Шарҳи Маснавӣ (175)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (1)

* * *

Хулосаи достон

Бозаргоне тӯтие зебо дар қафас дошт. Рӯзе барои тиҷорат, оҳанги сафар ба Ҳиндустон кард. Ва пеш аз рафтан, ҳамаи аҳли хонаро фаро хонд ва гуфт: Барои шумо аз ин сафар чӣ армуғоне оварам? Ҳар як аз бастагони ӯ чизе дархост кард. Вақте навбат ба тӯтӣ расид, ба ӯ гуфт: Ту чӣ тӯҳфае мехоҳӣ? Тӯтӣ гуфт: Вақте ки ба Ҳиндустон расидӣ ва тӯтиёни ҳамнавъи маро дидӣ, ҳоли маро барои онон бозгӯ кун ва бигӯ, ки қазо ва қадар маро дар зиндони қафас афканда ва инак аз шумо истимдод меҷӯям, оё ин равост, ки шумо хушу хуррам парвоз кунед ва ман маҳҷуру ғамзада дар кунҷи қафас бошам?

Бозаргон ба Ҳиндустон рафт ва ҳамин ки паёми тӯтиро ба дӯстонаш расонид, яке аз тӯтиён аз шохаи дарахт бар замин афтод ва мурд. Бозаргон аз гуфтани ин пайғом пушаймон шуд. Вақте ба ватани худ бозгашт, тӯҳфаҳои мавъудро ба ҳар як аз бастагонаш тақдим кард. Ва саранҷом тӯтӣ гуфт: Пас армуғони ман ку? Бозаргон гуфт: Ман аз расондани пайғоми ту пушаймон ҳастам. Тӯтӣ гуфт: Иллати пушаймонии ту чист? Бозаргон гуфт: Вақте пайғоматро расондам, яке аз тӯтиён дар дам бар замин афтод ва ҷон дод. Дар ин ҳангом тӯтии қафаснишин низ ларзид ва бар кафи қафас афтод. Ва бозаргон аз шиддати нороҳатӣ сина чок кард ва вақте тӯтияки бечораро аз қафас берун андохт, он паранда ба парвоз даромад ва ҷони худро наҷот дод. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.493)

* * *

Аммо маъхази аслии достон: Манобеи ин қисса, ки дар қарни 6-уми ҳиҷрӣ шӯҳрат дошта ва Хоқонӣ низ дар “Тӯҳфатул-ироқийин” ба он ишора кардааст, асли ҳикоят ин аст:

Дар рӯзгори Сулаймон (а) шахсе дар бозор мурғаке харид, ки ӯро ҳазордастон гӯянд… Он мурғакро ба хона бурд ва он чӣ шарти ӯ буд аз қафасу ҷою обу алаф бисохт ва ба овози ӯ мустаънас мебуд. Як рӯз мурғаке биёмад ҳам аз ҷинси ӯ, бар қафас нишаст ва чизе ба қафаси ӯ фурӯ гуфт. Он мурғак низ бонг накард. Ва мард он қафас баргирифт ва пеши Сулаймон (а) овард ва гуфт: Эй Расулаллоҳ! Ин мурғаки заъифро ба баҳои гарон бихаридам ва ба он чӣ шарти аввал аст аз ҷою обу алаф қиём намуда то барои ман бонг кунад. Рӯзе чанд бонг кард ва мурғаке биёмад ва чизе ба қафаси ӯ фурӯ гуфт, ин мурғак гунг шуд. Аз ӯ бипурс, то чаро аввал бонг кард ва акнун намекунад?

Ва он мурғакро гуфт: Чӣ бонг намекунӣ? Мурғак гуфт: Ё Расулаллоҳ! Ман мурғе будам ҳаргиз дому донаи сайёд нодида. Ва сайёде биёмад ва дар гузари ман доме бигустард ва донае чанд дар он дом фишонд. Ман чашми ҳирс боз кардам, дона бидидам, чашми ибрат боз накардам. То дом бидидаме, ба тамаъи дона дар дом шудам, ба дона норасида дар дом афтодам, поям ба дом баста шуд ва дона ба даст наёмад, чун мурғ ба тамаъи дона дар дом ояд, сайёд маро бигрифт аз ҷуфту бачча ҷудо кард ва ба бозор овард. Ин мард маро бихарид ва дар зиндони қафас боздошт. Ман аз сӯзи дарди фурқат нолидан гирифтам, ӯ аз сари ғафлат ва шаҳват самоъ мекард ва аз дарди ман ғофил ва бехабар. Он мурғак биёмад, маро гуфт: Эй бечора! Чанд нолӣ, ки сабаби ҳабси ту ин нолаи туст?! Ман аҳд кардаам, ки то дар ин зиндон бошам низ нанолам.

Сулаймон (а) бихандид ва ва мардро гуфт: Ин мурғак мегӯяд, аҳд кардаам, ки то дар зиндон бошам низ нанолам. Мард қафас пеш хост ва дари ӯ баркашид ва мурғро раҳо кард ва гуфт: Ман инро аз барои овоз дорам, чун маро бонг нахоҳад кард, ӯро чӣ хоҳам кард!” (Қасас ва тамсилоти Маснавӣ, с.19)

* * *

Ин ҳикоят аз ҳикоятҳои бас ширин ва ҷаззоб ва пурнуктаи Маснавии Маънавӣ аст, ки Мавлоно бо баёне шево ва каломе бас зебо бозгӯ кардааст. Меҳвари асосии ин ҳикоят, мавти иродӣ ва гусастан аз таъаллуқоти ғайрихудоӣ ва раҳо шудан аз хештани козиби худ ва ниҳоятан ба мақоми фано расидан аст. Ба эътиқоди бузургони сӯфия ва урафо, фано натиҷаи фазлу раҳмати илоҳӣ аст. Дар ин ҳикоят тӯтии қафаснишин тамсили солики толибест, ки мехоҳад аз қафаси колбад ва муқтазаёти он раҳо шавад. Зимнан, дар байте, нуктае бас нағз дар масоили иршодӣ ва тарбиятӣ оварда, ки барои умуми мардум аз хавосс то авомм омӯзанда аст. Ва он ин ки: панд додан ба амал, қавитар ва мақбултар аз мавъиза карданҳои бехоссияти лафзӣ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.495)

* * *

Буд бозаргону ӯро тӯтие,

Дар қафас маҳбус, зебо тӯтие.

Бозаргоне як тӯтии зебо дошт ва он тӯтӣ дар қафас зиндонӣ шуда буд.

Чунки бозаргон сафарро соз кард,

Сӯйи Ҳиндустон шудан оғоз кард,

Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд

Гуфт: Баҳри ту чӣ орам? Гӯй зуд.

Ҳамин ки бозаргон васоили сафарро омода кард ва дар тадоруки рафтан ба сӯйи Ҳиндустон баромад, аз рӯйи бахшандагӣ ва саховат ба яко-яки ғуломон ва канизони худ гуфт: Зуд бигӯ, аз сафари Ҳиндустон чӣ армуғоне бароят биёварам.

Соз кард: Қасд кард, оҳанги коре кард.

Ҳар яке аз вай муроде хост кард,

Ҷумларо ваъда бидод он некмард.

Ҳар як аз онон чизе дархост кард ва он бозаргони некӯхисол ба ҳамаи онон ваъда дод.

Хост кард: Тақозо намуд, дархост кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: