Фалсафа ва равиши реализм (60)

Пайдоиши касрат дар идрокот (15)

Матни китоб:

Посух:

Бахши нахустин аз ишкол, ки мегуфт, ихтилофоти хориҷӣ ҳеч гуна ихтилофи навъӣ надошта ва танҳо мустанад ба ихтилофи таркиботи моддӣ аст, ки билохира ҳама низ ба асли воҳид бармегарданд, суханест, ки намешавад пазируфт. Зеро агарчӣ мумкин аст мо иштибоҳ карда ва гоҳе ғайри мухталифро мухталиф ангорем, вале бояд дид, ки оё мумкин аст, ки дар хориҷ ҳеч гуна ихтилофе вуҷуд надошта бошад ва ин ихтилофот билохира ба як силсила усули мухталифи биззот мунтаҳӣ нашавад ва ҳама чиз ҳама чиз буда бошад? Албатта на, ҳеч гоҳ мутасаввар нест аввалан аз зарфи идрок ва фикр, ва сониян аз миёни хоссиятҳо, ва солисан аз миёни мавзӯоти хоссиятҳо ихтилоф ба куллӣ бархезад.

Зеро агар чунончи ҳеч гуна ихтилофе мавҷуд набуд, ба ҳеч ваҷҳ дар идрок ва фикри мо низ ҳосил намешуд ва виҷдон ва ғаризаи идрокии мо ҳеч гуна ҳозир нест, ки ихтилофоти идрокиро надида ангошта ва имкони иртифои вайро бипазирад. Яъне бипазирад, ки фикр дар масоили ҳандасӣ, айни фикр дар забоншиносӣ аст. Виҷдони мо ҳаргиз ҳозир нест, ки дар идрокот ва афкори худ ҳар ҷумларо ба ҷойи ҳар ҷумла ва ҳар муфрадро ба ҷойи ҳар муфрад ва ҳар муфрадро ба ҷойи ҳар ҷумла ва билъакс, ва билохира ҳар идрокро ба ҷойи ҳар идрок гузошта ва фоида ва натиҷаи ҳар фикрро аз фикри дигар биҷӯяд.

Виҷдони мо ҳаргиз ҳозир нест ҳар корро ба ҷойи ҳар кор ва ҳар абзори корро ба ҷойи ҳар абзори кор бигузорад ва билохира ҳама чизро айни ҳама чиз бидонад. Зеро чунин андешае худаш ноқизи худаш мебошад, зеро мафҳуми “ҳама” бидуни ихтилоф ва касрат, ба тасаввур намеояд ва бетардид чунин андешаи бепоя басе пасттар аз андешаи як идеалист ва шаккок ба тамоми маънӣ мебошад. Пас, бояд аз андешаи “рафъи мутлақи ихтилоф аз миёни идрокот ва афкор” барои ҳамеша чашм пӯшид. Ва сипас агар ҳеч ихтилофе дар миёни хоссиятҳои ашё набуд, ҳеч гуна ихтилофе дар таъсироте, ки дар мо мекунанд набуд. Гӯши мо, ки овозро мешунавад ва чашми мо, ки нурро мебинад ва дар натиҷа дар мудраки маҳсуси мо ихтилофе пайдо мешавад, ин ихтилоф ё аз ноҳияи нур ва садо бояд омада бошад, ки ду чизи мухталифи биззот ва ё як чизи мухталиф ба ҳасби ҳолот монанди адади иртиъошот ва ғайри он буда бошанд, ва ё аз ноҳияи гӯш ва чашм биззот ва ё ба ҳасби ҳолот, вагарна фарзи ваҳдати айнӣ миёни гӯш ва чашм ва садо ва нур ба ҳеч ваҷҳ ихтилоф нахоҳад зоид.

Ва сипас агар ҳеч гуна ихтилофе миёни мавзӯоти ин хоссиятҳо дар хориҷ набуда бошад, ихтилофи хоссиятҳо ва осор қобили тасаввур нест.

Оре, озмоишҳои илмӣ ва ковишҳои борики фаннӣ то кунун муваффақ шуда, ки қисмате аз ихтилофотеро, ки аз хориҷ ба идроки мо худнамоӣ мекарданд ҳал намуда ва ба як асл ирҷоъ кунад. Яъне масири моддаро дар сайри гуногуни такаввунот ташхис дода ва исбот намояд, ки моддаи якнавохте дар мева ва хун ва манӣ ва инсон ва хок масалан мавҷуд буда маҳфуз мемонад, на ин ки дар ҳар такаввуне чизе аз таҳу реша маъдум шуда ва чизи дигаре аз сар мавҷуд мешавад. Ва ҳамчунин ба субут бирасонад, ки энержиҳои мухталифро метавон ба ҳамдигар табдил кард, яъне хатти сайри энержиро ба даст оварда ва мавқеият ва ҳувияти вайро дар миёни ашколи гуногуни ҳарорат ва меғнотис ва барқ масалан нигаҳ дорад. Ва ҳамчунин табдили моддаро ба энержӣ ва энержиро ба модда ба наҳве ташхис диҳад ва ба ҳасби фарзияи фанни худ, ки инҳисори мавзӯъ ба модда ва энержӣ мебошад, бигӯяд: “Ҳар чӣ ҳаст, ё ин аст ё он.”

Вале ба ҳасби назари мутлақи дақиқ наметавонад моварои модда ва энержии якнавохтро ҳар чӣ пеш ояд нафй карда ва ба асли воҳиди модда ва энержӣ баргардонад. Зеро ҳар талоше, ки намуда ва менамояд, дар синхи модда ва энержӣ менамояд, на дар моварои онҳо ва на дар мавҷуди мутлақ. Ва агар ростӣ моварое наёфта маънояш ин аст, ки модда ва энержӣ наёфта (дуруст тааммул шавад!)

Масалан, мегӯем агар 16-то ҷузъи моддиро бо қоъидаи 4 ва иртифоъи 4 бичинем, “мураббаъ” ҳосил мешавад, ва агар бо қоъидаи 8 ва иртифоъи 4 бичинем, “мусаллас”, пас ихтилофи шакли мураббаъ ва мусаллас муртабит ба ихтилофи чиниши модда буда ва ба ҷуз 16 адад ҷузъи моддӣ чизи дигаре нест.

Ин сухани мо агарчӣ рост ва ғайри қобили инкор мебошад, вале дар ҳақиқат чигунагии сайри моддаро дар ду ҳол нишон медиҳад. Яъне агар танҳо марбут ба модда бихоҳем сухан бигӯем, бояд чунин гуфт, вале ҳаргиз ин сухан наметавонад ба субут бирасонад, ки шакли мусаллас ва мураббаъ як шакл буда ва дар натиҷа осори моҳиятии онҳо яке мебошад ва масалан мураббаъ се зовия ё мусаллас чаҳор зовия дорад.

Ва ё агар мо ҷисми воҳидро дупора намудем ва пас аз он ҳар пораро 5 қитъа кардем ва сипас ба ҳам омехта ва яке сохтем, наметавон гуфт, арқоми 1 ва 2 ва 10 як рақам мебошад, зеро як модда биайниҳ бештар надорад.

Ишкол:

Мо ба зӯри васоили илмӣ метавонем мавҷуди моддиро ба асли модда таҷзия ва таҳлил намуда ва дубора бо таркиб ба ҳоли нахустин баргардонем.

Васоили илмии кунунӣ агар чунончи дар мавриди ҳамаи мавҷудот ҳам ҷуръат накунад, дар ғолиби мавҷудот метавонад ба табиат санади кунтрот (қарордод) дода ва худ мутакаффили эҷод ва идора ва танзими мавҷудот гардад ва пешрафти шигирфи илм нисбат ба оянда метавонад навиди куллӣ ва қатъӣ бидиҳад, пас истиқлоли дониши имрӯза ва тавоноии вай ба эҷоди мавҷудоти ҳақиқӣ ба василаи чидан ва баҳам задани модда, далели қатъӣ мебошад, ки ба ҷуз модда бо таркиботи гуногун чизи дигаре дар миён нест.

Посух:

Чунонки баён кардем, улуми табиӣ фақат хатти сайри моддаро метавонад ташхис бидиҳад ва аммо яке кардани модда ва ҳаводиси мухталифа ба таври куллӣ, ҳанӯз дастгири онҳо нашуда ва чунонки гуфта шуд, ҳеч гоҳ нахоҳад шуд.

Мулаххаси сухан ба баёни дигар ин ки: мо дар хориҷ воҳидҳои ҳақиқӣ дар либоси ихтилоф дорем. Ҳангоме ки онҳоро таҷзия мекунем, аҷзоъ ва аҷзоъ-аҷзоъ пеш омада ва пойи таҷзия ба ҷойе мерасад, ки агар як қадами дигар бештар бигузорем, мавзӯъ аз миён меравад (басоит). Дубора агар ба таври қаҳқаро баргашта ва таркиб намоем, сурати нахустин пайдо мешавад. Дар ин ҷойгоҳ, ки дар ҳақиқат марзи вуҷуд ва адами мавзӯъ мебошад, ду эҳтимол дорем: яке ин ки сурати мавриди таҷзия ва таркиб (воҳиди инсон масалан) ҳамин таркиби махсуси модда буда бошад. Дигар ин ки мавҷуди дигаре буда бошад ғайр аз модда, ки мулозим ва ҳамроҳи модда ва таркиб буда ва як навъ бастагӣ ба модда дорад.

Албатта равшан аст, то эҳтимоли дуввумиро ба тариқи фаннӣ ибтол накунем, эҳтимоли аввалӣ таъайюн пайдо нахоҳад кард. Ва низ равшан аст, ки муҷарради ҳусул индалҳусул (ҳангоми ҳосил шудан) ва завол индаззавол (ҳангоми завол) далели ваҳдат ва айният нахоҳад буд, зеро эҳтимоли мулозимаи вуҷудӣ дар миён аст. Ва улуми табиӣ коре, ки карда сайри моддаро ба ҳасби таҷзия ва таркиб аз ин сар то он сар равшан намуда ва ба сари ду роҳ расонида, яъне дар нафйи ихтилофоти хориҷӣ ҳақиқатан як қадам низ фаротар нагузошта.

Дар бораи ин ихтилофот, охирин назаре, ки фалсафа аз охирин сулуки бурҳонии худ истинтоҷ карда дар мақолаи “қувва ва феъл” хоҳад омад.

Инак, ба бахши дуввуми ишкол (1) мепардозем. Посухи вай аз суханоне, ки дар мақолаи 3 гузашт равшан мебошад. Мо он ҷо ба субут расонидем, ки нажоди “мафҳум” аз муқаррарот ва аҳкоми модда канор аст ва сурати илмӣ аз синхи ҷаҳони ҳаракат намебошад ва қонуни таҳаввул ва такомули тадриҷии умумӣ шомили ҳоли вай нест.

Тавзеҳ ин ки: бо баёноти гузашта ба исбот расонидем, ки мо мавҷудоти хориҷ аз зеҳн ва мустақил аз фикр дорем, ки моҳиятҳои маншаи осор мебошад.

Ва низ ба субут расонидем, ки мо бархе аз онҳоро бо воқеияти худашон (бо ҳазф ва исқоти маншаияти осор) бе восита ва бархе дигарро ба воситаи онҳо идрок менамоем.

Ва низ медонем, ки бахши нахустин бо муштаракот ва мухтассот ба мо маълум мебошад, ба тавре ки метавонем миёни муштаракот ва мухтассоти онҳо бо далел тамйиз бидиҳем ва сипас таълиф карда ва худи мураккабро ба даст оварем ва ҳамчунин метавонем онҳоро ба василаи хоссиятҳои наздикашон бишносем.

Ва низ медонем то ба мавзӯъ яқин пайдо накарда ва маҷҳул бимонад, наметавон ҳукме барои вай ташхис дод.

Аз ин муқаддимоти чаҳоргона натиҷа гирифта мешавад, ки танҳо роҳ барои равшан шудани маълумоти фикрӣ ин аст, ки барои мавзӯи қазия моҳияти ҳақиқӣ ба даст ояд. Ва агар натавонистем ё нахостем, (ҳаддиақал) муаррифе, ки муштамили наздиктарин хоссиятҳои вай буда бошад ахз шавад. (2) Ва чӣ гуна виҷдони фитрии як мутафаккири кунҷков мепазирад, ки дар аҳкоми мавзӯе ба ҷустуҷӯ бипардозад, дар ҳоле ки аз ҳақиқати мавзӯъ хабар надорад ва ҳатто мавзӯъро аз ғайри мавзӯъ тамйиз намедиҳад, ва ба гуфтаи ишколкунанда, номи мавзӯъро, ки мешунавад, намегӯяд моҳияташ чист, балки мепурсад, хоссиятҳояш кадом аст? (Дар ҳоле ки ин пурсиш айнан муарриф хостан аст).

Оре, аз он ҷое, ки донишманди ҳиссӣ бештар ба озмоишҳои ҳиссӣ мепардозад ва ночор тамос бо ҳисс дорад — ва чунон ки гуфта шуд, дар ҷузъиёти маҳсусот ба ҳамон мушоҳидаи ҳиссӣ метавон қаноат намуд — эҳтиёҷи зиёде ба таъриф ва таҳдид пайдо намекунад, чунон ки эҳтиёҷоти рӯзонаи мо дар истифодаҳои табиӣ аз моддиёт аз ҳамон роҳ таъмин мешавад. Вале бояд назари худро ба баҳсҳои ғайри ҳиссӣ — монанди риёзиёт ва ҳуқуқ ва ғайри онҳо — ки менамояд ва кунҷковиҳое, ки дар фалсафа ва мантиқ мекунад, маътуф дошта ва бидонад, ки дар ин маворид пойи озмоиши ҳиссӣ дар кор нест ва то мавзӯотро таҳдид ва таъриф накунад, гирифтори ғалат ва иштибоҳ хоҳад шуд, чунон ки моддигароён низ, ки аз равиши ҳиссӣ пайравӣ мекунанд, дар натиҷаи мусомиҳа дар таҳдид ва таъриф ва тасмия, эътирозот ва эродоте ба мантиқ ва фалсафа ва ғайри онҳо намудаанд, ки барои як нафар мутафаккири ҳушёр хандаовар мебошад, чунон ки бархе аз онҳо гузашта ва бархе низ хоҳад омад ва решаи ҳамаи онҳо мавзӯи мусомиҳа дар таҳдид аст.

* * *

Таълиқот:

(1) Хулосаи ишкол ин буд: “Моҳиятҳо назар ба таҳаввул ва такомули умумии ашё, дар як ҳол боқӣ намемонанд ва ҳеч моҳият ва зоте дар ду лаҳза яксон нест, на дар хориҷ ва на дар зеҳн, пас такяи илмӣ ба моҳиятҳо, беҳуда ва бесамар буда ва монанди ин аст, ки инсон ба як нуқта аз дарёи паҳновар бо чини мавҷ нишоне бигузорад”.

Бахши аввали ишкол мутаваҷҷеҳи ин ҷиҳат буд, ки ашё ва аҷзоъи табиат дорои зотҳо ва моҳиятҳои мухталиф нестанд, пас набоист барои ҳар даста аз мавҷудот як моҳияти ҷудо аз моҳияти дастаҳои дигар фарз намуд, ва асосан ҳамаи мавҷудоти табиат мазоҳири мухталифи як моҳияти воқеии воҳиданд, ки дар либосҳои мухталиф зоҳир мешавад.

Ва аммо ин бахш аз ишкол ин ҷиҳатро баён мекунад, ки фаразан ашё дорои моҳиятҳои ҷудо аз якдигар буда бошанд, он моҳиятҳо собит ва якнавохт нестанд, зеро тағйироти табиат сатҳӣ ва зоҳирӣ нест; дар табиат он чӣ ҳаст дар тағйир аст, завоҳир ва он чӣ дар зери пардаи завоҳир аст, ва ҳатто тасаввуроте, ки мо дар мағзи худ аз ашёи хориҷӣ дорем, ҳар лаҳза дастхуши таҳаввулот ҳастанд. Ин бахш мутаваҷҷеҳи он матлаб буд, ки дар боло иддаъо мешуд зеҳн қудрат дорад аз роҳи ҳавосс ва ё аз роҳи шуҳуди нафсонӣ бо кӯмаки нерӯи таҳлилии ақлӣ ба моҳияти падидае ва ё лоақал ба моҳияти наздиктарин хоссиятҳои он падида ноил шавад ва “чистӣ”-и он падидаро ба даст овард; ва чунонки медонем, мабҳаси маъруфи “муарриф” дар мантиқ, барои роҳнамоии кайфияти ба даст овардани моҳияти ҳақиқии шайъ ё лоақал наздиктарин хоссиятҳояш, ки мо биҳил-имтиёзи вай аз соири ашё аст мебошад.

Ва ҳамвора уламои ҷамиъи фунун ва улум дар фанни худ саъй карда ва мекунанд, ки барои мавзӯоти масоили фанн, ба истилоҳ “таърифи ҷомеъ ва монеъ” зикр кунанд ва ба ин васила ҳудуди он мавзӯотро мушаххас созанд, вале рӯйи ишколи фавқ, ки ашё на дар зеҳн ва на дар хориҷ дорои вазъи мушаххас ва мумтоз нестанд, қаҳран баҳси “муарриф” дар мантиқ беҳуда, балки асосан таъриф кардан дар ҷамиъи улум лағв ва бесамар аст.

* * *

(2) Мантиқдонон мегӯянд, маҷмӯи он чизҳое, ки инсон дар бораи ашё мехоҳад бифаҳмад ва аз худ мепурсад ва посухи онро меҷӯяд, дар чанд қисмати куллӣ хулоса мешавад ва тамоми масоили илмӣ ва фалсафӣ посухҳое аст, ки ба ин чанд қисмати куллӣ ва ба истилоҳ ба ин чанд пурсиши фикрӣ, дода мешавад, ва онҳо аз ин қароранд:

а) Суол аз “чистӣ” ё аз моҳияти шайъ. Яъне ҳар чизе, ки назари инсонро ҷалб кунад ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, инсон мехоҳад онро бишносад ва бидонад, ки он чист ва дорои чӣ мушаххасоте аст ва имтиёзи он чиз аз соири ашё чист. Дар мақоми посух ба ин суол аст, ки дар мақоми таърифи ашё бармеоянд ва кӯшиш мекунанд барои ҳар чизе таърифи комил (ҷомеъ ва монеъ) зикр кунанд ва чунон ки медонем, мабҳаси “муарриф” дар мантиқ роҳнамоии ҳамин ҷиҳат аст.

б) Суол аз “ҳастӣ” ё аз вуҷуди шайъ. Яъне суол аз ин ки оё ин чизе, ки ман дар бораи он фикр мекунам, воқеан вуҷуд дорад ё амре мавҳум аст? Ва ҳамчунон ки дар мақолаи 1 гуфта шуд, посухи ин суолро фақат фалсафа метавонад ӯҳдадор шавад.

в) Суол аз “чигунагӣ” ва аҳвол ва хусусиёти шайъ. Яъне суол аз ин ки он шайъ, ки ман дар бораи он фикр мекунам, дорои чӣ аҳвол ва авориз ва хусусиёте аст? Ва ҳамчунон ки дар мақолаи 1 гуфта шуд, мутакаффили баёни ин ҷиҳат “улум” аст ва ҳар илме ба муносибати ҳамон мавзӯи хоссе, ки ҷустуҷӯ дар ҳолот ва чигунагиҳои ӯро ҳадафи фаъолияти худ қарор додааст, ба суолоти марбут ба он мавзӯъ посух медиҳад.

г) Суол аз “чароӣ” ва аз иллати вуҷуд он шайъ ё аз иллати чигунагии он шайъ. Посухи ин суолро гоҳе фалсафа ва гоҳе улум медиҳанд.

Ин суолот, ки барои зеҳни инсон даст медиҳад, якдафъа нест, балки ба тартиб аст. Инсон аввалин бор, ки зеҳнаш ба чизе таваҷҷӯҳ кард, мехоҳад иҷмолан бифаҳмад, ки он чист? Ва пас аз ин ки иҷмолан ба “чистӣ”-и он чиз ошно шуд ва дар фикри худ он чизро бо соири ашё фарқ гузошт ба тавре ки дар зеҳн аз ибҳом ва ихтилот берун омад, мехоҳад бифаҳмад оё чунин чизе вуҷуд дорад ё на? Ва агар барояш маълум шуд, ки мавҷуд аст (ё ба воситаи вузуҳ ва ё ба воситаи бурҳони фалсафӣ), дар садади кашфи ҳолот ва аворизи вай бармеояд, ва дар ҳамин марҳила аст, ки навбати суол аз иллати вуҷуди вай низ мерасад, сипас дар мақоми ба даст овардани иллати чигунагиҳо бармеояд.

Аз он чӣ то кунун гуфта шуд, маълум шуд, ки то чизеро иҷмолан нашиносем ба тавре ки битавонем байни он чиз ва соири чизҳо фарқ бигузорем ва лоақал аз роҳи наздиктарин ва зоҳиртарин хоссиятҳояш ӯро тамйиз диҳем, наметавонем дар садади таҳқиқи асли вуҷуд ё чигунагиҳо ва авориз вуҷуди вай (агар бар мо маҷҳул бошад) баройем. Ва аз ҳамин ҷиҳат аст, ки шумо мебинед ҳамвора бинои донишмандон дар ҷамиъи улум бар ин буда ва ҳаст, ки дар аввали ҳар фасл ибтидо ба таърифи мавзӯи он фасл мепардозанд, сипас вориди асли матлаб мешаванд. Зеро ҳамон тавре ки дар матн ишора шуда: “Чӣ гуна мумкин аст, ки як мутафаккири кунҷков, дар аҳкоми мавзӯе ба ҷустуҷӯ бипардозад, дар ҳоле ки аз ҳақиқати мавзӯъ хабар надорад ва ҳатто номи мавзӯъро, ки мешунавад, намегӯяд моҳияташ чист, балки мепурсад, хоссиятҳояш кадом аст? Дар ҳоле ки худ ин пурсиш (агар аз хоссиятҳои зоҳир ва боризаи шайъ бошад, на аз хоссиятҳое, ки эҳтиёҷ ба назар ва таҳқиқи илмӣ дорад) айнан муарриф хостан аст”.

Моддигароён рӯйи асли “нафйи ихтилофоти моҳувии ашё” ва асли “таҳаввул ва такомули умумии ашё, ҳам дар хориҷ ва ҳам дар зеҳн” ва асли “табаияти ҷузъ аз кулл”, исрори аҷиб доранд, ки тарзи тафаккури ба истилоҳ метафизикиро, ки ашёро бо таърифот аз якдигар ҷудо месозад, ғалат бидонанд, балки на танҳо таъриф кардан ва ҳудуд муайян карданро ғалат медонанд, гоҳе ҳатто асли “ҳувият” ё “айният”-ро яъне ин ки ҳар чизе худаш худаш аст, масалан “алиф алиф аст”-ро, мункиранд. Дар авохири ҳамин мақола он ҷо, ки аз “асли айният” ва “асли сабот” сухан ба миён меояд, дар ин бора гуфтугӯ хоҳад шуд.

Дар мақоми посух ба ин назария, илова бар он чӣ дар боло гуфта шуд ва он чӣ дар охири ҳамин мақола хоҳад омад, ҳамин қадр кофист, ки худи улуми ҳиссӣ ва озмоиширо далел биоварем.

Дар ин улум аз мушоҳида ва озмоиш истифода мешавад ва албатта он чӣ мавриди озмоиш қарор мегирад, ҷузъиёт аст ва дар мақоми тафкик ва тамйизи ҷузъиёт аз якдигар, ҳамон мушоҳидаи ҳузурӣ кофӣ аст ва эҳтиёҷ ба таъриф ва таҳдид надорад. Вале натиҷаи мушоҳидот ва озмоишҳо вақте сурати қонуни куллии илмӣ ба худ мегирад ва салоҳият пайдо мекунад, ки ба унвони як “асл” дар китобҳои марбута сабт шавад, ки як мафҳуми куллӣ “мавзӯъ” ва як мафҳуми куллии дигар “маҳмул” воқеъ шавад ва албатта мафҳуми куллиро бо ишора ва эҳсос наметавон мушаххас сохт ва ночор бояд бо таъриф ва таҳдид мавзӯъро аз ғайри мавзӯъ ва маҳмулро аз ғайри маҳмул мушаххас сохт. Амалан низ мебинем, ки дар китобҳои физик ва шимӣ ва риёзиёт ва зистшиносӣ ва ғайра, аз ҳамин қоида истифода мешавад ва дар аввали ҳар фасле қабл аз ҳар чиз, ба таъриф ва таҳдиди мавзӯи он фасл пардохта мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: