Бурҳони Имонуил Конт бар вуҷуди Худо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имонуил Конт (Immanuel Kant, 1724-1804), файласуфи шаҳири олмонӣ, аз фалосифаи дараҷаи аввали Урупо ба шумор меояд ва ғарбиён эътиқоди азиме ба фалсафаи вай доранд ва ӯро аз бузургтарин фалосифаи ҷаҳон ва дар нубуғ ҳамрадифи Арасту ва Афлотун медонанд.

Фалсафаи Контро аз он ҷиҳат, ки ба ҳадди аъло ба наққодӣ ва саррофии ақлу фаҳми инсон пардохта ва ҳудуди ақлу ҳиссро таъйин намуда ва умури шинохтиро аз умури ғайри қобили шинохт ҷудо сохтааст, фалсафаи нақдӣ (critical philosophy) мехонанд.

Яке аз мавзӯъҳое, ки Имонуил Конт дар он дидгоҳҳои қобили таваҷҷӯҳе дорад, мавзӯи Худо ва моварои табиат аст. Пеш аз баёни дидгоҳҳои вай дар ин маҷол, як муқаддима арз кунам.

Фалосифа — ба хусус фалосифаи исломӣ – мегӯянд, аҳкоми ақлии инсон ду бахш аст: бахши назарӣ ва бахши амалӣ. Яъне, як бахш аз корҳои ақли инсон, дарки чизҳое аст, ки “ҳаст”, мисли дарки ин ки “Замин дар атрофи хуршед мечархад”, “Кураи замин доирашакл аст”, “Моҳ гирди замин давр мезанад” ва ғайра… Мегӯянд, дарки “ҳастҳо” кори ақли назарӣ аст. Аммо қисмати дигар аз корҳои ақл, дарки чизҳое аст, ки бояд бикунем, яъне дарки “боядҳо” ва “набоядҳо”, мисли ин ки “Бояд рост гуфт”, “Набояд дурӯғ гуфт” ва ғайра…

Дар бахши аввал, чизе, ки ақл дарк мекунад, дар воқеъ вуҷуди хориҷӣ дорад. Вале дар бахши дуввум, он чӣ ақл дарк мекунад, дар олами воқеъ вуҷуд надорад, яъне мо дар олами хориҷ як чизи муштпуркуне ба номи “рост” ё “дурӯғ” надорем. Росту дурӯғу адолату зулму ин ҷур чизҳо рафтор ҳастанд, на як шайъи хориҷӣ.

* * *

Конт тамоми фалсафааш нақди ақли назарӣ ва амалӣ аст, ки масалан, аз ақли назарӣ чӣ корҳое сохтааст ва аз ақли амалӣ чӣ корҳо? Ӯ мӯътақид аст, ки аз ақли назарӣ кори зиёде сохта нест, вале барои ақли амалӣ арзиши зиёде қоил аст. Ба сухани дигар, Конт барои аҳкоми ақли назарӣ, ба ҷуз дар маҷоли риёзиёт (арифметика) ва табииёт, чандон арзиш қоил нест. (Феълан дар мақоми баёни ин ки оё ин дидгоҳаш дуруст аст ё нест, намебошем, дар ҷойи худаш бояд ин назари вай баррасӣ ва нақд бишавад.) Аммо барои аҳкоми ақли амалӣ арзиши фавқулъода қоил аст.

Конт мегӯяд, ақли амалӣ (ва ё “виҷдон” ба таъбири худаш) дорои як силсила аҳкоми қаблӣ аст, яъне аз роҳи ҳиссу таҷриба ба дасти башар нарасида, балки ҷузъи сиришт ва фитрати башар аст. Масалан, фармон ба ин ки: “Рост бигӯ” ва “Дурӯғ нагӯ”, фармонест, ки қабл аз ин ки инсон таҷрибае дар бораи росту дурӯғ дошта бошад ва натиҷаи ростӣ ва дурӯғро бибинад, виҷдон ба инсон мегӯяд, рост бигӯ, дурӯғ нагӯ. Бинобар ин, дастурҳое, ки виҷдон медиҳад, ҳама дастурҳои қаблӣ ва фитрӣ ва ба таъбири авомм, модарзодӣ аст. Аз ин рӯст, ки як кӯдак ҳаргиз дурӯғ намегӯяд, магар ин ки касе ба вай дурӯғро биомӯзад ва ё ба мурури замон онро таҷриба кунад.

* * *

Аз ҳамин ҷо, Конт масъалаи бақо ва ҷовидонагии нафс ва Худоро исбот мекунад. Конт мӯътақид аст, бо ақли назарӣ намешавад бақо ва хулуди нафс ва Худоро исбот кард, вале “виҷдони инсон” мегӯяд, Худо ҳаст, нафс боқӣ ва холид аст, ҳамеша ҳаст ва дар дунёи дигаре подош ё кайфар мебинад.

Далелаш ҳам ин аст, ки мегӯяд, виҷдони инсон ба садоқат фармон медиҳад, ба амонат фармон медиҳад, ба дурусткорӣ фармон медиҳад, ба риояти адолат фармон медиҳад ва ғайра… Ва инсон дар амал мебинад, ки садоқат ва амонат ва дурустӣ ва адолат ва ғайра, лузуман дар ин дунё подош надоранд. Ва ба илова, дар мавориде, амал ба фармонҳои виҷдонӣ дар ин дунё, на танҳо барои инсон подош надоранд, балки мояи ранҷу заҳмату сахтиҳо барои вай мешаванд. Агар дар ҷомеае бошӣ, ки садоқат ва ростгӯӣ дар он “ҷурм” маҳсуб ояд, ту агар рост гуфтӣ ва хоҳони адолат шудӣ, ҷойе ҷуз зиндон нахоҳӣ дошт. Бо ин ҳол, Конт мегӯяд, боз замири инсон фармон медиҳад ба садоқат, амонат, адолат ва ғайра. Ва виҷдон даст аз фармони худаш барнамедорад.

Баъд, Конт натиҷа мегирад ва мегӯяд, дар умқи виҷдон ва замири инсон ноогоҳона ин эътиқод ва бовар ҳаст, ки маҳол аст ин умур поёни нек надошта бошанд ва гум шаванд ва ҳадар бираванд. Чӣ басо ба зоҳир инкор мекунад ва мегӯяд, мо намедонем воқеан қиёмате ҳаст ва маъоде ҳаст ва ҳисобу китобе ҳаст, вале ноогоҳона дар даруни худаш ба ин ҳақоиқ имон дорад. Ва аз ин рӯст, ки сад бор агар рост бигӯяд ва бадӣ бибинад, ва адолат кунад ва зулм бибинад, бори саду якум боз садоқат ва адолаташро раҳо намекунад. Ин барои он аст, ки — ба қавли Конт — инсон дар умқи замир ва виҷдон эҳсос мекунад, ки зиндагӣ мунҳасир ба ин ҷо нест.

Пас, эҳсоси таклиф мутазаммини имон ба подош аст, яъне мутазаммини имон ба хулуд ва бақои нафс аст. Имон ба хулуди нафс, яъне эҳсоси ин ки ман боқӣ ҳастам ва подошамро аз ҷаҳон мегирам, аҷри ман гум намешавад. Ва ин худаш мутазаммини имон ба Офаридгор аст. Имон ба хулуди нафс, мусталзими имон ба Худост.

Ин аст, ки Конт аз виҷдони ахлоқӣ, на фақат дастурҳои ахлоқиро истинбот мекунад, балки он, пояи фалсафаи ӯст дар ҳамаи моварои табиат. Ва аз ҳамин ҷо озодӣ ва ихтиёрро исбот мекунад. Аз ҳамин ҷо бақо ва хулуди нафс ва олами охиратро исбот мекунад. Аз ҳамин ҷо вуҷуди Худоро исбот мекунад. Ва ин аст, ки мегӯяд:

Ду чиз шигифтовар аст ва ҳеч чизе ба андозаи онҳо барои инсон шигифтовар нест: яке, осмони пурситорае, ки болои сари мо қарор гирифтааст. Ва дигар, виҷдоне, ки дар замири мо қарор дорад”.

Конт дар замири инсон ба хеле чизҳо мӯътақид аст ва бисёре аз усулро аз замир ва ботини инсон кашф мекунад. Конт мегӯяд, Жон Жок Русу (Jean Jacques Rousseau), соҳиби китоби Эмил (Emile) ва китоби “Эътирофот” ҷумлае дорад дар мавриди Худо, гуфтааст: “Дил мантиқе дорад, ки сар он мантиқро дарк намекунад”. Яъне, гоҳе инсон чизҳоеро бо виҷдони худаш эҳсос мекунад, ки фикраш ба он ҷо намерасад. Ва баъд мегӯяд, рост гуфтааст Русу. Ва низ мегӯяд, рост гуфта Поскол, ки: “Дил барои худ далелҳое дорад, ки сар (яъне ақл) асосан аз он далелҳо хабар надорад”.

* * *

Манобеъ:

1) Нақди ақли маҳз, Имонуил Конт, (1781), тарҷумаи Миршамсуддин Адиб Султонӣ;

2) Нақди ақли амалӣ, Имонуил Конт, (1788);

3) Торихи фалсафа, Фредерик Коплстун (Frederick Copleston);

4) Фалсафаи ахлоқ, Муртазо Мутаҳҳарӣ;

5) Каломи ҷадид, Абдулҳусайн Хусравпаноҳ (1383 шамсӣ).

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: