Хайру шарр аз дидгоҳи Мавлавӣ (3)

Бахши севвум

Ба қалми Асғари Оқоӣ ва Аббоси Изадпаноҳ

Хайру шарр ва ҳикмати илоҳӣ дар Маснавии Маънавӣ

Ҳикмати илоҳӣ аз масоили дигаре аст, ки Мавлавӣ дар баёни фалсафаи хайру шарр ба он тамассук ва дар абёте нағз онро баён мекунад. Вай дар дафтари дуввум дар се мавзеъ ба ин баҳс ишора ё тасреҳ кардааст:

Таблаҳо дар пеши атторон бибин,

Ҷинсро бо ҷинси худ карда қарин.

Ҷинсҳо бо ҷинсҳо омехта,

З-ин таҷонус зинате ангехта.

Гар даромезанд уду шаккараш,

Баргузинад як-як аз якдигараш.

Таблаҳо бишкасту ҷонҳо рехтанд,

Неку бад дар ҳамдигар омехтанд.

Ҳақ фиристод анбиёро бо варақ,

То гузид ин донаҳоро бар табақ.

Пеш аз эшон мо ҳама яксон будем,

Кас надонистӣ, ки мо неку бадем.

Қалбу некӯ дар ҷаҳон будӣ равон,

Чун ҳама шаб буду мо чун шабравон.

Вай дар ин абёт ба чанд ҷанбаи муҳим дар ин мавзӯъ ишора мекунад: аввал он ки миёни ашёе, ки ҳамҷинсанд чунон таҷонусе эҷод шуда, ки зебоии хоссе ба дунё додааст. Дуввум он ки ин таҷонус гарчӣ зебост, аммо зеботар аз он ин аст, ки «табла»-ҳоро Офаридагори ҳаким дарҳам омехта, то аз ин миён дурри вуҷудии одамӣ шукӯфо шавад; чаро ки дар миёни ин аздод нуфуси одамӣ сайқал меёбад ва ба хайри ниҳоии хеш мерасад. Севвум он ки фалсафаи беъсати анбиё (а) ҳамин аст, ки хайру шарр дар ҷаҳон омехта шуда ва ин омехтагӣ мӯҷиб шуда Худованд бо беъсати паёмбарони хеш заминаро барои рушди башарият омода ва муҳайё кунад. Дар воқеъ Холиқи ҳаким аз рӯйи ҳикмату ҳадаф хайру шаррро дар ҳам танидааст.

* * *

Хайру шарр ва фалсафаи хилқат дар Маснавии Маънавӣ

Вай фалсафаи хилқатро дар дафтари дуввум чунин баён мекунад:

Гар ту гӯйӣ фоидай ҳастӣ чӣ буд?

Дар суолат фоида ҳаст, эй ануд!

Гар надорад ин суолат фоида,

Чӣ-шнавем инро абас, беоида?

В-ар суолатро басе фоидаҳост,

Пас ҷаҳон бефоида охир чарост?

В-ар ҷаҳон аз як ҷиҳат бефоидаст,

Аз ҷиҳатҳои дигар пуроидаст.

Фоидай ту гар маро фоида нест,

Мар туро чун фоидаст, аз вай маист.

Вай дар ин абёт ба зебоии тамом ба фалсафаи хилқат ишора мекунад; баҳсе, ки бо масъалаи хайру шарр иртиботе наздик ва дерина дорад. Ӯ ба пурсишкунанда аз фалсафаи хилқат мегӯяд, ҳамин пурсиш, ба унвони ҷузъе аз кулли ҳастӣ, яқинан фоидае дорад. Агар чунин набуд, пурсидан беҳуда буд. Аз ин рӯ набояд фавоид ва хайрҳоро маҳдуд дар фавоид ва хайру некиҳои шахсӣ кунем ё он ки хайру фоидаи ашёро дар фазое бисёр танг бидуни нигаристан ба тамомии ҷавониби он дар назар бигирем:

В-ар ҷаҳон аз як ҷиҳат бефоидаст,

Аз ҷиҳатҳои дигар пуроидаст.

* * *

Набуди хайру шарр дар ҷаҳони ҳастӣ

Яке дигар аз масоиле, ки Мавлавӣ ба он мӯътақид аст, набуди хайру шарри мутлақ дар ҷаҳон аст:

Ҳар чӣ аз ёрат ҷудо андозад он,

Машнав онро, к-он зиён дорад, зиён.

Гар бувад он суди сад дар сад, магир,

Баҳри зар магсил зи ганҷури фақир.

Вай дар ду байти фавқ дар воқеъ ба наҳве бар нисбат миёни хайру шарр таъкид мекунад ва аз тарафе мӯътақид аст, хайри томм ва ҳамаҷониба дар ин дунё ёфт намешавад; чаро ки хайру шарр ба далели танида шудан дар ҳамдигар ва ба далели нисбияти онҳо, сабаб шудаанд хайри мутлақ дар ин дунё ёфт нашавад. Вай дар канори ин матлаб, тасреҳ дорад, ки шарри мутлақ низ дар ҷаҳон ёфт намешавад:

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

* * *

Милоки хайру шарр аз нигоҳи Мавлавӣ

Яке аз масоили муҳимме, ки лозим аст пеш аз истинтоҷи ниҳоӣ дар он диққат кунем, милоки хайру шарр аст. Метавон милоки хайру шаррро аз дидгоҳи ирфонӣ-динии Мавлавӣ чунин табйин кард:

1. Вай дар табйини милоки хайру шарр ба ихтиёри одамӣ нигоҳе томм дорад. Даҳҳо шоҳид аз Маснавӣ гувоҳи ин матлаб аст, монанди:

Чун чунин хоҳӣ, Худо хоҳад чунин,

Медиҳад Ҳақ орзуи муттақин.

2. Вай тамомии шурур ва хайрҳоро ба мабдаи ҳастӣ бармегардонад:

Аз мусаббиб мерасад ҳар хайру шарр,

Нест асбобу васоит аз падар.

3. Метавон гуфт, ба ақидаи вай аз нигоҳе танҳо милоки хайру шарр хости Худованд аст ва ӯст, ки фаъоли мояшо аст:

Ман надонам хайр илло хайри ӯ,

Сумму букму умйи ман аз ғайри ӯ.

* * *

Ҳоким асту яфъалуллоҳ мо яшо,

К-ӯ зи айни дард, ангезад даво.

Ҳатто агар ӯ хоста бошад инсоне дар қурбонгоҳ равад, ин хайри ӯст, гарчӣ ноаҳлон ҷуз ҷонкандане ҷонкоҳ чизи дигаре намебинанд.

4. Вай дар нигоҳе ирфонӣ, ки намуди боризи он дар абёти сӯзноки оғозини Маснавӣ аст, фарёд бармеоварад, ки хайр он аст, ки инсон ба асли хеш, яъне Худованд, бозгардад:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Бо тамоми он чӣ гуфта шуд, ба назар мерасад милоки хайру шарр дар нигоҳи Мавлавӣ фақат он аст, ки инсон набояд дар банди симу зар бошад ва бояд бо таваҷҷӯҳ ба дарун ва фитрати хеш, ба асли хеш таваҷҷӯҳи томм дошта бошад; ҳол дар кух бошад ё дар кох, ки дар ин сурат дигар афсӯсе бар ҷавонии аз дастрафта ба унвони мисдоқе аз хайр, нахоҳад хӯрд:

Рӯзҳо гар гирифт, гӯ: “Рав бок нест,

Ту бимон, эй онки чун ту пок нест”.

Ва инчунин фарде, ки ба ишқи илоҳӣ музайян шуда, ба тамомии хайр расида ва аз тамомии шурур ҷудо шудааст:

Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,

Ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.

Чаро ки бидуни ин ишқ наметавон ба оромиши мутлақ, ки ба таъбире ҳамон хайри мутлақ аст, расид:

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

* * *

Истинтоҷи ниҳоии назария

Он чӣ аз маҷмӯи баррасиҳои пешин ба даст меояд ин аст, ки Мавлавӣ мӯътақид аст, шарри мутлақ дар ҷаҳон ёфт намешавад ва бар ин амр тасреҳ дорад:

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

Мавлавӣ дар канори ин матлаб борҳо тасреҳ мекунад, ки хайру шарр ду мафҳуми нисбианд, ки бояд дар нигоҳ ба ҳар шайъ ва мавзӯе ин нисбият лиҳоз шавад:

Ҳар вуҷуде к-аз адам бинмуд сар,

Бар яке заҳр асту бар дигар шакар.

Вай ин нигоҳи нисбигароёнаро фақат дар миёни хайрҳо ва шурур ҷорӣ намедонад ва миёни шурур низ нисбиятро ҷорӣ медонад:

К-он бало дафъи балоҳои бузург,

В-он зиён манъи зиёнҳои сутург.

Ӯ ин низоми саросар омехта аз хайру шаррро офаридаи Мусаббибуласбоб медонад:

Аз мусаббиб мерасад ҳар хайру шар,

Нест асбобу васоит аз падар.

Вай мӯътақид аст бояд барои дидани хайри масоил, ашхос ва мавзӯоти мухталиф, ҷанбаҳои гуногуне аз онро дар назар дошт ва якҷониба ба қозӣ нарафт:

Гар ту хоҳӣ, к-ӯ туро бошад шакар,

Пас варо аз чашми ушшоқаш нигар.

Ӯ мӯътақид аст ин низоми хайру шарр, ки Холиқи ҳаким тарроҳӣ карда, барои он аст, ки инсонҳо ба шинохт ва маърифат бирасанд:

З-он ки зиддро зидд кунад пайдо яқин,

З-он ки бо сирка падид аст ангубин.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, Мавлавӣ ҷаҳони ҳастиро оламе нисбӣ медонад, ки наметавон дар он шарри мутлақ ёфт ва ин низоми нибӣ лозимаи ҷаҳони маҳдуди моддӣ аст; чаро ки аввалан, бидуни он халқ мумкин набуд, ва сониян, яқину шинохт дар партави ин низоми аздод падид меояд. Вай таъкид мекунад:

Ин ҷаҳон ҷанг асту кул, чун бингарӣ,

Зарра бо зарра, чу дин бо кофарӣ.

Аммо аз сӯйи дигар, вуҷуди шарри мутлақро дар низоми ҳастӣ дафъ мекунад:

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

Вай дар баёни ҳамин матлаб ба баёне ирфонӣ низ мутамассик шуда, тамомии хайрҳо ва шурурро ба Худованди мусаббибуласбоб бармегардонад ва аз он рӯ, ки Худованд «шарр» нахостааст, бояд гуфт, шурур низ ба наҳве хайранд:

Аз мусаббиб мерасад ҳар хайру шар,

Нест асбобу васоит аз падар.

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби мазкур, ба назар мерасад Мавлавӣ фақат шарри мутлақро аз доираи ҳастӣ нафй мекунад. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ҳарчанд ин матлаб саҳеҳ аст, ки шарри мутлақ дар доираи ҳастӣ ёфт намешавад – чаро ки ҳар шарре метавонад заминасози бурузи истеъдодҳо ва лаёқатҳо дар ашё ва афроди мухталиф бошад, масалан шайтон ба унвони намуди аслии шарр гарчӣ агар аз ин дид ба ӯ бингарем, ки муқовимати мӯъминон дар баробари васвасаҳои ӯ сабаби бурузи истеъдодҳои наҳуфтаи маънавӣ дар онҳо ва дар ниҳоят расидан ба қурби илоҳӣ мешавад — аммо набояд ин матлаб сабаб шавад инсон ҷойгоҳе хосс барои шурури баромада аз ихтиёр қоил шуда, онро дар низоми ҳастӣ амре лозим шумурад; чаро ки бо ин таҳлил дигар ҷойе масалан барои азоби куффор нахоҳад монд, чаро ки муқовимати онон дар баробари ҳақ сабаби расидани мӯъминон ба дараҷоти мухталифе аз имон ва ба мақомоте чун шаҳодат будааст. Албатта ин сухан пазируфтааст, ки ҳар шарре билохира метавонад дастикам заминасози бархе хайрҳо бошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби гузашта, метавон назароти Мавлавӣ дар бораи хайру шаррро дар гузораҳои зер хулоса кард:

1. Ҷаҳон аз низоми аҳсан бархӯрдор аст;

2. Дар ин низоми аҳсан мавҷудот дар сайри такомулии хеш вазоифи мухталиферо ба ҳасаби мартибаи вуҷудии хеш бар ӯҳда доранд;

3. Шурур аз доираи иродаи илоҳӣ хориҷ нестанд;

4. Танҳо хайри мутлақ, иродаи Худованд ва қазои ӯст;

5. Бархе шинохти саҳеҳе аз мисдоқи хайри томм надоранд;

6. Шарри мутлақ дар ҷаҳон нест;

7. Барои дарки хайри ашё лозим аст ба он чандваҷҳӣ нигарист;

8. Шурур лозимаи низоми аҳсананд;

9. Ҷузънигарӣ сабаби пайдоиши шубҳаи шурур шудааст;

10. Хайру шарр умуре нисбӣ ҳастанд;

11. Миёни худи шурур низ нисбият барқарор аст;

Мавлавӣ барои баёни нисбияти шурур, ба зикри фавоиде барои онҳо пардохтааст:

1. Шурур сабаби ҷалби алтоф ва муҳаббатҳои дигарон аст;

2. Шурур омили пешрафти ҷомеаи башарӣ аст;

3. Шурур сабаби кашфи истеъдодҳо ва фазоили башарӣ аст.

* * *

Поёни мақола

* * *

Қисматҳои дигари ин мақола

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Маснавии Маънавӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: