8 март, зан, фишорҳои иҷтимоӣ ва ислом

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҷомеаи мо, муносибати 8 март баҳонае шудааст барои баъзе аз азизон, ки дар канори табрику таҳниати бонувони гиромӣ, дар бораи фишорҳое, ки дар ҷомеа бар зан ворид буда ва ҳаст сухан ба миён оваранд ва сипас он ҳамаро бар гардани ислом бор кунанд ва бигӯянд, нигоҳи ислом ба зан нигоҳе бисёр манфӣ аст ва ӯро масалан “одам” ҳисоб намекунад ва аз ин қабил ҳарфҳо.

Инҳо, ки чунин тӯҳматҳои нораворо ба ойини ислом мезананд, на аз худи ислом дуруст иттилоъ доранд ва на аз нигоҳи ислом ба зан. Ва ҳамчунин дар бораи решаҳо ва иллатҳои воқеии фишорҳои иҷтимоӣ, ки дар ҷомеаи мо нисбат ба бонувон, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз мавҷуд будааст, таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ накардаанд.

Инсон вақте бихоҳад дар бораи нигоҳи як ойин ва мактаб ба падидаи муайяне, чизе бидонад, роҳаш ин нест, ки бибинад, рафтор ва сулуки пайравон ва гаравандагонаш – он ҳам на ҳамаи онон, балки гурӯҳе аз онҳо — чӣ гуна аст. Роҳаш ин нест. Ин навъ арзёбӣ ва истинтоҷ иштибоҳ аст.

Масалан, нигоҳи ислом ба зан, лузуман он нест, ки сулук ва рафтори як гурӯҳи ифротӣ мисли Толибон ё Букуҳаром ва ё ДОЪИШ дар баробари занон ба намоиш мегузорад. Балки инсони беғараз ва боинсоф мебинад, омӯзаҳои исломӣ (Қуръон ва суннат) дар ин мавзӯъ чӣ мегӯянд, торихи мусалмонони ростин дар ин замина чӣ гуна будааст ва дар имрӯз низ рафтори мусалмонони ростинро мадди назар қарор медиҳад, на як гурӯҳи мунҳариф аз исломро.

* * *

Дар бораи ҷойгоҳи зан дар ислом ва ин ки ойини муқаддаси мо ба ӯ чӣ нигоҳе дорад, донишмандони исломӣ бисёр гуфтаанд ва навиштаанд ва бисёр китобҳо дар ин мавзӯъ таълиф шудааст. Дар ин ҷустори кӯтоҳ, намехоҳам ба тафсил дар ин бора баҳс кунам, зеро гуноҷоиши онро надорад, аммо аз боби “Оби дарёро агар натвон кашид, ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид”, бо зикри фақат як ривоят басанда мекунам.

Аммо пеш аз овардани он ривоят, нуктаеро ишоравор мутазаккир бишавам, ки реша ва иллати воқеии вуҷуди фишорҳои иҷтимоӣ ба зан ва ин мусибат дар ҷомеаи мо, на танҳо ҳеч рабте ба ислом надорад, балки мӯътақидам, далелаш дурии ҷомеа аз ислом будааст. Як суннат ва фарҳанги ғалат дар ин ҷомеа ҳоким гардида, ки ҳатто дар даврони Шӯравӣ ҳам дар миёни афроди ба истилоҳ фарҳехтаи он замон ҳам мушоҳида мешуд. Бояд азизони муҳаққиқ ва пажӯҳишгар дар ин замина кор кунанд ва бибинанд, решаҳои воқеии он дар ҷомеаи мо дар чӣ чизе нуҳуфта будааст.

Ҳол, ривояте, ки мехоҳам зикр бикунам.

* * *

Бухорӣ дар Саҳеҳаш (ва низ муҳаддисони дигаре) бобе дорад таҳти ин унвон:

باب لاَ يَطْرُقْ أَهْلَهُ لَيْلاً إِذَا أَطَالَ الْغَيْبَةَ مَخَافَةَ، أَنْ يُخَوِّنَهُمْ أَوْ يَلْتَمِسَ عَثَرَاتِهِمْ

Яъне, “Боб: марде, ки дар сафаре тӯлонӣ будааст, вақте мехоҳад баргардад, бидуни иттилои қаблӣ ва сарзада вориди хона ва занаш нашавад, аз бими ин ки мабодо занашро дар ҳолате пайдо кунад, ки боис гардад зани худро ба хиёнат муттаҳам созад ё айбе дар ӯ бибинад”. Яъне, тибқи омӯзаҳои исломӣ, бояд мард яке ду рӯз пеш занашро мутталеъ созад бо фиристодани пайк ё аз тариқи телефон, ки масалан ман фардо ё пасфардо бармегардам.

Хуб, Имом Бухорӣ дар ин боб яке ду ривоят ба ҳамин мазмун аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл мекунад.

Ҳол, аҷибаш ин ҷост. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар шарҳи худ бар “Саҳеҳи Бухорӣ” (яъне китоби “Фатҳул-борӣ”) зайли ин боб менависад:

وأشار بذلك إلى حديث أخرجه بن خزيمة عن بن عمر قال: «نهى رسول الله صلى الله عليه وسلم أن تطرق النساء ليلا، فطرق رجلان كلاهما وجد مع امرأته ما يكره»، وأخرجه من حديث بن عباس نحوه وقال فيه: فكلاهما وجد مع امرأته رجلا

Ва бад-ин васила ишора кардааст ба ҳадисе, ки Ибни Хузайма аз Ибни Умар ривоят карда, ки гуфт: “Паёмбари Акрам (с) наҳй фармуданд аз ин ки мардҳо шабона (бидуни иттилои қаблӣ) сарзада вориди занон бишаванд. Вале ду мард бо ин дастури ҳазрати Паёмбар (с) мухолифат карданд ва сарзада ва бидуни иттилоъ вориди хона шуданд, ва он гоҳ ҳар дуи онҳо ҳамроҳи зани худ чизеро диданд, ки хушоянди онҳо набуд”. Ва дар ҳадисе дигар аз Ибни Аббос омадааст: “Ҳар дуи онҳо зани худро ҳамроҳи марде ёфтанд”. (Фатҳул-борӣ, 9/340-341, Ашшомила)

Ва қабл аз ин, Ибни Ҳаҷар аз Ибни Хузайма нақл кардааст, ки:

وقد خالف بعضهم فرأى عند أهله رجلا فعوقب بذلك على مخالفته

Ва мухолифат карданд баъзе аз онҳо (яъне ҳамон ду мард) бо дастури Паёмбар (с), он гоҳ вақте сарзада вориди хона шуданд, мардеро ҳамроҳи зани худ ёфтанд. Дар натиҷа, ҳар ду ба хотири мухолифаташон, муҷозот шуданд”. (Фатҳул-борӣ, 9/340, Ашшомила)

Яъне, на ин ки он ду зан ба хотири хиёнат муҷозот шуданд, балки ин ду мард ба далели мухолифат бо дастури ҳазрати Паёмбар (с), ки набояд сарзада ва бидуни иттилои қаблӣ вориди хона мешуданд, муҷозот шуданд.

Ин ривоят ва ин дастури ҳазрати Паёмбари Акрам (с) албатта ба ин маъно нест, ки алаёзу биллоҳ занҳо ба шавҳаронашон хиёнат кунанд ва шавҳаронашон ҳам беғайрат бошанд. Маъно ин нест. Суитафоҳум нашавад як вақт. Балки фалсафаи ин дастур ва ин амри он ҳазрат (с) он аст, ки қарор нест сирру асрори инсонҳо, ҳатто зану шавҳар, комилан барои якдигар фош ва ошкор бошад. Инсон, билохира заъиф аст ва нуқоти заъфи бисёре дорад ва мо саъй кунем нисбат ба якдигар, ба хусус зану шавҳар нисбат ба ҳам, ҳусни занн дошта бошанд, аз зани худ таҷассус накунанд, сарзада ӯро ғофилгир накунанд, то айбе барояш биёбанд ва он гоҳ ҳамин рафтор сабаби пайдо шудани кудуратҳо байни онҳо гардад.

Ва аз сӯйе ҳам, ин дастур нигоҳи ислом ба занонро ба намоиш мегузорад, ки онҳоро чунон ки ҳастанд, бипазирем, ба мардҳо дастур медиҳад, ки на танҳо ҳақ надоред бар эшон фишор оваред, балки агар аз ноҳияи онон аҳёнан фишоре бар шумо ворид шуд, таҳаммул кунед.

Имом Ғаззолӣ зайли ҳамин ривоят мефармояд, таҳаммули фишори занон, равиши ойини муҳаммадӣ бошад. Ӯ дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” мегӯяд:

Овардаанд, ки Пайғомбар — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — бо саҳоба аз ғазо (ҷанг) омада буданд. Фармуд, ки: таблро бизананд, имшаб бар дари шаҳр бихусбем ва фардо даройем.

Гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Ба чӣ маслиҳат?

Гуфт: Шояд, ки занони худро бо мардони бегона ҷамъ бибинед ва мутаъаллим (дарднок) шавед ва фитна бархезад.

Яке аз саҳоба нашунид, даррафт, зани худро бо бегона ёфт.”

Сипас Имом Ғаззолӣ дар идома мегӯяд:

Акнун роҳи Пайғомбар — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! – ин аст, ки мебояд ранҷ кашидан аз дафъи ғайрат ва ҳамийят ва ранҷи инфоқ ва кисвати зан ва сад ҳазор ранҷи беҳадд чашидан, то олами муҳаммадӣ (с) рӯй намояд.

Роҳи Исо – Алайҳис салом! — муҷоҳида ва хилват ва шаҳват норондан. Роҳи Муҳаммад — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — ҷавру ғуссаҳои зан ва мардум кашидан…” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.154)



Рубрики:Бонувон, Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои набавӣ, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: