Шарҳи Маснавӣ (174)

Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро (16)

* * *

Дар сирри он ки “Ман арода ан яҷлиса маъаллоҳи фалияҷлис маъа аҳлит-тасаввуф” (2)

* * *

Эй хунук он мард, к-аз худ раста шуд,

Дар вуҷуди зиндае пайваста шуд.

Хушо ба ҳоли касе, ки аз вуҷуди мавҳум ва козиби худ (мани ғаризӣ ва ҳайвонӣ) раҳид ва ба вуҷуди зиндаи ҳақиқӣ ва маънавии инсони комил пайваст!

Войи он зинда, ки бо мурда нишаст,

Мурда гашту зиндагӣ аз вай биҷаст.

Аммо вой ба ҳоли он зиндае, ки бо мурдадилон нишасту бархост кунад! Зеро ҳамнишинӣ ва муҷолисат бо афроди дилмурда, инсонро дилмурда ва афсурда созад.

Нукта: Дар абёти пешин аҳаммияти ҳамнишинӣ бо комилон баён шуд. Мубтадиён ва ноқисон дар сурати сидқи талаб, метавонанд бо мусоҳибати комилон нақоиси худро ҷуброн кунанд. Мавлоно дар аҳаммияти “сӯҳбат” (ҳамраҳӣ) фармояд: “Дӯстонро дар дил ранҷҳо бошад, ки он ба ҳеч доруе хуш нашавад, на ба хуфтан, на ба гаштан ва на ба хӯрдан, илло ба дидори дӯст, ки: “Лиқоул-халили шифоул-ъалил” (Дидори дӯст дармони бемор аст), то ҳадде ки агар мунофиқе миёни мӯъминон биншинад, аз таъсири эшон он лаҳза мӯъмин мешавад… Бингар, ки он пашм аз муҷовирати оқиле чунин басоти мунаққаш шуд ва ин хок ба муҷовирати оқил чунин сарое хуб шуд. Сӯҳбати оқил дар ҷамодот чунин асар кард, бингар, ки сӯҳбати мӯъмине дар мӯъмин чӣ асар кунад”. (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.223)

Чунки дар Қуръони Ҳақ бигрехтӣ,

Бо равони анбиё омехтӣ.

Ҳаст Қуръон ҳолҳои анбиё,

Моҳиёни баҳри поки Кибриё.

Ҳамин ки ту аз дилмурдагон бигурезӣ ва ба Қуръон даровезӣ, бо равони Паёмбар даромезӣ. Зеро Қуръони Карим бозкунандаи аҳволи паёмбарони изом аст. Ва паёмбарон моҳиёни дарёи зоти кибриёии Худованд ҳастанд. (Пас, Қуръон китоби зикр аст ва одамӣ бо хондани он бояд мутанаббеҳ шавад, на он ки ин китоби ҷалилулқадр ва ҳар китоби осмонии дигарро василаи ағрози дунявӣ ва макосиби баҳимии худ кунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.491))

В-ар бихониву найӣ Қуръонпазир,

Анбиёву авлиёро дида гир.

Агар Қуръон бихонӣ ва ҳақиқати онро напазирӣ, монанди ин аст, ки анбиё ва авлиёро дида бошӣ, вале аз ин дидор ҳеч суде маънавӣ оиди ту нашуда бошад. (Гирем, ки Паёмбарро дидӣ, вақте руҳи худро тобеи ҳақиқати ӯ накардӣ, чӣ фоида?! Магар Абӯҷаҳл Паёмбар (с)-ро надида буд?! (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.491))

В-ар пазироӣ, чу бархонӣ қасас,

Мурғи ҷонат танг ояд дар қафас.

Агар ҳақиқати Қуръонро бипазирӣ ва сипас ба мутолеа дар аҳволи анбиё бипардозӣ, парандаи ҷонат ба қадре шефтаи пайвастан ба онон мегардад, ки гӯӣ колбади унсурӣ ҳамчун қафаси танге аст, ки он паранда мудом дар он бетобӣ мекунад ва ҳар лаҳза мунтазир аст, ки дари қафас гушуда гардад ва ӯ ба парандагони аршӣ дарпайвандад.

Мурғ, к-ӯ андар қафас зиндонӣ аст,

Менаҷӯяд растан, аз нодонӣ аст.

Масалан, парандае, ки дар қафас зиндонӣ шавад ва он гоҳ роҳи раҳоӣ наҷӯяд, аз нодонӣ ва ғафлати ӯст.

Нукта: Аҳвол ва авсофи анбиё дар Қуръони Карим омадааст. Ҳар кас ба он авсоф муттасиф ва ба он ахлоқ мутахаллиқ гардад, гӯӣ ки бо онон дарнишастааст. Ва агар касе ҷисман анбиёро дида бошад ва ба авсофи онон дарнаёяд, гӯӣ ки аз онон ғоиб аст ва аслан эшонро надидааст. Увайси Қаранӣ ва Абӯҷаҳл намунаи боризи ин ду навъ одамӣ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.491)

Руҳҳое, к-аз қафасҳо растаанд,

Анбиёи раҳбари шоистаанд.

Он равонҳое, ки аз қафасҳои колбади унсурӣ раҳидаанд, пайравони ҳақиқии паёмбарон ҳастанд, ҳамон баргузидагоне, ки раҳбарони шоистаи мардумонанд.

Аз бурун овозашон ояд зи дин,

Ки раҳи растан туро ин аст, ин.

Паёмбарон, ки худ дар олами маъно ба сар мебаранд, аз моварои ин ҷаҳон ва аз матни ҳақиқати дин нидояшон ба гӯш мерасад, ки ба толибони ҳақиқат мегӯянд: Роҳи растгорӣ фақат ҳамин аст! Яъне бо ҳақиқати имон ва яқин метавонӣ ба фалоҳ расӣ ва лоғайр.

Мо ба дин растем з-ин тангин қафас,

Ҷуз ки ин раҳ нест чорай ин қафас.

Паёмбарон мегӯянд: Мо ба василаи дину имони ростин (на риёкорона ва риндона) аз тангнои қафаси колбади унсурӣ ва ҷаҳони моддӣ раҳидаем. Ва танҳо роҳи раҳоӣ низ ҳамин асту бас.

Хешро ранҷур созӣ зор-зор,

То туро берун кунанд аз иштиҳор.

Худро ранҷур ва нотавон кун, то дар назари зоҳирбинон ва дунёталабон маъюб ва беқадр ойӣ ва аз назарашон биуфтӣ ва аз шӯҳрату овоза барканор шавӣ.

Иштиҳор: Шӯҳрат ва овоза.

Нукта: Мурод аз “ранҷурӣ” бемории ҷисмонӣ нест, балки мурод ин аст, ки одамӣ бар хилофи қоидаҳои нафсонии роиҷ ҳаракат кунад, ба наҳве ки аз анзори соҳибони нафс биуфтад. Мавлоно дар ин байт ва байти баъдӣ бар машраби маломатӣ сухан гуфтааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.492)

К-иштиҳори халқ банди муҳкам аст,

Дар раҳ ин аз банди оҳан кай кам аст?

Зеро ки шӯҳрату овоза ба ҳам расонидан дар миёни мардумон, занҷири муҳкаме аст бар дасту пойи руҳ. Ва дар арсаи сулуки роҳи Ҳақ, ин банди гарон аз занҷирҳои оҳанин кай камтар аст?

Поёни достони “Омадани расули Рум то амирулмӯъминин Умар разияллоҳу анҳу ва дидани ӯ каромоти Умарро

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: