Хокиёнро баҳр нагзорад дарун

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:

“Дар замони Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — кофиреро ғуломе буд мусалмон. Саҳаре худовандгораш (соҳибаш) фармуд, ки: тосҳо (таштҳо) баргир, ки ба ҳаммом равем. Дар роҳ Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — дар масҷид бо саҳоба намоз мекард.

Ғулом гуфт: Эй хоҷа, лиллоҳи Таъоло (яъне аз барои Худо), ин тосро лаҳзае бигир, то дугона бигузорам (яъне ду ракъат намоз бихонам), баъд аз он ба хидмат равам.

Чун дар масҷид рафт, намоз кард. Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — берун омад ва саҳоба ҳам берун омаданд. Ғулом танҳо дар масҷид монд. Хоҷааш то ба чоштӣ мунтазир ва бонг мезад, ки: эй ғулом! берун ой!

Гуфт: Маро намеҳаланд. (Маро намегузоранд.)

Чун кор аз ҳадд гузашт, хоҷа сар дар масҷид кард, то бибинад, ки кист, ки намеҳалад. Ҷуз кафше ва сояи касе надид ва кас намеҷунбид. Гуфт: Охир кист, ки туро намеҳалад, ки берун ойӣ?

Гуфт: Он кас, ки туро намегузорад, ки андарун ойӣ…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.183-184)

* * *

Ин ҳикоят бо андак тафовут дар Маснавӣ ҳам омадааст:

Мир шуд мӯҳтоҷи гармоба саҳар,

Бонг зад: Сунқур! Ҳало! Бардор сар.

Тосу мандилу гил аз Алтун бигир,

То ба гармоба равем, эй ногузир!

Сунқур он дам тосу мандиле накӯ

Баргирифту рафт бо ӯ ду ба ду.

Масҷиде бар раҳ буду бонги сало

Омад андар гӯши Сунқур дар мало.

Буд Сунқур сахт мулаъ дар намоз,

Гуфт: Эй мири ман! Эй банданавоз!

Ту бар ин дуккон замоне сабр кун,

То гузорам фарзу хонам “Лам якун”.

Чун имому қавм берун омаданд,

Аз намозу вирдҳо фориғ шуданд.

Сунқур он ҷо монд то наздики чошт,

Мир Сунқурро замоне чашм дошт.

Гуфт: Эй Сунқур! Чаро н-ойӣ бурун?

Гуфт: Менагзорадам ин зӯфунун.

Сабр кун, нак омадам, эй равшанӣ!

Нестам ғофил, ки дар гӯши манӣ.

Ҳафт навбат сабр карду бонг кард,

То ки оҷиз гашт аз тебоши мард.

Посухаш ин буд: Менагзорадам,

То бурун оям ҳанӯз, эй мӯҳтарам!

Гуфт: Охир масҷид-андар кас намонд,

Ки-т вомедорад? Он ҷо ки-т нишонд?

Гуфт: Он ки баста астат аз бурун,

Бастааст ӯ ҳам маро дар андарун.

Он кӣ нагзорад туро, к-ойӣ дарун,

Мебинагзорад маро, к-оям бурун.

Он кӣ нагзорад, к-аз ин сӯ по ниҳӣ,

Ӯ бад-ин сӯ баст пойи ин раҳӣ.

Моҳиёнро баҳр нагзорад бурун,

Хокиёнро баҳр нагзорад дарун.

Асли моҳӣ обу ҳайвон аз гил аст,

Ҳилаву тадбир ин ҷо ботил аст.

Қуфли зафт асту гушоянда Худо,

Даст дар таслим зан в-андар ризо.

Зарра-зарра гар шавад мифтоҳҳо,

Ин гушоиш нест ҷуз аз Кибриё.

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Достон ва ҳикоёт, Маснавии Маънавӣ, Намоз

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: