“Идеяи миллӣ”

Пурсиш: Салом ба кулли гурӯҳ, мехостам фикру андешаҳои худро оиди «Идеяи миллӣ» дар Тоҷикистон нависед, чӣ шуда метавонад барои мо «Идеяи Миллӣ», ки фарогири тамоми Миллат ва тамоми арзишҳо бошад?

Шоҳрух Каримов

* * *

Посух: Ба номи Худо. Умедворам, соири азизони аъзо низ назар ва дидгоҳи худро дар ин мавзӯи ба назари банда бисёр муҳим, иброз хоҳанд дошт. Аммо иҷоза бидиҳед, назари шахсии худамро дар ин мавзӯъ арз кунам, зимни баёни чанд нукта:

1. Нуктаи аввал ин ки: дар Тоҷикистон пас аз эъломи истиқлол ва дар тӯли ин 20-у чанд сол, талошҳое сурат гирифт, то як идея ба унвони “Идеяи миллӣ” ироа ва ниҳодина шавад ва ҳамаи тоҷикистониён ба он мӯътақид ва пойбанд гарданд. Аммо ба назарам, ҳеч як аз он талошҳо самараи чандоне надоштанд. На он чӣ ба унвони “Бозгашт ба фарҳанги ориёӣ” матраҳ шуд ба ҷойе расид, на он чӣ баъдҳо дар “Соли Имом Аъзам” матраҳ гардид ва на ин чизе ҳам, ки имрӯзҳо дар ҳоли ниҳодина сохтани он ҳастанд. Ва иллати адами муваффақияти ин прусаҳо ба назарам ду чиз аст:

Яке ин ки: ин кӯшишҳо аз боло ва ба сурати “амру наҳй” сурат мегиранд, ва ба навъе, мехоҳанд “таҳмил” кунанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки дар тӯли торих ва назди ҳеч миллат ва қавме, як “идея”, бо таҳмил ва амру наҳй, “миллӣ” нагардида.

Ва дигар он ки: дар ин барномаҳо, ин ҳақиқат дар назар гирифта намешавад, ки оё он тарҳ назди ҳамаи ақшори ҷомеа мақбулият пайдо мекунад ё на? Масалан, тарҳи “Бозгашт ба суннат ва фарҳанги ориёӣ”, бе шак мақбули як қишри хосс аз ҷомеа буд ва ҳанӯз ҳам ҳаст, аммо оё ҳама мепазиранд? Манзурам, аз таҳи дил пазируфтан аст. Зеро то замоне ки ҷомеа (лоақал аксарияти он) тарҳеро аз таҳи дил напазиранд, “миллӣ” гардидани он шибҳимаҳол аст. Ва ҳамчунин, тарҳи “Соли Имом Аъзам (р)” мақбул буд, аммо на назди ҳамагон, балки назди як қишри хосс ва бештар диндорон.

Аз ин рӯ, мо бояд ин воқеиятро бипазирем, ва чорае ҷуз он надорем, ки идеяе бояд ба унвони “Идеяи миллӣ” тарҳ шавад, ки аввалан, назди ҳамаи ақшори ҷомеа (ҳаддиақал аксарияти он) мақбулият пайдо кунад ва аз таҳи дил бипазиранд. Ва сониян, аз боло ва бо шеваи “амру наҳй” ҳам набошад. Инҳо ба ҷойе намерасанд.

* * *

2. Нуктаи дигар он ки: бо таваҷҷӯҳ ба матлабе, ки дар боло арз кардам, мо бояд ба дунболи тарҳе бошем, ки “мақбулияти омма” пайдо кунад. Яъне, аҳаде аз тоҷикистониён, онро дар тазодд бо боварҳо ва муқаддасот ва мӯътақадоти худ набинанд; на мусалмонаш, на атеисташ, на миллигарояш (миллигаро ба маънои хосси он, на ба маънои оммаш, ки ҳама миллигаро ҳастанд ба маънои омми миллигароӣ) ва хулоса ҳеч кас. Ин хеле муҳим аст. Масалан, банда, ки як мусалмони пойбанд ба шариат ҳастам ва гумонам ин аст, ки аз мӯйи сар то нохуни пой динмадорам — ва мисли банда фаровонанд дар ҷомеаи Тоҷикистон — як тарҳ, ки ба унвони “Идеяи миллӣ” матраҳ гардида ва бо боварҳои диниам онро дар тазодд бинам, ҳаргиз ва абадан пеши ман ва садҳо ҳазор мисли банда, мақбул нахоҳад афтод ва аз ин рӯ маҳол аст “миллӣ” гардад ва ниҳодина шавад. Ин воқеиятро бояд фаҳмид ва пазируфт.

Ҳамчунин, афроде мисли банда низ, бояд ин воқеиятро бипазирем, ки ҳама дар ин ҷомеа, мисли мо нестанд, мисли мо фикр намекунанд, боварҳои онҳо бо мӯътақадоти мо фарқ мекунад. Инро ҳам касе наметавонад нодида бигирад, магар ин ки одами кӯр бошад. Аз ин рӯ, як тарҳе, ки масалан рангу бӯйи исломӣ дошта бошад, бо он ки қатъан мақбули ман ва амсоли ман ҳаст, вале наметавонад “миллӣ” гардад ва ниҳодина шавад. Зеро “мақбулияти омма” пайдо намекунад ва дар натиҷа “миллӣ” ва ниҳодина намешавад. Аз ин воқеиятҳо намешавад чашм пӯшид.

* * *

3. Ва аммо нуктаи севвум ва ахир: бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ арз шуд, ҳол суол ин аст, ки оё метавон тарҳеро пайдо кард, ки “мақбулияти омма” пайдо кунад ва дар тазодд бо боварҳо ва мӯътақадоти аҳаде ҳам қарор нагирад ва ҳамагон аз таҳи дил ба он мӯътақид ва пойбанд гарданд, ва дар айни ҳол, навъе қадосат ҳам пайдо кунад? Зеро то замоне ки қадосат наёбад, “Идеяи миллӣ” ҳам намегардад. “Идеяи миллӣ” бояд муқаддас бошад.

Ба назари банда, он чизе, ки метавонад ба унвони “Идеяи миллӣ” барои ҷомеаи мо тарҳ ва “мақбулияти омма” пайдо бикунад, ин идеяи “тоҷикистонӣ будан” аст. Ин нуктаро ҳам арз кунам, ки “тоҷикистонӣ будан” фақат ин нест, ки мо пазируфта бошем дар кишваре ба номи “Тоҷикистон” зиндагӣ мекунем, ки масалан 8 милюн ҷамъият дорад, яъне ҳадду марз ва таърифи “тоҷикистонӣ будан” фақат ба ҳудуди ҷуғрофиёии он хулоса намешавад. Балки маъно ва мазмун дорад.

“Тоҷикистонӣ будан” яъне, одамони сокин дар ин марзу бум — аъамм аз тоҷику ғайра, аъамм аз мусалмону ғайри мусалмон бо ҳар мазҳабу машраб – бояд боварманд ба ин бошанд, ки инҳо, илова бар сарзамин ва ҷуғрофиёи муштарак, сарнавиште доранд муштарак, торихе доранд муштарак, фарҳанге доранд муштарак, ифтихороте доранд муштарак… Торихе, ки ҳамагӣ бояд ба он биболанд, чӣ он чи қабл аз ислом буда ва чӣ он чи баъди ислом то ба имрӯз доштаанд. Гузаштаи пурифтихоре, ки ҳам Спитамен дошта ва ҳам Исмоили Сомонӣ, ҳам Бӯалӣ Сино дошта ва ҳам Бухорӣ ва Имоми Аъзам. Яъне, тоҷик, ба гузашта ва торихаш, аз зовияи танги диди худ нигоҳ накунад. Масалан, як касе, ки бо ислом миёнаи чандон хуб надорад, фақат афроди маъдуд ва мавриди писанд аз гузаштагонамонро барҷаста ва аммо бақияро нодида ва ё аҳёнан чеҳрае манфӣ аз онҳо ироа бикунад, танҳо ба ин далел, ки он чеҳра як олим ва ё мабаллиғи исломӣ буда ва ин оқо ҳам аз ислом хушаш намеояд.

Ба сухани дигар, мо ба торих ва фарҳанги худ, ба унвони тоблуе, ки “мавриди писанди шахси мо” бошад ва дорои як ранг аст, нигоҳ накунем, балки тоблуе, ки дар он рангҳои мухталиф ба кор рафта ва як музоики (мозаикаи) бисёр зебост. Зебоияш ҳам, ба ҳамон рангорангияш аст. Ин гуна нигоҳ ба торих ва гузашта ва ифтихиротамон аст, ки дар имрӯз ва дар оянда моро ба унвони “миллати воҳид” аммо рангоранг, ки барои таҳқиқи ҳадафи воҳид дар ҳаракат аст, месозад. Ин навъ нигоҳ хеле муҳим аст.

Якчунин таҷрибаеро баъзе аз миллатҳо доранд, ва воқеан чунин нигоҳ ба торих ва ба фарҳанг ва ба сарзамин, барояшон муқаддас ва навъе “ҳувият” гардида. Масалан, Эрон. Яке ду рӯз пеш киё Умеди Ҷайҳонӣ ёддоште дар сафҳааш дар Фейсбук корида буд, ки бароям бисёр ҷолиб буд. Ӯ пас аз гилоя аз баъзе рафторҳои носанҷида дар кишвар, навиштааст:

Дар чунин шароите бар эрониҳо ҳасудӣ мекунам, ки номе доранд бо пешинае чандинҳазорсола ва пуштивонае бегазанд чун Шоҳнома. Ҳама эрониҳо, аз ҳар қавму дину мазҳабе: хоҳ форсу курду балуҷу луру турку арабу ибриву осуриву арманӣ бошанд ва хоҳ мусулмони шиъиву суннӣ ё зардуштиву масеҳиву яҳудӣ – ҳама як ном ва як миллият доранд: эронӣ!

Сипас меафзояд: “Тоҷик ҳам дар қадим номе фарогир буд ва ҳама мусулмонони эронитабору эронифарҳангро дар бар мегирифт. Вале чунон ки аз ин баҳсу мунозира дидем, акнун бархе худро тоҷик наменоманд. Ин падида дар оянда доманадортар ҳам хоҳад шуд. Аз бархӯрд бо ин воқеъият суботу амният дар кишвару ҷомеъа вобаста аст. Агар бархӯрд оштиҷӯёнаву хирадгароёна бошад, миллат ҳамдилу кишвар якпорча хоҳад шуд! Вагарна миллату кишварро ҷангу ҷудоиву нобудӣ таҳдид хоҳанд кард. Агар интихобу тасмимгирӣ бо ман буд, дар пайравӣ аз эрониҳо, ки номи шоҳномаии бахше аз ниёконамонро бар худ гузоштаанд, ман ҳам номи шоҳномаии бахше дигар аз ниёконамонро зинда мекардаму кишварро Турон ва шаҳрвандонашро туронӣ меномидам.”

Воқеан ҳарфи ҳисоб. Албатта, бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълӣ, лузуме ҳам надорад “туронӣ” номида бишавем, ин роҳи ҳалл ҳам нест (асосан, банда шахсан бо унвони “туронӣ” барои тоҷикҳо эродаке ҳам дорам, ки феълан намехоҳам роҷеъ ба он баҳс бикунам), балки рӯйи “тоҷикистонӣ будан” ҳам метавон тарҳи мавриди назарро пиёда кард ва ба воқеият ҳам наздиктар аст.

Саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Нақду назар, Пароканда, Ҷомеа

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: