Дард

Мавлоно гӯяд: “Дард аст, ки одамиро раҳбар аст. Дар ҳар коре, ки ҳаст, то ӯро дарди он кор ва ҳавасу ишқи он кор дар дарун нахезад, ӯ қасди он кор накунад ва он кор бе дард ӯро муяссар нашавад, хоҳ дунё, хоҳ охират, хоҳ бозаргонӣ, хоҳ подшоҳӣ, хоҳ илм, хоҳ нуҷум ва ғайра… То Марямро дарди зиҳ (зоидан) пайдо нашуд, қасди он дарахти бахт накард, ки:

فَأَجَاءهَا الْمَخَاضُ إِلَى جِذْعِ النَّخْلَةِ

(Он гоҳ дарди зоиш Марямро ба дарахти хурмо овард… (Сураи Марям, ояти 23) — ӯро он дард ба дарахт овард ва дарахти хушк мевадор шуд.

Тан ҳамчун Марям аст ва ҳар яке Исо дорем, агар моро дард пайдо шавад, Исои мо бизояд ва агар дард набошад, Исо ҳам аз он роҳи ниҳонӣ, ки омад, боз ба асли худ бипайвандад, илло мо маҳрум монем ва аз ӯ бебаҳра.

Ҷон аз дарун ба фоқаву табъ аз бурун ба барг,

Дев аз хуриш ба ҳайзаву Ҷамшед ношто.

Акнун бикун даво, ки Масеҳи ту бар замист,

Чун шуд Масеҳ сӯйи фалак, фавт шуд даво.”

* * *

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.75)

* * *

Дард назди Мавлоно ва дигар орифон, ҳамон талаб ва шавқ ва идроки ҷудоӣ аз олами висол ва саодат аст. Ин дард асли ҳамаи дармонҳо ва ҷавҳари дин ва мояи вусул ба ҷумлаи баракатҳо ва зояндаи латифаи ниҳонии инсоният аст, ки аз он таъбир ба Масеҳ мекунанд.

Шояд битавон гуфт, ки бахши аъзами Маснавӣ ва Девони Шамс ва ғазалиёти Ҳофиз ва Саъдӣ ва дигар урафо, дар баёни ҳамин дарди иштиёқ ва шӯълаи фироқ аст, ки гоҳ онро «ғами азиз» ва «алами лазиз» гуфтаанд ва гоҳ ба мастӣ ташбеҳ кардаанд ва гоҳ сӯзи дил ва аташи ишқ хондаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Мавлоно дар Маснавӣ чандин бор ба дарди Марям – ки ҳамон мақоми талаб аст – ишора карда ва латоифи бисёр дар ин боб овардааст:

З-ин талаб банда ба кӯйи ту расид,

Дард Марямро ба хурмобун кашид.

* * *

Ин талаб ҳамчун хурӯсе дар сиёҳ,

Мезанад наъра, ки меояд сабоҳ.

* * *

К-ин талаб коре муборак ҷунбишест,

Ин талаб дар роҳи Ҳақ монеъкушест.

* * *

Дар талаб зан доимо ту ҳар ду даст,

Ки талаб дар роҳ некӯ раҳбар аст.

* * *

Ҳар киро бинӣ талабкор, эй писар,

Ёри ӯ шав, пеши ӯ андоз сар,

К-аз ҷавори толибон толиб шавӣ

В-аз зилоли ғолибон ғолиб шавӣ.

* * *

Ҳамчу Марям ҷон аз он осеби ҷеб,

Ҳомила шуд аз Масеҳи дилфиреб.

Он Масеҳе, на ки бар хушку тар аст,

Он Масеҳе, к-аз масоҳат бартар аст.

* * *

(Илоҳии Қумшаӣ)

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Бишнав аз най..., Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: