Фрейд ва дин

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зайли ёддоште, ки дар он гуфта будам, решаи инкори Худо ва дин аз тарафи бештари донишмандон ва фалосифаи ғарбӣ, ин дар тасаввуроти аҷибу ғариби онҳо дар бораи Худо нуҳуфта буда ва низ дар назароти шигифтангези онон дар бораи сабаби гаройиши инсонҳо ба дину мазҳаб, инак, яке дигар аз он дидгоҳҳоро баррасӣ мекунем.

Дар миёни он дидгоҳҳо, бепоятаринашон, дидгоҳи Зигмунд Фрейд (Sigmund Freud, 1856-1939), равонков ва равоншиноси машҳури утришӣ аст.

Фрейд мегӯяд, вақте майлҳои нафсонӣ ва шаҳавонии инсон саркӯб шаванд, ин майлҳо тағйири чеҳра дода, бо сурати дигаре зоҳир мегарданд. Ба назари ӯ, эътиқод ба Худо ва дин, чеҳраи дигари он майлҳои ба қавли худаш “вопасзада” аст. Ӯ бар ин бовар аст, ки аз даврони кӯдакӣ падару модар ва ҷомеа мураттаб ба инсон мегӯянд, ки ғаризаи ҷинсияшро контрол кунад. Ва ин, ба мурури замон ба як уқда табдил мегардад. Баъд, ин уқдаҳо, ба қавли Фрейд, аз замири “худогоҳи” инсон ба замири “нохудогоҳи” ӯ пинҳон мешавад. Яъне, майли ҷинсӣ, аз равони худогоҳ ба равони нохудогоҳ рафта, баъд аз ҷамъ шудан дар онҷо ва роҳ наёфтан ба берун, ба як “шакли дигар” медарояд.

Фрейд мегӯяд, шоирон, ҳунармандон ва паёмбарон аз ин роҳ падид меоянд. Дар ҳақиқат, ҳарфу ҳадиси инон “шаклҳои дигаргуншудаи” саркӯфтагии ғаризаи ҷинсӣ ҳастанд.

Ба сухани дигар, ғаризаи ҷинсии саркӯбшуда, худашро ба сурати шеър, ҳунар ва омӯзаҳои динӣ буруз медиҳад, то дигар мавриди инкори ҷомеа воқеъ нашавад. Ва он гоҳ Фрейд натиҷа мегирад, ки агар рӯзе амру наҳйҳои динӣ ва иҷтимоӣ бардошта шавад, дигар хабаре аз шоир, ҳунарманд ва паёмбарон нахоҳад буд.

Боз ба таъбири худам (ки яке азизони донишманди тоҷик низ тақрибан ба ҳамин мазмун ҷойе гуфтааст), паёмбарон, руҳониҳо ва муллоҳо инҳо афроде ҳастанд, ки дар масоили ҷинсӣ ноком буданд ва натавонистаанд хостаҳои ҷинсии худро ба шакли бояд бароварда созанд, сипас ин майли ҷинсӣ ба замири нохудогоҳи онҳо пинҳон шуд ва мутароким гардид ва он гоҳ дар онҷо тағйири шакл дод ва сипас ба сурати “омӯзаҳои осмонӣ” ва панду насиҳат ва амру наҳйҳои динӣ ва иҷтимоӣ даромад ва буруз гардид. На Худое будааст ва на ҷаҳони моварое.

Фрейд ин дидгоҳро бештар дар китоби “Тутим ва тобу” (Totem and Taboo) матраҳ мекунад.

* * *

Ҳоло чанд нукта дар нақди ин назар:

1. Нуктаи аввал ин ки: аз он ҷо, ки Фрейд як равонков аст, то як файласуф, пайдост, ки вақте хостааст, дар бораи як эътиқод ва бовар дар миёни одамҳо таҳқиқ ва пажӯҳиш кунад, аз пеш ин фарзро мусаллам гирифтааст, ки ҳеч гуна бурҳон ва далели мантиқӣ ва ақлие барои он эътиқодот вуҷуд надорад ва ҳама мавҳум ва бепоя ҳастанд. Яъне, ин фарз пеши вай мусаллам ангошта шуда. Баъд, аз худ пурсидааст, ки ин “таваҳҳумот” чӣ гуна дар зеҳни башар пайдо шудааст?

Ба сухани дигар, ӯ аслро бар пуч ва бепоя будани боварҳои динӣ гузоштааст ва таваҷҷӯҳ ба дурустӣ ё нодурустии далелҳое, ки диндорон унвон мекунанд надорад. Асл пеши вай ин аст, ки ин боварҳо ҳама беасос ҳастанд, ва ҳол бояд решаи онҳоро пайдо кунам.

Ва ин дуруст нест. Ҳоло як мисол бизанам. Фарз кунед, шумо бо мардуме мувоҷеҳ шавед, ки мӯътақид бошанд: “Ҳар вақт саг дохили хона ояд, борон меояд”. Хуб, дар инҷо шумо бояд аввал таҳқиқ кунед, ки оё ин бовар поя ва асосе дорад ё на. Шояд мардум бо таҷриба ба ин натиҷа ва бовар расида бошанд. Ва вақте далели қонеъкунандае аз он мардум нашунидед, он гоҳ метавонед онро пуч ва як инҳироф фарз карда, бигӯед, ҳол ки ҳеч гуна далели мантиқӣ барои ин ақида нест, бояд бибинам, реша ва маншаи ин бовар ва хурофа кадом аст? На ин ки аз ибтидо фарзро бар мавҳум будани он бигиред!

Дар баҳси Огутс Кант ҳам ин мисолро зада будам, ки инсонҳо дар ҳар падидае ба дунболи решаёбӣ намешаванд, балки агар падидаеро инҳироф аз асл бибинанд, ба дунболи решаи он иҳироф мегарданд. Масалан, шумо агар бо мардумоне рӯ ба рӯ шавед, ки ҳама рост мегӯянд, шумо ҳаргиз ин суол ба зеҳнатон хутур намекунад, ки чаро ҳама рост мегӯянд? Зеро ростгӯӣ як асл дар инсон маҳсуб мешавад. Аммо вақте дидед, дурӯғ мегӯянд, он вақт аст, ки ба дунболи ин мешавед, ки чаро инҳо дурӯғ мегӯянд? Зеро ки дурӯғгӯӣ як инҳироф аст, ки қатъан бояд аз назари равонӣ решаёбӣ шавад.

Ҳол, суол ин аст, ки: оё эътиқод ба Худо ҳеч асл ва пояе надорад ва Худобоварон ҳеч далеле надоранд, то ба суроғи реша барои он бигардем? Воқеан аҷиб аст ҳарфи Фрейд! Оё то кунун ҳеч файласуфе барои исботи вуҷуди Худо ва иллати гаройиши башар ба дин, бурҳоне иқома накардааст, то камар ба решаёбии он шавем?

Хулоса, эроди аслии ин назария он аст, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба далелҳои исботи вуҷуди Худо ва эътиқод ба ӯ, ин андешаро яксара мавҳум пиндошта ва онро маълули як мушкили равонӣ донистааст.

* * *

2. Нуктаи дигар он ки: агар мо ин равиш ва шеваро дар ҳар падида ва бовар ва эътиқоде ҷорӣ бидонем, дар он сурат, гиребони худи Фрейдро ҳам мегирад. Ба сухани дигар, агар қарор бошад ақл, мантиқ, истидлол ва бурҳонро раҳо карда, ҳар ақидаеро ба уқдаи равонӣ бозгардонем ва бар пояи он, он ақидаро арзёбӣ кунем, дар он сурат, ин равиш домангири худи Фрейд низ хоҳад шуд. Зеро ба ӯ хоҳем гуфт: агар ҳар боваре бархоста аз як уқдаи равонӣ аст, пас худи ин назарияи ту, қоидатан бояд бархоста аз ҳолоти равонии худат бошад!

* * *

3. Нуктаи севвум ва ахир он ки: бале, инсон бе шак як замири нохудогоҳ дорад. Аммо ин замири нохудогоҳ, бар хилофи иддаъои Фрейд, сирфан анборе, ки аз шуъури зоҳир дар он чизҳое рехта шуда ва пур шуда бошад нест. Ба иборати дигар, шуъури ботин ҳаргиз ба сурати як зарфи холӣ, ки фақат аз шуъури зоҳир чизе бигурезад ва он ҷо рафта ва онро пур кунад, нест. Равони нохудогоҳ ҷузъи сиришти башар аст ва аносури рондашуда дар онҷо мераванд ва ба он мулҳақ ме‏шаванд. Ва дин ҷузъи умуре аст, ки дар равони нохудогоҳи башар ба таври фитрӣ ва табиӣ вуҷуд дорад.



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: