Рамзи муваффақияти урафо ва сӯфия

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамин дишаб дар фазои маҷозӣ гапу гуфтугӯе доштам бо яке аз бародарони бароям бисёр азиз дар бораи ишколу эродҳое, ки баъзеҳо бар урафо ва сӯфия мегиранд ва ин ки “бидъаткор” ҳастанд ва аз ин қабил ҳарфҳо, ки бисёр мешунавед. Ба ӯ арз кардам, ки ҳеч тоифае аз тоифаҳои исломӣ, чӣ фуқаҳояш ё мутакаллимонаш ва чӣ фалосифааш ё аҳли ҳадисаш, аз инҳироф масун намондаанд ва дар даруни ҳамаи онҳо мутаассифона инҳироф роҳ ёфта ва сӯфия ва урафо низ аз ин мустасно нестанд.

Бинобар ин, мо бояд асли ирфон ва тасаввуфро аз амалкарди баъзе аз сӯфиҳо ҷудо кунем, чунон ки масалан ҳамеша асли исломро аз рафтору кирдори бисёре аз мусалмонон ҷудо мекунем ва мегӯем: “Ислом ба зоти худ надоред айбе / Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост”. Хуб, ҳамин қоъида дар мавриди тасаввуф ва сӯфия низ ҷорист.

Зеро асли ирфон ва тасаввуф бо дини муқаддаси ислом ҳеч мунофоте надорад, яъне реша ва сарчашмаи омӯзаҳои тасаввуф дар ислом ҳаст. Мунтаҳо, дар тӯли торих, порае аз инҳирофот дар баъзе аз тариқаҳои тасаввуф роҳ пайдо карда. Вагарна, хадамоте, ки сӯфия барои ислом кардаанд, ҳеч гурӯҳи дигаре ба он андоза накардаанд. Воқеан хадамоти фаровоне кардаанд. Бисёре аз кишварҳои исломӣ – мисли Андунезӣ ва Молезӣ ва куллан кишварҳои мусалмони ғарби Осиё — мардумонашон ба воситаи сӯфия ба ислом гаравида ва бидуни рехтани як қатра хун, ислом дар он ҷомеаҳо густариш ёфтаааст.

Ба ҳамин баҳона, хостам як каме дар ин мавзӯъ бо азизон сӯҳбат бикунам. Яъне, дар ин мавзӯъ, ки рамзи муваффақияти урафо ва сӯфия дар чӣ будааст, ки тавонистаанд исломро дар ин кишварҳо, ки иттифоқан имрӯза аз назари каммият бештарин адади мусалмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, бидуни ҳеч лашкаркашӣ густариш бидиҳанд.

Ба назари роқими сутур, умдатарин омили он, ин равиши сӯфия аст дар бархӯрд ва таъомул бо мардумон. Асоситарин шиори онҳо, ки пайваста онро ба худ талқин мекунанд ин аст, ки: “Ту барои васл кардан омадӣ”, на “Барои фасл кардан омадӣ”.

Мавлоно дар достони “Мӯсо ва шубон” ба беҳтарин ваҷҳ ин ҳақиқатро баён карда. Феълан, коре надорам ин достон ҳақиқат дорад ё на, балки муҳим он аст, ки Мавлоно ин равиш ва ин шеваро зимни ҳамин достон бисёр зебо баён кардааст. Аз забони Худованд хитоб ба ҳазрати Мӯсо (а) мегӯяд, ман туро фиристодам, ки асбоби иртиботи бандагон бо манро фароҳам оварӣ, туро нафиристодам, ки бо рафтор ва гуфтори хашин онҳоро пас бизанӣ:

Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: Эй Худову эй Илоҳ!

Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,

Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат…

Гуфт Мӯсо: Ҳой, бас мудбир шудӣ,

Худ мусулмон ношуда, кофир шудӣ.

Ин чӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?

Пунбае андар даҳони худ фашор.

Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,

Куфри ту дунёи динро жанда кард…

Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо:

Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.

Ту барои васл кардан омадӣ,

Ё барои фасл кардан омадӣ?..

Ин ки мо биёем ва аз ҳамон ибтидо ҳукм ҷорӣ кунем дар бораи рафтори одамҳо, ки ин куфр асту он ширк асту ғайра, ин корҳо худ навъе ҷудо кардан ва ба қавли ҳазрати Мавлоно, фасли онҳост аз Худо, дар ҳоле ки мо маъмур ба васл ва пайванди эшон бо Худоем. Раъйи мо, назари мо ва довариҳои мо, барои Худованд пашизе намеарзад ва аз ин рӯ ба ҳеч кас иҷозаи доварӣ дар бораи инсонҳоро намедиҳад, ҳатто ба паёмбараш иҷозаи доварӣ ва қазоват рӯйи инсонҳоро надодааст.

Сахттарин кор дар назари урафо ва сӯфия, қазоват ва доварӣ бар рӯйи афрод аст. Ба шиддат аз он парҳез мекунанд. Чаро? Барои ин ки мо бар ботини афрод ишроф надорем, зоҳирро нигоҳ мекунем, ҳукм ба зоҳир мекунем. Ин танҳо Худованд аст, ки ба ботини умур ишроф ва огоҳӣ дорад ва Ӯст, ки метавонад дар бораи ҳама доварӣ кунад.

Албатта, ин бад-он маъно ҳам нест, ки урафо ва сӯфия нисбат ба аҳкоми динӣ беэътино буданд ва ба мардум масалан аҳкоми динӣ намеомӯхтанд. Ҳаргиз чунин набудааст. Фарқи онҳо бо дигарон дар ин аст, ки онон ғолибан амру наҳйҳои Худовандро ба мардум ба забон баён намекарданд, ки масалан, по шав намоз хон! Ё, масалан арақ нанӯш! Ё зино накун ва ғайра… Балки мардум авомир ва навоҳии илоҳиро дар вуҷуди онон мушоҳида мекарданд. Ва ба таъбири дигар, онҳо мубаллиғоне буданд бе забон, яъне бе он ки чизе бигӯянд, ба сӯйи дин ва пойбандӣ ба шариат мехонданд. Аз Имом Содиқ (а) ин ривоят нақл шуда, ки фармудааст:

كونوا دُعاةً لِلنّاسِ بِغَيرِ ألسِنَتِكُم، لِيَرَوا مِنكُمُ الوَرَعَ وَالاِجتِهادَ وَالصَّلاةَ وَالخَيرَ، فَإِنَّ ذلِكَ داعِيَةٌ

Мардумро бо ғайри забони худ даъват кунед, то порсоӣ ва сахткӯшӣ (дар амал ва ибодат) ва намоз ва хубиро аз шумо бибинанд, зеро инҳо худ (беҳтарин) мубаллиғанд”.

Аз ҳазрати Умар (р) низ нақл шудааст, ки фармуд:

كونوا دعاة إلى الله وأنتم صامتون .. قيل وكيف ذلك ؟ قال: بأخلاقكم

Шумо даъваткунандаҳо ба сӯйи Худо бошед дар ҳоле ки сокит ва хомӯшед!.. Пурсиданд: “Ин чӣ гуна аст?” (Яъне чӣ гуна метавон касеро ба сӯйи Худо хонд дар ҳоле ки чизе нагуфт ва хомӯш ва сокит буд?) Фармуд: “Ба ахлоқи хеш”.

Ин будааст рамзи муваффақияти сӯфия. Урафои бузург ва вораста аслан худ муҷассимаи ислом буданд, мардум дар вуҷуди онҳо, дар гуфторашон, дар рафторашон исломро мушоҳида мекарданд, дигар ниёзе набуд, ки онҳоро амру найҳ кунанд. Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (р) – ки қабри мутаҳҳараш дар Кӯлоб воқеъ аст – аз намунаҳои боризи ин гуна инсонҳост. Ӯ ҳамроҳ бо ёронаш, ки ба Кашмир сафар кард, мардуми бумии он сарзамин, ки зоҳиран будоӣ буданд дар он авон, шефтаи ахлоқ ва рафтори ин марди бузургвор шуданд ва гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом шарафёб мешуданд. Торихашро азизон бихонанд, бисёр омӯзанда аст. Ва ҳамчунин соири сӯфия ва урафо, ки вақте ҳамчун тоҷир ба ғарби Осиё омаданд ва корашон аслан тиҷорат буд — сӯфиҳои Фарорӯд ва бештар аҳли Бухорои худамон буданд — мардуми бумӣ шефтаи онҳо мешуданд ва ба ислом мегаравиданд.

Ин будааст шева ва равиши аҳли тасаввуф.

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Бишнав аз най..., Инсони муваффақ, Ирфони амалӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: