Ислом ва дигарандешон

Пурсиш: Қуръону ислом перомуни дигарандешон чӣ назар дорад? Оё мешавад, гуфт, ки Қуръон даъват мекунад, ки мухолифони акидавии исломро бад бинед? Ин пурсиш мабнӣ бар ояти Қуръон, ки мегӯяд: «…Аз барои Худо дӯст бидореду аз барояш бад бинед…», ба миён омадааст. Яъне мешавад ин оятро санад донисту, барои мисол моддигароёнро бад дид?

Нур Неъматуллоев

* * *

Посух: Ба номи Худо. Ҳарчанд посух ба ин пурсиши муҳим бо яке ду ҷумла муяссар нест, аммо саъй мекунам, ба сурати мухтасар, бароятон матлабро баён бидорам. Аммо пеш аз ҳама лозим аст бароятон ёдовар шавам, ки он чӣ овардаед, мо дар Қуръони Карим инчунин ояте надорем, балки аҳодисе вуҷуд дорад, ки маъно ва мазмуни онҳо ин аст, ки дӯст доштан ва дӯст надоштани мусалмон бояд аз барои Худованд бошад.

Ҳол, баёни асли мавзӯъ:

Мурод аз дигарандеш аз назари як мусалмон, ҳар касе, ки мусалмон набошад аст, чӣ он ки ӯ масеҳӣ бошад ё яҳудӣ бошад ва ё мушрик бошад ва ё ин ки атеист бошад ва хулоса, ҳар касе, ки мусалмон нест.

Хуб, дар ин замина хидмати шумо арз шавад, ки: асли “ҳамзистии мусолиматомез бо дигарандешон” як фикри асили исломӣ аст ва оятҳои мутаъаддиде аз Қуръони Карим – ки хоҳем овард – ба он суфориш намудаанд. Ва ин дар ҳолест, ки дар чаҳордаҳ қарн қабл, яъне дар замони зуҳури ислом, мафҳуми “ҳамзистии динӣ” барои башар аслан шинохташуда набуд.

Диққат ва таваҷҷӯҳ ба оятҳое, ки дар зайл хоҳам овард, бароятон ин ҳақиқатро рӯшан мекунад, ки аз назари Қуръони Карим, ҷанги динӣ ва ситез ба хотири ихтилофоти ақидаӣ маъно надорад. Кинатӯзӣ ва душманӣ нисбат ба пайравони адёни дигар мамнӯъ ва дар пеш гирифтани равишҳои иҳонатомез нисбат ба дигарон, як равиши ғайриисломӣ аст. Ва аммо ин ки бархе аз гурӯҳҳои исломӣ ва ё баъзе аз мусалмонон вуҷуд доштаанд ва ё доранд, ки равише ғайри он чӣ мегӯем пеша кардаанд, ин рабте ба асли ислом надорад.

Ҳол, Қуръони Карим барои таъмини ҳамзистии мусолиматомез, роҳҳои гуногунеро суфориш намудааст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора хоҳад шуд:

1. Озодии ақида ва фикр:

Дар баъзе аз оятҳои Қуръони Карим, бар асли “озодии ақида” таъкид шудааст. Асосан, табиати эътиқодоти қалбӣ ба гунае аст, ки дар онҳо икроҳ ва иҷбор ҷойе надорад:

 لاَ إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ قَد تَّبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ

Дар кори дин икроҳ ва иҷбор раво нест; чаро ки роҳ аз бероҳа ба равшанӣ ошкор шудааст”. (Сураи Бақара, ояти 256)

وَلَوْ شَاء رَبُّكَ لآمَنَ مَن فِي الأَرْضِ كُلُّهُمْ جَمِيعًا أَفَأَنتَ تُكْرِهُ النَّاسَ حَتَّى يَكُونُواْ مُؤْمِنِينَ

Агар парвардигорат мехост, тамоми аҳли замин (бидуни ин ки ихтиёре дошта бошанд) имон меоварданд, пас оё ту мардумро ба икроҳ вомедорӣ, ки мӯъмин шаванд?” (Сураи Юнус, ояти 99)

Тибқи оятҳои қуръонӣ, паёмбар фақат маъмур ба иблоғ ва расондани дастурҳои илоҳӣ аст, хоҳ мухолифон имон биёваранд ё на:

وَقُلِ الْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Ва бигӯ: ин ҳақ аз сӯйи парвардигоратон аст, пас ҳар кас мехоҳад, имон биёварад ва ҳар кас мехоҳад, куфр варзад”. (Сураи Каҳф, ояти 29)

 وَلَوْ شَاء اللّهُ مَا أَشْرَكُواْ وَمَا جَعَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا وَمَا أَنتَ عَلَيْهِم بِوَكِيلٍ

Ва агар Худованд мехост, ширк намеварзиданд, вале туро нигаҳбони онон нагумоштаем ва ту корсози онон нестӣ”. (Сураи Анъом, ояти 107)

Хулоса, имон ба Худо ва мабонии ислом ҳеч гоҳ наметавонад таҳмилӣ бошад, балки танҳо роҳи нуфузи он дар фикр ва руҳ мантиқ ва истидлол аст. Муҳим ин аст, ки ҳақоиқ ва дастурҳои илоҳӣ баён шавад, то мардум онро дарк кунанд ва бо ирода ва ихтиёри хеш онро бипазиранд.

* * *

2. Таваҷҷӯҳ ба усули муштарак:

Ислом ойине аст, ки аз замони пайдоиши худ, бо шиори ҳамзистии мусолиматомез даъвати хешро ба ҷаҳониён арза намудааст ва ин ойин хитоб ба аҳли китоб чунин мегӯяд:

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ فَإِن تَوَلَّوْاْ فَقُولُواْ اشْهَدُواْ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ

Бигӯ: эй аҳли китоб! Биёед, то бар сухане, ки байни мо ва шумо яксон аст биистем, ва он ин ки: ҷуз Худовандро напарастем ва барои ӯ ҳеч гуна шарике наёварем ва ҳеч кас аз мо дигареро ба ҷойи Худованд ба худоӣ барнагирад. Ва агар рӯйгардон шуданд, бигӯед: шоҳид бошед, ки мо мусалмонем (яъне фармонбардорем)”. (Сураи Оли Имрон, ояти 64)

Дар ин оят, ба нуқтаҳои муштарак байни ислом ва аҳли китоб (масеҳиҳо ва яҳуд) таваҷҷӯҳ шудааст. Қуръон ба мусалмонон меомӯзад, ки агар касоне ҳозир набуданд дар тамоми аҳдоф бо шумо ҳамкорӣ кунанд, қатъи робита накунед, балки бикӯшед, ки ҳаддиақал дар қисмате, ки бо шумо аҳдофи муштарак доранд, ҳамкории онҳоро ҷалб кунед.

* * *

3. Ислом душмани нажодпарастӣ аст:

Қуръони Карим ҳар гуна тафаккури нажодпарастонаро маҳкум намудааст ва ҳамаи инсонҳоро фарзанди як падару модар медонад:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ

Эй мардум! Ҳамоно шуморо аз як мард ва як зан офаридем ва ба ҳайъати ақвом ва қабоиле даровардем, то бо якдигар ошноӣ ёбед. Бе гумон, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост. Худованд донои огоҳ аст”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Яке аз пояҳои муҳимми ҳамзистии мусолиматомез, тасовӣ ва баробарии инсонҳост. Зеро нажодпарастӣ, худбартарбинӣ ва таҳқири миллатҳо ва динҳои дигар, мӯҷиби мушкилоти фаровоне барои ҷомеаи башарӣ шуда ва мешавад.

Аз назари ислом, тафовут дар ранг, нажод ва миллият мояи фазилати касе бар дигаре нест. Аз назари Қуръон, ихтилофи забонҳо ва рангҳо, аз оятҳо ва нишонаҳои илоҳӣ ва василае барои шинохти афрод ва ашхос аз якдигар аст. Зеро агар ҳамаи инсонҳо якранг ва дорои шаклҳои яксон мебуданд, зиндагӣ дучори мушкил ва ҳарҷу марҷ мегардид.

Аз назари Қуръони Карим, инсонҳо нисбат ба якдигар фазилате ҷуз ба тақво ва парҳезгорӣ надоранд ва бисёре аз оятҳои Қуръони Карим хитоб ба ҷамиъи башар аст, монанди: “Ё Банӣ Одама!” ва “Ё айюҳаннос!” Ин хитобҳо ва таъбирҳо ба ин ишора дорад, ки инсоният як маънои муштарак байни тамоми сокинони рӯйи замин аст.

* * *

4. Гуфтугӯи мусолиматомез:

Қуръони карим ба мусалмонон дастур медиҳад, ки бо “гуфтугӯи мусолиматомез” бо аҳли китоб сухан бигӯянд ва равобити худро бар асоси “усули муштарак” қарор диҳанд:

وَلَا تُجَادِلُوا أَهْلَ الْكِتَابِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ وَقُولُوا آمَنَّا بِالَّذِي أُنزِلَ إِلَيْنَا وَأُنزِلَ إِلَيْكُمْ وَإِلَهُنَا وَإِلَهُكُمْ وَاحِدٌ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ

Ва бо аҳли китоб, ҷуз ба шевае, ки некӯтар аст, муҷодила накунед, магар касоне аз онҳо, ки муртакиби зулм ва ситам шудаанд. Ва бигӯед: ба он чи бар мо ва (ба он чи) бар шумо нозил шуда имон овардаем ва Худои мо ва шумо якест ва мо мусалмон (фармонбардор)-и ӯйем”. (Сураи Анкабут, ояти 46)

Қуръони Карим ба мусалмонон дастур медиҳад, ки аз дашном додан ба кофирон ва бутпарастон парҳез намоянд, зеро онҳо ҳам дар муқобил, ба ҳамин равиш мутавассил хоҳанд шуд:

وَلاَ تَسُبُّواْ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ فَيَسُبُّواْ اللّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ كَذَلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّهِم مَّرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُواْ يَعْمَلُونَ

Шумо мӯъминон ба касоне, ки ғайри Худоро мехонанд, дашном надиҳед, то мабодо онҳо низ аз рӯйи зулм ва ҷаҳл Худоро дашном диҳанд. Инчунин амали ҳар умматеро зинат додем, пас бозгашти онҳо ба сӯйи парвардигорашон аст ва онҳоро аз он чи амал мекарданд, огоҳ месозад”. (Сураи Анъом, ояти 108)

Ислом риояти усули адаб, иффат ва назокат дар баёнро, ҳатто дар баробари хурофитарин ва бадтарини адён, лозим мешуморад. Зеро ҳар гурӯҳ ва миллате, нисбат ба ақоид ва аъмоли хеш таъассуб дорад. Носазо гуфтан ва бархӯрди хашин мӯҷиб мешавад, ки онҳо дар ақоиди хурофии худ сахттар шаванд.

* * *

5. Ислом ва ақаллиятҳо:

Ҳеч дине ҳамонанди дини ислом зомини озодӣ ва ҳофизи шараф ва ҳуқуқи миллии ақаллиятҳо нест. Ислом адолати иҷтимоии комилро дар як ҷомеаи исломӣ на танҳо барои мусалмонон, балки барои тамоми сокинони он (бо вуҷуди ихтилоф дар дин, нажод, забон ва ранг) таъмин мекунад. Ақаллиятҳои динӣ бо бастани “паймони зимма” ва касби тобеият, метавонанд дар ҷомеаи исломӣ озодона зиндагӣ кунанд ва ҳамонанди мусалмонон аз ҳуқуқи иҷтимоӣ ва амнияти комил баҳраманд гарданд.

Қуръони Карим бо сароҳат сиёсати куллии исломро дар бораи риояти ҳуқуқи миллатҳо ва соири динҳо чунин баён мекунад:

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُم مِّن دِيَارِكُمْ أَن تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

Худованд шуморо аз касоне, ки бо шумо дар кори дин корзор накардаанд ва шуморо аз хона ва кошонаатон овора накардаанд, аз ин ки дар ҳаққашон некӣ кунед ва бо онон одилона рафтор кунед, наҳй намекунад. Бе гумон, Худованд адолатпешагонро дӯст дорад”. (Сураи Мумтаҳина, ояти 8)

Пас, ислом иҷоза медиҳад, ки ақаллиятҳои динӣ ва мухолифони ислом дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ кунанд ва аз тамоми ҳуқуқи инсонӣ бархӯрдор гарданд, ба шарти он ки музоҳимате барои ислом ва мусалмонон надошта бошанд ва бар зидди онҳо коре анҷом надиҳанд.

Дар идома мефармояд:

إِنَّمَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ قَاتَلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَأَخْرَجُوكُم مِّن دِيَارِكُمْ وَظَاهَرُوا عَلَى إِخْرَاجِكُمْ أَن تَوَلَّوْهُمْ

Худованд фақат шуморо аз дӯст доштани касоне, ки бо шумо дар кори дин корзор кардаанд ва аз хона ва кошонаатон овора кардаанд ва барои ронданатон, (бо дигарон) ҳамдастӣ кардаанд, наҳй мекунад…” (Сураи Мумтаҳина, ояти 9)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ду оят, сиёсати куллии ислом дар бораи ақаллиятҳои динӣ ва мухолифони ислом чунин аст: модоме ки ақаллиятҳо ба ҳуқуқи мусалмонон таҷовуз накунанд ва бар зидди ислом ва мусалмонон тавтиъа нанамоянд, дар ҷомеаи исломӣ комилан озоданд ва мусалмонон вазифа доранд бо онҳо ба адолат ва некӣ рафтор кунанд. Вале агар бар зидди ислом ва мусалмонон, бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ дошта бошанд, дар ин сурат мусалмонон вазифа доранд монеи фаъолияти онҳо шаванд ва ҳаргиз онҳоро дӯсти худ надонанд.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: