Хайру шарр аз дидгоҳи Мавлавӣ (2)

Бахши дуввум

Ба қалами Асғари Оқоӣ ва Аббоси Изадпаноҳ

Хайру шарр дар Маснавии Маънавӣ

Чунонки возеҳ аст барои баррасии комил ва ҳамаҷонибаи мавзӯи хоссе аз нигоҳи шахсе хосс, баррасии сирфи мавозеъе, ки ӯ мустақим ба баррасии он мавзӯъ пардохта кофӣ нест, балки шоиста аст мабоҳиси муртабит низ баррасӣ шавад. Аммо ба далели он ки чунин баррасие дар ин мақола мақдур нест ва низ ба далели он ки вақте шахсе дар мақоми баён ва тавзеҳи мавзӯе хосс аст, дар воқеъ ҳастаи аслии андешаи хеш дар бораи онро матраҳ карда, аз ин рӯ нигорандагон фақат мавозеъе аз Маснавиро мадди назар қарор доштаанд, ки Мавлавӣ сареҳан ба баҳси хайру шарр пардохтааст.

Тибқи эҳсои нависанда, вай тақрибан дар 24 мавзеъ аз Маснавӣ ба ихтисор ё ба тафсил пойи хайру шаррро ба шеваҳои мухталиф ба миён кашида ва аз он сухан гуфтааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гузашт, ба баррасии масъалаи шурур аз нигоҳи Маснавии Маънавӣ мепардозем, умед он ки битавонем аз ибтикорот ва нукоти бадеъи Мавлавӣ баҳра бигирем.

* * *

Нисбияти хайру шарр дар Маснавии Маънавӣ

Яке аз масоили муҳимме, ки дар саросари Маснавӣ ва дар мавориди мухталифе бар он тасреҳ шуда, масъалаи нисбияти хайру шарр аст. Мавлавӣ дар дафтари аввали Маснавӣ ибтидо дар абёте бо мисол задан ба «заҳри мор» ва низ «обғӯра», ки дар мавозеъи мухталифе натоиҷи мутазодд бо ҳам доранд, ки яке хайр ва дигарӣ шарр аст, чунин месарояд:

Дар мақоме заҳру дар ҷойе даво,

Дар мақоме куфру дар ҷойе раво…

Об дар ғӯра туруш бошад, валек

Чун ба ангурӣ расад, ширину нек.

Боз дар хум ӯ шавад талху ҳаром,

Дар мақоми сиркагӣ ниъмал-адом.

Вай дар ин абёти нағз мегӯяд, ба заҳри мор ва низ обғӯра назар кун, чӣ гуна аст, ки дар ҷоҳои мухталиф ду натиҷаи акс доранд? Масалан, заҳри мор гоҳе сабаби ҳалокат ва гоҳе сабаби шифост ва ангур низ гоҳе ҳалол ва гоҳе ҳаром мешавад. Ин “низоми аҳсане”, ки Офаридагори Мутаъол онро дар ниҳояти итқон қарор дода, ба ҳар як аз мавҷудот дар мароҳили мухталифи сайри такомулии хеш, вазоиф ва фавоиди мухталиферо ба вадиъа ниҳода ва хайру шарре нисбӣ падидор шудааст.

Вай дар абёте дигар мегӯяд:

Ҳастӣ андар нестӣ битвон намуд,

Молдорон бар фақир оранд ҷуд…

Нестиву нақс ҳар ҷойе, ки хост,

Ойинай хубии ҷумла пешаҳост.

Чунки ҷома чусту дӯзида бувад,

Музҳири фарҳанги дарзӣ чун шавад?

Нотарошида ҳамебояд ҷузӯъ,

То даравгар асл созад ё фурӯъ.

Хоҷаи ишкастабанд он ҷо равад,

К-андар он ҷо пойиишкаста бувад.

Кай шавад, чун нест ранҷури низор,

Он ҷамоли санъати тиб ошкор?..

Нақсҳо ойинаи васфи камол

В-он ҳақорат ойинай иззу ҷалол.

З-он ки зиддро зидд кунад пайдо яқин,

З-он ки бо сирка падид аст ангубин.

Ҳар кӣ нақси хешро диду шинохт,

Андар истикмоли худ даҳасба тохт.

Ӯ дар ин абёт, ба таври сареҳ нисбияти хайру шарро матраҳ мекунад ва мегӯяд, чӣ гуна метавон сухан аз ҷуду эҳсон гуфт дар ҳоле ки фақире дар ҷомеа вуҷуд надошта бошад ва чӣ гуна сарангушти таннози ҳунармандон метавонист ба ҳазору як фанн зинат дода шаванд агар қарор буд пироҳани одамӣ ниёз ба дӯхт надошт ва дӯхта офарида мешуд? Оре, тамомии ин нақсҳо, олудагиҳо ва ранҷуриҳо агар набуданд, ҷойи сухан гуфтан аз каромати инсонҳои карим ва эҳсони муҳсинон ва ҳунари ҳунармандон ва санъати санъатгарон набуд. Ӯ дар интиҳо ба иборати машҳури «تعرف الاشیاء بالاضداد» (Ҳар чизе ба зиддҳои худ шинохта мешавад) ишора мекунад.

Албатта, иборати «зиддро зидд кунад пайдо» дар айни шӯҳрат доштан, наметавонад мабнои ақлии саҳеҳе дошта бошад. Ва танҳо маънои саҳеҳи он ин аст, ки бо шинохти зидди мавзӯе, беҳтар метавон атроф ва ҷавониби он мавзӯъ ва масъаларо шинохт. Аз ин рӯ агар мақсуд аз ин иборат мунҳасир кардани роҳи шинохти ашё дар шинохти аздоди он бошад, чунин бардоште бисёр нодуруст хоҳад буд; чаро ки чунин тафсире ба ин мафҳум аст, ки хайр ва хубиҳо ба таври мутлақ нисбианд ва ин натиҷа ба ҳеч унвон пазируфта нест. Ва шояд битавон гуфт, ин қоида дар шинохти мавзӯъҳо ва масодиқи хайру шарр ҷорӣ аст, гарчӣ ба назар ин суханро метавон пазируфт, аммо пазириши комили он мубтанӣ бар доштани фаҳме собиқ аз хайру шарр аст. Зеро чӣ гуна метавон гуфт, ин ду шайъ зидд ҳастанд ва яке хайру дигаре шарр аст, аммо ҳанӯз мафҳуме аз хайру шарр дар зеҳни мо нест?!

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи зикр шуд, ба назар мерасад тафсири аввал (яъне шинохти беҳтар на шинохти ибтидоӣ ва томм) аз ин иборати машҳур аз сӯйи Мавлавӣ пазируфта шудааст ва ин аз фаҳво ва тасреҳоти вай низ ошкор аст. Дар ҷойи дигаре аз дафтари аввал чунин месарояд:

Боғбон з-он мебурад шохи музирр,

То биёбад нахл қоматҳову бирр.

Мебурад аз боғ доно он ҳашиш,

То намояд боғу мева, хуррамиш.

Меканад дандони бадро он табиб,

То раҳад аз дарду беморӣ ҳабиб.

Пас зиёдатҳо даруни нақсҳост,

Мар шаҳидонро ҳаёт андар фаност.

Оре, ҳеч боғбоне бидуни далел бо аррае буррон ба ҷони дарахтони хеш намеафтад. Ӯ дар пайи хайре барои дарахтон ва боғи хеш аст ва дар ниҳоят ба дунболи хайри хеш аст; чаро ки бо бурида шудани шохсорҳои хушку бесамар дарахтон дар фазое шоиста нафас хоҳанд кашид ва ба камоли вуҷудии хеш сабукболтар хоҳанд расид ва ӯ аз боғе сарсабзу пурсамар бархӯрдор хоҳад буд. Вақте шахсе ноогоҳ ба боғбоне, ки аррае ба даст гирифта, шохаҳое хушку беҳударо мебурад, бидуни он ки ба ҳадафи ин боғбон назар кунад ва маворидро бо якдигар қиёсе саҳеҳ карда, онҳоро дар канори ҳам бибинад, фақат ба ин амали боғбон, ки шохаеро аз дарахте ҷудо мекунад назар афканда, ҳукм ба зиштии амал мекунад. Гарчӣ ин мисол бисёр содда ва ибтидоӣ аст ва шояд чунин афроде, ки инчунин ба ин масъала назар кунанд ёфт нашаванд, лекин дар мисол муноқиша нест. Чӣ басо битавонем мавориди бисёре дар тавзеҳи ин матлаб арза кунем, ки афроде бо нигоҳ ба мавзӯъ ё амалкарди шахсӣ, бидуни он ки ҳадаф ё ҷанбаҳои шоистаи он амали вайро бибинанд, ба сурати мутлақ ҳукм ба зиштии он амал кардаанд ва онро феъле хайр напиндоштаанд. Мисоли машҳури чунин бардоште, бардоштҳои зоҳиргароёнаи Мӯсо (а) дар сафаре аст, ки бо бандае аз бандагони Худованд дошт. Дар ин достон, вай ба дурустӣ ҳукм ба зиштӣ ва шарр будани зоҳирии аъмоли Хизри Набӣ (а) мекард, аммо намедонист варои ин аъмоли ба зоҳир шарр, аҳдофе шоиста, ки хосси бандагоне чун он абди солеҳ аст, пинҳон буд, ки сабаби хайр шудани он аъмол мешавад (Каҳф: 60-82). Ба таъбири Мавлоно:

В-ар ҷаҳон аз як ҷиҳат бефоидаст,

Аз ҷиҳатҳои дигар пуроъидаст.

Дар воқеъ, вай мехоҳад ба нуктаи пешгуфта, ки хайру шарр нисбӣ аст, ишора ва онро дар баёне дигар матраҳ кунад.

Қаҳру лутфе ҷуфт шуд бо ҳамдигар,

Зод аз ин ҳарду ҷаҳоне хайру шар.

Ӯ дар ин байти зебо бори дигар бар танида шудани хайру шарр дар ҳамдигар ва бар нисбияти хайру шарр таъкид мекунад.

Эй басо ҳаммол гашта пуштреш

Аз барои дилбари маҳрӯйи хеш.

Карда оҳангар ҷамоли худ сиёҳ,

То ки шаб ояд, бибӯсад рӯйи моҳ.

Хоҷа то шаб бар дуконе чормех,

З-он ки сарве дар дилаш кардаст бех.

Вай дар абёти фавқ ба наҳве ҷаззобу ширин нисбияти хайру шарро баён мекунад. Марде, ки дар дӯкони оҳангарӣ бо путки сангин бар оҳану пӯлод мекӯбад ва дар пайи луқмаи ноне талош мекунад, ба охири рӯз назар дорад, ки бо оғӯши гарми ҳамсараш мувоҷеҳ хоҳад шуд ва тамомии сахтиҳои рӯз аз тани хастааш ба дур афканда хоҳанд шуд. Оре, ӯ ин сахтиҳоро, ки ба зоҳир хайр нестанд, ба ҷон мехарад, то ба хайре дигар бирасад. Ва ба баёне дигар, аз тарафе ин шарро бояд бо он хайр дид ва аз тарафи дигар он хайр аст, ки ҳатто сабаби хайр шудани ин феъли ба зоҳир шарр мешавад. Гарчӣ бо ин кор ба зоҳир аз таклифи таъмини маъоши хонаводаи хеш дурӣ карда, аммо аз хайри доштани ҳамсар ва хонавода низ дур шудааст.

Ба назар мерасад ду нуктаи муҳим дар ин баҳс вуҷуд дорад:

  1. Бисёре аз хайрҳо ва шурур дар канори ҳам бояд дида шаванд;
  2. Бисёре аз шурур бо дидани ҷанбаҳои мухталифи онҳо ба хайр табдил хоҳанд шуд.

К-он бало дафъи балоҳои бузург,

В-он зиён манъи зиёнҳои сутург.

Вай дар ин байт бо баёне дигар нисбият миёни шурури мухталифро матраҳ мекунад. Бисёр иттифоқ меафтад, ки инсон шарре камзиёнтарро ба ҷон мехарад, то ҷилави зиёне бузургтарро бигирад. Дар воқеъ миёни шурури мухталиф ташкик вуҷуд дорад. Вай дар дафтари чаҳорум низ дар се мавзеъ ба наҳве ба нисбияти хайру шарр ишора мекунад:

Оби Нил асту ба қибтӣ хун намуд,

Қавми Мӯсоро на хун буд, об буд.

Мӯсо (а) фиръавниёнро ба сӯйи Худо даъват мекунад, аммо такаббур ва ҳавои нафс сабаб мешавад баробари расули Худо биистанд ва бар он лаҷоҷат варзанд. Дигар кӯшиши ӯ фоидае надошт, аз ин рӯ маъмур шуд аз баҳр гузар кунад ва қавми хешро аз ситами фиръавниён раҳоӣ бахшад. Рӯзи мавъуд фаро расид ва он дарёи маввоҷ ба амри илоҳӣ барои Мӯсо (а) ва қавмаш шикофта шуд. Ин амвоҷи хурӯшон пас аз гузари қавми Мӯсо (а) аз он, ба ҳангоме ки фиръавниён иродаи гузар карданд, бар ҳам фуруд омад ва ононро ба коми хеш кашид. Мавлавӣ мегӯяд, ин оби дарё дар нигоҳи фиръавниён шарр буд ва дар нигоҳи қавми Мӯсо хайр:

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

Вай пас аз зикри абёте дар баёни ин матлаб, натиҷа мегирад, ки бади мутлақ дар ҷаҳон нест ва ҳар он чи хайру шарр мебинем, нисбӣ аст, балки шурур низ нисбӣ ҳастанд:

Заҳри мор он морро бошад ҳаёт,

Нисбаташ бо одамӣ бошад мамот.

Вай дар тавзеҳи матлаби фавқ, мисоли пешгуфтаро бори дигар матраҳ мекунад ва он ин аст, ки вақте инсон ба заҳри мор нигоҳ меандозад, ба дурустӣ ду ҷанбаи хайру шарр дар он мебинад. Мор ба далели сохтори вуҷудии хосси хеш ба ин модда ба унвони моддае ҳаётӣ ва дифоӣ менигарад, ба тавре ки агар морҳои саммиро аз ин заҳри хосси онҳо ҷудо кунем, дар воқеъ ҳастии онҳоро мухтал карда ё ҳувияти вуҷудӣ ва мушаххасаи онҳоро гирифтаем ва дар ниҳоят ҳастии онҳоро. Вай дар идома мисолҳои дигаре матраҳ мекунад:

Ҳамчунин бармешумар, эй марди кор,

Нисбати инро яке кас то ҳазор

Он бигӯяд: Зайд сиддиқи санист,

В-ин бигӯяд: Зайд габри куштанист.

Зайд як зот аст, бар он як ҷунон,

Ӯ бар ин дигар ҳам ранҷу зиён.

Гар ту хоҳӣ, к-ӯ туро бошад шакар,

Пас, варо аз чашми ушшоқаш нигар.

Мангар аз чашми худат он хубро,

Бин ба чашми толибон матлубро.

Чашми худ барбанд з-он хушчашм, ту,

Орият кун чашм аз ушшоқи ӯ.

Вай дар абёти пешин таъкид мекунад, агар дидӣ Зайд номе дар нигоҳи ту бад аст ва дар нигоҳи дигарӣ хуб, барои дидани хубии вай аз нигоҳи дӯстдорони ӯ ба ӯ бингар ва аз он ҷиҳате ӯро дар назар бигир, ки онон дар назар гирифтаанд. Ба назар мерасад, гарчӣ ин сухан ҳақ аст, аммо бояд бо таъаммул ба он нигарист; чаро ки чунин суханоне метавонад дастмояи бисёре инсонҳои шарур бо мақосиди зишт қарор гирад ва бад-ин васила кори хешро тавҷеҳ кунанд. Аз ин рӯ гарчӣ лозим аст хайру шаррро дар канори ҳам бибинем ва ҳар мавзӯеро аз ҷанбаҳои мухталиф бингарем, аммо он чи муҳим аст милоки хайру шарр аст, ки ба он хоҳем пардохт.

Вай ҳамон нисбиятеро, ки борҳо баён карда дар мисол ва баёне дигар чунин матраҳ мекунад:

Мар варо гуфтанд, к-ин маъҳуд нест,

Даъвати аҳли залолат ҷуд нест.

Гуфт: Некӯйӣ аз инҳо дидаам,

Ман дуъошон з-ин сабаб бигзидаам.

Хубсу зулму ҷавр чандон сохтанд,

Ки маро аз шарр ба хайр андохтанд.

Ҳар гаҳе, ки рӯ ба дунё кардаме,

Ман аз эшон захму зарбат хӯрдаме.

Вай дар дафтари панҷум низ дар мавозеи мутаъаддиде баҳси хайру шаррро матраҳ мекунад, ки дар идома онҳоро матраҳ хоҳем кард:

Аз мусаббиб мерасад ҳар хайру шар,

Нест асбобу васоит, аз падар!

Ҷуз хаёле мунъақид бар шоҳроҳ,

То бимонад даври ғафлат чанд гоҳ.

* * *

Ман надонам хайр илло хайри ӯ,

Сумму букму умй ман аз ғайри ӯ.

* * *

Ҳаст дарё хаймае дар вай ҳаёт

Баттро, локин кулоғонро мамот.

Заҳр бошад морро ҳам қуту барг,

Ғайри ӯро заҳри ӯ дард асту марг.

Сурати ҳар неъматеву меҳнате,

Ҳаст инро дӯзах, онро ҷаннате.

* * *

Ҳут агарчи киштии ғай бишканад,

Дӯстро чун савр киштӣ меканад.

Шамс агар шабро бидаррад чун асад,

Лаълро з-ӯ хилъати атлас расад.

Ҳар вуҷуде, к-аз адам бинмуд сар,

Бар яке заҳр асту бар дигар шакар.

Дар абёти фавқ Мавлавӣ нуктае тоза ғайр аз он чи матраҳ карда буд баён намекунад ва бори дигар бар нисбият миёни хайру шарр таъкид мекунад:

Ҳар вуҷуде к-аз адам бинмуд сар,

Бар яке заҳр асту бар дигар шакар.

Вай дар ниҳоят дар дафтари шашум низ ҳамон нигоҳи нисбӣ ба хайру шаррро бори дигар бо баёне мутафовит матраҳ мекунад:

Ин ҷаҳон ҷанг асту кул, чун бингарӣ,

Зарра бо зарра, чу дин бо кофарӣ.

Он яке зарра ҳамепаррад ба чап,

В-он дигар сӯйи ямин андар талаб.

Ӯ мӯътақид аст ҷаҳони ҳастӣ ба тавре офарида шуда, ки аз тарафе дар тамомии заррот ва аҷзоъи он ҷанге миёни аздод нуҳуфтааст ва аз тарафи дигар аҷзоъи олам ҳар як дар пайи хайри хешанд ва дар воқеъ камоли вуҷудии хешро металабанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин мақола



Рубрики:Бишнав аз най..., Маснавии Маънавӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: