Оё файласуфони исломӣ ақлро бар нақл муқаддам медонанд?

Пурсиш: Оё файласуфони исломӣ ақлро бар нақл муқаддам медонанд? Ба иборати дигар: дар фалсафаи исломӣ нақл ба куллӣ тобеъи ақл аст? Агар чунин бошад, ин ба имони ба ғайб дар тазодд нест?

Абдуссамади Абдулваххоб

* * *

Посух: Ба номи Худо. Посухи ин пурсишро зимни баёни чанд муқаддима арз мекунам:

1. Аввал ин ки: барои фаҳми дақиқи он чи баён хоҳад шуд, ночорам таърифи дониши фалсафаро бароятон ироа бикунам. Яке аз таърифҳое, ки барои фалсафа кардаанд (ва ба назарам, беҳтарин таъриф мебошад) ин аст, ки:

Фалсафа, донише аст, ки ба пурсишу посух дар бораи куллитарин ва асоситарин мавзӯоте, ки дар зиндагонӣ ва дар ҷаҳон бо онҳо рӯбарӯ ҳастем, мепардозад”.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин таъриф, мавзӯи фалсафа “куллитарин ва асоситарин мавзӯот” аст. Ва аммо равиши таҳқиқ дар ин дониш, “истидлол ва бурҳони ақлӣ” аст. Нақл ҷойгоҳе дар ин дониш надорад.

Ҳол, намунаҳое аз куллитарин ва асоситарин мавзӯот:

— Оё ҳастӣ фақат маҳдуд ба ҳамин чизҳоест, ки мебинем, ё на, ҳастӣ фаротар аз он аст?

— Мо инсонҳо ва низ соири мавҷудот ва махлуқот — ки атрофу акнофро пур кардаанд — чӣ гуна ба вуҷуд омадаем? Худ аз худ, ё на, касе ҳаст, ки ба мо вуҷуд бахшидааст?

— Он касе, ки бароямон вуҷуд бахшидааст, агар ҳаст, пас ӯ чӣ гуна мавҷудест? Мисли мост, ё на, ба гунаи дигарест?

— Робитаи ӯ бо мо ба чӣ сурат аст?

— Ӯ, агар ҳаст, чаро моро ва дигар махлуқотро офарид? Ҳадафе дорад? Агар дорад, пас он ҳадаф чист?

— Мо инсонҳо, ки фитратан адолатдӯсту адолатхоҳ ҳастем, чаро бо ин ҳама ноадолатиҳо, чӣ дар низоми ҳастӣ ва чӣ дар ҷомеа, рӯ ба рӯ ҳастем? Бавижа, агар ҷаҳони ҳастиро дорои офаридгоре бидонем, пас, чӣ тафсире метавон аз ин беадолатиҳо кард?

— Оё мо инсонҳо озод ҳастем, ё на балки ҳар чи мекунем ва ҳар чи аз мо содир мешавад, дар анҷоми онҳо маҷбурем?

— Мо, ки инсонем, аслан тавоноии дарки он чи моварои ҳисси мо қарор дорад-ро дорем?

— Ҳар чи мебинему мешунавем ва ба эҳсосамон медарояд, оё ин ёфтаҳо, дар хориҷ воқеияте доранд ё на балки хаёлоте беш нестанд?..

Инҳо ва низ садҳову ҳазорон пурсишҳои асосӣ ва куллии дигар, ки сари моро гиҷ мекунанд ва посухашонро мехоҳем, масоиле ҳастанд, ки дониши фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост.

* * *

2. Дин низ муддаъист, ки омадааст, то ба ин гуна пурсишҳои асосӣ ва куллӣ посух бидиҳад, ва посух ҳам додааст, бавижа динҳои осмонӣ мисли ислом, масеҳият ва яҳуд. Аммо фарқи фалсафа бо дин дар ин ҷиҳат он аст, ки фалсафа мехоҳад бо абзори ақл ба посухи ин пурсишҳо бипардозад ва равишаш равиши бурҳонӣ аст, вале манбаъи дин дар посух ба ин пурсишҳо, ваҳй аст.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки фалосифа дар масоили мазкур, дорои назари воҳиде нестанд, балки дидгоҳҳои онҳо мухталиф аст.

* * *

3. Муқаддимаи севвум: инро борҳо ёдовар шудаам, ки вақте мегӯем, “фалосифаи исломӣ”, манзурамон ин нест, ки файласуфи исломӣ дар посух ба пурсишҳои фавқ, манбаъаш нақл (оят ва ривоят) бошад. Яъне, ба ҷойи ин ки бо равиши бурҳонӣ ба ҳаллу фасли ин масоил бипардозад, ба ояту ривоят чанг занад. Чунин нест. Ин талаққӣ талаққии дурусте нест. Фалсафа фалсафа аст, ба исломӣ ва ғайриисломӣ тақсим намешавад. Ҳамаи фалосифа, чӣ Арасту бошад ва чӣ Бӯалӣ, чӣ Декорт бошад ва чӣ Ибни Рушд, бо равиши бурҳонӣ ва истидлоли ақлӣ ба ҳалли ин масоил пардохтаанд. Мунтаҳо, яке мусалмон аст, яке дигар атеист ва севвуме ҳам масеҳӣ ё яҳудӣ ва ғайра… Агар ҷойе ҳам, як файласуфи исломӣ ояте биёварад, онро ба унвони шоҳид меоварад, на ба унвони далел. Ва фарқ аст байни шоҳид ва далел.

Аз ин рӯ, манзур аз фалосифаи исломӣ, яъне фалосифаи мусалмон. Асосан, касе, ки бо такя ба нақл, ба посухи ин пурсишҳо мепардозад, ӯ дигар файласуф нест. Ӯ мутакаллим аст.

* * *

4. Фарз кардем, барои як файласуф, бо бурҳон ва истидлоли ақлӣ собит гардид, ки Худо будааст ва Худо ҷаҳонро беҳуда наёфарида ва паёмбароне барои ҳидояти башар фиристода (чунон ки Бӯалӣ Сино ва Ибни Рушд ва ғайра аз фалосифаи исломӣ, бо бурҳони сирф ақлӣ ин масоилро исбот кардаанд) ва маорифи динӣ — ки дар китоб (Қуръон) ва суннат омадааст — маорифи ваҳёнӣ будаанд.

Хуб, дар ин сурат, табиист, ки ӯ ба муқтазои ҳукми ақл, пойбанд ба шариат хоҳад шуд, чунон ки бисёре аз фалосифаи исломӣ инчунин вазъе доштанд. Яъне, онҳо гуфтаанд, агар мо пойбанд ба шариат ҳастем, ба ин ҷиҳат аст, ки ақл онро ҳақ ташхис додааст. Ва ин ҳаргиз эшонро аз ҷиргаи фалосифа берун намесозад. Асосан, яке аз аҳдофи фалсафа, ин ташхиси ҳақиқат аз ботил, дуруст аз нодуруст, саҳеҳ аз ғалат аст. Пас, чӣ гуна хоҳад буд агар як файласуф ҳаққеро ташхис бидиҳад ва он гоҳ ба лавозими он пойбанд нагардад?!

Бо ин ҳисоб, пучии иддаъои баъзеҳо возеҳ ва равшан мегардад, ки мегӯянд, файласуф пойбанд ба дин намешавад! Воқеан, яке аз бепоятарин иддаъоҳо, ҳамин иддаъост.

Ҳол, аз он ҷо, ки маорифи исломӣ, дар як тақсимбандӣ, ба ду даста ҳастанд — усул (ақоид) ва фуруъ (шохаҳо) – аз ин рӯ, фалосифа мегӯянд, дар фуруъот (мисли вуҷуби намоз, вуҷуби рӯза ва куллан аҳкоми динӣ ва “бояду набоядҳо”) аслан ақл ба канор аст. Яъне, ташхиси ин ки чӣ чиз воҷиб аст ва чӣ чиз мустаҳаб ва кадом чиз ҳаром аст ва кадомин ҳалол, ташхиси ин умур, фақат ва фақат ба ӯҳдаи нақл (Қуръон ва суннат) аст ва ақлро дар ин масоил роҳ нест. Асосан, ташхиси “бояду набояд” бар ӯҳдаи ақли назарӣ нест, балки бар гардани ақли амалӣ аст. Бале, шояд порае аз “бояду набоядҳо”-и шаръиро ақли амалӣ битавонад ташхис диҳад, вале қодир ба ташхиси ҳамаи онҳо нест.

Ва аммо дар мавриди усул (яъне ақоид ва “ҳастҳо”, на “бояду набоядҳо”), фалосифа мӯътақиданд, ки ҳеч як аз ақоиди исломӣ хилофи ҳукми сареҳи ақл нестанд, вагарна ҳаққашон намедонистем. Фақат он ки: ин масоилро, дар як тақсимбандӣ, ба ду даста тақсим мекунанд: яке, масоиле, ки ақл қодир ба дарки онҳо ҳаст, мисли вуҷуди Худо, сифоти Худо, асли маъод ва ғайра… Ва дигар, масоиле, ки ақл (ба хотири маҳдудият) қодир ба дарки онҳо нест, мисли моҳияти зоти Худо, моҳияти фариштаҳо ва Меъроҷи ҷисмонӣ ва аз ин қабил масоил… Ба унвони мисол, Ибни Сино (р) дар мавриди Меъроҷ, ки оё руҳонӣ будааст ё ҷисмонӣ, мегӯяд: он чӣ ақл мегӯяд ин аст, ки Меъроҷ руҳонӣ аст ва Меъроҷи ҷисмонӣ ақлан қобили қабул нест, вале мани Бӯалӣ Меъроҷи ҷисмониро мепазирам, чун ки мухбири содиқ (китоб ва суннат) онро хабар дода ва қатъан ҳақ аст, вале ақли мани башар аз дарки он оҷиз ва нотавон аст. Хуб, инҷо (ва дар масоиле шабеҳи он), эшон қатъан нақлро бар ақл муқаддам медоранд.

Фақат дар масоили дастаи аввал аз ақоид аст, ки мегӯянд, ақл муқаддам бар нақл аст. Дар ин навъ масоил, агар нақле бибинанд, ки зоҳираш хилофи ҳукми сареҳи ақл аст, инҷо эшон он нақлро таъвил мекунанд. Яъне ҳукми ақлро муқаддам бар нақл медонанд. Масалан, ақл дар мавриди Худованд мегӯяд, ки зоти Ӯ Таъоло наметавонад ҷисмонӣ ва ё дорои замон ва макон бошад, чаро ки инҳо аз хавосси модда аст ва ба ҳукми сареҳи ақл, Худованд моддӣ нест. Он гоҳ агар оят ва ривояте бошад, ки аз зоҳираш ҷисмонияти Худо ё дорои макон ё замон будани Худо фаҳм шавад, дар инҷо фалосифа онро таъвил мекунанд ва мегӯяд, қатъан муроди Худованд зоҳири он нест.

Ба ҳамин андоза иктифо мекунам, саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: