Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳимоят аз муқовимат вазифаи ҳамаи мост”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, вазифаи ҳамаи кишварҳои исломӣ ва арабӣ ва ҳамаи ҷараёнҳои исломӣ ва миллиро қарор гирифтан дар хидмати ормони Фаластин хонд ва афзуд: «Ҳимоят аз муқовимат вазифаи ҳамаи мост ва ҳеч кас ҳақ надорад дар баробари кӯмак, аз онон интизори вижае дошта бошад

Оятуллоҳ Хоманаӣ интифозаи кунунӣ дар сарзаминҳои ишғолиро, ки барои севвумин бор оғоз шудааст, мазлумтар аз ду интифозаи қабл, аммо ҳаракате дурахшон ва пурумед арзёбӣ кард ва гуфт: «Ба изни Аллоҳ хоҳед дид, ки ин интифоза марҳилаи бисёр муҳимме аз торихи муъоризотро рақам хоҳад зад ва шикасте дигар бар режими ғосиб таҳмил хоҳад кард.»

Ба гузориши Хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе, 21 феврал) дар 6-умин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин ва дар ҷамъи раҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ, раисон ва масъулони маҷлисҳои кишварҳои исломӣ ва садҳо тан аз андешмандон, фарзонагон ва шахсиятҳои барҷаста ва озодихоҳи ҷаҳони ислом, ҳадафи фитнаҳо ва ҷангҳои дохилии таҳмилӣ дар минтақаро, камранг шудани ҳимоят аз ормони муқаддаси озодии Қудс хонд ва бо таъкид бар лузуми парҳези гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ аз вуруд ба ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ ва ихтилофоти дохилии кишварҳо, хотир нишон кард: «Ҳамаи ҷараёнҳои исломӣ ва миллӣ муваззафанд дар хидмати ормони Фаластин қарор гиранд ва умқи робитаи Ҷумҳурии Исломӣ бо гурӯҳҳои муқовимат фақат ба мизони пойбандии онон ба асли муқовимат муртабит аст

Вай ҳамчунин бо ташреҳи дастовардҳои дурахшон ва ифтихоромези улгуи муқовимати қаҳрамононаи Интифозаи Муқаддас дар замингир кардани режими саҳюнистӣ ва бо ишора ба исботи нодурустӣ тарҳҳои қаблии «созиш» ва талошҳои ахири дӯстнамоёне, ки ба дунболи инҳирофи муқовимат ва интифоза ва ҳазина кардани он дар муъомилаи сиррӣ бо душманон ҳастанд, таъкид кард: «Муқовимат ҳушмандтар аз он аст, ки дар ин дом фурӯ афтад ва интифозаи севвум ба изни Аллоҳ шикасте дигар бар режими ғосиб таҳмил хоҳад кард ва талош барои озодии Фаластин бояд меҳвари ваҳдати ҳамаи миллатҳои мусалмон ва озодихоҳ бошад

Оятуллоҳ Хоманаӣ, қиссаи пурғуссаи Фаластин ва андӯҳи ҷонкоҳи мазлумияти миллати сабур, бурдбор ва муқовими онро дарду ранҷе анбӯҳ бар дили инсонҳои озодихоҳ ва ҳақталаб ва адолатҷӯ донист ва афзуд: «Торихи Фаластин ва ишғоли золимонаи он ва овора кардани милюнҳо инсон ва муқовимати далеронаи ин миллати қаҳрамон, пурфарозу нишеб аст

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон бо ишора ба савобиқи торихӣ, тавтиъаи ташкили режими саҳюнистиро тавтиъае фароминтақаӣ хонд ва гуфт: «Дар ҳеч бурҳае аз торих, ҳеч як аз миллатҳои ҷаҳон бо чунин ранҷу андӯҳ ва иқдоме золимона мувоҷеҳ набудаанд, ки дар тавтиъае фароминтақаӣ, кишваре ба таври комил ишғол шавад ва миллате аз хона ва кошонаи худ ронда шаванд ва ба ҷойи онон, гурӯҳе дигар аз ҷой-ҷойи ҷаҳон ба онҷо гусел шаванд ва мавҷудияте ҳақиқӣ нодида гирифта шавад ва мавҷудияте ҷаълӣ ба ҷойи он биншинад

Вай, пок шудани ин сафҳаи нопок аз торихро ҳамчун дигар сафаҳоти олуда, аз ваъдаҳои тахаллуфнопазири илоҳӣ дар Қуръони Карим баршумурд ва дар ибтидои баҳс ба ташреҳи шароити баргузории Конфронси ҳимоят аз Интифозаи Фаластин пардохт ва гуфт: «Конфронси шумо дар яке аз сахттарин шароити ҷаҳонӣ ва минтақаӣ баргузор мешавад ва минтақаи мо, ки ҳамвора пуштибони миллати Фаластин дар муборизоти он алайҳи як тавтиъаи ҷаҳонӣ будааст, ин рӯзҳо дастхуши нооромӣ ва бӯҳронҳои мутаъаддид аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки вуҷуди бӯҳрон дар чандин кишвари исломӣ мӯҷиби камранг шудани ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва ормони муқаддаси озодии Қудс шудааст, гуфт: «Таваҷҷӯҳ ба натиҷаи ин бӯҳронҳо, ба мо тафҳим мекунад, ки қудратҳои судбаранда аз он кадоманд.»

Вай афзуд: «Ононе, ки режими саҳюнистиро дар ин минтақа ба вуҷуд овараданд то аз тариқи таҳмили як даргирии тӯлонимуддат, монеъ аз субот ва истиқрор ва пешрафти минтақа шаванд, инак низ дар паси фитнаҳои мавҷуд қарор доранд

Раҳбари Инқилоби Исломӣ фитнаҳои мавҷуд дар минтақаро мӯҷиби ҳадар рафтани тавонмандиҳои миллатҳо дар даргириҳои беҳуда ва эҷоди фурсат барои қудратгирии ҳар чӣ бештари режими ғосиби саҳюнистӣ донист ва афзуд: «Дар ин миён, шоҳиди талоши хайрхоҳон ва уқало ва ҳукамои уммати исломӣ ҳастем, ки дилсӯзона дар пайи ҳалли ин ихтилофот ҳастанд, аммо мутаъассифона тавтиъаҳои печидаи душман, тавонистааст бо баҳрагирӣ аз ғафлати бархе давлатҳо, ҷангҳои дохилиро бар миллатҳо таҳмил кунад ва онҳоро ба ҷони якдигар биандозад ва талоши ин хайрхоҳони уммати исломиро камасар кунад

Вай, тазъифи ҷойгоҳи масъалаи Фаластин ва талоши бадхоҳон барои хуруҷи он аз авлавиятро масъалае ҳоизи аҳаммият баршумурд ва хотирнишон кард: «Бо вуҷуди ихтилофоте, ки кишварҳои исломӣ бо якдигар доранд, ки бархе аз онҳо табиӣ ва бархе дигар тавтиъаи душман ва бархе дигар ношӣ аз ғафлат аст, лекин ҳамчунон унвони Фаластин метавонад ва бояд, меҳвари ваҳдати ҳамаи онон бошад

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз дастовардҳои Конфронси ҳимоят аз Интифозаро матраҳ кардани авлавиятҳои нахусти ҷаҳони ислом ва озодихоҳони ҷаҳон яъне мавзӯи Фаластин ва эҷоди фазои ҳамдилӣ барои таҳаққуқи ҳадафи волои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муборизоти ҳақталабона ва адолатҷӯёнаи онон хонд ва таъкид кард: “Ҳаргиз набояд аз аҳаммияти ҳимояти сиёсӣ аз мардуми Фаластин ғофил буд, ки ин масъала дар ҷаҳони имрӯз аз авлавияти вижае бархӯрдор аст ва миллатҳои мусалмон ва озодихоҳ бо ҳар салиқа ва равише метавонанд дар як ҳадаф, яъне Фаластин ва зарурати талош барои озодии он, гирди ҳам оянд.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба падидор шудани нишонаҳои уфули режими саҳюнистӣ ва заъфе, ки барои муттаҳидони аслии он ба вижа Омрико ҳоким шудааст, афзуд: «Дар ин шароит мушоҳида мешавад, ки андак-андак фазои ҷаҳонӣ ба самти муқобила бо иқдомоти хасмона ва ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии режими саҳюнистӣ майл мекунад, албатта ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа натавонистаанд ба масъулияти худ дар баробари ин масъалаи инсонӣ амал кунанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истимрори «саркӯби ваҳшиёнаи миллати Фаластин ва ғасби сарзаминҳои онон ва бинои шаҳрак дар онҳо», «дастгириҳои густарда», «қатлу ғорат», «талош барои тағйири чеҳра ва ҳуввияти Қудс ва Масҷидулақсо ва дигар амокини муқаддаси исломӣ ва масеҳӣ дар он» ва «салби ҳуқуқи аввалияи шаҳрвандон», ки бо пуштибонии ҳамаҷонибаи Омрико ва бархе давлатҳои ғарбӣ анҷом мешавад, аз набуди аксуламали шоистаи ҷаҳонӣ дар муқобили ин ҷиноятҳо изҳори таъассуф кард.

Вай бо ишора ба «рисолати азим, илоҳӣ ва ифтихоромези миллати Фаластин» дар дифоъ аз Қудс ва Масҷидулақсо, ба масъалаи лузуми тадовуми мубориза пардохт ва хотирнишон кард: «Ин миллат роҳе ҷуз ин надорад, ки бо иттикол ба Парвардигори Мутаъол ва иттико ба тавонмандиҳои зотии худ, дар садад барояд, то шӯълаи муборизаро ҳамчунон фурӯзон нигоҳ дорад ва алҳақ, ки то кунун чунин кардаанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ интифозаи кунунӣ дар сарзаминҳои ишғолиро, ки барои севвумин бор оғоз шудааст, мазлумтар аз ду интифозаи қабл, аммо ҳаракате дурахшон ва пурумед арзёбӣ кард ва гуфт: «Ба изни Аллоҳ хоҳед дид, ки Интифоза марҳилаи бисёр муҳимме аз торихи муборизотро рақам хоҳад зад ва шикасте дигар бар режими ғосиб таҳмил хоҳад кард

Вай бо ишора ба «раванди марҳилаии рушди ғуддаи саратонии режими саҳюнистӣ» ва табдил шудани он ба балои кунунӣ, дармони онро низ марҳилае донист ва афзуд: «Чанд интифоза ва муқовимати пайгир ва мустамир тавонистааст аҳдофи марҳилаии бисёр муҳиммеро муҳаққақ созад ва ҳамчунон тӯфанда ба пеш метозад, то дигар аҳдофи худро, то замони озодии комили Фаластин муҳаққақ созад

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар идома бо ишора ба бори сангине, ки миллати бузурги Фаластин ба танҳоӣ дар муқобила бо саҳюнизми ҷаҳонӣ ва ҳомиён қулдури он ба дӯш мекашад, ба табйини аҳдоф ва натоиҷи тарҳҳои мавсум ба “созиш бо режими саҳюнистӣ” пардохт ва гуфт: «Миллати Фаластин сабур ва бурдбор, аммо мустаҳкам ва устувор ба тамомии муддаъиён фурсат додааст, то иддаъои худро ба маҳакки таҷриба бисупоранд

Вай афзуд: «Он рӯз, ки бо иддаъои нодурусти воқеъбинӣ ва пазиришии ҳаддиақалли ҳуқуқ барои ҷилавгирӣ аз зойеъ шудани он, тарҳҳои созиш ба таври ҷиддӣ матраҳ шуд, миллати Фаластин ва ҳатто ҷараёнҳое, ки нодурустии ин дидгоҳ барояшон аз пеш исбот шуда буд, ба он фурсат доданд

Вай бо ишора ба таъкиди ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар нодурустии ин навъ равишҳои созишкорона ва осори зиёнбор ва хасоратҳои сангини онҳо, хотирнишон кард: «Фурсате, ки ба раванди созиш дода шуд, осори мухаррибе дар масири муқовимат ва муборизаи миллати Фаластин ба ҳамроҳ дошт, аммо танҳо фоидаи он, исботи нодурустии тасаввури воқеъбинӣ дар амал буд

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин воқеъият, ки равиши шаклгирии режими саҳюнистӣ ба гунае аст, ки наметавонад аз тавсиъаталабӣ ва саркӯбгарӣ ва тазйеъи ҳуқуқи ҳаққаи фаластиниён даст бардорад, афзуд: «Мавҷудият ва ҳувияти режими золими саҳюнистӣ дар гарави нобудии тадриҷии ҳувият ва мавҷудияти Фаластин аст; зеро мавҷудияти номашрӯи он режим дар сурате қобилияти истимрор хоҳад дошт, ки ба вайронаҳои ҳувият ва мавҷудияти Фаластин бино шавад

Раҳбари Эрон бо истинод ба ҳамин воқеъият, ҳифозат аз ҳувияти фаластинӣ ва посдорӣ аз ҳамаи нишонаҳои ин ҳувияти барҳақ ва табиъиро амре воҷиб, зарурӣ ва як ҷиҳоди муқаддас хонд ва таъкид кард: «То вақте ки ному ёди Фаластин ва шӯълаи фурӯзони муқовимати ҳамаҷонибаи ин миллат барафрошта бимонад, имкон надорад, ки пояҳои режими ишғолгар мустаҳкам гардад

Вай дар баёни ишколот ва хасоратҳои дигаре, ки тарҳҳои созиш бо режими саҳюнистӣ дорад, афзуд: «Мушкили раванди созиш фақат дар ин нест, ки бо кӯтоҳ омадан аз ҳаққи як миллат, ба режими ғосиб машрӯият медиҳад, ки худ хатое бузург ва нобахшуданӣ аст, балки мушкил дар он аст, ки асосан ҳеч таносубе бо шароити кунунии масъалаи Фаластин надорад ва хислатҳои тавсиъаталабона ва саркӯбгарона ва озмандонаи саҳюнистҳоро дар назар намегирад

Раҳбари Эрон, исботи нодурустии иддаъоҳои муддаъиёни созишро мӯҷиби эҷоди навъе иҷмоъи миллӣ дар мавриди равишҳои дурусти мубориза барои эҳқоқи ҳуқуқи миллати Фластин донист ва гуфт: «Инак, мардуми Фаластин дар корномаи се даҳаи гузаштаи худ, ду улгуи мутафовитро таҷриба кардаанд ва мизони таносуби он бо шароити хешро дарёфтаанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дастовардҳои азими улгуи муқовимати қаҳрамонона ва мустамирри Интифозаи Муқаддас дар муқобили раванди созиш, ҳуҷум ба «муқовимат» ва мавриди суол қарор додани «Интифоза» аз сӯйи марокизи маълумулҳол ва душманонро ба иллати ҳамин дастовардҳои барҷаста донист ва афзуд: «Аз душман интизоре ҷуз ин нест, зеро ба дурустии ин роҳ ва самарбахш будани он вуқуфи комил дорад, аммо гоҳ бархе аз ҷараёнҳо ва ҳатто кишварҳое, ки дар зоҳир иддаъои ҳамроҳӣ бо масъалаи Фаластинро доранд, дар ҳақиқат дар сададанд, то масири дурусти ин миллатро мунҳариф кунанд, ба муқовимат ҳамла мекунанд

Вай дар табйини моҳияти иддаъои ин ҷараёнҳо ва кишварҳои дурӯ, гуфт: «Иддаъои онон ин аст, ки муқовимат дар пайи чанд даҳа аз умри худ, ҳанӯз натавонистааст озодии Фаластинро муҳаққақ созад, пас ин равиш ниёзманди бознигарӣ аст!»

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба ин иддаъо гуфт: «Дуруст аст, ки муқовимат ҳанӯз натавонистааст ба ҳадафи ғоии худ яъне озодии кулли Фаластин даст ёбад, аммо тавонистааст масъалаи Фаластинро зинда нигоҳ дорад

Раҳбари Эрон бо тарҳи инс суоли калидӣ, ки «бояд дид агар муқовимат набуд, инак дар чӣ шароите ба сар мебурдем?», муҳимтарин дастоварди муқовиматро «эҷоди монеъи асосӣ дар баробари пружаҳои саҳюнистӣ» хонд ва хотирнишон кард: «Муваффақияти муқовимат, дар таҳмили як ҷанги фарсоишӣ ба душман аст, яъне тавониста барномаи аслии режими саҳюнистиро, ки сайтара бар кулли минтақа буд, ба шикаст бикашонад

Вай бо таъкид бар зарурати таҷлил аз асли муқовимат ва салаҳшӯроне, ки дар давраҳои мухталиф ва аз ҳамон ибтидои иҷрои пардаи таъсиси режими саҳюнистӣ ба муқовимат пардохтанд ва бо тақдими ҷони худ, парчами муқовиматро барафрошта нигоҳ дошта ва насл ба насл онро мунтақил кард, афзуд: «Нақши муқовимат дар давраҳои баъд аз ишғол бар касе пӯшида нест ва яқинан наметавон ҳатто нақши муқовиматро дар пирӯзии ҳарчанд мухтасари ҷанги соли 1973-и мелодӣ нодида ангошт

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: «Аз соли 1982, ки амалан бори муқовимат бар дӯши мардуми дохили Фаластин қарор гирифт, муқовимати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) аз роҳ расид, то ёригари фаластиниён дар масири муборизотияшон бошад

Раҳбари Эрон таъкид кард: «Агар муқовимат режими саҳюнистиро замингир накарда буд, инак шоҳиди дастандозии он ба дигар сарзаминҳои минтақа аз Миср гирифта то Ӯрдун ва Ироқ ва Халиҷи Форс ва ғайра будем

Оятуллоҳ Хоманаӣ замингир кардани режими саҳюнистиро дастоварде бисёр муҳим, аммо на ба унвони танҳо дастоварди муқовимат арзёбӣ кард ва дар баёни дастовардҳои дигари муқовимат афзуд: «Озодии ҷануби Лубнон ва озодии Ғазза, таҳаққуқи ду ҳадафи марҳилаии муҳим дар раванди озодии Фаластин ба шумор меравад, тавонистааст раванди густариши ҷуғрофиёии режими саҳюнистиро маъкус кунад

Вай дар табйини сафаҳоти дурахшони корномаи муқовимат, ба «нотавонии режими саҳюнистӣ дар дастандозӣ ба сарзаминҳои ҷадид дар тӯли ҳудуди 30 соли гузашта ва ақабгард ва хуруҷи зиллатбори он аз ҷануби Лубнон ва Ғазза» ва ҳамчунин «нақши асосӣ ва барҷастаи муқовимат дар интифозаи аввалу дуввум» пардохт ва гуфт: «Ҷанги 33-рӯзаи Лубнон ва ҷангҳои 22-рӯза, ҷанги 12-рӯза ва ҷанги 51-рӯза дар Ғазза, ҳамагӣ сафаҳоте дурахшон аз корномаи муқовимат аст, ки мӯҷиби ифтихори тамоми миллатҳои минтақа, ҷаҳони ислом ва ҳамаи инсонҳои озодихоҳи ҷаҳон аст.»

Раҳбари Эрон бо ёдоварии шароити сахти ҷанги 33-рӯзаи Лубнон ва муқовимати мунҷар ба пирӯзӣ гуфт: «Дар он ҷанг амалан ҳамаи роҳҳои имдодрасонӣ ба миллати Лубнон ва муқовимони салаҳшӯри Ҳизбуллоҳ баста шуда буд, аммо ба ёрии Худованд ва иттико ба нерӯи азими мардуми муқовими Лубнон, режими саҳюнистӣ ва ҳомии аслии он яъне Омрико, шикасти муфтазаҳонаеро мутаҳаммил шуданд, ки дигар ба осонӣ ҷуръати ҳамла ба он диёрро нахоҳанд кард

Вай ҳамчунин бо ишора ба муқовимати салаҳшӯронаи мардум дар Ғазза, ки ин минтақаро ба қалъаи шикастнопазири муқовимат табдил кардааст, афзуд: «Муқовиматҳои Ғазза дар тайи чанд ҷанги паёпай нишон дод, ки режими саҳюнистӣ заъифтар аз он аст, ки дар муқобили иродаи як миллат, тавони истодагӣ дошта бошад

Оятуллоҳ Хоманаӣ, қаҳрамони аслии ҷангҳои Ғаззаро миллати салаҳшӯр ва муқовиме донист, ки бо вуҷуди таҳаммули чандин сол муҳосираи иқтисодӣ, бо иттико ба қудрати имон, ҳамчунон аз қалъаи муқовимат яъне Ғазза дифоъ мекунанд.

Вай ҳамчунин аз ҳамаи гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ба вижа Сароё ал-Қудс аз ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ, Катоиб Иззуддин Қассом аз Ҳамос, Катоиб Шуҳадо ал-Ақсо аз Фатҳ ва Катоиб Абӯалӣ Мустафо аз Ҷабҳаи Халқ барои озодии Фаластин, ки нақши арзишманде дар ҷангҳои Ғазза бо режими саҳюнистӣ доштанд, тақдир кард.

Раҳбари Эрон дар лузуми таъмини ниёзҳои асосии миллати Фаластин бо ҳушдор дар хусуси хатароти ношӣ аз ҳузури режими саҳюнистӣ, таъкид кард: «Муқовимат бояд аз ҳамаи абзорҳои лозим барои истимрори кори худ бархӯрдор бошад ва дар ин масир, ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои минтақа ва озодихоҳони ҷаҳон вазифа доранд ниёзҳои асосии ин миллати муқовимро таъмин кунанд, ки бистари аслии муқовимат, истодагӣ ва пойдории миллати Фаластин аст, ки худ, фарзандони ғаюр ва муқовимро парвариш додааст

Вай дар хусуси вазифаи муҳимми таъмини ниёзҳои мардум ва муқовимати Фаластин, гуфт: «Ин вазифае муҳим ва ҳаётӣ аст, ки ҳама бояд ба он амал кунем ва дар ин раванд, набояд ба ниёзҳои асосии муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ бетаваҷҷӯҳ буд, ки инак бори аслии интифозаи мазлумро бар дӯш мекашад

Вай бо фаро хондани муқовимати Фаластин ба ибратгирӣ аз гузашта, тавсияи муҳимме дар хусуси парҳези гурӯҳҳои муқовимат аз вуруд ба ихтилофот матраҳ ва таъкид кард: «Муқовимат ва Фаластин, арзишмандтар ва волотар аз он аст, ки дар ихтилофот миён кишварҳои исломӣ ва арабӣ ва ё ихтилофоти дохилии кишварҳо ва ё ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ даргир шавад ва фаластинён, ба хусус гурӯҳҳои муқовимат бояд қадри ҷойгоҳи арзишманди худро бидонанд ва ба ин ихтилофот вуруд накунанд

Раҳбар Инқилоби Исломии Эрон, вазифаи ҳамаи кишварҳои исломӣ ва арабӣ ва ҳамаи ҷараёнҳои исломӣ ва миллиро қарор гирифтан дар хидмати ормони Фаластин хонд ва афзуд: «Ҳимоят аз муқовимат вазифаи ҳамаи мост ва ҳеч кас ҳақ надорад дар баробари кӯмак, аз онон интизори вижае дошта бошад

Оятуллоҳ Хоманаӣ аммо танҳо шарти кӯмак ба муқовимати Фаластинро ҳазина шудани кӯмакҳо дар ҷиҳати тақвияти бунияи мардуми Фаластин ва сохтори муқовимат хонд ва хотирнишон кард: «Пойбандӣ ба андешаи истодагӣ дар баробари душман ва муқовимат дар ҳамаи абъоди он, зомини истимрори ин кӯмакҳост

Вай дар табйини мавзеъи Ҷумҳури Исломӣ нисбат ба муқовимати Фаластин, гуфт: «Мавзеъи мо нисбат ба муқовимат як мавзеъи усулӣ аст ва рабте ба гурӯҳи хоссе надорад ва ҳар гурӯҳе, ки дар ин масир устувор бошад, бо ӯ ҳамроҳ ҳастем ва ҳар гурӯҳе, ки аз ин масир хориҷ шавад, аз мо дур шудааст

Раҳбари Эрон дар ҷамъбандии ин бахш аз суханонаш, ҷумлае роҳбурдӣ баён ва хотирнишон кард: «Умқи робитаи мо бо гурӯҳҳои муқовимати исломӣ, фақат ба мизони пойбандии онон ба асли муқовимат муртабит аст

Масъалаи «ихтилоф миён гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ», мавзӯи дигаре буд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ ба он пардохт ва гуфт: «Тафовути дидгоҳ ба иллати танаввӯи салиқа амре табиӣ ва қобили дарк аст ва то онҷо, ки дар ҳамин маҳдуда боқӣ бимонд, чӣ басо мӯҷиби ҳамафзоӣ ва ғинои ҳар чи бештари муборизоти мардуми Фаластин шавад.»

Вай, савқ пайдо кардани ихтилофот ба низоъ ва даргириро, гом бардоштан дар масири хости душман ва мӯҷиби хунсо шудани қудрат ва тавони ҷараёнҳои мубориз донист ва гуфт: «Мудирияти ихтилоф ва тафовути нигариш ва салиқа, ҳунаре аст, ки ҳамаи ҷараёнҳои аслӣ бояд онро ба кор гиранд ва ба гунае барномаҳои мухталифи муборизотии худро барномарезӣ кунанд, ки фақат ба душман фишор овард ва мӯҷиби тақвияти мубориза шавад.»

Раҳбари Эрон, «иттиҳоди миллӣ бар асоси барномаи ҷиҳодӣ»-ро зарурате милли барои Фаластин хонд ва таъкид кард: «Интизор меравад, ҳамаи ҷараёнҳои мухталиф дар ҷиҳати амал ба хости ҳамаи мардуми Фаластин барои таҳаққуқи иттиҳоди миллӣ бкӯшанд.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас ба тавтиъаи дигаре, ки алайҳи муқовимат ҷараён дорад, ишора кард ва афзуд: «Муқовамат, ин рӯзҳо бо тавтиъаи дигаре низ даст ба гиребон аст ва он талоши дӯстнамоёне аст, ки мекӯшанд муқовимат ва интифозаи мардуми Фаластинро аз масири худ мунҳариф сохта ва онро ҳазинаи муомилоти сиррии худ бо душманони миллати Фаластин кунанд

Вай хотирнишон кард: «Муқовимат ҳушмандтар аз он аст, ки дар ин дом фурӯ афтад, ба вижа он ки миллати Фаластин раҳбари ҳақиқии муборизот ва муқовамат аст ва таҷориби гузашта нишон медиҳад, ки ин миллат бо дарки дақиқ аз шароит, монеъ аз ин гуна инҳирофот мешавад ва агар Худой нокарда, ҷараёне аз ҷараёнҳои муқовимат дар ин дом фурӯ афтад, ин миллат ҳамчун гузашта метавонад ниёз худро боз тавлид кунад

Раҳбари Эрон таъкид кард: «Агар гурӯҳе парчами муқовиматро бар замин бигузорад, яқинан гурӯҳе дигар аз дили миллати Фаластин бармеояд ва он парчамро дар даст хоҳад гирифт

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин хитоб ба ҳуззор хотирнишон кард: «Мутмаиннан шумо ҳуззори мӯҳтарам дар ин нишаст, фақат ба Фаластин хоҳед пардохт, ки мутаассифона дар чанд соли ахир, кӯтоҳиҳое дар таваҷҷӯҳи лозим ва зарурӣ ба он сурат пазируфтааст, албатта яқинан бӯҳронҳои мавҷуд дар ҷой-ҷойи минтақа ва уммати исломӣ шоистаи таваҷҷӯҳ аст, аммо он чӣ мӯҷиби ин гирдиҳамоӣ аст, масъалаи Фаластин аст.»

Вай гуфт: «Ин иҷлос метавонад улгуе бошад, то рафта-рафта ҳамаи мусалмонон ва миллатҳои минтақа битавонанд бо такя ба иштирокоти худ, ихтилофотро маҳор карда ва бо ҳалли так-таки онҳо, мӯҷиботи тақвияти ҳар чӣ бештари уммати Муҳаммадӣ (салавотуллоҳи алайҳ)-ро фароҳам оваранд

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар поён аз меҳмонони олиқадр ва раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ҳамкоронашон дар Маҷлис (порлумон), ки ин конфронсро ташкил доданд, ташаккур кард ва барои шуҳадои ислом ба вижа шуҳадои воломақоми муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ ва ҳамаи размандагони содиқи ҷабҳаи муқовимат ва низ руҳи мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ Имоми роҳил, ки бештарин эҳтимомро ба қазияи Фаластин мабзул дошт, раҳмати илоҳӣ масъалат кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин пеш аз оғози суханронии худ дар ин иҷлос, бо ишора ба ин ки имрӯз солрӯзи шаҳодати Молкум Икс раҳбари мусалмонони сиёҳпӯсти Омрикост, аз ҳуззор хост, фотиҳае нисори руҳи ӯ қироат кунанд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ пас аз поёни суханонаш бо ҷамъе аз меҳмонони ширкаткунанда дар Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин аз наздик дидор ва гуфтугӯ кард.

Тасовире аз маросими ифтитоҳияи 6-умин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин:

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: