Шарҳи Маснавӣ (172)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (14)

* * *

Суол кардани расул аз Умар разияллоҳу анҳу аз сабаби ибтилои арвоҳ бо ин обу гили ҷисм (1)

* * *

Мавлоно дар ин фасл аз забони фиристодаи Қайсари Рум ин суоли муҳимро тарҳ мекунад, ки ба чӣ сабабе руҳи қудсӣ, ки дар олами боло сайр мекард, ба ин ҷаҳон ҳубут кард ва дар колбади унсурӣ даромад?

Гуфт: Ё Уммар, чӣ ҳикмат буду сир,

Ҳабси он софӣ дар ин ҷойи кадир?

Фиристодаи Қайсари Рум гуфт: Эй Умар! Чӣ розу ҳикмате буд, ки руҳи латиф ва муҷаррад, дар ҷаҳони торик ва зулмонии дунёи моддӣ зиндонӣ шуд? Чӣ далел дошт, ки руҳи латиф дар ин колбади касиф ҳабс шавад?

Кадир: Тира ва нософ.

Оби софӣ дар гиле пинҳон шуда,

Ҷони софӣ бастаи абдон шуда.

Оби соф ва зулоли руҳ дар миёни гилу лойи ҷисм пинҳон шудааст. Хулоса, ҷони латиф ба колбади моддӣ даромад ва ба он таъаллуқ ёфт.

Гуфт: Ту баҳсе шигарфе мекунӣ,

Маъниеро банди ҳарфе мекунӣ.

Умар дар посух гуфт: Ту баҳсе шигифтангез ва аҷиб матраҳ кардӣ. Ту дар воқеъ маъноеро ба занҷири ҳуруф ва калимот даровардаӣ, то ба воситаи он ҳуруф ва калимот маънои нуҳуфта дар онро ба зуҳур бирасонӣ ва мухотабон аз тариқи ҳуруф ва калимоте, ки мегӯӣ, ба маъно ва мақсуде пай баранд.

Шигарф: Аҷиб.

Ҳабс кардӣ маънии озодро,

Банди ҳарфе кардаӣ ту бодро.

Ту маъноеро, ки зотан мутлақ ва номутаъайин аст, дар банд ва қолиби алфоз овардаӣ. Ва боди нафасро дар қолиби алфоз ворид сохтаӣ, то бо он калимот мақосиди худро ба дигарон тафҳим кунӣ.

Нукта: Мурод аз “бод” дар инҷо маъност ба воситаи он ки маръӣ нест. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.486)

Аз барои фоида ин кардаӣ?

Ту, ки худ аз фоида дар пардаӣ.

Равшан аст, ки ту ин кор ва суолро барои фоидааш кардаӣ, дар ҳоле ки ту аз фоидаи ҳақиқӣ, ки ба дасти ҳазрати Ҳақ таҳаққуқ ёфтааст, дар ҳиҷоби ғафлатӣ.

Он кӣ аз вай фоида зоида шуд,

Чун набинад, он чӣ моро дида шуд?

Он Худованде, ки ҳамаи фоидаҳо аз ӯ падид омада, чӣ гуна мумкин аст он чиро, ки мо мебинем, ӯ набинад?

Садҳазорон фоидасту ҳар яке,

Садҳазорон пеши он як андаке.

Дар ҳабс кардани маъно дар лафз низ фоидаҳои бешуморе нуҳуфтааст. Аммо ин фоидаҳои бешумор, дар муқоиса бо фоидаи даромадани ҷон ба колбад, бисёр кам аст.

Он дами нутқат, ки ҷузви ҷузвҳост,

Фоида шуд, кулли кул холӣ чарост?

Он каломе, ки барои тафҳими мақсудҳо ба кор мебарӣ, дар шумори аҷзоъи ночизе аз ин ҷаҳони ҳастӣ аст ва дар айни ҳол мутазаммини ин ҳама фоида аст. Оё даромадани руҳ ба ҷисм, ки намояе аз кулли ҷаҳони ҳастӣ аст, магар мумкин аст, ки бефоида бошад?

Ту ки ҷузвӣ, кори ту бо фоидаст,

Пас, чаро дар таъни кулл орӣ ту даст?

Ту бо он ки вуҷуде ҷузъӣ ва ночиз ба шумор меойӣ, ҳамвора кори ту тавъам бо фоида аст, пас чӣ тавр мумкин аст, ки дар фоидаи таъаллуқи руҳ ба бадан хадша ва эрод дармеоварӣ?

Даст овардан: Ғолиб шудан, дахлу тасарруф кардан.

Гуфтро гар фоида набвад, магӯ

В-ар бувад, ҳил эътирозу шукр ҷӯ.

Агар сухан фоидае надорад, онро магӯ. Ва агар дар суханат фоидае мебинӣ, эътирозро канор бигузор ва шукри Ҳақро ба ҷой ор.

Ҳил: Фурӯ бигузор, тарк кун, феъли амр аз масдари ҳалидан.

Нукта: Дар даҳ байти ахир аз забони фиристодаи Қайсари Рум ин масъала матраҳ шуд, ки розу ҳикмати таъаллуқи руҳ ба бадан чист? Чаро руҳи муҷаррад дар банду қафаси колбади унсурӣ даромад ва дар он муқайяд шуд? Агар касе пайрави мазҳаби ашъарӣ бошад, ин суол як ҷавоби куллӣ дорад, ва он ин ки: усулан феъли Ҳақ Таъоло муъаллал ба ағроз (яъне иллатдор) нест, чаро ки ҳар ғаразе фаръ бар ҳоҷат доштан аст. Ва чун Худованд аз ҳар гуна эҳтиёҷ мубаррост, пас ғаразе наметавон барои таъаллуқи руҳ ба ҷисм зикр кард. Мавлоно ҳарчанд зоҳиран ҷавоби ин суолро маскут ниҳода, аммо бо фиросате тамом зимни абёте чанд фоидаи таъаллуқи руҳ ба ҷисмро зикр кардааст. Мавлоно ба ин суол ду навъ ҷавоб медиҳад: яке эҷобӣ ва дигар ҷавоби нақзӣ аст.

Ҷавоби мухтасари Мавлоно бад-ин қарор аст: ту мақсуди номаръии худро дар қолиби калимот намоиш медиҳӣ. Вақте фоидаи сухан гуфтан изҳори он чӣ дар замир аст бошад, таъаллуқи руҳ ба ҷисм низ фоидаҳое дорад. Аммо яке аз ин фоидаҳо ин аст, ки сифоти илоҳиро мунъакис мекунад. Пас, ҷавоби Мавлоно дар воқеъ мубтанӣ аст бар “Ҳадиси Канз”, ки Худованд дӯст дошт, ки шинохта шавад.

Аммо ҷавоби нақзии Мавлоно ин аст, ки вақте аҷзоъи ин олам мутазаммини фоида аст, мусалламан худи кулл фоидаҳои бешуморе дорад.

Дар боби нафси нотиқаи инсонӣ ва ҷони муҷарради ӯ, Мавлоно ва гурӯҳе аз урафо ва фалосифа, бар хилофи фалосифа ва ҳукамое назири Мулло Садро ва Ҳакими Сабзаворӣ, нафсро “руҳониятул-ҳудус, ҷисмониятул-бақо” медонанд. Яъне, мӯътақиданд, ки руҳи латиф дар оғози вуҷудаш руҳонӣ ва пок буда, ва чун ба колбади унсурӣ таъаллуқ гирифтааст, ранги ҷисмонӣ ёфтааст. Ва ин рангинӣ ҳамчунон идома дорад, то зиндагии дунявӣ ба сар ояд ва пайванди руҳу ҷисм аз ҳам бигсалад, ки дубора руҳ ба олами руҳонӣ дархоҳад пайваст. Ин ақида бар хилофи ақидаи ҳукамо ва фалосифае аст, ки мегӯянд, руҳ “ҷисмониятул-ҳудус, руҳониятул-бақо” аст. Яъне, нафс дар оғози ҳудусаш монанди соири қувои ҷисм тадриҷан бар асари ҳаракати ҷавҳарӣ истикмол меёбад ва ба мақоми таҷарруди руҳонӣ мерасад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.487)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: