Оё нӯшидани машруб агар маст накунад ҷоиз аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз гузорише дидам дар як пойгоҳи интернетӣ таҳти унвони “Нӯшидани алкогол ҷоиз аст”, ки аз забони як руҳонии дарбории мисрӣ навиштааст: “Масрафи нӯшиданиҳои алкоголӣ ба ҳадде, ки боиси мастӣ ва бехудӣ нашавад, ҷоиз аст”. Ва аҷибаш он ки: руҳонии мазбур ин ҳарфро ба Имом Абӯҳанифа нисбат дода будааст.

Сиҳҳату суқми ин нисбат ба руҳонии номбурда, бар ӯҳдаи ин сойт аст, вале аз як руҳонии дарборӣ баъид нест ин ароҷифро бибофад. Зеро яке ду рӯз пеш низ дар шабакаи маҷозӣ матлабе дида будам, ки як руҳонии дарборӣ дар Миср гуфтааст, хӯрдани гӯшти саг ҳам “эроде” надорад.

Бале, вақте як руҳонӣ ва мулло дарборӣ мешавад, пурвозеҳ аст, ки манбаъ ва сарчашмаи ӯ дар исдори фатво, на Қуръон аст, на суннати Паёмбар (с) аст ва на иҷмои уламо, балки ҳаво ва ҳавас ва хостаҳои ҳукком ва ҳукуматҳост. Ва дар ин воқеияти талх, ба назарам, касе тардид надорад.

Ба ҳар сурат, бояд бибинем, манобеъ ва сарчашмаҳои асили исломӣ ва низ фатовои ҷумҳури фуқаҳои ҳанафӣ дар ин боб чӣ мегӯяд:

* * *

1. Дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ. إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَن ذِكْرِ اللّهِ وَعَنِ الصَّلاَةِ فَهَلْ أَنتُم مُّنتَهُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Хамр ва қимор ва бутҳо ва тирҳои қуръа риҷс (палидӣ) ҳастанд (ва) аз амали шайтон, пас, аз онҳо дурӣ гузинед! Бошад, ки растгор шавед. Ҳамоно шайтон мехоҳад ба василаи хамр ва қимор миёни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад, пас, оё шумо даст барнамедоред?!” (Сураи Моида, ояти 90 ва 91)

Ҳол, бибинем, уламо дар маънои “хамр” – ки дар ин ояти шарифа риҷс (палидӣ) унвон шуда ва Худованд дастур ба дурӣ аз он медиҳад, чист? Уламо дар ин боб мегӯянд:

إن الخمر هي ما خمرت العقل، ومِن ثَمَّ يكون الخمر المحرم في القرآن يتضمن نصًّا كل شراب مُسكر، بل وكل جامد مُسكر كالحشيش وغيره

Хамр ҳар он чизе аст, ки ақлро бибарад, аз ин рӯ, хамр — ки дар Қуръон ба ҳаром будани он тасреҳ шудааст — дарбардорандаи ҳар навъ шароби масткунанда ва балки ҳар шайъи ғайримойеъ ҳам, ки маст бикунад, мисли ҳашиш (маводди мухаддир) ва ғайри он, мебошад”.

Ва дар зайли ин ҷумла, ки: “Ҳамоно шайтон мехоҳад ба василаи хамр ва қимор миёни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад” гуфтаанд:

وهذه العلة موجودة في كل شراب مُسكر، وأوضح منه في الدلالة قوله صلى الله عليه وسلم: «كُلُّ مُسْكِرٍ خَمْرٌ» (متفق عليه)، وقوله: «مَا أَسْكَرَ كَثِيرُهُ فَقَلِيلُهُ حَرَامٌ» رواه أبو داود والترمذي

Ин иллат (яъне эҷоди душманӣ ва адоват ва аз ёди Худо мондан), дар ҳар навъ мойеъи масткунанда мавҷуд аст (яъне, чӣ арақ бошад ва чӣ ғайри арақ аз пива ва ин ҷур чизҳо). Ва возеҳтар ва равшантар аз ин дар далолат ба матлуб, ду ҳадиси ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки дар яке фармуда: “Ҳар масткунандае хамр аст” (ҳадиси муттафақун алайҳ), ва дар дигаре ҳазраташ (с) фармуда: “Он чӣ маст мекунад, чӣ андакаш ва чӣ бисёраш, ҳаром аст”. Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ”.

Хуб, дар ҳаром будани андаки хамр (чӣ арақ бошад ё пива) оё далолате возеҳтар аз ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с) метавон пайдо кард, ки: “чӣ андакаш ва чӣ бисёраш, ҳаром аст”?!

Ҳол, раъйи фуқаҳои ҳанафӣ дар ин мавзӯъ:

* * *

2. Пеш аз нақли фатовои фуқаҳои ҳанафӣ дар ин бобат, лозим аст ин нукта ёдоварӣ шавад, ки соҳибони мазоҳиб – чӣ Имом Абӯҳанифа бошад, чӣ Имом Шофеӣ бошад ва ғайра — он ҷо, ки фатвое содир кардаанд, онро аз кисаи худашон берун наёвардаанд ё аз пеши худ набофтаанд, балки ба тасреҳи худи эшон, он фатво аз манобеъ (Қуръон, суннат, иҷмоъ, қиёс) истинбот ва истихроҷ шуда. Аз ин рӯ, ҳамаи онон бидуни истисно, тасреҳ кардаанд, ки ҳар вақт як муҷтаҳид ва фақеҳи дигар (на ҳар касе албатта) бибинад, ки фатвои мо бо як насси сареҳи Қуръони Карим ё суннати саҳеҳ ва сареҳи ҳазрати Паёмбар (с) мухолиф аст, онро дур бирезад! Бинобар ин, шумо мебинед, фуқаҳои ҳанафӣ дар бисёре аз масоил, ки дар онҳо назари Имом Абӯҳанифа бо назари Имом Муҳаммад (шогирди Имом Абӯҳанифа) мухталиф аст, бар мабнои раъйи Имом Муҳаммад фатво додаанд. Зеро ки фатвои Имом Абӯҳанифа чун фатвои Имом Абӯҳанифа аст, ки мавзӯияте надорад, балки эътибори он, ба мизони интибоқаш бо Қуръон ва суннат ва иҷмоъ аст. Албатта, ин як баҳси тахассусӣ аст, ки кори фуқаҳо ва муҷтаҳидон аст, на кори ҳар касе.

Аз ин рӯ, дар мазҳаби ҳанафӣ (ва ё ҳар мазҳаби дигаре), танҳо фатвое мӯътабар ва бояд ба он амал шавад, ки дар китобҳои фиқҳӣ, ба унвони “муфто биҳи” оварда шуда бошад (яъне, назаре, ки дар мазҳаб фатво ҳамон аст), на ҳар қавл ва ҳар фатвое ҳатто агар мутаъаллиқ ба Имом Абӯҳанифа бошад. Бинобар ин, баъзе аз фатовое, ки Имом Абӯҳанифа дар онҳо мунфарид буда ва танҳо эшон гуфтаанд, ба унвони фатвои “шозз” маъруф буда ва ба истилоҳ “муфто биҳи” нестанд, мисли ҷавози хондани намоз ба порсӣ ва ғайра.

Ин муқаддима лозим буд.

Ҳол, раъйи фуқаҳои ҳанафӣ дар мавзӯи мавриди назар ва он чӣ дар ин мазҳаб “муфто биҳи” аст:

а) Дар “Алиноя шарҳул-ҳидоя” гӯяд:

وَقَوْلُهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ: «مَا أَسْكَرَ كَثِيرُهُ فَقَلِيلُهُ حَرَامٌ» وَيُرْوَى عَنْهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ: «مَا أَسْكَرَ الْجَرَّةُ مِنْهُ فَالْجَرْعَةُ مِنْهُ حَرَامٌ» وَلِأَنَّ الْمُسْكِرَ يُفْسِدُ الْعَقْلَ فَيَكُونُ حَرَامًا قَلِيلُهُ وَكَثِيرُهُ كَالْخَمْرِ وَلَهُمَا قَوْلُهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ: «حُرِّمَتْ الْخَمْرُ لِعَيْنِهَا» وَيُرْوَى: «بِعَيْنِهَا قَلِيلِهَا وَكَثِيرِهَا

Ва (далелашон) ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки: “Он чӣ зиёдаш маст мекунад, андаки он низ ҳаром аст”. Ва аз он ҷаноб (с) низ ривоят мекунанд, ки: “Он чӣ ба якбора нӯшидан аз он маст мекунад, як ҷуръа (андак) аз он низ ҳаром аст”. Ва ҳамчунин (далели дигарашон) он аст, ки чизи масткунанда ақлро фосид мекунад, пас, ҳаром аст чӣ андак бошад ва чӣ бисёр мисли хамр. Ва ҳамчунин дар тақвияти ин фатво метавон ин ҳадиси ҳазрати Паёмбар (с)-ро низ овард, ки: “Хамр ба хотири айнаш ҳаром шудааст”. Ва низ ривоят мекунанд: “(Ҳаром шуда) ба айнаш, чӣ андаки он ва чӣ бисёраш…” (Алиноя шарҳул-ҳидоя, 14/368, Ашшомила)

б) Дар “Табйинул-ҳақоиқ шарҳу канзид-дақоиқ” гӯяд:

وَمِنْ الناس من يقول غَيْرُ الْمُسْكِرِ منها ليس بِحَرَامٍ كَغَيْرِهِ من الْأَشْرِبَةِ لِأَنَّ الْفَسَادَ لَا يَحْصُلُ بِهِ، وَهَذَا كُفْرٌ لِأَنَّهُ يُخَالِفُ الْكِتَابَ وَالسُّنَّةَ وَالْإِجْمَاعَ

Баъзеҳо мегӯянд, он миқдор аз хамр, ки маст намекунад ҳаром нест мисли соири нӯшиданиҳо, зеро ба он миқдори андак ақл намеравад (яъне маст намекунад). Ва ин сухан куфр аст, зеро мухолифи китоб (Қуръон) ва суннат ва иҷмоъ мебошад…” (Табйинул-ҳақоиқ шарҳу канзид-дақоиқ, 6/44, Ашшомила)

в) Дар “Қуррату айнил-ихтиёр” гӯяд:

وَحرم قليلها: أَيْ شُرْبُ قَلِيلِهَا… وَاحْتَرَزَ بِهِ عَمَّا قَالَهُ بَعْضُ الْمُعْتَزِلَةِ إنَّ الْحَرَامَ هُوَ الْكَثِيرُ الْمُسْكِرُ لَا الْقَلِيلُ… قَالَ فِي الْهِدَايَةِ: وَهَذَا كُفْرٌ لِأَنَّهُ جُحُودُ الْكِتَابِ فَإِنَّهُ سَمَّاهُ رِجْسًا، وَالرِّجْسُ مَا هُوَ مُحَرَّمُ الْعَيْنِ

Ва андаки он ҳам ҳаром аст. Яъне, нӯшидани андаки он ҳаром аст… Ва (муаллиф) бо ин сухан эҳтироз ҷуста аз он чӣ баъзе аз Мӯътазила гуфтаанд мабнӣ бар он ки: он чӣ ҳаром аст миқдори зиёди он аст, на миқдори андаки он… Дар “Ҳидоя” (дар радди ин пиндор) гӯяд: Ва ин куфр аст, зеро ки инкори китоб (Қуръон) мебошад, чаро ки Қуръони Карим хамрро риҷс (палидӣ) унвон карда, ва риҷс он чизе аст, ки айнаш ҳаром мебошад…” (Қуррату айнил-ихтиёр, 7/4, Ашшомила)

г) Дар “Аддуррул-мухтор” гӯяд:

وَحَرَّمَهَا مُحَمَّدٌ: أَيْ الْأَشْرِبَةَ الْمُتَّخَذَةَ مِنْ الْعَسَلِ وَالتِّينِ وَنَحْوِهِمَا قَالَهُ الْمُصَنِّفُ «مُطْلَقًا» قَلِيلَهَا وَكَثِيرَهَا

Ва Имом Муҳаммад онҳоро ҳаром дониста. Яъне, нӯшиданиҳоеро, ки аз асал, анҷир ва монанди онҳо гирифта мешавад. Мусанниф гӯяд: (Имом Муҳаммад) онҳоро мутлақо (ҳаром дониста) чӣ андаки онро ва чӣ бисёрашро…” (Аддуррул-мухтор, 6/454, Ашшомиал)

Хуб, ин буд суханони фуқаҳои ҳанафӣ, ки албатта фақат ба унвони намуна зикр кардам, ва агар бихоҳам фатвои ҳамаи онҳоро биёварам, қатъан як мақола гунҷоиши ҳамаи онҳоро нахоҳад дошт.



Рубрики:Ислом, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: