Далели илоҳӣ будани Қуръони Карим

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пурсиш: Савол ба бародари азизам Сайидюнус ва дигар диндорони муҳтарам. Шумоён диндорон мегӯед, ки китобҳои муқаддас ва Қуръон осмонӣ мебошанд ва ононро Оллоҳ фиристодааст. Кани далел биёред. Олимони соҳаҳои физика, табиатшиносӣ ва фалсафа мегӯянд ки ин номумкин аст.

Bahriddin Bahri

* * *

Посух: Ба номи Худо. Инҷо шумо дар воқеъ як суол кардаед ва як иддаъо. Пеш аз посух ба суоли шумо, аввал иддаъои шуморо баррасӣ кунем.

1. Иддаъои шумо ин аст, ки “Олимони соҳаҳои физика, табиатшиносӣ ва фалсафа мегӯянд, ки ин номумкин аст.” Ин як иддаъост ва иддаъоест бе далел. Зеро, аввалан, на ҳамаи физикдонҳо ва табиатшиносон ва фалосифа дар ин ҷиҳат изҳори назар кардаанд. Масалан, дар миёни фалосифа, чӣ дар ғарб ва чӣ дар шарқ, мо фалосифаи Худобовари зиёде дорем, мисли Декарт ва Конт дар ғарб, ки ҳар ду ба ойини ҳазрати Масеҳ (а) боварманд ҳастанд. Ва аммо фалосифаи исломӣ ҳамагӣ бар нубуввати ҳазрати Муҳаммад (с) имон ва Қуръони Каримро китобе осмонӣ — ба ин маъно, ки китобе нозилшуда аз сӯйи Худост – медонанд. Ва балки болотар аз ин, фалосифаи исломӣ мисли Бӯалӣ Сино, бар нубувват ва паёмбарӣ, далел ва бурҳони ақлӣ барпо доштаанд.

Ва аммо физикдонҳо ва табиатшиносон, ин ду тоифа агар бихоҳанд дар ин мавзӯъ изҳори назар кунанд, бояд, ки на ҳамчун физик ё табиатшинос изҳори назар кунанд. Зеро, ҳам сару кори як физикдон “модда” ва “табиат” аст ва ҳам сару кори як табиатшинос. Ба сухани дигар, аз он ҷо, ки мавзӯи ҳар як аз дониши физик ва табиатшиносӣ “модда” ва “табиат” аст, ин ду дониш аслан ҳаққи изҳори назар дар бораи чизе, ки марбут ба моварои табиат ва ё аз моварои табиат аст-ро надоранд. Интизор аз физикдон, ки дар мавзӯи будан ё набудани Худо ва ё ҳаққонияти паёмбарӣ ё бутлони он изҳори назар кунад, дуруст мисли ин мемонад, ки мо аз як меконик (масалан) интизор дошта бошем, ки бароямон ҳаққоният ё бутлони ин масоилро ба кӯмаки меконик собит кунад. Ва ин, интизори бисёр бемаънист.

* * *

2. Ва аммо посухи пурсиши шумо. Дар ҳамин оғоз гуфта бошам ва хотиратон ҷамъ бошад, ки исботи ин, ки “Қуръони Карим китобест илоҳӣ”, ба воситаи ҳеч як аз улуми таҷрубӣ — мисли физик ё табиатшиносӣ ё шимӣ ё ҳар илми таҷрубии дигар — имконпазир нест. Агар ин кор имкон дошт, худи Қуръон ва ё ҳазрати Паёмбар (с) ба он ишора мекарданд.

Хуб, ҳоло роҳи исботаш кадом аст? Роҳаш дар худи ин китоб ва ё дар забони ҳазрати Паёмбар (с) омада. Ва он ин ки: вақте як нафар инсон (ҳазрати Иброҳим, Мӯсо, Исо, ҳазрати Муҳаммад (с) ва соири паёмбарон…) бигӯяд, ман фиристодаи Худо ҳастам ва ин китоб китоби Худост, мардуми ҳамон асру замон аз ӯ далел бар ин муддаъо мехостанд ва паёмбар низ барои исботи дурустии муддаъояш “мӯъҷиза” меовард. Мӯъҷиза яъне кори хориқулодае, ки аз анҷоми он инсонҳои дигар ва ба роҳҳои оддӣ, оҷиз ва нотавон ҳастанд; мисли табдили як асо ба мор, мутаваққиф кардани ҷилави ҷараёни об ва гузар аз он, ки ин ду марбут ба ҳазрати Мӯсо (а) аст. Ва ё шифои як кӯри модарзод ва зинда кардани мурда ва ғайра аз корҳое, ки марбут ба ҳазрати Исо (а) аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) низ вақте гуфт, ман фиристодаи Худо ҳастам ва Қуръони Карим китоби Худост, дар ҳамон замон мардум аз ӯ далел хостанд, ва эшон мӯъҷизаҳое мисли шаққулқамар ва ғайра барпо дошт.

Аммо нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки аз он ҷо, ки ислом охирин ойини осмонӣ ва Қуръони Карим охирин китоби илоҳӣ ва ҳазрати Муҳаммад (с) хотами паёмбарон аст ва рисолати ӯ барои ҳамаи башар то рӯзи қиёмат мебошад, аз ин рӯ мӯъҷизаи ӯ бояд чизе бошад, ки барои башари ҳар асру замон то рӯзи қиёмат, қобили мушоҳида буда бошад. Аз ин назар, Қуръони Карим на танҳо дарбардорандаи таълимот ва омӯзаҳои илоҳист, балки худаш як мӯъҷиза аст; ҳам аз назари лафз, ҳам аз назари маъно; мӯъҷизае, ки аҳаде то қиёмат қодир ба овардани мисли як сура аз онро надорад.

Инак, 1400 сол аст, ки ин китоб мункиронашро ба мубориза металабад ва мегӯяд, агар шумо мӯътақидед, ки ин китоб осмонӣ нест, пас бисмиллоҳ, лоақал як сура монанди онро биёваред?!

وَإِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَى عَبْدِنَا فَأْتُواْ بِسُورَةٍ مِّن مِّثْلِهِ وَادْعُواْ شُهَدَاءكُم مِّن دُونِ اللّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ. فَإِن لَّمْ تَفْعَلُواْ وَلَن تَفْعَلُواْ فَاتَّقُواْ النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ

Ва агар дар он чӣ бар бандаи худ нозил кардаем шакк доред, пас агар рост мегӯед, сурае монанди онро биёваред ва гувоҳони худро ғайри Худо фаро хонед! Пас, агар накардед — ва ҳаргиз наметавонед кард — аз он оташе, ки сӯхташ мардумон ва сангҳо ҳастанд ва барои кофирон омода шуда бипарҳезед!” (Бақара, 23 ва 24)

Дар муддати 1400 сол, афроди зиёде кӯшиданд, мисли як сура аз Қуръон биёваранд, вале оҷиз ва нотавонанд.

Дар бораи мӯъҷиза будани Қуръони Карим ҳарф зиёд аст, инҷо гунҷоиши онро надорад, ки ба так-таки он ишора кунам, фақат ба ҳамин андоза иктифо мекунам, ки бидонем: ин китоб дар забони касе ҷорӣ шуда, ки на хондан медонист ва на навиштан ва ҳеч устоде ҳам надида. Ва тоза, дар муҳите бузург шуда, ки муҳите комилан ваҳшӣ ва орӣ аз тамаддун буд.

Пас, оё маъқул аст аз якчунин инсоне маорифе ба он волоӣ ва баландӣ гуфта бишавад агар ӯ бо манбаи ваҳй муттасил набошад?!

Бӯалӣ ва “Бурҳони Сиддиқин”-и вай

Як матлаби бисёр ҷолиб аз Ибни Сино дар ин замина нақл кардаанд. Огоҳон медонанд, ки Ибни Сино бурҳоне дорад бар вуҷуди Офаридгор маъруф ба “Бурҳони Сиддиқин”. Ин бурҳон аз ибтикороти худи Бӯалӣ аст, яъне худаш онро кашф карда.

То замони Бӯалӣ, бурҳонҳое, ки фалосифа бар вуҷуди Худо иқома мекарданд, ҳама ба истилоҳ аз “пойин” ба “боло” буд, мисли “бурҳони ҳаракат”-и Арасту ё “бурҳони имкон ва вуҷуб”-и соири фалосифа, вале Бӯалӣ як таҳаввули решаӣ дар ин замина падид овард.

Ӯ, пас аз таъаммулот ва тафаккуроти фалсафии бисёр зиёд дар ин мавзӯъ, ба ин натиҷа расид, ки асосан, беҳтарин роҳ ин аст, ки мо дар худи “вуҷуд” (ҳастӣ) – ки воқеияте ғайри қобили инкор аст – таъаммули фалсафӣ намоем. Яъне, агар мо худи воқеияти “вуҷуд”-ро мавриди таъаммули фалсафӣ қарор бидиҳем, худаш кофист моро ба сӯйи зоти “воҷибул-вуҷуд”, яъне Офаридгор, раҳнамун шавад ва дигар ниёзе ба соири далелу бурҳонҳо нест. “Бурҳони Сиддиқин”-и вай дар ҳамин хусус аст, ки фалосифаи баъд аз Сино ҳамагӣ аз он пайравӣ кардаанд. Ҳоло тавзеҳаш ин ҷо нест, фақат ба ҳамин миқдор арз кунам, ки ин бурҳон (тибқи тақрири Мулло Садро) бад-ин шарҳ аст:

Ҳақиқати вуҷуд (ҳастӣ) мавҷуд аст; ба ин маъно, ки айни мавҷудият аст ва адам бар он маҳол аст. Ва аз тарафе, ҳақиқати ҳастӣ дар зот яъне дар мавҷудият ва дар воқеият доштани худ, машрут ба ҳеч шарт ва муқайяд ба ҳеч қайде нест. Ҳастӣ чун ҳастӣ аст, мавҷуд аст, на ба милоки дигар ва на ба фарзи вуҷуди дигар. Пас, ҳастӣ дар зоти худ мусовӣ бо бениёзӣ аз ғайр, ва номашрут будан ба чизи дигар яъне мусовӣ бо вуҷуби зотии азалӣ аст. Дар натиҷа, ҳақиқати ҳастӣ дар зоти худ – қатъи назар ҳар таъайюне, ки аз хориҷ ба он мулҳақ шавад, мусовӣ бо зоти лоязоли Ҳақ аст.” (Асфор, 6/14-16)

Тибқи ин бурҳон, ақл моро мустақиман ба зоти Ҳақ раҳбарӣ мекунад, на ба чизе дигар, ва ғайри Ҳақро – ки албатта ҷуз афъол ва осор ва зуҳурот ва таҷаллиёти ӯ нахоҳад буд – бо далели дигар бояд пайдо кард, на Ҳақро.

Гӯянд, Бӯалӣ вақте тоза ба ин бурҳон ва ҳақиқати ноб пай бурда буд, Қуръони Каримро, ки мехонд, як вақт расид ба ин ояти карима:

سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ

Ба зудӣ, нишонаҳои худро дар уфуқҳо (-и гуногун) ва дар нафсҳояшон (дарунашон) ба эшон хоҳем намуд, то барояшон равшан гардад, ки Ӯ ҳаққ аст. (Аммо) оё кофӣ нест, ки Парвардигорат худ бар ҳар чиз шоҳид ва машҳуд аст?!” (Фуссилат, 53)

Бӯалӣ (р) бо хондани ин ояти карима, як дафъа ҷо хӯрд ва гуфт, Субҳоналлоҳ! Он чӣ ман пас аз таъаммулоти зиёде ба он расидаам, дар Қуръони Карим будааст, вале аз он ғофил будаам.
Зеро ин ояти карима аввал мегӯяд, нишонаҳои Худованд дар офоқ ҳаст, яъне ҳамин ки шумо ба замину осмону каҳкашонҳо диққат мекунед, ин таваҷҷӯҳ шуморо раҳнамун месозад ба ин, ки Худое будааст. Ояти карима сипас мегӯяд, илова бар офоқ, дар нафсҳои худатон яъне дар дарунатон дар руҳу равони худатон низ агар таъаммул ва диққат кунед, ин таваҷҷӯҳ низ шуморо ба вуҷуди Худо раҳнамун мешавад.

Аммо шоҳиди мо, ки Бӯалӣ аз он буҳтзада шуд, ҷумлаи ахир аст. Ҷумлаи ахир мегӯяд, фориғ аз нишонаҳои офоқӣ ва анфусӣ, оё бароят ҳамин кофӣ ва басанда нест, ки Худованд дар ҳар чизе шоҳид ва машҳуд аст?! Яъне, агар Худованд набошад, оё ин чизҳо аслан мавҷуд буданд?!

Ва чунон ки Имом Ҳусайн (а) дар он дуои маъруфи хеш мегӯяд:

کَیْفَ یُسْتَدَلُّ عَلَیْکَ بِماهُوَ فی وُجودِهِ مُفْتَقِرٌ اِلَیْکَ. اَیَکُونُ لِغَیْرِکَ مِنَ الظُهورِ ما لَیْسَ لَکَ حَتّی یَکُونَ هُوَالْمُظْهِرُ لَکَ، مَتی غِبْتَ حَتّی تَحْتاجَ اِلی دَلیلٍ یَدُلُّ عَلَیْکَ

Чӣ гуна метавон бо чизе, ки дар ҳастиаш ниёзманд ба туст, бар ту истидлол кард?!

Оё чизе ҷуз ту зуҳуре дорад, ки ту надошта бошӣ, то битавонад рӯшангари ту бошад?!

Кай нопадид шудаӣ, то ба далеле, ки бар ту гувоҳ бошад ниёз дошта бошӣ?!

Ҳоло, шумо таваҷҷӯҳ кунед, ин Қуръон аз забоне касе аст, ки на дарс хонда, на навиштан медонад ва на хондан, на устоде дида ва на дар муҳите буда, ки мардумонаш аҳли фазлу дониш бошанд. Як мардуми дур аз тамаддун, ки ҷуз шутуру саҳро чизе намешинохтанд. Бо ин ҳисоб, оё маъқул аст, ин маорифи фалсафии баланд ва воло — ки фалосифаи бузурге мисли Бӯалӣ дар баробараш буҳтзада мешаванд – дар забони касе ҷорӣ шавад, ки дар инчунин муҳите бузург шуда агар ӯро бо манбаи ваҳй муттасил надонем?!

Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,

Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.

(Ҳофиз)



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: