Шарҳи Маснавӣ (176)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (2)

* * *

Гуфт тӯтиро: Чӣ хоҳӣ армуғон,

К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?

Бозаргон ба тӯтии худ гуфт: Ту чӣ тӯҳфае мехоҳӣ, ки аз сарзамини Ҳиндустон бароят биёварам?

Хитта: Сарзамин.

Гуфташ он тӯтӣ, ки он ҷо тӯтиён

Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён.

Тӯтӣ дар посухи бозаргон гуфт: Ҳар гоҳ тӯтиёни ҳамнавъи маро дар Ҳиндустон дидӣ, ононро аз ҳоли ман хабар кун.

К-он фалон тӯтӣ, ки муштоқи шумост,

Аз қазои осмон, дар ҳабси мост.

Бигӯ, он тӯтӣ, ки иштиёқи фаровоне дорад, ки бо шумо дидор кунад, ба ҳукми тақдир, дар қафаси мо зиндонӣ шудааст.

Бар шумо кард ӯ салому дод хост

В-аз шумо чора-в раҳи иршод хост.

Он тӯтӣ барои шумо салом фиристод ва аз шумо додхоҳӣ кард ва гуфт: Барои раҳоӣ аз қафас, мунтазири роҳнамоии шумо ҳастам.

Дод хост: Тазаллумхоҳӣ кард, додхоҳӣ кард.

Гуфт: Мешояд, ки ман дар иштиёқ,

Ҷон диҳам ин ҷо, бимирам дар фироқ?

Тӯтӣ ба бозаргон гуфт: Ба он тӯтиён бигӯ: Оё шоиста аст, ки ман дар шавқи дидори шумо ҷон бисупорам ва дар ин қафас аз ғами фироқи шумо бимирам?

Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,

Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?

Оё ин сазовор аст, ки ман сахт дар асорат бошам ва шумо озодона гоҳе бар сабзазор гардиш кунед ва гоҳ бар фарози дарахт биншинед?

Инчунин бошад вафои дӯстон?

Ман дар ин ҳабсу шумо дар гулситон?

Оё ин аст вафои шумо дӯстон, ки розӣ бишавед ман дар ин қафас зиндонӣ бошам ва шумо дар гулзор бигардед?

Ёд оред, эй меҳон з-ин мурғи зор, 

Як сабӯҳе дар миёни марғзор.

Эй бузургон! Он гоҳ ки дар миёни гулзор аз бодаи тараб сархушед, ин мурғи нотавон ва зорро ёд оред!

Меҳон: Бузургон, ҷамъи меҳ. Сабӯҳ: Шаробе, ки бомдодон нӯшанд.

Ёди ёрон ёрро маймун бувад,

Хоса, к-он Лайливу ин Маҷнун бувад.

Зеро ёд кардани ёрон барои дӯст, фархунда ва муборак аст, ба вижа ки ёри ёдшуда Лайлӣ бошад ва ёри ёдкунанда Маҷнун.

Эй ҳарифони бути мавзуни худ,

Ман қадаҳҳо мехурам пурхуни худ.

Эй ёроне, ки бо маъшуқакони хушандоми худ ба сар мебаред! Ман дар олами фироқ ва ҳиҷрон қадаҳҳои пурхун дармекашам.

Ҳариф: Рафиқ ва ҳамроҳ. Бути мавзун: Маъшуқи хушоянд ва муносиб, маҳбуби хушандом.

Нукта: Мавлоно пайғоми дардолуди тӯтии қафаснишинро чунон бо сӯзу ҳарорат баён мекунад, ки дили ҳар шунавандае аз ҷо канда мешавад ва ба инфиъол дучор меояд. Ва аз ҳамин ҷост, ки пили Мавлоно ёди Ҳиндустони Шамс ва фироқи ӯ мекунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.497)

Як қадаҳ май нӯш кун бар ёди ман,

Гар намехоҳӣ, ки бидҳӣ доди ман.

Агар мехоҳед ба фарёди ман расед, қадаҳе ба ёди ман дарошомед.

Ё ба ёди ин фитодай хокбез,

Чунки хӯрдӣ, ҷуръае бар хок рез.

Ё ба ёди ин дармондаи ғариб, ҳар гоҳ бодае нӯшидед, ҷуръае аз онро рӯйи хок биафшонед.

Нукта: “Хокбез” дар луғат ба маънои касе аст, ки хоки кӯчаҳо ва бозорҳоро ҷорӯб кунад. Дар ин ҷо киноя аз касе аст, ки нотавон ва бекас бошад. Ҳамчунин, аз қадим дар миёни майхорагон расм бар ин будааст, ки таҳнишаст ва дурди ҷоми худро бар замин меафшонданд, то бо ин кор, дӯстон ва ғоибонро ёд карда бошанд. Аз ин рӯ, шуъаро ин мазмунро дар ашъори худ бисёр овардаанд. Чунонки Ҳофиз гӯяд:

Агар шароб хӯрӣ, ҷуръае фишон бар хок, 

З-он гуноҳ, ки нафъе расад ба ғайр, чӣ бок?

Гӯяндае номаълум гӯяд:

شربنا وأهرقنا على الأرض فضلة

وللأرض من كأس الكرام نصيب

Бода дарнӯшидем ва таҳмондаи онро бар замин афшондем, чаро ки замин низ аз ҷоми ҷавонмардон насиб ва баҳрае дорад”. (Эҳёу улумид-дин, ҷ.4, с.71)

Устод Фурӯзонфар гӯяд: “Дар миёни ҷавонмардон ва айёрон, бода нӯшидан ба шодии касе, навъе таъаҳҳуд ба вуҷуд меоварада ва монанди аҳди дӯстӣ будааст. Касеро, ки бода ба шодии дигар кас менӯшида “шодихӯрдаи ӯ” мегуфтанд ва шодихӯрдагон ҳамвора ба ҳимоят ва пуштибонии он кас бармехостанд”. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.616-617)

Ҳамон тавр ки гуфта омад, Мавлоно зимни он ки пайғоми ғарибонаи тӯтиро баён медорад, аз фироқ ва ғурбати худ низ ҳикоят мекунад.

Эй аҷаб, он аҳду он савганд ку?

Ваъдаҳои он лаби чун қанд ку?

Шигифто! Он аҳду савганд куҷо рафт?! Ва ку он ваъдаҳое, ки аз лабони ширингуфтори шумо шунидем?!

Гар фироқи банда аз бадбандагист,

Чун ту бо бад бад кунӣ, пас фарқ чист?

Яке аз равишҳои баёнии Мавлоно ин аст, ки дар миёни нақли достон, ногаҳон хитобро ба сӯйи маҳбуби ҳақиқӣ бозмегардонад ва он чӣ аз чашмаи ботин ва қалбаш ҷӯшида бар забон меронад. Байти фавқ яке аз ин маворид аст.

Маънои байт: Агар ман бар асари баҷо наёвардани вазоифи бандагияам, дучори ин фироқ гаштаам ва ту бадиро бо бадӣ иваз диҳӣ, пас фарқ миёни Худованд ва банда чист? (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.616-618)

Эй бадӣ, ки ту кунӣ дар хашму ҷанг,

Ботарабтар аз самоъу бонги чанг.

Эй маҳбуби ҳақиқӣ! Ҳар бадӣ ва ҷафое, ки ту ба гоҳи хашм бар ман мекунӣ, барои ман шавқангезтар ва дилнишинтар аз истимоъи алҳони шӯрангез ва нағамоти чанг аст.

Эй ҷафои ту зи давлат хубтар

В-интиқоми ту зи ҷон маҳбубтар.

Эй маҳбуби ҳақиқӣ! Ҷафои ту аз иқболи дунявӣ ва давлати зоҳирӣ зеботар аст, чунонки интиқоми ту аз ҷону ҳаёт некӯтар ва марғубтар аст.

Нори ту ин аст, нурат чун бувад?

Мотам ин, то худ, ки сурат чун бувад?

Агар шарораи қаҳрат ин аст, пас фурӯғи лутфат чӣ гуна аст? Ва агар суги ту ин аст, пас шодӣ ва ҷашни ту чӣ гуна аст?

Мотам: Сугу азо. Сур: Ҷашн ва зиёфат.

Аз ҳаловатҳо, ки дорад ҷаври ту

В-аз латофат кас наёбад ғаври ту.

Қаҳру ҷавои ту чунон пурлутф аст, ки ба васф дарнагунҷад. Ва ту чунон латифӣ, ки касе наметавонад ба кунҳи вуҷуди ту расад.

Ғавр: Бо диққат андешиндан.

Ноламу тарсам, ки ӯ бовар кунад

В-аз карам он ҷаврро камтар кунад.

Аз ҷафои ӯ менолам, дар ҳоле ки метарсам он маҳбуби ҳақиқӣ нолаҳоямро бовар кунад. Яъне нолаамро нишони нохушнудиам маҳсуб дорад ва аз рӯйи бузургворӣ ва меҳрубонӣ, ҷавру ҷавои хешро аз ман дареғ дорад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: