҷмолӣ пеш аз ворид шудан ба баррасии мавзӯъ дар Маснавӣ, ба он ишорае кӯтоҳ кард ин аст, ки дар посух ба масъалаи шарр бисёре аз Худобоваран далелҳои мухталифе матраҳ кардаанд. Бархе онро ношӣ аз иродаи озоди инсон медонанд ва ба таъбири бархе, шарр закоти озодии башар аст.

Бархе бо такя бар ин ки низоми кунунӣ беҳтарин ҷаҳони мумкин аст, ба баррасии масъалаи шурур пардохтаанд ва ба таъбири иддае, вақте касе аз олами холӣ аз шарр сухан мегӯяд, ин сухани ӯ бад-он маъност, ки намедонад олам чист ва гумон мекунад ҷаҳон фақат барои инсон халқ шудааст, дар ҳоле ки чунин гумоне дар хатое ошкор аст; чаро ки вуҷуди шурур низ зарурии он аст. Ин дидгоҳ, ки бо унвони “низоми аҳсан” (некӯтарин низом) дар калом ва фалсафаи исломт матраҳ аст, дар воқеъ нигоҳи маҷмӯаӣ ба низоми ҳастӣ аст, ки аҷзоъи он дар иртибот бо ҳамдигар санҷида мешаванд ва дар натиҷаи он ҷаҳон хайри маҳз хоҳад буд ва шарре вуҷуд нахоҳад дошт.

Бархе бо “адамӣ” ангоштани шарр, ба баррасии масъала пардохтаанд ё он ки онро ба маҳдудияти мумкинот баргардондаанд.

Аз сӯйи дигар, агар мо шурурро вуҷудӣ бидонем, бояд таъкид кунем, ки аввалан, шурури мавҷуд ба васоит бармегардад ва ин лозимаи “низоми аҳсан” аст ва сониян, бояд мақсуди ҳукамо аз “адамӣ” будани шурурро ба даст оварем. Мақсуди ҳукамо аз ин ки мегӯянд, шурур адамӣ аст, ин нест, ки он чӣ шарр номида мешавад аз қабили ашёи зазаррасон, масоиб, зулм, фақр, беморӣ, кӯрӣ, нақзи аъзо ва марг вуҷуд надорад, балки бидуни шак ҳамаи инҳо мавҷуданд ва ба наҳве аз вуҷуд, вуҷуд доранд. Баъзе аз онҳо мавҷуданд ба маънои ин ки маншаи интизоъи онҳо мавҷуд аст ва хориҷ, зарфи иттисофи онҳост; назири фақр, кӯрӣ ва ғайра. Ва баъзе вуҷуд доранд зеро воқеън амри вуҷудӣ ҳастанд, мисли зулм, ки амал аст, балки мақсуд ин аст, ки маноти иттисофи ин умур ба шаррият, ҷанбаи адамии инҳост, ба тавре, ки агар он адам дар кор набошад, шаррияте нест. Ба иборати дигар, рози шаррияти онҳо ин аст, ки ё худашон аз навъи «халаъ» ҳастанд ё маншаи халаъ мешаванд.

Дар маҷмӯъ, бо нигоҳи фалсафӣ, каломӣ ва ахлоқӣ, роҳкорҳои зер барои ин масъала матраҳ шудааст:

1. Нестиангории шарр;

2. Шурур лозимаи хайрҳои бартаранд ва ин табиати низоми аҳсан аст;

3. Шарр лозимаи таъолии руҳи инсонӣ аст;

4. Шурур мабдаи хайрот аст;

5. Шарр маълули ҷаҳл ва ҷузънигарии инсон аст;

6. Шарр лозимаи ихтиёр аст;

7. Шарр мукофоти амали инсон дар вуҷуди қаблии ӯ дар ин дунёст;

8. Ҷуброни шурур дар олами дигар: Дардҳои ибтидоӣ ва табиӣ, ки худи инсон масъули мубтало шудан ба онҳо нест (ё аз сӯйи инсонҳои дигар аст ё аз сӯйи табиат), дар ин ду маврид масъалаи ҷуброн ба сурати интисоф ё додхоҳӣ ва иваз ё ҷуброн дар саройи дигар матраҳ шудааст.

* * *

Хайру шарр дар Қуръон ва ривоёт

Шояд битавон иҷмоле аз он чиро дар Қуръон ва ривоёт дар бораи хайру шарр омада дар гузораҳои зер хулоса кард:

— Шурур аз доираи қудрати илоҳӣ хориҷ нестанд;

— Ҷаҳони ҳастӣ “низоме аҳсан” дорад;

— Шурур лозимаи низоми аҳсани олам аст;

— Бархе шурур аз иродаи инсон нашъат гирифтааст;

— Инсон ба василаи шурури табиӣ имтиҳон мешавад;

— Инсон тавоноии комил дар ташхиси дақиқи мисдоқи хайру шарр надорад;

— Шурур сабаби бедории инсон аз хоби ғафлат аст;

— Инсон на танҳо таҳаммули шаррро надорад, балки бархе неъматҳои илоҳӣ сабаби носипосии ӯ мешавад;

— Бархе балоё ва шурур нишонаи муқарраб будани инсон назди Худованд аст;

— Шурури ахлоқӣ метавонад мунҷар ба шурури табиӣ шавад;

— Вуҷуди шарр хайр барои ҷомеаи инсонӣ ва сабаби шукӯфо шудани истеъдодҳост;

— Хайру шарри ҳақиқӣ дар охират намоён мешавад.

Дар қисмати баъдӣ дар бораи хайру шарр дар Маснавӣ баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин мақола



Рубрики:Бишнав аз най..., Маснавии Маънавӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: