Шарҳи Маснавӣ (177)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (3)

* * *

Ошиқам бар қаҳру бар лутфаш ба ҷидд,

Булаҷаб, ман ошиқи ин ҳар ду зидд.

Ба ростӣ, ки ман ошиқи лутфу қаҳри он маҳбуби ҳақиқӣ ҳастам. Шигифто, ки ман нисбат ба ин ҳар ду зидд ишқ меварзам. Яъне, ҳам ошиқи лутфи ӯ ҳастам ва ҳам ошиқи қаҳри ӯ.

Нукта: Ин абёт ҷумлагӣ нозир бар “мақоми ризо” аст. Дар олами ошиқӣ ин мусаллам аст, ки қаҳру бало маҳакки сидқи талаб ва хулуси ишқ аст. Ва маъшуқ бад-ин васила ошиқро дар бӯтаи имтиҳон мениҳад. Ва чун ошиқ бар бало собир бошад, нақди вуҷудаш ошкор шавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.500)

Валлаҳ ар з-ин хор дар бӯстон шавам,

Ҳамчу булбул з-ин сабаб нолон шавам.

Ба Худо савганд, агар ман аз ин хористон ба гулистон биравам, яъне аз хори бало бигурезам ва ба бӯстони роҳатӣ ва осоиш дароям, монанди булбул аз ин ки аз хори бало гурехтаам ва ба роҳатӣ расидаам, нола ва фиғон сар медиҳам.

Ин аҷаб булбул, ки бигшояд даҳон,

То хурад ӯ хорро бо гулситон.

Шигифто аз ин ки булбуле даҳон бигушояд, то хору гулро бо ҳам бихӯрад. Яъне, ҷафо ва балоро ҳамчун лутфи сафо бипазирад. (Албатта, ин кор аз булбул барнамеояд.)

Нукта: Мавлоно дар ин абёт аз забони он тӯтии қафаснишин, ибтидо худро ба булбул ташбеҳ кард, аммо дид, ки булбул сустаҳду нопойдор аст, зеро бӯстонро то вақте мехоҳад, ки хазон бар он натохта ва зардаш накардааст, ҳол он ки дар абёти пешин хондаем, ки ошиқи содиқ бар қаҳру бало марҳабо мегӯяд ва синачок ба истиқболи он меравад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.500) Аз ин рӯ, ташбеҳро иваз мекунад ва худро ба наҳанг ташбеҳ мекунад, мунтаҳо наҳанги оташхор, мефармояд:

Ин чӣ булбул? Ин наҳанги оташест,

Ҷумла нохушҳо зи ишқ ӯро х(в)ашист.

Ин ошиқи балокаш дигар чӣ булбуле аст? Ин аслан булбул нест, балки наҳанге оташин ва оташхор аст. Яъне, на танҳо аз қаҳру ҷафои маъшуқ намегурезад, балки худро дар батн ва матни ҷафо меафканад. Ӯ ҳамаи нохушиҳоро ошиқона мепазирад ва онро хушӣ ва дилпазирӣ мешуморад.

Ошиқи кулл асту худ кулл аст ӯ,

Ошиқи хеш асту ишқи хешҷӯ.

Ин бандаи ошиқ дар воқеъ бар кулли олам ишқ меварзад, зеро ӯ ба мартибаи кулл расидааст. Яъне ошиқи ҳақиқӣ чун аз мани ҷузъии худ гузашта ва ба ҳақиқати Ҳақ пайвастааст, дигар ба унвони “фард” матраҳ нест. Ба иборати дигар, вуҷудаш муносиб бо ҳастии ҳазрати Маъшуқ баст ёфта ба тавре ки худро дар ҳама чиз ва ҳама чизро дар худ мебинад. Бад-ин ҷиҳат бар мазоҳири олами ҳастӣ ишқ меварзад ва ҳамагонро сарфи назар аз хуну нажоду миллияту марому маслак дӯст медорад. Ӯ ошиқи худ аст, аммо на худи шахсӣ, балки ошиқи худи навъӣ ва кулллӣ аст. Яъне ошиқи ҳамаи ҳастӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.501)

Нукта: Абёти ахир нозир бар мақоми волои ризост. “Ризо” аз мақомоти олии солик, балки охирини онҳост. Солик ҳамин ки ба баракати риёзат ва таҳзиби нафс ва ҳусули кашфу шуҳуд, аз доми ширки хафӣ берун ҷаст ва аз дилу ҷон ба ойини ҳанифи тавҳид даромад ва Иброҳимвор бар ҳамаи маъбудҳои офили нафсонӣ ва зоҳирӣ нидои “Ло уҳиббул-офилин” (Ман уфулкунандаҳоро дӯст надорам) зад, ба мақоми ризо мерасад. Ва ризо самараи муҳаббат ва вилояти комили илоҳӣ аст. Чунин шахсе аз самими дил мӯътақид мешавад, ки дар қисмати азалӣ хато ва залале нарафта ва ҳар чӣ бар ӯ расад, хайри маҳз аст. Абдурраззоқи Кошонӣ дар таърифи “ризо” гӯяд: “Ризо иборат аст аз фонӣ кардани иродаи худ дар иродаи ҳазрати Ҳақ Таъоло. Ва фонӣ кардани сифат, қабл аз фанои зот. Ва ин шоққтарин амр бар омма аст. Зеро фонӣ кардани хост ва иродаи шахс, анҷом нашавад, магар бо тарки баҳраҳо ва хушиҳо, ва ин амр бас душвор аст”. (Шарҳу манозилис-соирин, с.89)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: