Оё баргузории ҷашни мавлуд барои Паёмбар (с) ҷоиз нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шуморе аз мусалмонон бар ин боваранд, ки баргузории ҷашни мавлуди ҳазрати Расули Акрам (с) бидъати залолат мебошад. Роқими сутур, дар ин навиштор кӯшиш кардааст, то бо истинод ба додаҳои шаръӣ ва гуфтори уламои исломӣ, бе поя ва асос будани ин  иддаъоро собит намояд.

* * *

Мафҳуми бидъат

Дар оғоз лозим аст мафҳуми “бидъат” ба диққат мавриди баррасӣ қарор бигирад. Дар Тоҷул‒арус мехонем:

البِدْعَةُ: كُلُّ مُحْدَثَةٍ. وفي حَدِيثِ قِيَامِ رَمَضَانَ نِعْمَت البِدْعَةُ هذهِ وقالَ ابنُ الأَثِير: البِدْعَةُ بِدْعَتَانِ: بِدْعَةُ هُدىً، وبِدْعَةُ ضَلالٍ، فَمَا كانَ في خِلافِ ما أَمَرَ اللهُ به فهو في حَيِّزِ الذَّمِّ والإِنْكَارِ، وما كَانَ وَاقِعاً تَحْتَ عُمُومِ ما نَدَبَ اللهُ إِلَيْهِ، وحَضَّ عَلَيْه، أَوْ رَسُولُه، فهو في حَيِّزِ المَدْحِ، وما لَمْ يَكُنْ لَهُ مِثَالٌ مَوْجُودٌ كنَوعٍ مِن الجُودِ والسَّخَاءِ، وفِعْلِ المَعْرُوفِ، فهو من الأَفْعَالِ المَحْمُودَةِ، ولا يَجُوزُ أَنْ يَكُونَ ذلِكَ في خِلاَفِ مَا وَرَدَ الشَّرْعُ به، لأَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّمَ قد جَعَلَ له في ذلِكَ ثَوَاباً، فقالَ: مَنْ سَنَّ سُنَّةً حَسَنّةً كَانَ لَهُ أَجْرُها وأَجْرُ مَنْ عَمِلَ بِهَا. وقال في ضِدِّهِ: مَنْ سَنَّ سُنَّةً سَيِّئةً كَانَ عليهِ وِزْرُهَا ووِزْرُ مَنْ عَمِلَ بِهَا

Бидъат, ҳар навоварие мебошад. Дар ҳадисе дар бораи қиёми шаби Рамазон омадааст: “Чӣ некӯст ин бидъат!” Ибни Асир мегӯяд: “Бидъат ду навъ аст: бидъати ҳидоят (раҳнамоӣ) ва бидъати залолат (гумроҳӣ). Он чи хилофи дастури Худо бошад, мавриди мазаммат ва накӯҳиш ва инкор аст, ва он чӣ дохил дар таҳти умуми мустаҳаббот буда ва Худо ва Расулаш бар он ташвиқ намуда бошанд, мавриди мадҳу ситоиш мебошад. Он чи ҳам, ки барояш намунае пайдо нашавад, мисли навъе дастгушодагӣ ва саховат ва ё анҷоми кори некӯ, инҳо аз ҷумлаи афъоли писандида буда ва наметавон онро хилофи он чи шариат овардааст донист. Зеро Паёмбар (с) барои ин навъ кор ҳам, савоб ва подоше қарор дода, фармудааст: “Ҳар он касе, ки одати некӯе гузорад, барои вай подоши он ва подоши касоне, ки ба он амал кардаанд хоҳад буд”. (1) Дар зидди он ҳам фармуда: “Ҳар он касе, ки одати баде гузорад, бар вай хоҳад буд гуноҳи он ва гуноҳи касоне, ки ба он амал кардаанд”. (2)

Фуқаҳо дар таърифи бидъате, ки бар хилофи шариат бошад, мегӯянд:

إدخال ما ليس من الدين في الدين

Бидъат “дохил кардани чизе дар дин аст, ки аз дин набошад”. Яъне, ҳар гоҳ чизеро, ки аз дин нест, дар дин ворид кунем ва онро дастури илоҳӣ бишуморем, бидъат гузоридаем. Масалан, ҳалолеро ҳаром ва ё ҳаромеро ҳалол, суннатеро фарз ва ё фарзеро суннат ва ғайра бидонем, бидъат намудаем. Ин, дар ибодот мисдоқи рӯшане пайдо мекунад.

Масалан, дар мавриди кайфияти намоз, ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:

صَلُّوا كَمَا رَأَيْتُمُونِى أُصَلِّى

Шумо ба ҳамон кайфият ва шакл намоз гузоред, ки мебинед ман намоз мегузорам”. (3) Ҳол, агар як нафар аз пеши худаш чунин гузорад, ки масалан ба ҷойи сураи Фотеҳа сураи Носро бихонед, ё як нафар бигӯяд, ба ҷойи моҳи мубораки Рамазон дар моҳи Сафар рӯза бигиред, ё ба ҷойи ин ки дар Каъба маносики ҳаҷро анҷом диҳед, дар Миср ин корро анҷом диҳед ва аз ин қабил корҳо… инҳо, қатъан бидъат дар дин ба ҳисоб рафта ва аз навъи бидъати залолат ва гумроҳӣ шумурда шуда ва анҷомдиҳандаи он дар қиёмат, ҷойе ҷуз дар оташи ҷаҳаннам нахоҳад дошт.

Қисми дигар аз бидъат ва навоварие, ки ба гуфтаи Ибни Асир “бидъати мавриди ситоиш” мебошад, аъмоле аст, ки дохил дар таҳти умуми мустаҳаббот буда ва Худо ва Расулаш бар он ташвиқ намудаанд.

Масалан: дар Қуръон, баъд аз баёни аҳком ва маросими ҳаҷ, Худо ба таври умум ва куллӣ фармуда:

ذَلِكَ وَمَن يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقْوَى الْقُلُوبِ

Ин аст (фароизи Худо). Ва ҳар кас шаъоири Худоро бузург дорад, дар ҳақиқат ин бузургдошт, аз тақво ва парҳезгории дилҳост”. (Сураи Ҳаҷ, ояти 32) Шаъоири Худо, яъне аломатҳо ва нишонаҳое, ки Худоро ба ёд меоваранд. Ва ин, як дастури куллӣ ва умумӣ баъд аз баёни мавориди ҷузъӣ ва хосси он аст. Яъне, Худо як силсила аҳком ва маросими ҳаҷро бармешуморад ва мегӯяд, инҳо аз масодиқи шаъоири илоҳӣ мебошанд ва он гоҳ ба таври куллӣ мегӯяд, ҳар он касе, ки шаъоири илоҳиро бузург дорад, ин аз тақвост.

Ҳол, пурсиш ин аст, ки оё бузургдошти мавлуди ҳазрати Паёмбар (с), аз масодиқи шаъоири илоҳӣ ба шумор намеравад? Посух рӯшан аст, қатъан аз масодиқи он аст; зеро, дар он рӯз, магар мардум рақсу бозӣ мекунанд? Ё ин ки бо гӯш супурдан ба мавлиди Барзанҷӣ, ки торих ва сираи он ҷаноб (с) дар он зикр шудааст, ба ёди Худову Паёмбар (с) машғуланд?

* * *

Нуктаи дигар он ки: касоне, ки баргузории ҷашн дар рӯзи мавлуди он ҷаноб (с)‒ро бидъат мешуморанд, мегӯянд, чун ин навъ аъмол ба қасди “тақарруби илоҳӣ” анҷом мегиранд, навъе ибодат буда ва аз ин рӯ бояд мавқуфӣ бошанд. Ва ҳатто мӯътақиданд, ки ин кор ибодати ғайри Худост.

Посухе, ки дар ин маврид бояд ба инон дода шавад ин аст:

Аввалан: ба қасди тақарруб (наздикӣ) ба Худо анҷом додан, танҳо хосси аъмоли ибодие, ки мавқуфӣ ҳастанд намебошад, балки инсон ҳар кореро, чӣ бузург ва чӣ кучак, метавонад ба қасди қурбат анҷом диҳад, ва ин, дар ҳадди зоти худ кори некӯст. Масалан, дар ҳамин таъом хӯрданҳоямон, агар ба қасди тақарруби илоҳӣ бихӯрем, савоб ва подоше хоҳад дошт. Яъне инсон метавонад ҳар кореро, аз ҷумла ҷашни мавлуди ҳазрати Паёмбар (с)-ро, ба қасди тақарруб ба Худо анҷом диҳад ва бо ин кор, ноил ба савобу подоши илоҳӣ гардад.

Сониян: чаро баргузории ҷашни милоди он ҷаноб (с) бо қасди тақарруб ба Худо, ибодати ғайри Худо будааст? Яъне, касоне ки дар ин рӯз гирди ҳам омада ва ба ёди паёмбари худ мешаванд, оё ғайри Худоро парастиш кардаанд? Оё худи Паёмбар (с)‒ро парастиш кардаанд?

Аслан чунин нест, балки баръакс, баргузории он, сабаб мешавад мардум бо Худо ва Паёмбар (с) ва дин бештар ошно шаванд.

Ва ҳатто агар бипазирем, ки салафи солеҳ чунин накардаанд ва баргузории ҷашни милоди он ҷаноб (с) аз масодиқи шаъоири илоҳӣ набошад, вале ақаллан дохил дар доираи “суннат ва одати ҳасана ва некӯ”, ки Ибни Асир онро қисми севвум аз анвоъи бидъат шумурда ва дар таъйиди он, ривояти Имом Аҳмадро овардаст нест? Ривояте, ки мегӯяд:

مَنْ سَنَّ سُنَّةً حَسَنّةً كَانَ لَهُ أَجْرُها وأَجْرُ مَنْ عَمِلَ بِهَا

Ҳар он касе, ки одати некӯе гузорад, барои вай подоши он ва подоши касоне, ки ба он амал кардаанд хоҳад буд”. (4)

Ҳол, як мисоли дигар: Имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои исломӣ мусобиқот ва озмунҳои қуръонӣ баргузор мекунанд ва дар онҳо қориён ва ҳофизони Қуръони Карим мавриди ташвиқ қарор мегиранд, аз ҷумла дар худи мамлакати Арабистони Саудӣ. Оё баргузории чунин мусобиқаҳое дар замони салафи солеҳ буд? Дар куҷо хондаем ва ё шумо хондаед, ки саҳоба ва ё тобеъин як рӯз дар солро барои баргузории мусобиқаи қуръонӣ таъйин карда ва барои қориён дар он рӯз ҷоизаҳои нафис пардохта бошанд? Магар ғайр аз ин аст, ки ин мусобиқаҳо низ ба қасди тақарруб ба Худо баргузор мешавад? Оё баргузоркунандагон, аз он умеди савоб ва подоши илоҳиро надоранд? Касе ҳам ба зеҳнаш хутур намекунад, ки дар ин рӯз мардум Қуръонро парастиш мекарда бошанд. Қатъан чунин корҳо, аз масодиқи одатҳои ҳасана ва некӯст, ки анҷомдиҳандагони он подош хоҳанд гирифт.

Як мисоли дигар: Дар Эрон, аҳли суннат ва ҷамоат як одати хубе доранд. Рӯзеро дар сол барои маҷлиси “Хатми Бухорӣ” таъйин карда ва дар ин рӯз касонеро, ки Саҳеҳи Бухориро ё ҳифз ва ё аз аввал то охир мутолеа кардаанд ташвиқ менамоянд. Магар дар замони салаф ҳамчунин одате будааст? Дар замони саҳоба, на худи Бухорӣ буд ва на Муслим, то чӣ расад ба баргузории ҷашни хатми китоби онҳо!

* * *

Гуфтори уламои ислом дар бораи машрӯъ будани баргузории ҷашни мавлуд:

1. Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, бо ин ки мегӯяд, ҳеч нақле надорем, ки бигӯяд, салафи солеҳ дар рӯзи милоди сарвари олам (с) ҷашн гирифта бошанд, вале бо ин ҳама, ин амалро машрӯъ дониста ва онро дорои аҷру подоши илоҳӣ меҳисобад. Имом Ҷалолуддини Суютӣ дар китоби шарифи “Алҳовӣ лил-фатово” пас аз нақли ин ривоят, ки: ҳангоме ки Расули Худо (с) ба Мадина ташриф оварданд, диданд яҳуд дар рӯзи Ошуро рӯза мегиранд, аз яҳуд дар бораи ин корашон пурсиданд, онҳо посух доданд: “Ин рӯз ҳамон рӯзест, ки Худованд ҳазрати Мӯсо ва Бани Исроилро бар Фиръавн пирӯз гардонид ва мо ба ҷиҳати бузургдошти он, рӯза мегирем”, пас Расули Худо (с) фармуданд: “Моён сазовортарем ба Мӯсо! Ва он гоҳ ба рӯза гирифтан дар ин айём амр фармуданд”. (Саҳеҳ Муслим 1130, Саҳеҳ Бухорӣ 7/215) — аз Ибни Ҳаҷар овардааст:

فيستفاد منه فعل الشكر لله على ما من به في يوم معين من إسداء نعمة أو دفع نقمة، ويعاد ذلك في نظير ذلك اليوم من كل سنة، والشكر لله يحصل بأنواع العبادة كالسجود والصيام والصدقة والتلاوة، وأي نعمة أعظم من النعمة ببروز هذا النبي نبي الرحمة في ذلك اليوم

Пас, аз ин ривоят чунин истифода мешавад, ки бандаи мӯъмин, дар баробари он чи Худованд дар як рӯзи муайяне бар ӯ миннат ниҳад — яъне неъматеро дар он рӯз бар ӯ ато намояд ва ё балоеро аз сари ӯ дар он рӯз бардорад — бояд ҳамасола дар он рӯз, ба даргоҳи Худованд амали шукронае анҷом бидиҳад… Амали шукрона, ба анвоъи ибодот мисли саҷда, рӯза, садақа, тиловати Қуръон ҳосил мешавад. Ва чӣ неъмате бузургтар аз неъмати ба дунё омадани ин паёмбари раҳмат дар он рӯз!

Сипас чунин идома медиҳад:

وأما ما يعمل فيه فينبغي أن يقتصر فيه على ما يفهم الشكر لله تعالى من نحو ما تقدم ذكره من التلاوة والإطعام والصدقة وإنشاد شيء من المدائح النبوية والزهدية المحركة للقلوب إلى فعل الخير والعمل للآخرة

Дар ин рӯз (рӯзи мавлуди Паёмбар (с)) мо бояд амале анҷом бидиҳем, ки аз он, шукрона ба даргоҳи Худо фаҳмида шавад, аз қабили тиловати Қуръон, таъом додан ба ниёзмандон, сурудани мадҳияҳои набавӣ ба гунае ки дилҳоро ба сӯйи амалҳои хайр ва ба сӯйи амал барои рӯзи охират таҳрик намояд, ва ҳамчунин анҷоми амали мубоҳе, ки хушҳолӣ ба ин рӯзро нишон медиҳад, боке надорад…

* * *

2. Ва ҳам ӯ (Имом Ҷалолуддини Суютӣ) дар ҳамин китоб (Алҳовӣ лил-фатово, с.189) мегӯяд:

أن أصل عمل المولد، الذي هو اجتماع الناس وقراءة ما تيسر من القرآن، والأخبار الواردة في بداية أمر النبي صلى الله عليه وآله وسلم وما وقع له من الآيات، ثم يُمد لهم سماط يأكلونه، وينصرفون من غير زيادة على ذلك — هو من البدع الحسنة التي يثاب عليها صاحبها لما فيها من تعظيم قدر النبي صلى الله عليه وآله وسلم وإظهار الفرح بمولده الشريف

Асли амали мавлид (ҳамон ҷашни мавлуд), ки иборат аст аз: гирди ҳам омадани мардум ва қироати Қуръон ва хондани ахбори ворида дар оғози кори ҳазрати Паёмбар (с) ва он чи аз оятҳо ва нишонаҳо, ки дар он рӯз ба вуқӯъ пайваста (дуруст мисли он чӣ дар Мавлиди Барзанҷӣ омада) сипас суфраи ғизо, ки барои мардум дар он рӯз ороста мешавад ва онҳо тановул мекунанд ва пас аз он ҳамагӣ пайи корашон мераванд бидуни кори зиёдатӣ – ин аъмол аз бидъатҳои ҳасанае аст, ки соҳиби он аҷру подош дода мешавад. Зеро дар ин корҳо бузургдошти манзилат ва ҷойгоҳи ҳазрати Паёмбар (с) аст бо изҳори хушҳолӣ ба муносибати мавлиди шарифи сарвари ду олам (с)…

* * *

3. Ҳофиз Ибни Носируддини Димишқӣ дар китоби худ мавсум ба “Мавридус-содӣ фи мавлидил-ҳодӣ”, пас аз он ки мегӯяд: “Аз туруқи саҳеҳ ривоят шудааст, ки азоби оташи ҷаҳаннам барои Абӯлаҳаб дар рӯзҳои душанбе сабук гардонида мешавад ба ин хотир, ки вай канизаки худ Сувайбаро ба ҷиҳати хушҳолӣ аз таваллуди ҳазрати Паёмбар (с) озод кардааст”, чунин шеъре эҷод карда сурудааст:

إذا كان هذا كافر جاء ذمه وتبت يداه في الجحيم مخلدا

أتى أنه في يوم الاثنين دائما يخفف عنه للسرور بأحمدا

فما الظن بالعبد الذي طول عمره بأحمد مسرورا ومات موحدا

Яъне, “Агар ин (Абӯлаҳаби) кофар, ки дар Қуръони Карим мазамматаш ворид шуда ва дастонаш дар оташи ҷаҳаннам ҳамеша сӯзон (ва бурида) аст, аммо дар рӯзи душанбе ба ҷиҳати хушҳолияш ба (таваллуди) Аҳмад (с), азоби оташ барояш сабук карда шавад, пас, чӣ гумон дорӣ нисбат ба бандае, ки тамоми умр ба Аҳмад (с) хушҳол ва дар ҳоли муваҳҳид ва яктопараст будан аз дунё меравад?

* * *

4. Ҳофиз Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ дар китоби хеш мавсум ба “Латоифул-маориф” (саҳ. 98) баъд аз нақли ин ривоят – ки: “аз Расули Худо (с) дар бораи рӯзаи рӯзи душанбе пурсиданд, ҳазраташ (с) посух фармуд: “Ин рӯз, рӯзе аст, ки ман дар он таваллуд шудам ва ҳам рӯзе аст, ки ба паёмбарӣ фиристода шудам (ё дар ин рӯз бар ман ваҳй фуруд фиристода шуд)”. (Саҳеҳ Муслим 2/819) — мегӯяд:

 فيه إشارة إلى استحباب صيام الأيام التي تتجدد فيها نعم الله على عباده، فإنّ أعظم نعم الله على هذه الأمة إظهار محمد صلى الله عليه وآله وسلم وبعثته وإرساله إليهم، كما قال تعالى: لَقَدْ مَنَّ الله عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْ أَنفُسِهِمْ… فصيام يوم تجددت فيه هذه النعمة من الله سبحانه وتعالى على عباده المؤمنين حسن جميل، وهو من باب مقابلة النعم في أوقات تجددها بالشكر…

Дар ин ҳадис ишорате ҳаст ба мустаҳаб будани рӯза гирифтан дар айёме, ки неъматҳои Худованд дар он рӯзгор бар бандагонаш таҷдид меёбанд, зеро бузургтарин неъмати Худо бар ин уммат, ба зуҳур овардани ҳазрати Расули Акрам (с) ва ба паёмбарӣ фиристодани ӯст ба сӯйи мо, чунон ки Худованд мефармояд: “Ҳамоно миннат ниҳод Худованд бар мӯъминон он ҷо, ки ба сӯйи эшон фиристодае аз ҷумлаи худашон барангехт”. Пас, рӯза гирифтан дар рӯзе, ки ин неъмат аз ҷониби Худо бар бандагони мӯъминаш таҷдид меёбад, некӯ ва зебост. Ва ин рӯза гирифтан (ба худии худ мавзӯият надорад, балки) аз боби рӯбарӯии неъмат аст ба воситаи ибрози шукрона дар он вақтҳое, ки ин неъмат таҷдид меёбад…

* * *

Албатта, агар бихоҳем гуфтори тамоми уламоро дар ин боб биёварем, баҳс ба тӯл меанҷомад. Бисёре аз уламо дар ин бора ҳатто китобҳои ҷудогонае таълиф кардаанд.

Фақат дар поён мехоҳам ин нуктаро ёдовар бишавам, ки агар ба назари шуморе аз уламои исломӣ ин амал бидъат будааст, хуб, ин як навъ бардошт ва иҷтиҳоди онҳост. Ва дар баробари онҳо, садҳо уламои дигари ҷаҳони ислом – ки намунаҳое аз онҳо зикр гардид – дар ин мавзӯъ дидгоҳи дигаре доранд. Яъне иҷтиҳоди эшон чизе дигар аст ва онро бидъати залолат намешуморанд. Бинобар ин, оё беҳтар он нест, ки мусалмонон дар шабеҳи ин мавзӯъҳо пойбанди ин асл бошанд, ки: агар касе иҷтиҳод кард ва иҷтиҳодаш дуруст буд, дорои ду аҷр аст, ва агар касе иҷтиҳод кард ва иҷтиҳодаш мутобиқ бо воқеъ набуд, ӯ дорои як аҷр ва подош аст. Хуб, бо ин ҳисоб, оё ҷанҷолу кашмакаш маъно дорад?!

* * *

Поварақӣ:

(1) Муснади Аҳмад, 39/203, Ашшомила.

(2) Тоҷул‒арус, 20/309, Ашшомила.

(3) Сунани Байҳақӣ, 2/298, Ашшомила.

(4) Муснади Аҳмад, 39/203, Ашшомила.



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Посух ба шубаҳот, Салафият, Суннат

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: