Фалсафа ва равиши реализм (61)

Пайдоиши касрат дар идрокот (16)

Матни китоб:

Ишкол:

Метавон дар баёни гузашта хӯрдагирӣ карда ва гуфт (яъне моддигароён дар баёни гузаштаи мо метавонанд хӯрдагирӣ кунанд ва бигӯянд), ки мақсуд нафйи сиҳҳати мутлақи таъриф ва таҳдид нест, балки манзур ин аст, ки баҳс аз аҳкоми мавзӯе, мутаваққиф ба шинохтани ҳадди мураккаб аз ҷинсу фасл намебошад ва ин равиш ба ҷуз мушоҷираҳои ақлии бенатиҷа натиҷае надорад. Бале, беҳтарин равише, ки дар ин бора метавон иттихоз кард, равише аст, ки мантиқи диалектик нишон медиҳад ва он ин ки:

Назар ба ин ки ҳар падидаи моддӣ натиҷаи падидаҳои ғайримутаноҳии моддӣ аст, ки бо феълу инфиъолҳои худ — ки дар сироти таҳаввулу такомул анҷом додаанд — падидаи феълиро ба вуҷуд овардаанд, ҳеч падидае вуҷуди мунфасил надошта ва марбут ба як ришта таҳаввулу такомул мебошад ва дар ҳоли кунунӣ низ дар таҳаввул ва саргарми паймоиши роҳи такомул аст ва дар ҳар як аз манозили гузашта низ худнамоӣ дошта, пас моҳияти падидаи кунунӣ “ҳамаи силсилаи ҳаводиси марбута” мебошад. Чун тасаввури силсилаи ғайримутаноҳии ҳаводис барои мо маҳол аст, пас агар таърихчаи пайдоиши вайро то он ҷо, ки мақдури мост, ба даст оварем, ба воқеияти падидаи номбурда наздиктар хоҳем шуд. Пас, муаррифи ҳақиқии ҳар чизе таърихчаи пайдоиш ва зиндагии мутаҳаввил ва мутакомили вай мебошад, ва ин равиш писандидаи ҳамаи донишмандони имрӯза аст ва моддигароён низ тибқи мантиқи диалектики худ ҳамин равишро маъмул дошта ва ҳаводиси руҳиро низ аз роҳи номбурда таъриф ва таълил карда ва решаи ҳар пешомади моддӣ ва руҳиро дар миёни пешомадҳои гузашта ҷустуҷӯ намуда ва ба даст меоваранд.

* * *

Посух:

Ин назарияро (муаррифи ҳар чиз таърихчаи пайдоиш ва зиндагии вай мебошад) фалсафа низ мепазирад ва ба шарти исқоти мусомеҳаҳое, ки дар тақрибаш ба кор рафта амалӣ медонад. Ва асосан, ин назария мубтанӣ ба субути таҳаввулу такомули умумӣ намебошад, ва аз ин рӯй, фалосифа аз замони дерин (замони фалсафаи нимакораи Юнон) ва пеш аз тулӯи назарияи ҳаракати умумии ҷавҳарӣ дар фалсафаи ислом, ки се қарну ним бештар аз умраш намегузарад, ҳамин матлабро дар китобҳои худ зикр кардаанд. Фалосифа гуфтаанд, ки ҳадди том (таърифи комил) бояд муштамил ба ҳамаи иллатҳои вуҷуди шайъ буда бошад. Яъне маърифати томм ба чизе, ба шинохтани аҷзои вуҷудӣ ва ҳамчунин иллатҳои пайдоиши вай ва ҳамчунин ғоятҳо ва ағрози вуҷуди вай мавқуф мебошад. Зеро ҳамаи ҷиҳоти вуҷудии ихтисосии шайъ, ки дар хориҷ ӯро ба унвони як воҳиди ҳақиқии мушаххас падид оварда ва нигоҳ медоранд, дар вуҷуди ӯ зидахл (дахолатнок) ҳастанд. Ва равшан аст, ки мафҳуми комил гоҳе метавонад номи “мафҳуми комил” ба худ бигирад, ки интибоқи комил ба хориҷ дошта бошад. Пас, ночор бояд таърихчаи пайдоиш (иллатҳои қаблал-вуҷуд) ва зиндагӣ (модда ва сурат ё хоссиятҳои зарурии шайъ) ва ҳатто ғоят ва ғарази вуҷуди вай (агарчӣ вуҷуди ғоят пас аз инъидоми вуҷуди вай ва мунфасилулвуҷуд аз вуҷуди вай буда бошад, ва ин чизе аст, ки дар назарияи “таърихча” аз вай ном бурда нашуда) дар “муарриф” зикр шавад. Масалан, агар бихоҳем “тахт”-ро муаррифӣ намоем (мисоли маъруф), бояд гуфт: чизе, ки наҷҷор бо абзори наҷҷории худ аз чӯб ба фалон шакл барои нишастан ва хобидан месозад ва ҳар як аз аҷзои ин муарриф тавзеҳ шавад, тибқи ҳамон дастур тавзеҳ бояд дод. Равшан аст, ки таърифи номбурда фоил ва ғоят ва модда ва сурати тахтро дорад ва ҳар як аз онҳо исқот шавад, ба ҳамон андоза “муарриф” ноқис хоҳад буд, вале дар ин миён муассиртар ва коритар аз ҳама, модда ва сурат мебошад.

Ва аз баёни гузашта равшан мешавад, ки ба кор андохтани ин равиш дар мавҷудоти руҳӣ монанди мавҷудоти ҷисмӣ ишколе нахоҳад дошт. Оре, иктифо кардан ба зикри иллатҳои моддӣ дар таърифи ҳаводиси руҳӣ иштибоҳ мебошад; зеро ин равия фақат ҷанбаи моддии ҳодисаро метавонад равшан бинамояд, на ҳамаи ҷиҳоти моддӣ ва руҳии ӯро.

Баргардем ба сухани нахустин. Он чӣ мегуфтем, дар атрофи таҳлили қисми тасаввурии маълумот буд.

* * *

Ва аммо дар қисми дуввум (тасдиқӣ)

Ҷойи тардид нест, ки мо маълумоти фикрӣ ва идрокоти тасдиқии бешумор дорем… (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Шарҳу тавзеҳи маълумоти тасдиқӣ бисёр муфассал аст, аз ин рӯ, дар ду се қисмат баён хоҳад шуд. Ҳол, бахши аввал:

Собиқан гуфта шуд, ки идрокот касрате аз лиҳози басотат ва тараккуб доранд ва дар поварақиҳои гузашта гуфтем, ки таҷзия (analysis) ва таркиб (synthesis) бар ду гуна аст: амалӣ ва назарӣ (зеҳнӣ).

Таҷзия ва таркиби амалӣ он аст, ки инсон маводди хориҷиро мавзӯи амали таҷзия ё таркиб қарор диҳад, мисли он ки як мураккаби санъатӣ (аз қабили соат ва мошин) ё як мураккаби табиӣ (аз қабили об)-ро ба аҷзои аввалияи онҳо таҷзия кунад ва ё дубора онҳоро бисозад. Тамоми амалиёти шимиёӣ, ки дар лабараторияҳо анҷом мегирад аз ин қабил аст. Ва ин таҷзия ва таркиби амалӣ муҳимтарин шарти лозими ба даст овардани қонунҳои табиат аст. Улуми табиӣ аз оғози пайдоиш пешрафти худро мадюни мушоҳидоти дақиқ ва озмоишҳо ва таҷзия ва таркибҳои амалӣ аст. Дар қуруни ахира донишмандони Урупо эҳтимоми шоёне ба ин равиши судманд ба харҷ доданд ва дар натиҷа муваффақиятҳои шигарф ва азим, ки ҳаргиз дар мухайялаи башар хутур намекард, ба даст оварданд.

Таҷзия ва таркиби назарӣ (ё зеҳнӣ) ин аст, ки инсон мудракот ва маълумоти зеҳнии худро муқоиса ва таҷзия ва таркиб кунад. “Тафаккур”, ки олитарин амали зеҳн аст, ҷуз таҷзия ва таркиби зеҳнӣ чизе нест. Тавзеҳ он ки: таҷзия ва таркиби зеҳнӣ ё ҳиссӣ аст ё хиёлӣ ё ақлӣ.

Таҷзия ва таркиби ҳиссӣ он аст, ки зеҳн дар як сурати маҳсусе, ки ҳузуран ҳисс мекунад тасарруф кунад, мисли он ки инсон дар ҳоле, ки ба як фарш — ки дорои нақшаҳо ва гулҳои мухталиф аст — назар меафканад, дар зеҳни худ аз ҷамъ кардан ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор додани чанд нақш ва чанд гул сурати муайяне муҷассам мекунад, ва думартиба, аз таҷзия ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор додани баъзе ғайри баъзеи дигар шакли дигареро бар хеш зоҳир месозад. Ва ё ҳангоме, ки дар шаб ба осмони пурситора нигоҳ мекунад, дар зеҳни худ аз ҷамъу таркиб ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор додани як идда аз ситорагон, сурати ҳайвони махсусеро муҷассам месозад, ва дар ҳамон ҳол аз таҷзияи онҳо ва замму таркиби дигаре сурати дигареро бар худ зоҳир месозад. Ин гуна тасарруфот дар суратҳои маҳсус аввалан озодона ва дилбахоҳ сурат мегирад, сониян фақат бо дахолати авомили зеҳнӣ анҷом меёбад ва эҳтиёҷе надорад, ки инсон дар вазъи чашм ва нигоҳ кардани худ тағйироте бидиҳад.

Таҷзия ва таркиби хиёлӣ он аст, ки зеҳн дар суратҳои ҷамъшуда дар ҳофиза озодона ва дилбахоҳ ва тибқи тамоюлот ва эҳсосоти дарунӣ тасарруфоте бикунад. Масалан, инсон дар зеҳни худ тасаввуре аз кӯҳ дорад ва тасаввуре аз пӯлод, он гоҳ бо нерӯи тахайюл тасвире аз кӯҳи пӯлодин месозад. Ва ё он ки тасаввуре аз инсон ва тасаввуре аз асп ва тасаввуре аз боли парандагон дорад, он гоҳ бо нерӯи тахайюл сурати асперо месозад, ки дорои сари одамӣ ва ду бол аст. Тахайюлоти шоирона аз ин навъ таҷзия ва таркиб сарчашма мегирад. Дар тахайюлоти шоирона, зеҳн мубдиъ ва мухтареъ ва аз қайди риояти мутобиқати нафсуламр (воқеъ) озод аст, ва танҳо аз тамоюлоти дарунии хеш итоат мекунад. Дар тахайюлоти шоирона зеҳн намехоҳад ашёро он тавр ки ҳастанд бинамоёнад, балки мехоҳад он тавр ки тамоюлоти дарунӣ иқтизо дорад, нақшҳое аз онҳо бисозад, ва рӯйи ҳамин ҷиҳат аст, ки шеър аз навъи ҳунар ва санъат ба шумор меравад.

Таҷзия ва таркиби ақлӣ он аст, ки зеҳн тамоюлоти нафсониро канор бизанад ва мутобиқат бо нафсуламр (воқеъ)-ро виҷҳаи ҳиммати хеш қарор диҳад ва ба ин манзур суратҳои маъқула (таъаққулкарда)-ро мавриди амали таҷзия ва таркиб қарор диҳад. Ва он бар ду қисм аст: тасаввурӣ ва тасдиқӣ.

Тасаввурӣ он аст, ки як мафҳуми куллиро ақл мунҳал кунад ба ҷанбаҳои муштарак ва ҷанбаи ихтисосии вай. Маъмулан таърифҳое, ки барои ашё мешавад ва ҷанбаҳои муштарак ва ҷанбаи ихтисосии он шайъро баён мекунад, як навъ таҳлили тасаввурии ақлӣ аст, ки дар мафҳум ва моҳияти он шайъ сурат мегирад. Масалан, дар таърифи “хатт” мегӯем: “Каммийяти муттасиле аст, ки беш аз як буъд надорад”. Дар ин таъриф фаҳмондаем, ки аввалан, хатт аз навъ каммиятҳо аст, на аз навъ кайфиятҳо ё изофот ё ҷавоҳир. Ва сониян, каммийяти муттасила аст, ки байни аҷзоъаш метавон ҳадди муштарак фарз намуд, на аз навъи каммиятҳои мунфасила (ададҳо). Ва солисан, каммийяти муттасиле аст, ки беш аз як кашиш надорад ва бо сатҳ, ки дорои ду кашиш аст ва ҷисми таълимӣ (ҳаҷм), ки дорои се кашиш аст, фарқ дорад. Бадеҳӣ аст, ки ин таҳлил — ки дар мафҳуми хатт ба амал омад — аз навъ таҷзия ва таҳлилҳои амалӣ нест, зеро хатт дар вуҷуди хориҷии худ мураккаб аз каммийят ва иттисол ва буъди воҳид нест, яъне қисмате аз вуҷудаш каммийят ва қисмате иттисол ва қисмате буъди воҳид нест, балки ин се мафҳум дар хориҷ ба вуҷуди воҳид мавҷуданд. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки ин қисм аҷзоъ — ки аҷзоъи мафҳум ва моҳияти шайъ аст, на аҷзоъи вуҷуд — дар истилоҳи мантиқ ва фалсафа “аҷзоъи таҳлилия” хонда мешаванд.

Ва аммо таҷзия ва таркиби тасдиқӣ иборат аст аз: амали махсуси истидлол ва истинтоҷ бо тартибҳои махсус, ки мабҳаси “қиёс”-и мантиқ ӯҳдадори баёни онҳост.

Ҳукамо истеъдоди махсуси зеҳнро барои таҷзия ва таркиби зеҳнӣ, “қувваи мутасаррифа” мехонанд ва қувваи мутасаррифаро ҳангоме, ки озодона дар миёни маҳсусоти ҷузъӣ ё суратҳои хиёлия (ду қисми аввал) амал мекунад, ба номи махсуси “қувваи мутахайила” ва ҳангоме, ки ба манзури таҳқиқи воқеъ ва нафсуламр дар миёни маъонии маъқула (қисми севвум) амал мекунад, ба номи махсуси “қувваи муфаккира” мехонанд.

Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, “қувваи мутахайила” дар амали худ озод аст ва ҳар суратеро ба ҳар наҳв, ки бихоҳад ва тамоюлоти нафсонӣ эҷоб кунад, фаслу васл мекунад, вале “қувваи муфаккира” он озодиро надорад, балки ҳамвора аз қонуни муайян пайравӣ мекунад. Яъне мебоист тавре дар маъқулот тасарруф кунад, ки бо воқеъ ва нафсуламр мутобиқат дошта бошад. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки таҷзия ва таркибҳои ҳиссӣ ва хиёлӣ арзиши мантиқӣ надорад, вале таҷзия ва таркибҳои ақлӣ, ки бо нерӯи муфаккира сурат мегирад, арзиши мантиқӣ дорад, ва ҳамин таҷзия ва таркиби ақлӣ аст, ки дар мантиқ ба номи махсуси “таҳлил ва таркиб” хонда мешавад.

Пас, “таҳлил ва таркиб” яъне таҷзия ва таркиби ақлӣ, ки бо нерӯи қувваи муфаккира сурат мегирад ва арзиши мантиқӣ дорад. Арасту дар мантиқи хеш боби қиёсро ба унвони “таҳлил (analytic)-и аввал” ва боби ҳадд ва бурҳонро ба унвони “таҳлили дуввум” номидааст.

Гуфтем, ки “таҷзия ва таркиб” ё амалӣ аст ё назарӣ (зеҳнӣ), ва таҷзия ва таркиби амалӣ муҳимтарин шарти лозими кашфи румуз ва ба даст овардани қонунҳои табиат аст ва аз ақсоми таҷзия ва таркибҳои зеҳнӣ танҳо таҷзия ва таркиби ақлӣ аст, ки арзиши мантиқӣ дорад ва дар истилоҳи мантиқи таъаққулӣ ба номи махсуси “таҳлил ва таркиб” хонда мешавад. Дар ин ҷо ин суол пеш меояд, ки зеҳн чӣ гуна қудрат дорад, ки маъониро ба таври мантиқӣ таҳлил ва таркиб кунад? Ва оё воқеан мумкин аст, ки зеҳн дар маъонӣ ва мафҳумоте, ки пеши худ дорад, тавре амал кунад, ки бо воқеъ ва нафсуламр мутобиқат дошта бошад? Аз ин рӯ, дар ин ҷо чанд матлаб аст, ки шоистаи таваҷҷӯҳ ва диққат аст, аз ин қарор:

1. Кайфияти таҳлил ва таркиби ақлии тасаввурот;

2. Кайфияти таҳлил ва таркиби тасдиқот;

3. Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби ақлии тасаввурот;

4. Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот.

Мо дар ин ҷо наметавонем вориди баёни тафсилии ин чаҳор қисмат бишавем. Роҷеъ ба қисмати аввал ва севвум як баёни иҷмолӣ дар матн ва дар поварақиҳо шуд. Дар китобҳои мабсути мантиқ каму беш дар атрофи он ду қисмат баҳсҳое шуда. Ва қисмати дуввумро ҳам бояд аз мабҳаси “қиёс”-и мантиқ ба даст овард. Он чӣ аҳаммияти фавқулъода дорад ва дар дараҷаи аввали масоили мантиқӣ ва фалсафӣ аст ва дар айни ҳол, надидаем, ки таҳқиқи кофӣ дар атрофи он шуда бошад, баёни қисмати 4-ум аст. Роҳи мантиқи таъаққулӣ ва мантиқи таҷрибӣ ва натиҷатан роҳи фалсафаи таъаққулӣ ва фалсафаи таҷрибӣ дар ин ҷо ба куллӣ аз якдигар ҷудо мешавад. Мантиқи таъаққулӣ барои таҳлил ва таркиби тасдиқот, ки аз он ба равиши “истинтоҷ ва истидлоли ақлӣ” таъбир мешавад, арзиши мантиқӣ қоил аст, вале мантиқи таҷрибӣ ҷуз барои истиқро ва мушоҳида ва таҷриба ва таҷзия ва таркиби амалӣ арзише қоил нест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: