Мавлоно дар тавозӯъи Расули Акрам (с)

Мавлоно фармояд:

“Шохеро, ки меваи бисёр бошад (1), он мева ӯро фурӯ кашад, ва он шохро, ки мевае набошад, сар боло дорад, ҳамчун сапедор. Ва чун мева аз ҳадд бигзарад, устунҳо (сутунҳо) ниҳанд, то ба куллӣ фурӯ наёяд.

Пайғомбар — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — азим мутавозеъ буд; зеро ки ҳамаи меваҳои олам, аввалу охир, бар ӯ ҷамъ буд, лоҷарам аз ҳама мутавозеътар буд.

مَا سَبَقَ رَسُولَ اللهِ اَحَدٌ بِالسَّلَامِ

Гуфт: Ҳаргиз касе пеш аз Пайғомбар бар Пайғомбар — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — наметавонист салом кардан (2); зеро пайғомбар пешдастӣ мекард аз ғояти тавозӯъ ва салом медод. Ва агар тақдиран салом пешин надодӣ, ҳам мутавозеъ ӯ буд ва собиқ дар калом ӯ будӣ; зеро ки эшон салом аз ӯ омӯхтанд ва аз ӯ шуниданд. Ҳар чӣ доранд — аввалиён ва охириён — ҳама аз акси ӯ доранд ва сояи ӯянд. (3) Агар сояи яке дар хона пеш аз вай дарояд, пеш ӯ бошад дар ҳақиқат, агарчӣ соя собиқ аст ба сурат. Охир соя аз ӯ собиқ шуд, фаръ ӯст.

Ва ин ахлоқ аз акнун нест, аз он вақт дар зарраҳои Одам дар аҷзоъи ӯ ин зарраҳо буданд. Баъзе равшан ва баъзе нимаравшан ва баъзе торик. Ин соат он пайдо мешавад, аммо ин тобонӣ ва равшанӣ собиқ аст ва зарраи ӯ дар Одам аз ҳама софитар ва равшантар буд ва мутавозеътар.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.175)

* * *

(1) Шохеро, ки меваи бисёр бошад: Саъдӣ ҳамин тамсилро дар Бӯстон овардааст:

Тавозӯъ кунад ҳушманди гузин,

Ниҳад шохи пурмева сар бар замин.

(2)

مَا سَبَقَ رَسُولَ اللهِ اَحَدٌ بِالسَّلَامِ

Ҳеч кас бар Расули Худо (с) дар салом кардан сибқат нагирифт”.

Ҳадисе бо ин лафз наёфтам, он чӣ дар манобеи ривоӣ омада ба ин сурат аст:

وَيَبْدَأُ مَنْ لَقِيَ بِالسَّلاَمِ

Ва ҳар вақт ҳазрати Паёмбар (с) бо касе дидор мекард, аввал он ҳазрат ба салом мубодират меварзид”. (Шамоили Тирмизӣ, 1/36, Ашшомила)

(3) Сояи ӯянд: Мавлоно ҳамроҳ бо дигар орифони мусалмон, “ҳақиқати муҳаммадия”-ро – ки ҳазрати Муҳаммад (с) ҷилвае аз ӯст – инсони комил медонад, ки содири аввал ва нахустин таҷаллии зоти илоҳӣ аст ва ин сухан маъхуз аст аз ду ҳадиси набавӣ бад-ин мазмун, ки:

Аввал чизе, ки Худованд халқ фармуд, ақл буд”.

Аввал чизе, ки Худованд халқ фармуд, нури зоти ман буд”.

Ин ду ҳадис агарчӣ миёни урафо ва сӯфия машҳур аст, вале бисёре аз муҳаддисон онҳоро ғайри мӯтабар медонанд.

Аз ин рӯ, Мавлоно гоҳ ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ақли кулл ва ақли аввал меномад ва гоҳ мазҳари ишқи томму тамом муаррифӣ мекунад:

Бо Муҳаммад буд ишқи пок ҷуфт,

Баҳри ишқи ӯ Худо “лавлок” гуфт.

Бино бар назарияи инсон комил – ки ба тафсил дар кутуби урафо аз ҷумла китоби “Алинсонул-комил” асари Азизуддини Насафӣ омадааст – ҷумлаи коинот туфайли инсон ва ҷумлаи одамиён туфайли инсони комил ҳаст шудаанд ва сояи ӯянд, магар он ки дар сайри такомулӣ бо мисоли худ бипайванданд ва аз соягӣ бозраҳанд.

Зи Аҳмад то Аҳад як “мим” фарқ аст,

Ҷаҳоне андар он як “мим” ғарқ аст.

(Гулшани роз)

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Инсони муваффақ, Омӯзаҳои набавӣ, Суннат

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: