Шарҳи Маснавӣ (173)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (15)

* * *

Суол кардани расул аз Умар разияллоҳу анҳу аз сабаби ибтилои арвоҳ бо ин обу гили ҷисм (2)

* * *

Шукри Яздон тавқи ҳар гардан бувад,

Не ҷидолу рӯ туруш кардан бувад.

Шукру сипоси Ҳақ Таъоло монанди тавқе аст дар ҳар гардане. Яъне воҷиб аст, ки ҳамагон сипоси Худо гӯянд. Пас, ситезу рӯй турш кардан, шукр шумурда нашавад.

Тавқ: Гардан, гарданбанд, ба киноя амре воҷиб.

Гар турушрӯ будан омад шукру бас

Пас чу сирка шукргӯйе нест кас.

Агар шукр кардан ҳамон рӯй турш кардан бошад, пас ҳамагон монанди сирка турш буданд ва шукр баҷо намеоварданд. Зеро зоти сирка ҳеч гоҳ туршрӯйиро аз даст намедиҳад. (Пас, шахси сипосгузор ҳаргиз дар пайи эътироз ва ахмолудагӣ барнамеояд ва ризо ба қазо медиҳад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.488))

Сиркаро гар роҳ бояд дар ҷигар,

Гӯ, бишав сиркангубин, ӯ аз шикар.

Агар сирка бихоҳад роҳ ба ҷигар пайдо кунад, ба сирка бигӯ, ки бояд бо шакар даромезӣ ва ба сиркангубин табдил шавӣ.

Нукта: Ҳамин тавр, носипосон бояд туршрӯйӣ ва эътирозро бо ангубини шукр даромезанд, то мақбули даргоҳи илоҳӣ шаванд ва ба он манзил роҳ ёбанд. Бинобар ин, Мавлоно дар абёти ахир фармуд, ки сипосгузорӣ бо хусумат ва эътироз ва изҳори нохурсандӣ дарнамесозад. Пас, ҷадал кардани аҳли қилу қол ва абусчеҳра будани зоҳидони хушку мағрур, ки гӯӣ бо ҷаҳон ва ҷаҳониён дар хусуматанд, бо ҳақиқати шукр мунофот дорад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.488)

Маънӣ андар шеър ҷуз бо хабт нест,

Чун фалосанг асту андар хабт нест.

Бе гумон, он гуна ки маъонӣ дар наср метавонад ба равшанӣ баён шавад, дар шеър чунин афкоре вуҷуд надорад. Зеро шеър муқайяд ба заруратҳои хоссе аз қабили вазну қофия аст, хосса вақте ки бихоҳем дар қолиби шеър маъонии воло ва фахиме бигунҷонем, ки ҳатто бо наср ҳам наметавон онро он тавр ки бояд адо кард.

Маънои байти ахир: Маъониро дар қолиби шеър гунҷондан, аз лағзиш ва хато масун нест. Ва ин кор дуруст монанди партоб кардани санг бо фалохан аст, ки мусалламан нишонаравӣ ва ҳадафгирӣ бо фалохан дақиқ нест, ва чи басо ба ҳадаф нахӯрад.

Хабт: Иштибоҳ. Фалосанг: Фалохан, василае барои партоби санг (ба русӣ рогатка).

* * *

Дар сирри он ки “Ман арода ан яҷлиса маъаллоҳи фалияҷлис маъа аҳлит-тасаввуф” (1)

* * *

Мавлоно дар ин фасл ба таъсири ҳамнишинӣ ва мусоҳибат бо инсони комил ва валии Худо пардохтааст. Ҳар гоҳ мурид содиқ бошад ва валӣ низ валии ростин, мусоҳибат бо ӯ тадриҷан сифоти зиштро ба сифоти нек мубаддал созад, то ба он ҷо, ки ботини солик ба ботини пири худ муттасил мешавад ва як руҳ дар ду колбад мегарданд.

Тарҷумаи иборати арабӣ дар матлаъи фасл ин аст: “Ҳар ки хоҳад, ки бо Худо нишинад, бояд ки бо аҳли тасаввуф нишинад”.

Он расул аз худ бишуд з-ин як ду ҷом,

Не рисолат ёд мондаш, не паём.

Фиристодаи Рум яке ду ҷом аз бодаи маорифи Умар дарнӯшид ва аз худ бехуд шуд. Дар натиҷа, ин матлабро, ки ӯ маъмури иблоғи паёми Қайсари Рум буда ҳамаро аз ёд бурд.

Волиҳ андар қудрати Аллоҳ шуд,

Он расул ин ҷо расиду шоҳ шуд.

Фиристодаи Рум дар қудрати Худованд саргашта ва ҳайрон монд, ва он фиристода вақте ки ба ин мартибаи руҳӣ расид, шоҳи маънавӣ гардид.

Волиҳ: Ҳайрон, саргашта.

Сел чун омад ба дарё, баҳр гашт,

Дона чун омад ба мазраъ, гашт кашт.

Ба унвони мисол, вақте ки сел ба дарё расад, дигар вуҷуди ҷузъии худро аз даст медиҳад ва ба зоти дарё мубаддал мешавад. Ва низ донаи гиёҳ вақте ба киштзор расад, ба киштзор бадал гардад. (Ин байт ва абёти баъдӣ нозир аст бар фанои солик дар шайх ва пир, чунон ки дар ибтидои ин фасл мулоҳиза шуд.)

Чун таъаллуқ ёфт нон бо ҷонвар,

Нони мурда зинда гашту бохабар.

Мисоли дигар, вақте ки нони ҷомид тавассути ҷондоре хӯрда шавад ва ҷузъи вуҷуди ӯ гардад, ин нони фоқиди ҳаёт, ба мақоми ҳаёт ва ҳушёрӣ иртиқо ёбад.

Муму ҳезум чун фидои нор шуд,

Зоти зулмонийи ӯ анвор шуд.

Мисоли дигар, ҳамин ки мум (шамъ) ва ҳезум дар коми оташ қарор гиранд ва дар зоти оташ фонӣ шаванд, бар асари ин иттисол ва пайвастагӣ, зоти тираву торикашон ба нур мубаддал мешавад.

Санги сурма, чунки шуд дар дидагон,

Гашт биноӣ, шуд он ҷо дидбон.

Мисоли дигар, санги сурма чун ба чашм кашида шавад, нерӯи биноии онро меафзояд.

Сурма: Гарде аст, ки аз санги барроқи асма таҳия кунанд ва онро ба чашм кашанд ва чашм нерӯи биноияш афзоиш ёбад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: