Баррасии масъалаи бардадорӣ дар ислом (1)

Ба қалами Камол Қурбон

Бахши аввал

Имрӯзҳо дар Фейсбук шуморе аз даҳриëну маҷусон бо чанг задан ба муште боварҳои исломситезона, ки обишхӯрашон навиштаҳои «мусташриқон» ва сомонаҳои зиддиисломӣ аст, бар ин ойини осмонии шикастнопазир тохта, шубҳапароканӣ мекунанд.

Шубҳаи бардагӣ нопоктарин шубҳаест, ки ин тӯдаи сабукмағз дар гумроҳ сохтани ҷавонон дастовез мекунанд ва буррандатарин ҳарбаест, ки дар суст намудани ақидаи насли ҷавон ба кор мебаранд. Бадеҳист, ки дар ин ҷо барои ҳар ҷавоне порае шак худ ба худ пайдо мегардад, ки чӣ гуна ислом — дине, ки аз сӯйи Худованд барои хайри башарият нозил шуда — бардагиро қонунӣ донистаст?!

Оë иродаву хушнудии Худованди Одил, ки мегӯяд: «Мо фарзандони Одамро гиромӣ гардонидем”, ҳамин аст, ки ҳамеша одамиëн ба ду гурӯҳ — бардаву бардадор тақсим бишаванд ва гурӯҳе аз он монанди колои бозаргонӣ дар бозор доду ситад бишавад?

Агар Худо аз ин амр розӣ нест, пас чаро дар китобаш, монанди қимору шароб, ба гунаи рӯшан дар бораи бекор кардани бардагӣ ҳукме содир нанамуд?

Албатта, ҳар ҷавони боимоне яқин дорад, ки ислом дини ҳақ аст, вале монанди Иброҳим (ъ) дар ҷустуҷӯи итминони бештаре мебошад. Аммо он ҷавоне, ки хираду боварҳояш табоҳ шудааст, мунтазири ошкор шудани ҳақ намемонад ва бе ҳеч андеша зуд ҳамдостони фитнагарон мешавад ва гуфтаҳои онҳоро меписандад (лайк мемонад) ва дар сангари тирарӯзон ҷой мегирад.

Пеш аз ворид шудан ба маъракаи ғуборомези бехудоëн, бояд мавзӯи бардагӣ дар ҳудуди ҳақиқати торихӣ ва ҷуғрофиëӣ ва аз нигари иҷтимоӣ ва равонӣ баррасида шавад, зеро чун асли матлабро аз ин роҳ ба даст овардем, дигар аз ҷанҷоли каҷандешон боке надорем.

Имрӯз вақте ки ба мавзӯи бардагӣ менигарем ва ҷиноятҳое, ки дар олами инсонфурӯшӣ анҷом мешуд, мехонем ва ваҳшигариҳоеро, ки торих дар асри имперотурии Рум сабт кардааст, мутолиа мекунем, онро як ҷинояти бас ноҷавонмардона мебинем ва дармеëбем, виҷдони мо ҳаргиз наметавонад ин гуна рафтори зиддибашариро кори хирадмандона бишуморад. Сипас худ ба худ ба шигифт меоем, ки ислом чӣ гуна бардагиро ба расмият шинохтааст?
Оре, бояд ин ҷо дар баробари ҳақиқатҳои торихӣ андаке диранг бикунем ва ба мавзӯи бардагӣ диққати лозим ба амал оварем, зеро он вақт хоҳем дид, ислом он ваҳшигариҳоеро, ки дар имперотурии Рум дар ростои бардагон анҷом мегирифт, ҳаргиз ба расмият нашинохтааст. Камтарин диққат ба зиндагии бардагон дар имперотурии Рум метавонад моро ба сӯи он дигаргунии бузург, ки ислом дар вазъи онҳо ба вуҷуд оварда, раҳнамоӣ бикунад, ҳатто ба фарзи ғалат, агар бигӯем, ки нисбат ба озодии онон ҳеч гуна иқдоме накардааст.

Бале, ба таври умум, барда дар фарҳанги имперотурии Рум ғайр аз башар буд, мавҷуде буд берун аз саффи одамиëн, ки бо ин чуни корҳои тавоншиканро ба ӯҳда дошт.

Ин гурӯҳи нокому бебаҳра аз арзишҳои инсоният аз чӣ роҳе ва ба чӣ иллате ба ин кишвар ворид мешуданд? Рӯшан аст, ки аз тариқи ҷангҳои хунин ба ин диëр кашонида мешуданд ва ин набардҳо барои пешрафти фикрӣ ва побарҷо кардани ойине набуд, балки ягона иллаташ он буд, ки дигарон барои Руми бостонӣ истеъмор бишаванд ва бузургзодагон дар ниҳояти хушгузаронӣ ба сар бибаранд.

Дар он ҷо бардагон корҳои сангинтаринро ба ӯҳда доштанд, дар пойҳояшон занҷир мезаданд, дар гудолҳои тангу торик нигоҳ дошта мешуданд. Онҳоро хӯрок медоданд, на барои он, ки ҳаққашон буд, балки барои он, ки кор кунанд; онҳоро ҳангоми кор бо тозиëна зада, ҳар сӯ меронданд, на барои он, ки гуноҳе кардаанд, балки барои он, ки наҷибзодагони румӣ лаззат бибаранд.

Ва лекин ҷиноятҳои вазшатомез боз ҳам дилхароштар аз он буд, ки ба тавсиф ояд.

Шаммае аз ҷиноятҳои бешармона ин буд, ки румиëн майдонҳои мубориза барои бардагони бепаноҳ омода намуда, ононро бо шамшерҳои бурранда ва найзаҳои ҷигаршикоф мусаллаҳ мекарданд ва худ дар атрофи ин майдонҳо даври ҳам ҳалқа мезаданд ва медиданд, ки ин офаридаҳои бепушту паноҳ чӣ гуна бо ҳам меҷангиданд; чӣ гуна зарбаҳои шамшерҳову сарнайзаҳо ба пайкари бедифои онҳо фуруд меояд; чӣ сон азҷонгузаштагон бо шамшерҳои буррон ва найзаҳои ҷонситон якдигарро пора-пора мекарданд. Ҳангоме ки яке аз муборизон бар ҳамоварди худ чираманд мегашт ва тани беҷонашро оғушта ба хун нақш бар замин мекард, хандаву кафкӯбиву фарëди офарини тамошогарон фазоро пур мекард.

Ин буд андаке аз достони риққатбори бардагон дар имперотурии мутамаддини он рӯз, ки дигар ниëзе нест аз вазъи қонунии барда ва озодии молик дар шиканҷаву куштани он, бидуни ин ки он бечора ҳаққи шикояте дошта бошад, сухан гуфта шавад.

Ва аммо дар дигар кишварҳо, монанди Эрон ва Ҳиндустон, рафтори мардум бо бардагон аз диди ҳуқуқи инсонӣ ва корҳои тавоншикан чандон ихтилофе бо имперотурии Рум надошт, гоҳе аз нигари шиддат ва заъф андак тафовуте дида мешуд.

Сипас дар ин замон ислом омад.

Омад, ки инсонияти аз дастрафтаи ин гурӯҳи бепаноҳро бозгардонад; омад, ки ба молику мамлук бигӯяд: “Ҳамаи шумо пораи тани якдигаред.» (1)

Омад, ки ба одамфурӯшон бигуяд: «Ҳар кас бандаи худро бикушад, ӯро мекушем, ҳар кас андоме аз андомҳои бандаи худро аз тан ҷудо кунад, аз вай қасос мегирем.» (2)

Омад, то бо овози расо бигӯяд: «Шумо ҳама фарзанди Одамед ва Одам аз ин хоки тира ба вуҷуд омадааст.» (3)

Ислом омад, то баëн кунад, ки ҳеч молике бар бандаи хеш ҳаққи бартарӣ надорад, балки фазилат дар покдоманӣ нуҳуфта аст.

Ислом омад, то эълом кунад: «Эй мардумон! Огоҳ бошед! Парвардигоратон ягона аст ва падаратон якест. Бидонед, аҷамеро бар араб ва араберо бар аҷам, сиëҳеро бар сурх ва сурхеро бар сиëҳпӯст ҳаққи бартарӣ ва фазилат нест, магар бо тақво ва парҳез аз кирдори зишт.» (4)

Ислом омад, то ба гӯши бардафурӯшон бирасонад, “дар баробари парастиши Аллоҳ ва некӯии падару модару хешовандону ятимону бенавоëну ҳамсояҳову мусофирон, бо бардагон низ некрафтор бошед.” (5)

Ислом омад, то ба ҷаҳониëн бигӯяд, ки робитаи молику мамлук робитаи оқоиву навкарӣ набуда, алоқаи пайвандӣ ва бародарист ва бар ин поя, онон аҳли як хонаводаанд, то ҷое, ки иҷозаи издивоҷи онҳо низ эҳтироман бояд аз молик гирифта шавад, ки ба ҷои падар маҳсуб аст. Қуръон мегӯяд, ки: «Ҳамаи шумо (чӣ молику чӣ мамлук) пораи тани якдигаред, канизонро аз аҳли онҳо хостгорӣ карда ва бо онҳо издивоҷ карда ва ҳуқуқи онҳоро ба гунаи нек бипардозед.” (6)

Паëмбари ислом (с) мефармояд: «Молик ва мамлук бародаранд, бо бардагони зердасти худ бародарона рафтор кунед, бояд аз ғизое, ки мехӯрад, ба ин бародари ҳамнавъаш бидиҳад ва монанди либоси худ либосаш бипӯшонад, корҳои берун аз тавонашро ба ӯ нафармоянд ва дар корҳои сангин ононро ëрӣ диҳед.» (7)

Ва барои ин ки ҳоли ин гурӯҳи дилшикастаро бештар риоят кунад, Паëмбари хушманди ислом (с) мефармояд: «Мабодо касе ба бандаи худ бигӯяд, «ин ғулом ва ë канизи ман аст.» Балки бояд бигӯяд: «Духтар ва писари ҷавони ман аст.» (8)

Чунонки ин эҳсосоти пок виҷдони Абуҳурайра (раз)-ро чунон пур карда буд, вақте ки мебинад касе бар маркабаш савор ва ғуломаш бар пушти сар пиëда меравад, фарëд мезанад: «Ӯро ҳам савор кун! Магар бародарат нест? Магар руҳат аз руҳи вай фарқ дорад?” (9)

Бале, ин намуна, ки аз рафтори ислом дар ростои бардагон баëн шуд, дар баробари дарëи ҳусни рафтори он андак ва ночиз аст.

* * *

Чигунае ки гуфта шуд, бардагон дар ҷомеаи он рӯз ҳеч гуна арзише надоштанд ва дар партави инояти ислом дар сафи башарият қарор гирифтанд ва дар ин низом руҳи молику мамлук баробар эълом шуд, дар сурате, ки дар дигар миллатҳо ҳанӯз ҷинси бардаро ғайр аз ҷинси моликаш мешинохтанд ва боварманд буданд, ки барда мавҷуде аст танҳо барои бандагиву хорӣ офарида шуда ва аз ин рӯ буд, ки ҳаргиз виҷдонашон аз шиканҷа ва озор ва сӯзонидан ва куштан ва дигар корҳои зиддиинсонӣ нороҳат намешуд (ҳиндувон бо ин ақида буданд, ки бардагон аз пои Худо халқ шудаанд, аз ин ҷо, бо ин хилқаташон хор ва пастанд. Ва ҳаргиз ин вазъияти фалокатбор аз ишон дур намешавад, то замоне, ки онҳо забуниву шиканҷаро таҳаммул кунанд ва дар ин сурат, шояд руҳи онон ба махлуқҳои беҳтаре таносух бикунад).

Дар ин муҳити пур аз фасод буд, ки ислом ба додрасии бардагон шитофт ва ононро аз ин манҷалоби паст то мақоми каримонаи бародарӣ баланд кард. Бо шаҳодати торих, ки то кунун, ҳатто салибиҳои мутаассиб инкораш накардаанд, на танҳо дар олами зоҳир ва хаëл, балки дар воқеъ ҳусни рафтори ислом бо бардагон дар садри нахустин ба андозае аз инсоният расид, ки он рӯз дар тамоми ҷаҳон пешина надошт. Хушрафторӣ ба ҷое расид, ки озодшудагон бештар розӣ набуданд аз хонаводаи соҳибони худ ҷудо бишаванд ва ҳол он ки дигар дорои озодии иқтисодӣ буданд ва метавонистанд ба хубӣ мушкилоти зиндагиро мутаҳаммил шаванд.

Ин аз он ҷо буд, ки мусалмонон дар партави парвариши ислом ононро ҷузъи хонадони худ қарор дода буданд, дигар пайванди онҳо монанди пайванди хуни хонаводагӣ шуда буд.
Дар сояи кӯшиш ва инояти ислом бардагон ҳастии аздастрафтаи худро бозëфта, инсонияти худро аз нав оғоз карданд ва дар партави қонуни ислом дорои гиромидошт ва саодат шуданд. Қонун дигар иҷоза намедод, касе бо забон, ë бо даст ононро биозорад. Аммо бо забон: Паëмбари ислом (с) бо таъкид манъ кард, ки оқо бандаи худро банда гуфта хитоб кунад ва фармуд, бо ҷумлаҳое, ки зиллати бардагиро аз пешонии онон пок карда, аз муҳаббати хонаводагӣ хабар медиҳад, хитоб кунанд, яъне «бигӯянд, фарзанди ҷавони ман аст«. (10)

Паëмбари бузург (с) бо ин баëни ҳакимона аз такаббур ва ғурури моликони барда кост ва ҳамаро ба сӯи меҳри бепоëни инсоният, ки ҳамаро бо ҳам мепайвандад, раҳбарӣ намуд. Саранҷом нерӯи муҳаббат чунон пурзӯр шуд, ки робитаи бародарӣ миëни оқову барда дар ҷомеа фармонравоӣ кард.

Ва аммо таҷовузи ҷисмӣ: Паëмбари ислом (с) фармуд, ки: «Ҳар кас бандаи худро бикушад, ӯро мекушем ва агар узве аз аъзои ӯро бибурад, қасос мегирем.» (11) Ин фармони хирадмандона як асли матин ва далели рӯшан аст, ки молику мамлук дар асли инсоният аз ҳама ҷиҳат комилан баробаранд. Ҳамчунин далели муҳкам аст дар баëни кафолатҳое, ки барои таъмини зиндагии ин гурӯҳи башар лозим аст, ҳамон зиндагии бимашудае, ки дигар ҳеч гуна оризи хориҷие натавонад онҳоро аз сифоти асли одамият берун кунад.

Лекин ислом ҳаргиз ба ин андоза озодӣ басанда накард, зеро қонуни куллии ислом дар ҳама ҷо ва дар ҳама замон барои пойдории комили баробарӣ дар миëни одамиëн дар асли башарият аст ва ҷои шубҳа нест, ки ин озодии комил ҷуз бо додани озодии воқеӣ ба ҳамагон амалӣ нест. Ислом барои иҷрои ин қонуни ҳакимона амалан ба ду василаи бузург, ки иборат аз қонуни “ъитқ” ва қонуни “мукотаба” аст, ба озодии бардагон қиëм кард.

Қонуни ъитқ ин аст: Молик бардаи худро бидуни қайду шарте озод намояд. Ислом дар ин бора мардумро таҳрик намуд. Нахуст Паëмбари озодисози ислом (с) пешрав ва раҳбари ин корвон шуд. Ба якбора бардагони худро озод сохт. Ба иборати дигар, нахустин бор афви умумиро дар муҳити худ иҷро кард ва ëронаш қадам ба қадам аз ӯ (с) пайравӣ карда, бандагони худро озод намуданд. Аз он даста Абӯбакр (раз) на танҳо бандагони худро, балки сарвати фаровоне сарф карда, бардагонеро аз бузургони Қурайш харида, озод кард.

Аз даромади байтулмол ҳар чи афзун бар хароҷоти зарурӣ буд, вижаи харидану озод сохтани бардагон буд.

Ибни Саид мегӯяд: Ман аз тарафи Умар ибни Абдулазиз маъмури ҷамъоварии закоти Африко шудам. Рафтам ва садақаҳоро ҷамъ кардам. Сипас суроғи бенавоëн рафтам, вале нодоре наëфтам, ки закоте аз ман бигирад ва ҳамаро додаму бардагони бисëреро харида, озод кардам.

Қуръон ба сароҳат каффораи баъзе аз гуноҳонро озод кардани банда эълон намуд (аммо дар бораи касеро барда гардонидан дар ҳеч ояте нимишорае ҳам нест). Худи Паëмбар (с) низ мардумро бармеангехт, ки дар муқобили гуноҳе, ки аз инсон сар мезанад, бардаеро озод бикунанд.

Бадеҳӣ аст, ки ин бахши озодшудагон худ ба худ адади бузургеро ташкил хоҳанд дод. Ба ин омор таваҷҷӯҳ бикунед: Оиша (раз) бисту ҳашт бардаро озод кард, Аббос (раз) ҳафтод бардаро озод кард, Ҳаким ибни Ҳизом (раз) сад бардаро озод кард, Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ҳазор ва Абдурраҳмон ибни Авф (раз) сӣ ҳазор бардаро озод карданд. Аз ин намунаҳо дар торихи ислом ончунон фаровон аст, ки шумориданаш ношуданӣ аст. Ҳатто яке аз каффораҳои савгандшиканӣ, ки барои шуморе аз имрӯзиëн гуноҳ дониста намешавад, бо фармони Худованд, озод кардани барда аст. (12)

Торих мегӯяд, ки бо ин иқдоми хирадмандонаи ислом адади бузурге аз бардагон тибқи қонуни ислом озод шуданд, ки то кунун назираш дар торихи дигар миллатҳо, на пеш аз ислом ва на пас аз он, дида нашудааст ва чунончи торих нишон медиҳад, омили озодии ин гурӯҳи асир танҳо риояи меҳри инсоният буд, ки аз замири поки мусалмонон сарчашма мегирифт, ҳадаф ризои Худо буду бас ва ба ҷуз хушнудии Ӯ омили дигаре даркор набуд.

Аммо қонуни “мукотаба”: ва он як навъ қарордодест, ки ҳар гоҳ барда хоҳони озодӣ бошад, дар миëни молику мамлук баста мешавад ва аз тарафи молик дар муқобили дарëфти маблағи маълуме, ки барои ҳар ду тараф пазируфтанӣ бошад, ӯ озод мешавад. Озодииҳосил аз ин паймон пас аз пардохти маблағи мазбур иқборист, дигар молик наметавонад онро нодида бигирад ва ë ба вақти дилхоҳи худ вогузорад ва дар сурати паймоншикании молик қозӣ дахолат карда, бо нуфузи худ ҳукми қарордодро иҷро ва бандаро озод мекунад. Ва шигифтовар аст, ки вақте банда хоҳони озодӣ бо ин роҳ бошад, мӯъмини порсо ҳаққи раддашро надорад, зеро фармони Худованд дар Қуръон аст ва боз аҷибтараш ин аст, ки Аллоҳи Меҳрубон фармон медиҳад, бандаҳоеро, ки хостори инанд, аз моли худодода ба онҳо бидиҳед. (13)

Бо тасвиб ва иҷрои ин қонуни ҳакимона як даричаи умедбахше аз нав дар торихи ислом ба рӯи бардагон боз шуд. Чизи дигар ин аст, аз соате, ки барда хоҳони паймон шуд, дигар мавло наметавонад инро напазирад ва аз нахустин соати паймон таъмини зиндагии барда бо дастранҷи худи ӯ таҳия мешавад, агар бихоҳад, назди молики худ бо гирифтани музд ба кор машғул мегардад ва агар бихоҳад, дар берун кор мекунад. Бале, дуруст аст, ки монанди ин қонун дар қарни чаҳордаҳум, ҳафт аср пас аз ислом, дар Урупо ба тасвиб расид, лекин бо як фарқи бузург, ки дар ғайри ислом вуҷуд надошт. Он фарқ ин буд, ки афзун бар он кӯшишҳои бемонанд дар озодии ройгон ва танҳо барои ризои Худо ва ибодат донистани ин кор ва мол додан ба барда аз ҷониби молик, давлат низ аз байтулмол (буҷа) хароҷоти бардагонро барои озодиашон ба ӯҳда мегирифт. Он ояи шарифа, ки масорифи закотро баëн мекунад, чунин мегӯяд: «Садақахо (закот) махсуси фақирон, мискинҳо… ва барои озодии бардагон аст”. (14)

Дар ин оя ба сароҳат баëн шуда, ки як бахши закот аз байтулмоли мусалмонон, ки дар қомуси имрӯз дороии миллӣ номида шудааст, барои дастгирии бардагони оҷиз ихтисос дорад, ки ҳар вақт аз харидану озод кардани худ нотавон бимонанд, аз ин хизонаи миллӣ ба онон дода мешавад, то озод бигарданд.

Ислом бо тасвиб ва иҷрои ин ду қонуни ҳакимона, амалан гомҳои бузурге дар таъмини озодии бардагон бардошт ва дастикам ҳафт садсола зудтар аз дигарон дар майдони таҳаввули торих аз дигарон гӯи сабқат рабуд ва омилҳои дигареро низ монанди ҳимоят ва каффорати бардагон ба ӯҳдаи давлат вогузор намуд ва касри онҳоро аз сандуқи дороиҳои миллӣ таъмин кард, ки дунë тоза ба бартарии ин омилҳо расидааст.

Ҳамчунин омилҳои дигари судмандеро бар ин иқдоми ҳакимонаи худ афзуд, ки ҳанӯз ҳам дунëи имрӯз аз онҳо бехабар аст ва ба муқтазои он ҳисси шахсиятëбиро дар ниҳоди бардагон бедор кард ва бо додани озодии ройгон онҳоро аз нав ба ҷомеаи инсонӣ бозгардонд, бидуни ин ки дар ин мақсад бо бӯҳрони иқтисодӣ, ë фишори сиëсӣ рӯ ба рӯ шавад, чунонки дар ғарб буд.

Аммо боз ҳамон суол: Ислом, ки чунин қадамҳои судмандеро дар озодии бардагон бардошта ва бидуни таҳаммули ҳеч гуна фишоре гӯи сабқат аз дигарон рабудааст, пас, чаро ин як қадами ниҳоиро набардошт, то бо сароҳати комил бардагиро дар ҷаҳон бекор эълом намояд?

Пеш аз посух додан ба ин пурсиш, бояд як ришта ҳақиқатҳои иҷтимоӣ ва сиëсӣ ва равонӣ, ки перомуни мавзӯи бардагӣ ҳалқа зада, мояи пас андохтани ин фармони умумӣ гардидаанд, баррасида шаванд.

Пеш аз ҳар чизе бояд донист, ки яку якбора бекор кардани бардагӣ дар асари баъзе пешомадҳо аз мақсуди ислом ба таъхир афтод ва агар ислом ба роҳи худ идома медод ва каҷрафторону шаҳватронон аз пешрафти он монеъ намешуданд, ин интизор ба поëн мерасид ва ҳукми «бардагӣ бас» дар олам содир мешуд. Пас аз эътироф ба ин ҳақиқат, нахуст бояд дар посух бигӯем:

Ҳангоме ки ислом омад, бардагӣ дар олам низоми расмии ҷаҳонӣ буд ва балки як амали иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мешуд, зеро ҳам дорои манфиатҳои хусусӣ ва ҳам шомили омилҳои бузурги иҷтимоиву сиëсӣ шуда буд ва дар назари касе зишт набуд ва ҳеч кас фикр намекард, ки мумкин аст рӯзе ин низоми шум тағйир бипазирад ва аз ин рӯ ботил карданашу дигаргун сохтанаш ба замони дарозе ниëз дошт. Ва ҳол он ки, чӣ гунае маълум аст, бо вуҷуди ин ки ҳаром гардонидани шароб, ки як амри шахсӣ буд, боз ҳам чанд сол ба тӯл анҷомид. Гарчи шароб дар пеши диди ҷомеаи он рӯз ба таври расмӣ худнамоӣ мекард, аммо баъзе арабҳо дар замони ҷоҳилият ҳам аз хӯрдани он худдорӣ менамуданд, балки майгусориро мояи фасоди бузург пиндошта, шоистаи мардони бошахсият намедонистанд, боз ҳам таҳрими он ба тӯли замон эҳтиëҷ дошт.

Аммо мавзӯи бардагӣ дар ҳастии иҷтимоъ ва жарфои андешаи башари он рӯз беш аз ҳар чизе русух карда буд, ба ҳадде расида буд, ки дигар касе онро нописанд намедонист. Ва аз сӯи дигар, Худованди Ҳаким ба вазъи офаридаи худ ошнотар аст ва салоҳи онҳоро беҳтар медонад. Агар медонист, ки барои ҳаром гардонидани шароб судури як фармон бас аст, ҳарчи зудтар содир мекард ва дар зарфи чанд сол ба таъхир намеандохт ва ҳамчунин агар Парвардигори Меҳрубон медонист, ки барои ботил гардонидани бардагӣ дар олам як тасвибномаи маъмулӣ бас аст, ҳаргиз фурӯгузораш намекард.

Дигар ин ки нахуст бояд озодӣ дар дохили замири инсон парвариш дода бишавад ва руҳаш озодихоҳ бигардад. Ислом низ бо дилчӯӣ кардан аз бардагон ва парвардани андешаҳои навин бардахӯии ононро дармон бахшид. Чанд намунаи дигар аз он иҷрои воқеии қонун:

Паëмбари гироми (с) миëни шуморе аз бузургони араб ва бардагон пайванди бародарӣ эҷод кард. Чунонки, Билол (раз), ки бардаи сиëҳпӯсте буд, бо Холиди Хасъамӣ (раз), Зайд ибни Ҳориса(раз)-ро бо амуи гиромиаш — Ҳамза (раз) ва Хориҷа ибни Зайд(раз)-ро бо Абӯбакр (раз) бародар хонд ва ин амали ҳакимона дар воҷеъ як риштаи доманадоре буд, монанди робитаи хуни қаробат то ҳудуди ширкат дар мерос пеш мерафт. Аҷибтар ин ки Паëмбари равшанзамир бо ин низ басанда накарда, бори дигар гоме фаротар ниҳод ва иқдоми дурахшонтаре анҷом дод, зеро духтари аммаи худро ба ҳамсарии Зайд дод.

Пурвозеҳ аст, ки мавзӯи издивоҷ мавзӯи ҳассосе аз тарафи зан аст, зеро зан мардеро, ки аз худаш болотару беҳтар аст, бо ифтихор ба ҳамсарӣ мепазирад ва розӣ намешавад бо касе, ки дар рутбаву мақом ва аслу насаб камтар аз ӯст, издивоҷ намояд ва хаëл мекунад, чунин шавҳаре барои ӯ нанг аст. Лекин ҳадафе, ки он Бандаи Хуби Худо (с) дар назар дошт, ба маротиб боарзиштар аз ин маъно буда ва он иборат буд аз барандохтани мафҳуми бардагӣ аз олам ва боло бурдани сатҳи зиндагии бардагон ва ҳаммақом намудани онон бо бузургон ва шахсиятҳои барҷастаи Қурайш. Боз ҳам Паëмбари Бузург (с) ба ин андоза иктифо накарда, қадами дигаре ба пеш рафт. Фармондеҳии артиши пиӯзи мусалмононро, ки ҳама муҳоҷиру ансор аз бузургон дар он ширкат доштанд, ба бандаи худ Зайд (раз) вогузор намуд ва ин бардаи озодшуда аз ҷаҳон дар ҳоле рафт, ки амири сипоҳи бузурги мусалмонон буд (ва ин бардаи озодшуда ягона саҳобае аст, ки номаш дар Қуръон зикр шудааст ва то қиëмат ҳар ки Қуръон мехонад, бо гирифтани номи ин банда ҳадди ақалл сӣ савоб мегирад, вақте падару дигар хешовандонаш барои бо худ бурдани ин барда омаданд ва Паëмбар ӯро ихтиëр дод, бо Расулуллоҳ (с) монданро беҳ донист).

Ҳамчунин Усома ибни Зайд(раз)-ро фармондеҳи лашкар муқаррар намуд, яъне бояд артиши боазамати озодибахш зери фармондеҳии барда ва бардазода биҷангад, то боризтарин намунаи озодиро дар бузургтарин манбаи бардагӣ ба ҷахониëн нишон бидиҳад. Бештари саҳобагон, ки соҳибмансабони олирутба буданд, дар артиш зери парчами фармондеҳии барда ва бардазодае буданд. Паëмбари ҳушманд (с) бо ин кирдори хирадмандона на танҳо баробарии инсоният ба бардагон дод, балки бар болои озодагону соҳибмансабон раисиву фармонравоӣ карданро низ бар ӯҳдаи онон вогузор намуд ва ин гурӯҳи хориҷ аз саффи одамиятро то он ҷо боло бурд, ки дар миëни миллати исломӣ, балки ҷаҳониëн гуфт: “(Ҳон! Эй мардум! Гӯшҳоро боз кунед!) Агар бандаи сиëҳчеҳраи ҳабашӣ бар шумо зимомдор бишавад, гӯш кунед ва ӯро итоат бикунед«. (15)

Комилан пайдост, ки Паëмбари озодибахши ислом (с) бо ин фармони ҳакимона бузургтарин мақоми кишвардориро ба бардагон ато кард, ҳатто баъд аз вафоташ вақте ки ҳазрати Умар (раз) васият мекард, гуфт: «Агар Солим — ғуломи Абуҳузайфа (раз) зинда мебуд, ӯро ба ҷонишинии худ интихоб мекардам

Ҳамчунин, аз ҳазрати Умар (раз) намунаи дигаре дар бораи гиромидошти бардагон ба ëдгор мондааст. Ҳангоме ки бо Билол (раз) дар масъалаи байтулмол рӯ ба рӯ шуд ва Билол (раз) бо бадтарин ваҷҳе ба ӯ эътироз кард ва ҳазрати Умар (раз) дар ҷавобаш оҷиз монда, рӯ сӯи осмон карду гуфт: «Бор Худоë! Маро аз шарри Билолу ëронаш нигаҳ бидор!» Ҳол он ки ҳазрати Умар (раз) бар маснади хилофат такя дошту нафари якуми ҷаҳони он рӯз буд ва ҳама кор аз вай сохта буд, боз ҳам эҳтироми Билол (раз) ба ҷои худ маҳфуз буд.

Идома дорад

(Манбаъ: шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сафҳаи Камол Қурбон)

* * *

Пайнавишт:

(1) Нисо 25;

(2) Абудовуд, Тирмизи, Насои, Ибни Моча, Ахмад, Хоким. Хоким ва Хофиз Захаби ин хадисро сахех ба шарти Бухори гуфтаанд;

(3) Абудовуд, Тирмизи, Ахмад;

(4) Ахмад;

(5) Нисо 36;

(6) Нисо 25;

(7) Бухори, Муслим;

(8) Бухори, Муслим;

(9) Ибни Абишайба.

(10) Бухори, Муслим;

(11) Абудовуд, Тирмизи, Насои, Ибни Моча, Ахмад, Хоким;

(12) Моида 89;

(13) Нур 33;

(14) Тавба 60;

(15) Бухори.

* * *

Реклама


Рубрики:Ислом, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: