Фалсафа ва равиши реализм (62)

Пайдоиши касрат дар идрокот (17)

Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот (1)

Дар муқаддимаи ин мақола ва дар тайи худи мақола, ихтилофи назари “ҳиссӣ” ва “ақлӣ”-ро машруҳан баён кардем ва тавзеҳ додем ва муҷаддадан низ ёдоварӣ мекунем, ки он ихтилофи назар, марбут ба “тасаввурот” аст, на “тасдиқот”, ва он ҳам аз ин ҷанба, ки роҳи пайдоиши аввалии тасаввурот дар зеҳн чист? Ва он масъала бештар ҷанбаи “илмуннафсӣ” (яъне, равоншиносона) дорад ва роҳи ҳукаморо дар боби мабдаъ ва маншаи аслии тасаввурот, аз якдигар ҷудо мекунад.

Вале ин масъала, ки акнун мехоҳем вориди баёни он бишавем, марбут ба “тасдиқот” аст, яъне марбут ба “аҳкоме” аст, ки зеҳн дар мавриди тасаввуроте, ки барояш аз роҳи ҳисс ё роҳи дигар пайдо мешавад содир мекунад. Ва ин масъала сирфан ҷанбаи “мантиқӣ” дорад ва роҳи ҳукаморо дар боби таъаққул ва арзиши истидлоли ақлӣ, аз якдигар ҷудо месозад.

Ин ду масъала чандон иртиботе бо якдигар надорад, ҳарчанд нависандагони ҷадид халти мабҳас кардаанд ва маъмулан дида мешавад таҳти унвони “эмпиризм” (empirism, маслаки таҷрибӣ) ва “ратсионализм” (rationalism, маслаки ақлӣ) матолибро дар ҳам омехтаанд. Ва ҳамин халти мабҳас байни ин ду масъала, мӯҷиб шудааст, ки матлаб дар ҳадди ибҳом боқӣ бимонад.

Мо барои аввалин бор ин дуро аз якдигар тафкик мекунем ва барои ҷилавгирӣ аз иштибоҳи лафзӣ, ихтилофи назар дар масъалаи аввалро — ки дар мавриди тасаввурот аст ва ҷанбаи илмуннафсӣ дорад — ба номи “ҳиссӣ ва ақлӣ”, ва ихтилофи назар дар масъалаи дуввумро — ки дар мавриди тасдиқот аст ва ҷанбаи мантиқӣ дорад — ба номи “таъаққулӣ ва таҷрибӣ” хонда ва мехонем.

Назарияи ҳукамои машриқ ва ҳукамои мағриб ва назарияи махсуси ин мақола дар мавриди масъалаи аввал қаблан баён шуд ва акнун навбати он расидааст, ки ба масъалаи дуввум бипардозем ва ихтилофи назари мантиқи таҷрибӣ ва мантиқи таъаққулиро шарҳ диҳем. Дар ин масъала то кунун таҳқиқи кофӣ ва бениёзкунандае нашудааст ва махсусан тарафдорони мантиқи таъаққулӣ, дар ҳеч ҷо дар садади баёни мабсут ва машруҳ ва бениёзкунандае барнаомадаанд. Мо бо истифода аз ишорот ва баёнҳои иҷмолӣ, ки касоне монанди Ибни Сино ва Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва Садрулмутааллиҳин ва соири тарафдорони мантиқи таъаққулӣ дар ин боб кардаанд ва он чӣ худ дар ин ҷиҳат фикр кардаем, назарияи мантиқи таъаққулиро ташреҳ ва аз он дифоъ мекунем.

Ихтилофи назари таъаққулӣ ва таҷрибӣ, дар лузуми таҷриба ё таъаққул нест. На мантиқи таъаққулӣ таъсири азим ва шигарфи таҷрибаро дар таҳқиқоти илмӣ мункир аст ва на мантиқи таҷрибӣ таъаққул ва тафаккурро, ки амали зеҳн аст, лағв ва бесамар медонад. Ихтилоф дар қонунҳо ва миқёсҳои асли тафаккур ва тарзи амали зеҳн дар тафаккурот аст. Асосан, мантиқ яъне илми “мизон” ва “миқёс”. Уламои мантиқ мехоҳанд мизон ва миқёси аслии сиҳҳату суқми тафаккуротро ба даст бидиҳанд. Таҷрибагароён миқёси аслиро таҷриба муаррифӣ мекунанд ва ба вуҷуди миқёси дигаре қоил нестанд, вале таъаққулиюн ба як силсила усул ва мабодии ақлии мустақил аз таҷриба қоиланд, ки онҳоро “мизон” ва “миқёс” ва “олати санҷиш”-и аслии тафаккурот медонанд. Ба ақидаи таъаққулиюн таҷриба ҳарчанд миқёс ва олати санҷиши бисёре аз масоил аст, вале таҷриба миқёси аввалӣ нест, балки миқёси дараҷаи дуввум аст. Яъне як силсила миқёсҳои аслӣ дорем, ки бисёре аз масоил ва аз он ҷумла миқёс будани таҷрибаро ба василаи он миқёсҳои аслӣ ба даст овардаем. Инак, барои тавзеҳи назарияи ду тараф, ба шарҳи зайл мепардозем.

Назарияи таъаққулӣ

Мантиқи таъаққулӣ муддаӣ аст, ки аҳкоме, ки зеҳн дар мавриди қазияҳо содир мекунад, бар ду қисм аст: бадеҳӣ ва назарӣ.

Бадеҳӣ яъне қазияҳое, ки дар онҳо зеҳн бидуни истиъонат ба истидлол, ҳукми ҷазмӣ мекунад, мисли ҳукм ба “Имтиноъи таноқуз” ва ҳукм ба ин ки “Кулл аз ҷузъ бузургтар аст” ва ҳукм ба ин ки “Ишғоли ду ҷисм макони воҳидро мумтанеъ аст” ва ҳукм ба ин ки “Ишғоли ҷисми воҳид дар они воҳид ду маконро мумтанеъ аст” ва ҳукм ба ин ки “Миқдорҳои мусовӣ бо миқдори воҳид, бо якдигар мусовиянд” ва ҳукм ба ин ки “Ҳодиса бидуни иллат, ва ба иборати дигар судфа ва иттифоқ, маҳол аст” ва ғайра…

Бадеҳӣ низ ба навбаи худ бар ду қисм аст: бадеҳии аввалӣ ва бадеҳии сонавӣ.

Бадеҳии аввалӣ он аст, ки на танҳо эҳтиёҷ ба истидлол ва ҷустуҷӯ кардани “ҳадди авсат” ва ташкили суғро ва кубро надорад, эҳтиёҷ ба ҳеч воситае ҳатто мушоҳида ва таҷриба надорад, балки танҳо арза шудани тасаввури мавзӯъ ва тасаввури маҳмул бар зеҳн, кофӣ аст, ки зеҳн ҳукми ҷазмии худро содир кунад, ва ба истилоҳ, танҳо тасаввури маҳмул ва мавзӯъ кофӣ аст барои ҷазми зеҳн ба субути маҳмул аз барои мавзӯъ, монанди мисолҳои фавқ.

Вале бадеҳии сонавӣ он аст, ки танҳо арза шудани тасаввури мавзӯъ ва маҳмул, барои ҳукм кардани зеҳн кофӣ нест ва ҳарчанд эҳтиёҷе ба ҷустуҷӯи ҳадди авсат ва ташкили қиёс нест, вале мудохилаи эҳсос ё таҷриба барои идроки робитаи мавзӯъ ва маҳмул лозим аст, монанди ҷамиъи масоили таҷрибӣ.

Аммо ҳамон тавре ки муҳаққиқини мантиқи таъаққулӣ тасреҳ кардаанд, дар ҳақиқат бадеҳиёти сонавия бадеҳӣ нестанд ва назарӣ ҳастанд. Зеро ба ақидаи таъаққулиюн, тамоми қазияҳои таҷрибӣ — ба баёне, ки баъдан гуфта хоҳад шуд — як навъ такяе ба бадеҳиёти аввалия доранд, пас бадеҳии ҳақиқӣ мунҳасир аст ба бадеҳии аввалӣ ва мо баъд аз ин ҳар вақт бадеҳӣ ё усул ва мабодии ақлӣ бигӯем, манзур ҳамон бадеҳиёти аввалия аст.

Мантиқи таъаққулӣ муддаӣ аст, ки мумкин аст зеҳн ин бадеҳиётро поя ва мабно қарор диҳад ва аз рӯйи онҳо қазияҳои маҷҳулаи назариро касб кунад ва ба истилоҳ, ба истинтоҷ (deduction) ва истидлоли ақлӣ бипардозад. Дар истидлоли ақлӣ маъмулан зеҳн аз аҳкоми куллитар ба аҳкоми ҷузъитар ноил мешавад.

Мантиқи таъаққулӣ муддаӣ аст, ки на танҳо чунин аҳкоми бадеҳии аввалӣ дорем ва аз рӯйи онҳо истинтоҷ ва истидлол мекунем ва аз куллӣ ба ҷузъӣ пай мебарем, балки дар қазияҳои таҷрибии худ низ, ки бо назари сатҳӣ шахс мепиндорад мушоҳида ва истиқро ва озмоиш ягона омили ба вуҷуд овардани он қазияҳост, ҳамин усул ва мабодии ақлӣ мудохила доранд ва агар мудохилаи онҳо набошад, ҳеч илми таҷрибӣ сурати қонуни куллӣ пайдо намекунад.

Назарияи мантиқи таъаққулӣ шомили се қисмати асосии зер аст:

а) Порае аз аҳкоми зеҳнӣ бадеҳии аввалианд, яъне сирфи арза шудани тасаввури мавзӯъ ва тасаввури маҳмул, барои ҳукми зеҳн дар мавриди онҳо кофӣ аст ва зеҳн он аҳкоми худро мадюни ҳеч таҷриба ва муқаддима ва воситае нест (бадеҳиёти аввалияи тасдиқия).

б) Мумкин аст зеҳн ҳамон аҳкоми бадеҳии аввалиро поя ва мабно қарор диҳад ва бо равиши истинтоҷ ва қиёси ақлӣ натоиҷи тоза ба даст оварад ва боз он натоиҷи ба дастомадаро поя ва мабно барои натоиҷи ҷадид қарор диҳад ва ба ҳамин тартиб…

в) Аҳкоми таҷрибӣ ҳангоме ба сурати “қонуни куллии илмӣ” дармеояд, ки як навъ қиёси ақлии таркибёфта аз “бадеҳиёти аввалияи ақлия” мудохила кунад, ба ин маъно, ки дар мавриди тамоми масоили илмии таҷрибӣ ҳамвора вуҷуди як қиёси ақлӣ мафруз ва мусаллам аст, ва агар он қиёсро мафруз нагирем, мушоҳидот ва таҷрибиёти мо натиҷаи куллӣ ва умумӣ наметавонад бидиҳад.

* * *

Назарияи таҷрибӣ

Мантиқи таҷрибӣ муддаӣ аст, ки аввалан, аҳкоми бадеҳии аввалӣ надорем, яъне ҳеч мавриде нест, ки арза шудани тасаввури мавзӯъ ва тасаввури маҳмул, барои ҳукм кофӣ бошад. Ва сониян, зеҳн ҳамвора дар мавриди аҳком ва тасдиқоти худ, аз аҳкоми ҷузъӣ ба аҳкоми куллӣ ва аз аҳкоми куллӣ ба аҳкоми куллитар мерасад, на аз куллӣ ба ҷузъӣ. Ва ба иборати дигар, одати зеҳн бар ин аст, ки ҳамвора аз донӣ (пойин) ба олӣ (боло) сайр мекунад ва қавси суъуд мепаймояд, на аз олӣ ба донӣ. Тамоми аҳкоми куллӣ, ки алъон дар зеҳни башар ҳаст ва таъаққулиюн мепиндоранд, ки бадеҳии аввалианд ва зеҳн ба сирфи арза шудани тасаввури мавзӯъ ва маҳмул ҳукми худро содир кардааст, як силсила қазияҳои таҷрибӣ ҳастанд, ки дар тӯли зиндагӣ ба даст омадаанд ва ибтидо зеҳн ба сурати қазияҳои ҷузъӣ он аҳкомро содир карда, сипас ба сурати аҳкоми куллӣ даромадааст. Чизе, ки ҳаст (ин аст, ки) чун дар ин қазияҳо инсон аз оғози зиндагӣ бо онҳо рӯ ба рӯ буда ва дар озмоишгоҳи бузурги зиндагӣ он қазияҳоро ёд гирифтааст, на дар мадраса ва озмоишгоҳҳои маъмулӣ, чунин мепиндорад, ки он қазияҳо бадеҳии аввалианд.

Ва аммо ин ки мантиқи таъаққулӣ мепиндорад, ки зеҳн қодир аст бо равиши қиёси ақлӣ аз куллӣ ба ҷузъӣ сайр кунад ва аз ин роҳ коре пеш бибарад ва маҷҳулеро маълум созад, иштибоҳ аст. Зеро тамоми шаклҳои маъруфи мантиқи таъаққулӣ, ки муддаӣ аст бо тартиби суғро ва кубро ва восита шудани як мафҳуми куллӣ ба номи “ҳадди авсат” зеҳн ба натиҷа мерасад, мубтанӣ ба шакли аввал аст, ва шакли аввал мусталзими такрори маълум (ё мусодира бар матлуб) аст. Масалан мегӯянд: “Инсон ҳайвон аст ва ҳар ҳайвоне ҷисм аст, пас инсон ҷисм аст”. Ҷисм будани ҳайвон вақте бар мо муҳаққақ мешавад, ки як-яки афроди ҳайвон ва аз ҷумла инсонро истиқро карда бошем ва ҷисм будани онҳоро ёфта бошем, вагарна аз куҷо метавонем бифаҳмем, ки ҳайвон ҷисм аст?! Ҳоло агар мо истиқрои комил кардаем ва ин қиёсро месозем, такрори амри маълум аст. Мисли ин аст, ки гуфта бошем, инсон ҷисм аст, пас инсон ҷисм аст. Ва агар истиқрои комил накардаем ва бигӯем, ҳар ҳайвоне ҷисм аст, мусодира бар матлуб аст. Мисли ин аст, ки иддаъо кунем, инсон ҷисм аст ва агар аз мо бипурсанд, ба чӣ далел инсон ҷисм аст, бигӯем, ба далели ин ки инсон ҷисм аст.

Назарияи таҷрибӣ шомили ду қисмати аслии зер аст:

а) Мо бадеҳии аввалӣ надорем. Тамоми қазияҳое, ки таъаққулиюн мепиндоранд бадеҳии аввалианд, як силсила қазияҳои таҷрибӣ ҳастанд, ки дар тӯли зиндагӣ пайдо мешаванд.

б) Асоси фаъолияти зеҳн сайр аз аҳкоми ҷузъӣ ба аҳкоми куллӣ аст.

Посухи қисмати аввали назарияи таҷрибӣ ин аст, ки фаразан дар мавриди баъзе аз қазияҳои бадеҳии аввалӣ муноқишаи таҷрибагароёнро бипазирем ва қабул кунем, ки аз роҳи таҷриба ба даст омада, аз қабили ҳукм ба ин ки “Кулл аз ҷузъи худаш бузургтар аст” ва “Миқдорҳои мусовӣ бо як миқдор, бо якдигар мусовиянд”, вале порае аз қазияҳо, ки зеҳни мо нисбат ба онҳо изъон дорад, қобили таҷриба ва мушоҳида нест, аз қабили ҳукм ба имтиноъи таноқуз ва ҳукм ба имтиноъи судфа (яъне ҳудуси шайъ бидуни иллат) ва ҳукм ба имтиноъи давр ё тақаддуми шайъ бар нафс. Ғояти амр ин аст, ки инсон дар мушоҳидот ва таҷрибиёти худ ба ҷамъи мутаноқизайн ё иртифоъи мутаноқизайн ё судфа ё тақаддуми шайъ бар нафс бархӯрд накардааст. Сирфи бархӯрд накардан бо чизе, далел бар адам ё имтиноъи он намешавад.

Сониян, агар мо қабул кунем, ки тамоми аҳкоми ақлӣ бидуни истисно мавлуди таҷрибиёти зиндагӣ аст, ночор бояд қабул кунем, ки ягона миқёси мантиқии сиҳҳату суқми қазияҳо, ҳамоно таҷриба аст. Ва агар қабул кунем, ки ягона ҳукме саҳеҳ аст, ки омили таҷриба сиҳҳати онро тазмин карда бошад, оё худи ин ҳукми мо ба ин ки “Фақат он чӣ бо таҷриба ба даст омада саҳеҳ ва мантиқӣ аст” саҳеҳ аст ё ғалат? Агар ғалат аст, пас муддаъои мантиқи таҷрибӣ ғалат аст ва муддаъои мантиқи таъаққулӣ саҳеҳ аст, ки ин инҳисорро мункир аст. Ва агар саҳеҳ ва мантиқӣ аст, оё худи ин ҳукм низ мавлуди таҷриба аст? Яъне сиҳҳати таҷрибаро бо таҷриба ёфтаем ё он ки худи ин ҳукм мавлуди таҷриба нест? Агар худи ин ҳукм мавлуди таҷриба нест, пас маълум мешавад, мо “бадеҳии аввалӣ” яъне ҳукме, ки бидуни висотати таҷриба барои мо ҳосил аст дорем. Ва агар сиҳҳати таҷрибаро бо таҷриба ёфтаем, пас, қабл аз он ки ба таҷриба бипардозем, ҳанӯз таҷрибаро мӯътабар намедонем, баъд ҳам, ки таҷрибаро таҷриба кардем, онро бо чизе миқёс гирифтем, ки сиҳҳати он дар назди мо собит нест, пас сиҳҳати таҷриба дар назди мо собит нест. Пас, ин ҳукм, ки “Танҳо ҳукме мӯътабар ва мантиқӣ аст, ки таҷриба сиҳҳати онро таъйид карда бошад”, ба тариқи авло собит нест.

Ҳақиқат ин аст, ки тамоми аҳкоми бовоситаи зеҳн бояд мунтаҳӣ шавад ба аҳкоми биловосита. Ва агар фарз кунем, тамоми аҳком эҳтиёҷ ба восита дорад (таҷриба ё чизи дигар), ҳусули ҳеч ҳукме барои зеҳн муяссар нахоҳад буд, ва дар натиҷа мебоист зеҳн дар шакки мутлақ фурӯ равад. Ва ба иборати дигар, инкори бадеҳиёти аввалия мусталзими шакки мутлақ ва ғарқ шудан дар вартаи ҳавлноки суфастоигарӣ аст.

Солисан, омили мушоҳида ва озмоиш ҳамвора маҳдуд аст ба замони муайян ва макони муайян ва адади муайян. Ва агар фарз кунем, тамоми қазияҳое, ки таъаққулиюн онҳоро “бадеҳиёти аввалия” мехонанд, қазияҳои таҷрибӣ ҳастанд, зеҳн бо омили таҷриба танҳо дар ҳамон мавориди маҳдуде, ки ба мушоҳида ва озмоиш даромадааст, метавонад ҳукм кунад, на зиёдтар. Фаразан, мо ба мушоҳида ва озмоиши даҳ маврид ва сад маврид ва ҳазор маврид, ба даст овардем, ки “Миқдорҳои мусовӣ бо як миқдор, бо якдигар мусовианд” ва “Таноқуз мумтанеъ аст” ва ғайра… Ба чӣ милок ин ҳукмро тавсиъа медиҳем ба тавре, ки шомили ҷамиъи замонҳо ва маконҳо ва мавориди ғайримутаноҳӣ мешавад? Мо дар зеҳни худ ин аҳкомро куллӣ ва азалӣ ва абадӣ ва истиснонопазир (зарурӣ) меёбем, ва ҳол он ки ин се хоссият (куллият, давом, зарурат) ҳеч кадом наметавонад мавлуди таҷриба бошад.

Аз ин ҷо посухи қисмати дуввуми назарияи таҷрибӣ низ равшан шуд. Таҷрибагароён муддаӣ ҳастанд, ки зеҳн ҳамвора аз аҳкоми ҷузъӣ ба аҳкоми куллӣ мерасад. Мегӯем, чаро ва ба чӣ ҷиҳат зеҳн ҳукми худро аз мавориди озмоишшуда ба ғайри мавориди озмоишшуда басту таъмим медиҳад ва аз ҷузъӣ ба куллӣ меравад ва қавси суъудӣ мепаймояд? Оё зеҳн изъон дорад, ки ҳар ҳукме, ки барои баъзе аз афроди куллӣ собит шуд, пас барои ҳамаи афроди куллӣ собит аст, ва ба истилоҳ, “ҳукми ашёи мумосил (монанд), мумосили якдигар аст” ё надорад? Агар изъон надорад, пас озмоиш дар бораи афроди озмоишшуда наметавонад милоки ҳукм дар бораи афроди озмоишнашуда воқеъ шавад; айнан мисли ин аст, ки қабл аз он ки аслан ба озмоиш ва мушоҳидае пардохта шавад, зеҳн дар бораи он афроди озмоишнашуда ҳукме содир кунад, ва ҳол он ки биззарура ва ба эътирофи худи донишманди таҷрибӣ, зеҳн дар мавриди масоили озмоишӣ қабл аз озмоиш ҳукме надорад. Ва агар изъон дорад, ночор ин ҳукмро бидуни висотати мушоҳида ва озмоиш ба даст овардааст, зеро агар ин ҳукм низ мавлуди озмоиш бошад, қаҳран дар таъмими худ мӯҳтоҷ ба ҳукми дигаре буд ва ҳамин тавр…

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар ҷамиъи масоили таҷрибӣ, ки зеҳн аз аҳкоми ҷузъӣ ба аҳкоми куллӣ сайр мекунад, бо такя ба як силсила усули куллии ғайритаҷрибӣ аст. Чизе, ки ҳаст (ин аст, ки) чун ин усули куллӣ дар ҳамаи маворид истеъмол мешавад ва зеҳн монанди як дастгоҳи худкор аз он усул истифода мекунад, шахс мепиндорад, ки танҳо бо омили мушоҳида ва таҷриба аз ҷузъӣ ба куллӣ ва аз донӣ ба олӣ сайр карда ва қавси суъудро тай намудааст, ва ҳол он ки ин сайр ва суъуд бо кӯмак усули куллитаре сурат гирифтааст.

Дар аҳкоми таҷрибӣ усули ақлонии зиёде ширкат мекунад. Умдаи усули ақлонӣ, ки ҳар таҷрибае муттакӣ ба он аст, ду асл аст: яке, асли имтиноъи судфа (иттифоқ). Зеҳн рӯйи ин асл медонад, ки ҳеч ҳодисае бидуни иллат вуқӯъ пайдо намекунад ва аз ин роҳ иҷмолан ба вуҷуди иллат барои ҳар ҳодисае яқин дорад. Ин асл, бадеҳии аввалӣ аст ва ба таҷриба бастагӣ надорад. Ва яке, асли синхият байни иллат ва маълул. Яъне ҳамвора аз ҳар иллати муайян маълули муайян содир мешавад. Ин асл аз асли имтиноъи таноқуз натиҷа мешавад ва ба таҷриба бастагӣ надорад.

Зеҳн пас аз он ки ин ду аслро пазируфт, метавонад аз таҷрибиёти худ натиҷа бигирад, зеро таҷриба кӯшиш мекунад, ки робита байни ду ҳодисаи ҷузъиро дарёбад ва иллияти як ҳодисаеро барои ҳодисаи дигар ба даст оварад. Ва чун зеҳн изъон дорад, ки судфа маҳол аст ва ҳодиса бидуни иллат нест, қаҳран изъон мекунад, ки ҳодисаи мавриди назар бе иллат нест, он гоҳ бо равишҳои махсус, ки уламои таҷрибӣ амалан дар озмоишҳои худ ба кор мебаранд, иллати воқеии он ҳодисаро ба даст меоварад. (Уламои таҷрибӣ аз қабили Френсис Бекан (Francis Bacon) ва Стюарт Милл (Stuart Mill) дастурҳои амалии судманде барои тарзи озмоиш ва ба даст овардани иллати ҳақиқии ҳар ҳодиса пешниҳод кардаанд. Он дастурҳо мавриди истифодаи донишмандони улуми табиӣ воқеъ шуда ва агар он равишҳо дар амал риоят нашавад, озмоиш натиҷа намедиҳад. Вале хонандаи мӯҳтарам медонад, ки сиҳҳати ҳар озмоише мавқуф ба риояти он равишҳост, вале сиҳҳати он равишҳоро омили таҷриба тазмин накардааст ва ночор сиҳҳати он равишҳоро бо як навъ истидлоли ақлӣ, ки худ мункири сиҳҳаташ ҳастанд ба даст овардаанд.) Ва пас аз он ки иллияти як ҳодисаро барои як ҳодисаи дигар, дар мавориди ҷузъӣ ба даст овард, ба ҳукми асли синхият байни иллат ва маълул ва ин ки иллати муайян ҳамвора маълули муайянро эҷоб мекунад — ки фалсафаи таъаққулӣ сиҳҳати онро тазмин кардааст — он ҳукми ҷузъиро таъмим медиҳад ва қавси суъудиро тай карда, қонуни куллӣ месозад. Вале албатта чизе, ки душвор аст ин аст, ки таҷриба ва озмоиш амалан битавонад иллати воқеии як ҳодисаро дар миёни анбӯҳи умуре, ки эҳтимол меравад ҳар як аз онҳо иллати ҳодиса бошанд ва умури дигаре, ки озмоишкунанда эҳтимол медиҳад аз назари вай дур бошанд, дарк кунад. Ҷанбаи ғайри яқинии қазияҳои таҷрибӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Иллати тағйиру табдилҳои қазияҳои таҷрибӣ, ки ба чашми худ мебинем, ки ба суръат анҷом мегирад, ҳамин аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: