Решаи гаройиш ба дин аз назари Ниче ва Моркс

untitled-1

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз фарқҳои асосӣ миёни фалосифаи ғарбӣ (хусусан фалосифаи қарни 17, 18 ва 19 дар Урупо) ва фалосифаи ҷаҳони ислом, дар ин аст, ки: шумо, он диққат ва умқеро, ки назди фалосифаи исломӣ дар таҳлил ва баррасии мавзӯъҳо мебинед, дар назди фалосифаи ғарбӣ мушоҳида намекунед. Асосан, инсон вақте дидгоҳҳо ва назароти фалосифаи ғарбиро мехонад, гоҳе ба тардид меафтад, ки онҳоро шоир биномад ё файласуф! Зеро ки суханонашон бо ин ки наср аст, аммо пур аз тахайюлоти шоирона ва таъбироти кинояомез аст ва ҳатто иғроқ ва муболиғаро ҳам ба кор мебаранд.

Ва ин дар ҳоле аст, ки фалосифаи исломӣ, дар баёни масоили фалсафӣ, ба шиддат аз ба кор бурдани санойеъи шеърӣ парҳез мекунанд ва ба ҳадде дар ин замина ҳассосанд, ки дар муқаддимаи китобҳои мантиқӣ ва фалсафии худ ғолибан баҳсеро таҳти унвони “Баҳси алфоз” тарҳ карда ва дар ин мабҳас лафзҳо ва вожаҳое, ки дар баҳсҳои худ ба кор мебаранд, бо диққат тавзеҳ медиҳанд ва ҳадду марзи ҳар якро комилан мушаххас месозанд.

Ва ё масалан, диққат ва борикбиние, ки фалосифаи исломӣ дар таҳлил ва баррасии мафоҳими зеҳнӣ ба кор бастаанд, шумо онро пеши фалосифаи ғарбӣ ва хусусан урупоӣ, намебинед. Фалосифаи исломӣ — масалан — мафоҳими зеҳниро аввал ба “маъқулоти аввалӣ” ва “маъқулоти сонавӣ” ва сипас маъқулоти сонавиро ба “мантиқӣ” ва “фалсафӣ” тақсим карда ва он гоҳ мисдоқҳои ҳар якро бо диққати комил муайян кардаанд. (Феълан мақом мақоми баёни инҳо нест, зеро хориҷ аз баҳси мост, дар ҷойи худаш тавзеҳ хоҳем дод.) Дар ҳоле ки ин тақсимбандӣ дар назди фалосифаи урупоӣ аслан вуҷуд надорад; чизе, ки сабаб шудааст, ки дар хеле аз масоил ба хато ва иштибоҳҳои фоҳише роҳ диҳанд.

Ва яке дигар аз фарқҳои асосӣ, ки миёни фалосифаи ғарбӣ ва исломӣ дида мешавад ин аст, ки дар китобҳои фалсафии файласуфони ҷаҳони ислом (мисли таълифоти Форобӣ, Бӯалӣ Сино, Ибни Рушд ва ғайра…) шумо беш аз ҳар чизе бо истидлол ва бурҳон мувоҷеҳ мешавед, то иддаъо. Яъне, вақте матлаберо ба унвони муддаъо меоваранд (дар ду се ҷумлаи кӯтоҳ), пас аз тарҳи он, дар 10 ё 15 ё бештар аз сафаҳот, фақат бурҳон ва далел барои исботи он зикр мекунанд ва дар зайли як муддаъо шумо даҳҳо “ин қулта қулно…” (агар чунин гӯӣ, чунон гӯем…) мебинед. Дар ҳоле ки китобҳои фалсафии ғарбиҳо фақат тарҳи муддаъост, бидуни зикри далел ва бурҳон барои исботи онҳо.

* * *

Хуб, яке аз масоиле, ки фалосифаи ғарбӣ мисли Ниче ва Моркс, дар он диққати лозимро ба харҷ надода изҳори назар кардаанд, масъалаи “иллати гаройиш ба дин” назди башар аст. Ҳол, хулосаи он чиро ин ду дар ин замина иброз доштаанд, пешкаш мекунам:

1. Назарияи ахлоқии Ниче бар асоси радди назарияи ахлоқи динӣ шакл гирифтааст. Ӯ аз иртиботи ахлоқ бо дин ва баҳраварии дин аз ахлоқ безорӣ меҷӯяд. Ӯ, ки ҷаҳонро бар асоси “хости қудрат” тафсир мекунад, ҷазби афрод ба динро (ё ба як фарди зоҳидро) ба далели “хости қудрат” медонад. Ӯ мегӯяд:

Маншаъ ва мабдаъи мазҳаб, дар эҳсосҳои ғоӣ ва ифротии қудрат нуҳуфтааст, ки чун ғариб ҳастанд, одамиёнро ғофилгир мекунанд”.

Ниче ҳамчунин динро яке аз мавориди “дигаргунии шахсият” медонад. Ӯ мегӯяд:

Инсони мазҳабии соддадил худро ба чандин шахсият таҷзия мекунад. Мазҳаб яке аз мавориди дигаргунии шахсият аст, навъе эҳсоси ваҳшат ва тарс аз худ… Низ як эҳсоси хушӣ ва эҳтизози хориқулъода. Чун дар миёни беморон бошӣ, эҳсоси тандурустӣ кифоят мекунад, то бовар ба Худованд роҳи қурб ба Худовандро илқо кунад”.

(Ҷолиб он ки барои ҳеч як аз ин муддаъоҳо далел зикр накардааст, фақат тарҳи муддаъо. Яъне, бихон ва бипазир, дигар коре ба ин надошта бош, ки далелаш кадом аст?!) Аз ин рӯ, Ниче ба ин хулоса меояд, ки дин асолате надорад, балки аз ихтироъоти худи инсонҳост, хусусан зердастон ва нотавонҳо. Ӯ мегӯяд:

Дар оғози амр, дунё бар вифқи хоҳиши мардумони нерӯманд мегузашт ва нотавонҳо зердаст ва бандаи эшон буданд ва лекин нерӯмандон андаканд ва нотавонҳо бисёр, пас ин бисёриро василаи пешрафти худ сохтанд ва ба ҳилаву тадбир усули раъфат ва шафқат ва фурӯтанӣ ва ғайрхоҳӣ ва меҳрубонӣ ва адолат ва кароматро дар азҳон ба сурати некӣ ва дурустӣ ва зебоӣ ҷилва доданд ва қабулониданд, то тавоноии нерӯмандонро таъдил кунанд ва аз бандагии онҳо раҳоӣ ёбанд ва ин мақсудро бештар ба василаи динҳо пеш бурданд ва номи Худо ва ҳақро ҳисори онҳо қарор доданд.”

Яъне, Ниче чун фалсафааш бар меҳвари “такомули насли башар” ва пайдоиши инсони нерӯманд (абармард) аст ва камолро ҳам фақат дар қудрат медонад, мегӯяд, аслан дин ва ахлоқ ва ин гуна масоилро табақаи заъиф ва нотавон ва зердаст — ки ба ҳукми табиат маҳкум ба фано ҳастанд — ихтироъ кардаанд барои ин ки ҷилави табақаи зӯрмандро бигиранд. Ба сухани дигар, дар қонуни такомули табиат заъиф асосан маҳкум аст ва бояд ҳам аз байн биравад ва қавӣ бояд боқӣ бимонад барои ин ки насли қавитар аз ӯ ба вуҷуд биёяд. Мегӯяд, мафоҳиме чун: дин, инсоф, адолат, нафскушӣ, исор ва азхудгузаштагӣ ва ғайраро заъифон ихтироъ карданд, чун диданд, ки бо зӯр аз ӯҳдаи нерӯмандон барнамеоянд, аз ин рӯ омаданд ин маъонӣ ва мафоҳимро вазъ ва ихтироъ карданд ва ба ин васила ҷилави пешрафти нерӯмандонро гирифтанд.

Ин буд хулосаи назари Ниче дар бораи иллати “гаройиш ба дин” дар назди башар.

2. Морксистҳо аммо мегӯянд, дин (ва куллан мафоҳими ахлоқӣ)-ро қишри зӯрманд ва ба истилоҳ, табақаи истисморгар барои таскини қишри маҳрум барои пешгирӣ аз инқилоб ва шӯриши табақаи маҳрум ба вуҷуд овардааст. Яъне, дин аз ноҳияи табақоти истисморгар вазъ ва ихтироъ шудааст. Ин ки Моркс мегӯяд, “Дин афюни тӯда (халқ) аст” ва гӯшамон дар даврони Шӯравӣ бо ин ҳарфҳо пур шуда буд, реша дар ҳамин дидгоҳи Моркс ва морксистҳо дорад.

Чунон ки ҳувайдост, ин дидгоҳ дуруст акси муддаъои Ниче аст. Яъне, дар ҳоле ки Ниче дин ва мафоҳими ахлоқиро сохта ва пардохтаи табақаи зердаст медонад, Моркс аммо ин мафоҳимро аз ихтироъҳои табақаи забардаст мешуморад.

* * *

Ҳол, ба баррасии ин ду дидгоҳи бо ҳам мутаноқиз мепардозем. Ва бояд бибинем, иштибоҳи онҳо дар куҷост:

1. Нуктаи аввал он ки: ҳам барои Ниче ва ҳам барои Моркс, ду навъ гаройиш — ки дар вуҷуди инсон ҳаст — бо ҳам халт ва омехта шуда: яке, гаройишҳои асил, ва дигар, гаройишҳое, ки дар натиҷаи илқо дар инсонҳо шакл мегиранд. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳар инсоне – қатъи назар аз он ки диндор бошад ё бедин – байни ин ду гаройиш тамоюз ва ҷудоӣ мебинад. Ҳол, барои ин ду навъ гаройиш чанд мисол бизанам.

Гаройишҳои асил мисли арзишҳои ахлоқӣ аз қабили “исор” (азхудгузаштагӣ), “шафқат” ва “тараҳҳум”, “эҳсон” ва “некӯкорӣ”, “адолат” ва ғайра… Ва аммо гаройишҳое, ки дар натиҷаи навъе талқин ва илқо дар инсонҳо шакл мегиранд, монанди он ҷост, ки масалан шумо дар ҷомеае бузург шудаед, ки ба афроди он ҷомеа аз хурдсолӣ талқин мешавад, ки: “Бояд бузургтарҳоро эҳтиром кард!” ва ё “Нонро бояд гиромӣ дошт!” ё “Амри подшоҳ воҷиб аст!” ва ё “Ҳар чи дар пешониат навишта шуда бошад, ҳамонро мебинӣ!” ё “Ҳар касе дар гардан салиб овезад, аз газандҳо дар амон хоҳад монд!” (Дар ҷомеаҳои масеҳӣ ин навъ гаройиш мушоҳида мешавад) ва ғайра аз ин қабил боварҳо…

Хуб, аз ин ду навъ гаройиш, он чӣ қобили ихтироъ мебошад, гаройишҳои навъи дуввум аст, на гаройишҳои навъи аввал, ки асиланд.

Яъне, метавон дар миёни афроди як ҷомеа, шумо ин боварро илқо ва талқин кунед, ки масалан: “Бояд бузургтарҳоро эҳтиром кард!” ва ба тадриҷ ва дар тӯли садҳо сол ин бовар ба як гаройиши фарогир ва умумӣ табдил шуда ва решадор гардад. Вижагии ин навъ гаройиш, яке дар ин аст, ки ҷилваҳо ва намудҳои он ғолибан аз як ҷомеа то ҷомеаи дигар фарқ мекунад. Масалан, агар дар як ҷомеа “эҳтиром ба нон” як гаройиши умумӣ бошад, чи басо дар як ҷомеаи дигар ин гаройиш ё аслан вуҷуд надорад ва ё ин ки ба шакле дигар намуд пайдо кардааст. Ва вижагии дигари он ин аст, ки ин гуна гаройишҳо қобили заволанд ва наметавонанд пойдор бошанд. Масалан, агар дар як ҷомеа ин бовар, ки: “Амри подшоҳ воҷиб аст!” ба унвони як гаройиши фарогир русух пайдо карда бошад, агар рӯшанфикрон ва ислоҳгароёни иҷтимоӣ ба ислоҳи боварҳои ғалат ва бепоя ва хурофаолуд дар ҷомеа камар бибанданд ва корҳои ба истилоҳ “фаҳмондадиҳӣ” анҷом диҳанд, ба тадриҷ ин бовар ва гаройиши ғалат аз ҷомеа рахт хоҳад барбаст.

Албатта, инро ҳам ёдоварӣ карда бошам, ки ин навъ гаройишҳо лузуман ҳама ғалат ва хурофа ва нодуруст нестанд, хусусан он чӣ реша дар омӯзаҳои саҳеҳи динӣ доранд, агарчӣ асил нестанд.

Аммо гаройишҳои навъи аввал, яъне гаройишҳои асил, инҳо аслан ба сурати талқин ва илқо ба вуҷуд наомадаанд ва ихтироъшуда ҳам нестанд, чӣ хеле ки Ниче ё Моркс мепиндоранд; ба далели он ки аввалан, махсуси як ҷомеа ғайр аз ҷомеаҳои дигар нестанд, ва сониян, қобили завол ҳам намебошанд. Масалан, гаройиш ба “адолат” ва ё “шафқат”, чунин нест, ки вижаи як ҷомеаи хосс бошад, балки дар ҳамаи ҷавомеъ ва дар ҳар асру замон миёни афроди ҷомеа вуҷуд дошта, ва сониян, ҳаргиз қобили завол ва аз байн рафтан ҳам нест. Ин чӣ ҳарфе аст, ки Ниче мезанад: “Заъифҳо ба ҳилаву тадбир усули раъфат ва шафқат ва фурӯтанӣ ва ғайрхоҳӣ ва меҳрубонӣ ва адолат ва кароматро дар азҳон ба сурати некӣ ва дурустӣ ва зебоӣ ҷилва доданд”!

Розу рамзи ин ҳам, ки ин гаройишҳо на қобили заволанд ва на хосси ҷомеае ғайри ҷомеаи дигар дар он аст, ки реша дар фитрати инсон доранд. Яъне, ҳар инсоне аз рӯзе, ки чашм ба ин олам боз мекунад, дар вуҷуд ва ниҳоди ӯ як силсила умур ба сурати ғаризӣ ва фитрӣ ниҳода шудаанд. Адолатхоҳӣ, садоқат, росткорӣ, навъдӯстӣ, шафқат ва ғайра аз арзишҳои инсонӣ, ҳама чунинанд. Як нафар инсон агар дар як муҳите дурафтода танҳо бузург шуда ва касе ҳам чизе ба ӯ талқин ва илқо накарда бошад, боз ҳам адолатдӯст ва мутамойил ба росткорӣ ба бор хоҳад омад.

Гаройиш ба дин ҳам – ки реша дар ғаризаи Худохоҳии инсон дорад — як гаройиши асил ва аз ин қабил аст; зеро на қобили завол аст ва на махсуси ҷомеае ғайри ҷомеаи дигар. Бале, шояд мазоҳир ва ҷилваҳои ин гаройиш дар ҷомеаҳо фарқ кунанд ва дар бисёре аз маворид ба сурати хурофа табалвур намоянд, вале асли ин гаройиш дар вуҷуди инсон, қобили инкор нест ва ба сурати як ғариза дар инсонҳо ниҳода шуда, чунон ки Мавлоно онро ташбеҳ ба ғаризаи ҷустуҷӯи кӯдак аз модар кардааст:

Ҳамчу майли кӯдакон бо модарон,

Сирри майли худ надонад дар лабон.

Ҳамчу майли муфрити ҳар навмурид

Сӯйи он пири ҷавонбахти маҷид.

Ҷузви ақли ин аз он ақли кул аст,

Ҷунбиши ин соя з-он шохи гул аст.

Сояаш фонӣ шавад охир дар ӯ,

Пас бидонад сирри майлу ҷустуҷӯ.

Хулоса, халте, ки барои Ниче ва Моркс ҳосил шуда ин аст, ки онҳо миёни ин ду навъ гаройиш фарқ нагузоштаанд, ва асосан мутолеаи китобҳои онҳо нишон медиҳад, ки ин ду файласуф аслан мӯътақид ба чизе ба номи “гаройишҳои асил” дар вуҷуди инсонҳо (мисли гаройиш ба фазоили ахлоқӣ ва гаройиш ба дин) нестанд, балки гумон мекунанд, ки тамоми гаройишҳои инсонӣ аз як қимош аст, яъне аз навъи гаройишҳое аст, ки бо талқин ва илқо дар инсонҳо шакл мегиранд. Аз ин рӯст, ки яке мегӯяд, динро табақаи зердаст ихтироъ карда ва дигаре мӯътақид аст, ки динро табақаи забардаст вазъ намуда.

Иштибоҳи ин ду файласуф дақиқан ҳамин ҷост. Банда намехоҳам аз шаън ва ҷойгоҳи ин ду файласуф бикоҳам, аммо бояд бипазирем, ки инсон буданд ва инсон хато мекунад. Аммо таъаҷҷуби ман бештар аз пайравон ва муқаллидони амсоли Ниче аст, ки чашмбаста ва кӯр-кӯрона дидгоҳҳои ӯро дуруст меангоранд; касоне, ки вақте бо як омӯза ва матни динӣ (исломӣ) рӯ ба рӯ мешаванд, бо як заррабин (лупа) ба ҷустуҷӯи пайдо кардани айб дар онҳо мегарданд, вале ҳамин ки китоби Ниче дар баробарашон қарор гирифт, дигар заррабинро канор мегузоранд, ки ҳеч, балки чашмбаста ҳар он чӣ дар ин китоб омада дуруст талаққӣ мекунанд.

Ишколи кор дар ин гуна маворид, чунон ки Ҳойдегер мегӯяд, пешфарзҳои инсон аст, ки бо ҳар матне бо як пешфарз рӯ ба рӯ мешавад. Пешфарзи ин оқоён нисбат ба дидгоҳҳои динӣ он аст, ки ҳама хатост ва маҳол аст, ки дуруст бошад, ва аммо нисбат ба дидгоҳ ва андешаҳои Ниче он аст, ки ҳама дуруст аст ва маҳол аст, ки нодуруст буда бошад!

* * *

2. Иштибоҳе дигаре, ки ин ду файласуф дар дидгоҳашон дар бораи иллати “гаройиш ба дин назди башар” ба он роҳ додаанд ин аст, ки ҳар ду, байни он чӣ як “омӯзаи динӣ” гуфтааст (бештар тафсир ва бардоштҳои динмадорон аз “омӯзаҳои динӣ” мадди назар аст) ва байни “асли дин” халт карда ва дар натиҷа, як “омӯзаи динӣ”-ро худи “дин” донистаанд. (Ин нукта як каме таваҷҷӯҳ ва диққати бештаре мехоҳад, аз ин рӯ аз хонандаи азиз хоҳиш мешавад, бештар диққат кунад!)

Тавзеҳ он ки: агар шумо аз Моркс (ё як морксист) бипурсед, ки чаро ту мегӯӣ, дин сохта ва пардохтаи табақаи истисморгар аст? Дар посух хоҳад гуфт: барои он ки дин мегӯяд: “Амри подшоҳ воҷиб аст!” (инро ба унвони мисол арз мекунам), ва агар мардум ба ин мақула эътиқоди қалбӣ пайдо кунанд ва нофармонӣ аз подшоҳро нофармонӣ аз Худо бидонанд, дар он сурат дигар ҳаргиз алайҳи подшоҳ намешӯранд. Ин ҷост, ки мегӯям, динро табақаи истисморгар ихтироъ кардааст.

Ва ё агар аз Ниче (ё яке аз мӯътақидон ба назарияи вай дар ин боб) бипурсед, ки чаро ту мӯътақидӣ, ки дин ихтироъи табақаи маҳрум ва зердаст будааст? Дар ҷавоб хоҳад гуфт: барои он ки дин мегӯяд: “Бояд тавоноён ба нотавонҳо кӯмак кунанд” ва ё “Набояд ба мазлумон (ба зердастон ба қавли худи Ниче) зулм ва ситам кард, ки агар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст!” Ва вақте ин бовар дар ҷомеа русух пайдо кунад, дигар қатъан ба нафъи зердастон ва заъифони ҷомеа аст. Аз ин ҷост, ки мегӯям, дин сохтаи заъифон аст.

Ҳол, суол: гирем, ин мақула (яъне мақулаи “Амри подшоҳ воҷиб аст!”) ва шабеҳи он, як омӯзаи динист, хуб, оё кулли дин ҳамин аст, ҷаноби Моркс? Оё тамоми омӯзаҳои динӣ аз ин қимошанд, то гумон равад, ки сохтаи табақаи истисмогар будааст? Масалан, он ҷо, ки дин мегӯяд: “Сухани ҳақ дар баробари ҳокими ситамгар ҷиҳод аст!” оё ин омӯзаро низ табақаи истисморгар ба унвони як амри динӣ вазъ кардаанд? Оё ин омӯза ба нафъи онҳост?

Ва барои Ниче ва пайравонаш низ метавон шабеҳи ин суолҳоро матраҳ кард ва посух хост. Масалан, метавон ин суолро пурсид, ки: агар дин сохтаи зердастон бошад, пас ин ки дин мегӯяд, “Амри подшоҳ воҷиб аст!” оё ин омӯзаро низ заъифон ихтироъ кардаанд? Ин омӯза, ки ба нафъи забардастон аст, на зердастон.

Пас, чунон ки пайдост, ин ду файласуф, як “омӯзаи динӣ”-и хоссеро — ки чӣ басо аслан аз дин набошад ва ё ҳосили бардошти нодурусти диндорон бошад – бо асли “дин” халт кардаанд. Як омӯзаи динӣ ҳатто агар дурусташ ҳам бидонем, чӣ рабте ба асли дин дорад?

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Яке ду нукта аз қаламам афтод, ҳоло дар зайл онҳоро меоварам.

    1. Яке дигар аз иштибоҳоти ин ду файласуф дар ин масъала он аст, ки: инҳо пеш аз он ки ба фикри ёфтани реша ва иллат барои падидаи дин биафтанд, аввал бояд ин масъаларо барои худ ҳаллу фасл мекарданд, ки: оё инсонҳо дар ҳамаи падидаҳо, ба дунболи решаёбӣ ва иллатёбӣ меафтанд, ё фақат дар баъзе аз онҳо? Масалан, агар як нафар инсон дар қазияе ба шумо рост бигӯяд, шумо ҳаргиз намепурсед, ки чаро рост гуфтӣ. Зеро ки асл дар инсонҳо ин рост гуфтан аст. Вале агар дурӯғ бигӯяд, шумо ба дунболи ҷустуҷӯ аз иллати дурӯғгӯии вай меафтед? Ва сабабаш он аст, ки дурӯғгӯӣ дар инсонҳо як инҳироф аст, ки бояд иллаташ маълум шавад, ба хилофи ростгӯӣ ва садоқат, ки асиланд ва ҳар як аз мо инсонҳо аз якдигар таваққӯъ дорем ва боварамон ин аст, ки ба ҳамдигар рост мегӯем.
    Адолат, росткорӣ, садоқат ва мисли инҳо, ин арзишҳо дар инсонҳо асиланд ва фитратан чунин офарида шудаем, ки: асл он аст, ки инсон ростгӯ бошад, асл он аст, ки инсон содиқ бошад, асл он аст, ки инсон одил бошад… ва аз ин рӯ, дар ин маворид, шумо ба дунболи иллатёбӣ ва решаёбӣ намешавед, ки чаро масалан фалонӣ ба ман рост гуфт? Зеро инсон фитратан бо гаройиши ростгӯӣ мутаваллид шуда.
    Аммо зулм, дурӯғ, хиёнат ва ин қабил зидди арзишҳо, як инҳироф дар инсонҳо маҳсуб мешаванд, ки агар дар касе падид ояд, бояд иллаташро ёфт.
    Воқеан, оё донишмандеро дар ҷаҳон суроғ дорем, ки ба пажӯҳиш ва таҳқиқ дар ин хусус пардохта бошад, ки чаро инсонҳо ғолибан рост мегӯянд, чаро ғолибан раҳмдил ҳастанд, чаро ғолибан бо шафқат ҳастанд ва ғайра?… Агар касе ҳам таҳқиқ бикунад, иллате ҷуз ин нахоҳад ёфт, ки инсонҳо бо фитрати росткорӣ ва ростгӯӣ масалан мутаваллид мешаванд, ва он гоҳ агар инҳирофе дар вуҷуди онҳо падид омад, дурӯғгӯ ё фиребкор ва ё хиёнаткор мешаванд.
    Ба таъбири дигар, башар танҳо дар мавриди инҳирофоти ахлоқӣ ё иҷтимоӣ ба дунболи ёфтани реша ва иллат меафтад, на дар мавриди масоиле, ки дар инсонҳо асиланд.
    Масалан, агар дар як ҷомеа падидаи ҳамҷинсгароӣ шуюъ пайдо кунад, шумо ба дунболи иллатёбӣ ва решаёбии он мешавед, зеро як инҳироф аст, на онҷо, ки мардҳо бо занҳо иртиботи ҷинсӣ дошта бошанд.
    Ҳол, пас аз таҳқиқ дар ин масъала он гоҳ навбати он аст, ки: бояд пурсид оё падидаи гаройиш ба дин, як инҳироф дар инсон аст, ки мо ба дунболи ёфтани иллати он шавем?

    2. Як масъалаи дигар ва муҳим, ки аз қалам афтод ва фаромӯшам шуд, ки дар мақола баён бикунам ин аст, ки: шояд як нафар ин суолро матраҳ кунад, ки агар он чӣ мегӯед рост бошад ва “гароийиш ба Худо ва дин” як амри фитрӣ бошад, пас чаро инсонҳое ҳастанд, ки ба Худо ва дин имон надоранд ва андак ҳам нестанд? Агар гаройиш ба дин ва Худо, як амри фитрӣ буд, дар ҳама яксон буд ва набояд мо бедине медоштем?
    Посухи ин шубҳа он аст, ки: ин гаройиши фитрӣ, дар ҳеч кас хомӯш намешавад ва дар ҳама ҳаст, амри фитрӣ хомӯшшуданӣ нест, вагарна фитрӣ нест; мунтаҳо инсонҳо дар мутаъаллақи он, яъне дар он чӣ бояд ба он бигараванд, аҳёнан иштибоҳ мекунанд. Ба сухани дигар, он чӣ фитрист, асли гаройиш аст, на мутаъаллақи он. Масалан, агар касе бутпараст аст, ӯ ба муқтазои фитрат гаройиш ба Худо дорад, вале бутро ба ҷойи Худо гузошта.
    Хуб, ин гаройиши фитрӣ як саре нишонаҳо ва вижагиҳое дорад, ки шумо аз тариқи ин вижагиҳо ва нишонаҳо онро мешиносед. Масалан, “гароийш ба таъолӣ” ва “камолхоҳӣ” ва “мутлақхоҳӣ” ва “идеолпарастӣ” ва ғайра… инҳо дар воқеъ нишонаҳо ва алоими “асли гаройиш ба Худо ва дин” ҳастанд. Касоне, ки фикр мекунанд, дар онҳо гаройиш ба Худо ва дин нест, инҳо нохудогоҳ як чизи дигарро ба ҷойи Худо гузоштаанд ва ба он гаройиш доранд ва аҳёнан онро мепарастанд. Ҳамин ҷаноби Ниче, ки гаройиш ба динро кори дасти зердастон ва заъифон ва аҳёнан кори одамони бекорхӯҷа медонад, худаш мегӯяд:
    “Озодӣ мазҳаби ҷадид аст, мазҳаби замони мо!”
    Ва ё Агуст Кант, ки гаройиш ба динро моли марҳилаи бутпарастӣ ва ё чандгароӣ медонад, як ҷомеаи ба пиндори худаш “исботӣ” (позетивӣ) ва “хуб”-ро барои оянда тарҳрезӣ карда буд, ки таҳти ҳидояти қудрати руҳонии коҳинони як дини исботӣ (позетивӣ)-и навин ва бонкдорони бузург ва соҳибони санойеъ идора гардад. Ин коҳинон, ки ҳамон ҷомеъшиносони илмиянд, ҳамонанди масеҳиҳои котулик бояд роҳнамоёни ахлоқӣ бошанд ва қудрат ва дониши бартарашонро ба кор андозанд, то вазоифи иҷтимоии афродро ба онҳо ёдоварӣ кунанд.
    Ва ё ҳамин идеяи “инсонмеҳварӣ” ба ҷойи “Худомеҳварӣ”, ки неоумонистҳо мӯътақид ба онанд, худаш як навъ дин аст, мунтаҳо ба ҷойи Худо мӯътақиданд, ки инсон мавриди парастиш қарор бигирад, албатта на ба он сурат, ки дар адён Худо парастиш мешавад, балки ба як шакли дигар, ки албатта худашон ибо доранд рӯйи ин ойин номи “дин” гузошта шавад.
    Хулоса, гаройиш ба дин ва Худо як амри фитрист, хомӯш намешавад, фақат шаклҳои он аҳёнан тағйир меёбад.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: