Худо аз нигоҳи Огуст Кант

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Огуст Кант (Auguste Comte, 1798-1857), файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ ва поягузори мактаби позетивизм гуфтааст: “Илм падари табиат ва коинотро аз шуғли худ ҷудо кард ва ӯро ба маҳалли инзиво ронд, ва албатта, аз хадамоти муваққати ӯ изҳори қадрдонӣ кард…”

Манзураш ин аст, ки қаблан ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳон падид меомад, ба Худо истинод медоданд. Масалан, як нафар ба навъе беморӣ мубтало мешуд ва ин пурсиш пеш меомад, ки ин беморӣ аз куҷо пайдо шуда? Иллаташ чист? Посух ин буд, ки Худо ин бемориро оварда. Баъд, илм омад ва иллати онро кашф кард. Одамҳо диданд, ки иллати он беморӣ Худо набудааст, балки як навъ микроб мӯҷиби ин беморӣ шудааст. Дар ин ҷо Худо як қадам ақибнишинӣ кард. Баъд, Худобовар маҷбур буд, ки бигӯяд, баҳсро ба микроб мунтақил мекунем. Микробро кӣ овард? Илм ба тадриҷ иллати микробро ҳам кашф кард, ки дар чӣ шароите микроб ба вуҷуд меояд. Боз дар ин ҷо Худо қадаме ақибтар рафт. Боз аз иллати он иллат баҳс мешуд. Ва ҳамчунин ақибнишинии Худо идома ёфт то он ҷо, ки саранҷом илм тавсиъа пайдо кард ва иллати бисёре аз падидаҳо кашф шуд ва он падидаҳое ҳам, ки иллати онҳо ношинохта монд, яқин ҳосил шуд, ки ҳатман як иллате дорад. Ин ҷо буд, ки башар барои ҳамеша бо Худо падруд гуфт, зеро дигар барои Худо вазифа ва мақоме боқӣ намонда буд.

Огуст Кант аз Худо ба “падари табиат” таъбир кардааст. Ин таъбир дар бораи Худо нишондиҳандаи тарзи тафаккури ӯст, ки албатта калисо аз Худо якчунин тасаввуре ироа мекарда. Кант бо таълимоти калисо мухолиф аст, аммо тафаккураш дар бораи Худо, тафаккури калисоӣ буда ва натавонистааст худро аз ин тарзи тафаккур озод кунад.

Маҷмӯи гуфтаҳои Огуст Кант нишон медиҳад, ки Худо дар назари ӯ яъне чизе монанди ҷузъе аз ҷаҳон ва омиле дар арзи соири авомили ҷаҳон, вале омиле маҷҳул ва мармуз. Аз тарафи дигар, падидаҳои ҷаҳон низ бар ду қисм аст: маълум ва маҷҳул. Ҳар падидаи маҷҳулеро бояд ба он омили мармуз ва маҷҳул нисбат дод. Ва он гоҳ, ҳар миқдор, ки падидаҳо дар асари илм макшуф ва маълум мегарданд, аз ҳавзаи таъсири он омили маҷҳул коста мегардад.

Ин тарзи тафаккур, фақат тафаккури ӯ набуд, балки тафаккури муҳит ва асру замони ӯ будааст.

Барои як мусалмони ошно бо Қуръон ва омӯзаҳои исломӣ, шояд ин тарзи тафаккур хандаовар намоён шавад, вале калисо дар асру замони Кант аз Худо якчунин тасаввуреро ироа мекарда, ки агар Кант онро хурофа медонад, бояд ба ӯ ин ҳақро бидиҳем.

* * *

Ба ҳар сурат, чӣ қадр ин тарзи тафаккур ғалат аст! Дар ин ҷо бояд таъбири Қуръони Каримро зикр кунем, ки мефармояд:

وَمَا قَدَرُواْ اللّهَ حَقَّ قَدْرِهِ

Худоро он чунон ки шоиста аст нашинохтанд”. (Сураи Анъом, ояти 91)

Пеши як мусалмони ҳатто бесавод, ин ҳақиқат мусаллам аст, ки Худо Худои ҳамаи олам аст ва бо ҳамаи ашё нисбати баробар дорад. Ҳамаи ашё бидуни истисно мазҳари қудрат ва илм ва ҳикмат ва ирода ва машиати ӯянд. Фарқе миёни падидаҳои маълум ва маҷҳул дар ин ҷиҳат нест. Ҷаҳон бо ҳамаи низомот ва иллатҳо ва асбобаш якҷо қоим ба зоти ӯст.

Пас, ниҳояти ҷаҳолат аст, ки “калисоӣ” фикр кунем ва монанди Огуст Кант интизор дошта бошем, ки дар як гӯшаи олам зимни ҷустуҷӯ аз иллати як шаъйи хосс, якмартаба вуҷуди Худоро дар он гӯша кашф кунем ва он гоҳ ҷашн бигирем ва шодмонӣ кунем, ки Худоро дар фалон ҷо пайдо кардем! Ва агар муваффақ нашудем ва пайдо накардем, бадбин шавем ва яксара вуҷуди Худовандро инкор намоем.

Ва ин дар ҳолест, ки он Худое, ки монанди яке аз аҷзоъи олам бошад ва зимни ҷустуҷӯҳое, ки аз падидаҳо мешавад, ӯ ҳам монанди як падида кашф бишавад, ӯ қатъан Худо нест.

Агар ба забони соддатар бихоҳем бигӯем, бояд бигӯем, ки ин гуна ҷустуҷӯ аз Худо дар олам, шабеҳи ин аст, ки як соатро шумо ба касе нишон диҳед ва бигӯед, ин соат созандае дорад. Ва ӯ бихоҳад соатсозро дар лобалои чархҳои соат ва аҷзоъи он биёбад ва пас аз он ки муддате дар лобалои чархҳо ҷустуҷӯ кунад ва ғайр аз аҷзоъи соат чизе наёбад, бигӯяд, ман соатсозро наёфтам, пас ин далели он аст, ки соатсозе вуҷуд надорад!

Ин тарзи тафаккур, аз назари таълимоти исломӣ сад дар сад ғалат аст. Худо аз назари маорифи исломӣ, дар радифи иллатҳои табиӣ нест, ки мо бигӯем ин мавҷуди хориҷиро Худо дуруст карда ё фалон иллати табиӣ? Ин ғалат ва бемаъност. Балки Худошиносӣ ба ин маъност, ки тамоми маҷмӯаи табиат, аз аввал то ба охир, як кор аст ва ҳама маҷмӯан кори Худост; на ин ки ҷузъе аз ин корро бигӯем оё Худо карда ё табиат, он гоҳ агар иллати онро хуб нашинохтем, бигӯем Худо карда. Ва агар иллати табиии онро шинохтем, бигӯем, марбут ба табиат аст ва дигар рабте ба Худо надорад.

Ба сухани дигар, агар касе дар ҷустуҷӯи Худо бошад ба унвони мавҷуде дар миёни мавҷудоти дигар ва бихоҳад онро пайдо кунад ва бигӯяд, масалан санг ҳаст, хок ҳаст, ҳаво ҳаст, об ҳаст, гиёҳ ҳаст, замину моҳу хуршед ҳаст, ситорагону каҳкашон ҳаст, ва дар миёни ин мавҷудот, мавҷуди дигаре ҳам ҳаст ба номи Худо, фақат бо ин фарқ, ки ӯ ба чашм дида намешавад, вале инҳо ба чашм дида мешаванд!

Агар касе масъаларо ин гуна тарҳ намояд, аз аввал иштибоҳ кардааст. Яъне аслан Худоро Худо тасаввур накардааст. Агар Худое дар олам вуҷуд дошта бошад, ӯ наметавонад чунин вуҷуди маҳдуде дар канори мавҷудоти дигар бошад. Ӯ бояд мавҷуде бошад, ки ба таъбири Қуръони Карим:

وهو معکم اینما کنتم

Яъне, “Ҳар кадом аз шумо ҳар куҷо бошед, Ӯ бо шумост.”

هو الاول والآخر

Яъне, “Аввали мавҷудот ӯст, охири мавҷудот ҳам ӯст.”

Аслан, Худое, ки дар як канори олам қарор гирифта бошад ва миёни ӯ ва олам марзе вуҷуд дошта бошад, ӯ аслан Худо нест. Худо он аст, ки дар замин ва осмон ва дар тамоми зарроти мавҷудот ба сурати баробар ҳузур дорад ва ба таъбири Қуръони Карим:

هو الله فی السموات وفی الارض

Яъне “Ӯст Худо дар осмонҳо ва дар замин.”

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: