Худоро чӣ касе офарида?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пурсиш: Мо ба Ягонагии Худо бовар дорем, Касе Ӯро назода ва касеро назодааст, кайҳону ҷаҳонро офарид ва ҳарчи дар он ду ҳаст офарида. Худи Аллоҳи бузург аз куҷо пайдо шуда ё чӣ гуна пайдо шуда?

Shamshod Hakimov

* * *

Посух: Ба номи Худо. Посух ба ин пурсишро дар чанд нукта хулоса мекунам:

1. Нуктаи аввал он ки: агар як мавҷуд мавҷуде бошад, ки вуҷудаш аз худаш нест, дар ин сурат, метавон дар бораи вай ин суолро матраҳ кард, ки: ӯро чӣ касе офарида ва ё вуҷуди вай аз куҷост? Аммо агар мавҷудеро фарз кунем, ки вуҷудаш зотии вай бошад, яъне ӯ худаш вуҷуд бошад, дар ин сурат, тарҳи ин суол дар бораи вай, ки вуҷудаш аз куҷост, бемаънист.

Ҳоло як мисол бизанам. Агар бигӯем: “Шӯрбо шӯр аст”, шумо метавонед бипурсед, ки шӯрии шӯрбо аз куҷост? Дар посух мегӯянд: “Шӯрии шӯрбо аз намак аст.” Ҳол, агар суолро мутаваҷҷеҳи худи намак бикунем ва бигӯем: “Шӯрии намак аз куҷост?”, шумо посух хоҳед дод, ки намак зоташ шӯрист, яъне намак агар намак аст, шӯр аст. Ба сухани дигар, намак худаш, зоташ, ҳақиқаташ шӯрӣ аст. Аз ин рӯ, наметавон дар бораи намак ин суолро матраҳ кард, ки шӯрии намак аз куҷост.

(Тазаккур: Дар мавриди мисоле, ки зада шуд, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки манзур аз зотӣ будани шӯрӣ барои намак, ҳаргиз ин нест, ки шӯрии намак чун зотии он аст, пас офаридгоре надорад, балки манзур он аст, ки офаридгори ҷаҳон намакро зотан шӯр офаридааст, ба тавре ки ҳаргиз наметавон шӯриро аз намак ҷудо кард. Ин мисолҳо барои наздик кардани матлаб ба зеҳн зада мешавад, вагарна байни ин мисолҳо ва мавзӯи мавриди баҳс тафовути зиёде ҳаст.)

* * *

2. Нуктаи дуввум он ки: маънои “воҷибул-вуҷуд”, ки файласуфон Худовандро бо ин ном мехонанд, ин аст, ки “Худо зоте аст, ки вуҷуд барояш воҷиб аст.” Воҷиб аст яъне зарурӣ аст. Яъне, Худованд зоте аст, ки вуҷуд барояш зарурат дорад ва аз ӯ қобили ҷудо шудан нест. Аз ин рӯ, дуруст мисли он ҷо, ки наметавон гуфт: “Намак шӯр нест”, ҳамчунин наметавон гуфт: “Худо мавҷуд нест”. Зеро салби “вуҷуд” (ҳастӣ) аз зоти Ӯ маҳол аст, мисли ин аст, ки шумо гуфта бошед: “Вуҷуд вуҷуд нест”. Ин ҳарф ҳарфи мутаноқиз аст. Вуҷуд зотии Худованд аст, асосан ӯ саросар вуҷуд аст, нестӣ дар ӯ роҳ надорад.

Дар Қуръони Карим низ ин ҳақиқат ба унвони “Ғанӣ” барои Худо ёд шудааст. “Ғанӣ” яъне бениёз. Воҷибул-вуҷуде, ки фалосифа мегӯянд, ҳамин маънои Ғанӣ аст. Ихтилоф фақат дар лафз аст, вагарна дорои як маъност. Вақте мо Худоро Ғанӣ ва Бениёз медонем, ба ин маъност, ки Худо дар вуҷуд доштан, ба чизе ва ё касе ниёз надорад. Мисли мо инсонҳо нест, ки дар вуҷуд пайдо кардан, ба ғайри худамон “ниёзманд” бошем. Аз ин рӯст, ки Худо дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ أَنتُمُ الْفُقَرَاء إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ

Эй мардум! Шумо ба Худо ниёзмандед ва Худост, ки бениёзи сутуда аст”. (Сураи Фотир, ояти 15)

Пас, агар “вуҷуд” зотии Худо бошад ва аз Ӯ қобили ҷудо шудан набошад, дар ин сурат, ин суол дар бораи вай, ки Ӯро чӣ касе офарида ё ба Ӯ чӣ касе вуҷуд бахшида, бемаъност. Зеро вуҷуд аз Ӯ қобили инфикок ва ҷудо шудан нест, ки пурсида шавад, вуҷуди Ӯ аз куҷост ё Ӯро чӣ касе офарида?! Ӯ ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд. Вуҷуд зотии Ӯст.

* * *

3. Нуктаи севвум он ки: бояд бидонем, аз куҷо дар зеҳни мо инсонҳо ин суол пайдо мешавад, ки Худоро чӣ касе офарида? Посухаш он аст, ки: мо инсонҳо маъмулан ҳар чизеро (ва ҳатто Худоро) нохудогоҳ бо чизҳое, ки ба онҳо унс пайдо кардаем, муқоиса мекунем. Зеро, мо медонем, ки дар олами модда, ҳар чизе аввал набуд ва сипас падид омад, ки ҳатман падидоваранда дорад. Ва аз ин рӯ, чизе, ки ҳамеша буда бошад ва падидоваранда надошта бошад, тасаввураш бароямон бисёр сахт ва душвор аст агар нагӯем тасаввураш бароямон маҳол аст. Зеро, аз замоне ки чашм ба ин олам кушодаем, сару корамон танҳо бо ҳамин олами модда будааст ва фақат чизҳоеро метавонем тасаввур намоем, ки вориди зеҳнамон шуда ва мешавад. Ва чизҳое ҳам, ки вориди зеҳни мо мешавад, аз ҳамин олами модда аст. Аз ин рӯ, бисёр сахт аст (агар нагӯем маҳол аст) тасаввури зоте, ки аз падидоваранда ва бавуҷудоваранда бениёз аст ва ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд.

* * *

4. Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: вақте гуфтем, “вуҷуд зотии Худост ва аз Ӯ ҷудонашаванда аст ва Ӯ ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд”, шояд бипурсед, инро аз куҷо мегӯӣ? Хуб, ин ниёз ба тавзеҳ ва исбот дорад. Яъне, барои ин иддаъо бояд далел ва бурҳон овард.

Ҳол, тавзеҳ он ки: ҳар як аз мову шумо тасаввури бисёр рӯшане аз “вуҷуд” (ҳастӣ, будан) дар зеҳн дорем. Вуҷуд, рӯшантарин мафҳум пеши ҳамаи мост ва ниёз ба таъриф ҳам надорад ва асосан қобили таъриф нест. Маънояш хеле возеҳ ва рӯшан аст. Нақизи “вуҷуд” адам (нестӣ) аст. Ва “адам” (нестӣ), фақат дар зеҳни мо инсонҳо ҷой дорад ва воқеияте дар олами воқеъ надорад. Ин мафҳум сохта ва пардохтаи зеҳни инсон аст. Масалан, инсон вақте дарахтеро мебинад, тасаввуре аз дарахт дар зеҳни ӯ пайдо мешавад, сипас кӯҳро мебинад ва тасаввуре аз кӯҳ дар зеҳни ӯ падид меояд. Ва зеҳни халлоқи инсон вақте ин дуро дар олами зеҳн бо ҳам муқоиса мекунад, меёбад, ки “дарахт ғайр аз кӯҳ аст” (дарахт кӯҳ на+аст). Ҳамин “на+аст” боис мешавад, ки мафҳуми “адам” дар зеҳни ӯ пайдо бишавад дар муқобили мафҳуми “вуҷуд” (яъне дар муқобили “аст”). Вагарна, “адам” воқеияте дар олами берун надорад. Хелеҳо ҳастанд, ки ин пиндор дар зеҳнашон ҳаст, ки “адам” (нестӣ) яъне “як фазои холӣ”, мисли фазое, ки мушоҳида мекунем, ки дар он ҳеч чиз нест ва фақат фазо ҳаст. Хуб, ин пиндор як пиндори сар то ба по ғалат ва нодуруст аст. Билохира, ҳамин фазои холие, ки онро “адам” (нестӣ) фарз мекунем, оё ҳаст ё нест?! Агар гуфтем, ҳаст, пас мисдоқе аз “вуҷуд” (ҳастӣ) будааст. Яъне, он чиро, ки “адам” фарз кардаем, вуҷуде будааст ба номи “фазои холӣ”; мунтаҳо дар ин фазо чизе муштпуркун дида намешавад.

Хулоса, ҳар чи шумо ба унвони “адам” фарз кунед, ғайр аз “вуҷуд” нест. Асосан, ин ки гуфта бишавад, “адам ҳаст”, дуруст мисли ин мемонад, ки бигӯед, “ғайриинсон инсон аст”, ки як гузораи мутаноқиз аст. Зеро адам яъне “ғайри вуҷуд”, яъне нақизи вуҷуд.

Ҳамаи он чи гуфта шуд, муқадимае буд барои баёни ин матлаб, ки: ҷаҳони ҳастӣ ҷуз вуҷуд (ҳастӣ) нест, ва ғайри “вуҷуд” (яъне адам) воқеият надорад. Ҳар чи ҳаст, вуҷуд ва ҳастӣ аст. Ҳазорон ҳазор фикр кунед, боз ғайри вуҷуд чизе намеёбед. Инро феълан дар зеҳн дошта бошем.
Ва аз тарафе, дар олами имкон, ҳар чи аз падида, ки мешиносем, мавҷудоти маҳдуд ва машрут ва вобаста ҳастанд. Масалан, ин дарахт, ки мебинем, вуҷудаш вобаста аст ба як силсила иллатҳо. Ин инсон, ки мебинем, вуҷудаш вобаста аст ба як силсила иллатҳо, ки агар он иллатҳо набуданд, ӯ ҳам набуд. Ин кураи замин, ки мебинем, вуҷудаш вобаста аст ба як силсила иллатҳо ва ғайра… Яъне ҳеч чиз нест, магар он ки вуҷудаш маҳдуд ва машрут ва вобаста аст.

Аммо аз он тараф ҳам, чунонки баён шуд воқеияти ҳастӣ (ҳамаи ҳастӣ, на танҳо олами табиат), дар маҷмӯъ, рӯйи пойи худ истода ва машрут нест ва адам дар он роҳ надорад.

Аз ин ҳақиқат ин натиҷа ба даст меояд, ки: ҳамаи ин мавҷудоти маҳдуд ва машрут ва вобаста (яъне кулли олами имкон) қоим ба мавҷуде будаанд, ки вуҷуди он, дигар вобаста ва маҳдуд ва машрут нест, ва он зот ҷуз зоти Офаридгор нест. Вагарна, амри маҳол пеш меояд.

Ҳамаи он чӣ арз шуд, марҳуми Бӯалӣ (р) дар “Ишорот ва танбеҳот” бо ду се ҷумлаи кӯтоҳ баён кардааст, ӯ мегӯяд:

إن الموجود إما أن يكون واجب الوجود أو ممكن الوجود، فإذا كان واجب الوجود فقد ثبت مطلوبنا، وإذا كان ممكناً فالممكن يحتاج في وجوده إلى مرجح، وهذا المرجح ممكناً فهو أيضاً بحاجة إلى مرجح وهكذا تستمر هذه السلسلة إلى ما لا نهاية، وحيث أن الدور والتسلسل باطلان، لا بد وأن تصل النوبة إلى مرجح لم يكن ممكناً، وإنما يكون واجباً، وواجب الوجود هذا هو الله

Мавҷуд ё воҷибул-вуҷуд аст ва ё мумкинул-вуҷуд. Агар воҷибул-вуҷуд аст, ки матлуби мо собит мешавад. Ва агар мумкинул-вуҷуд аст, вуҷуди мумкин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба мураҷҷеҳ дорад. Ҳол, агар мураҷҷеҳ мумкин бошад, дубора худи он эҳтиёҷ ба мараҷҷеҳи дигаре дорад, ва ҳамин тавр то бениҳоят идома дорад. Ва чун “давр” ва “тасалсул” ботил аст, бояд ба мураҷҷеҳе бирасем, ки дигар мумкин набошад, балки воҷиб бошад, ва ин воҷибул-вуҷуд ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с.97 ва 98) (1)

* * *

Поварақӣ:

(1) Ибни Сино (р) мехоҳад бигӯяд, вақте касе асли вуҷуд (ҳастӣ)-ро пазируфт – ва ҷуз девона касе онро мункир нест — аз ӯ суол мешавад, ки ин вуҷуди хориҷӣ ва айнӣ, ки пазируфтаӣ, аз ду ҳолат наметавонад хориҷ бошад: ё воҷибул-вуҷуд аст (яъне ҳастӣ барояш зарурат дорад) ва ё мумкинул-вуҷуд аст (яъне ҳастӣ барояш воҷиб нест, балки мумкин аст) ва наметавонад фарзи севвуме дошта бошад. Дар сурате, ки фарзи аввалро пазируфт, вуҷуди воҷибул-вуҷуд собит мешавад. Аммо агар бигӯяд, ҳама мумкинул-вуҷуд ҳастанд, ногузир бояд вуҷуди воҷибул-вуҷуд ҳам пазируфта шавад. Зеро ҳар мумкинул-вуҷуде ниёзманд ба иллат аст, то ба ӯ вуҷуд диҳад. Ва он иллат агар як мумкинул-вуҷуди дигар бошад, ӯ ҳам ниёзманди иллат хоҳад буд, ва чун маҳол аст, ки силсилаи иллатҳо то бениҳоят пеш равад (тасалсул дар иллатҳо маҳол аст) ва ё ин ки робитаи “давр” байни онҳо барқарор шавад (яъне, яке аз ин мумкинул-вуҷудҳо иллати дигаре бошад ва он дигаре ҳам иллати ин бошад, ки ин ҳам маҳол аст), пас бояд силсилаи иллатҳо ба иллате мунтаҳӣ шавад, ки худаш дигар ниёзманд ба иллат набошад, яъне воҷибул-вуҷуд бошад.



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: