Ҳадду марзи дӯстӣ бо ғайри мусалмон

Пурсиш: Дар байни олимони дини ислом чунин суханҳо роиҷ аст, ки шумо эй мӯъминон, ҳаргиз бо мардуми яҳудӣ ва насоро дустӣ наварзед, ва ба унвони далел аз Қуръон иқтибос меоранд, андешаи Шумо устод дар сари ин баҳс чист?

Шералӣ Маҳмудов

* * *

Посух: Ба номи Худо. Суоли бисёр баҷост, ба хусус аз он назар, ки имрӯзҳо дар ин мавзӯъ миёни мо мусалмонон ифроту тафрит дида мешавад. Яъне, баъзеҳо ифрот мекунанд ва мӯътақиданд, бо ғайри мусалмонон наметавон ҳеч навъ робитаи дӯстӣ барқарор намуд ва ҷоиз нест. Ва дар муқобил аммо баъзеҳо тафрит мекунанд ва мегӯянд, бо ҳар ғайри мусалмоне метавон робитаи дӯстӣ барқарор намуд ва байни дӯстии ду мӯъмин бо якдигар ва дӯстии як мусалмон бо як ғайри мусалмон, ҳеч тафовуте қоил намешаванд. Ин ифроту тафрит аст. Бояд бибинем, назари Қуръони Карим ва суннати ҳазрати Паёмбар (с) дар ин замина чист?!

Посух ба ин пурсишро зимни баёни ду нукта хулоса мекунам:

1. Нуктаи аввал он ки: ҳар воҳиди иҷтимоӣ (мисли яҳудиҳо, масеҳиҳо, будоиҳо ва ҳатто ғайри диндорон), равобит ва таъомули худро ба ду гуна танзим карда ва мекунанд, ҳатто агар ба забон наёваранд ҳам, вале амалан чунин аст. Яке, равобити худ бо ҳамкешон ва ҳамфикрони худ. Дигар, равобит ва таъомул бо афроде, ки бо эшон ҳамкеш ва ҳамақида нестанд. Таъомули онон бо якдигар, ба гунае аст, ки айни ҳамон, бо дигарон дида намешавад. Бале, чӣ басо равобити онҳо бо дигарандешон — яъне касоне, ки бо эшон ҳамдин ва ҳамфикр нестанд — воқеан меҳрубонона ва инсонӣ бошад, аммо он таъомуле, ки бо якдигар ва ҳамақидаҳои худ доранд, айни ҳамонро бо дигарфикрон надоранд. Ин як воқеияти ғайри қобили инкор аст, агарчи бисёреҳо — ба хусус масеҳиён ва ғайри диндорон — дӯст надоранд ба забон оваранд.

* * *

2. Нуктаи дигар он ки: дар партави воқеяте, ки дар нуктаи аввал омад, ойини ислом ба унвони як дини иҷтимоӣ, аз оғози пайдоишаш исрори фавқулъодае доштааст бар ин ки ҷамоати мусалмонон ба як воҳиди иҷтимоии хосс – бо ақида ва боварҳо ва идеулужии махсус ба худ – дарояд. Ва лозимаи ин он буд, ки навъи равобит ва таъомули мусалмонон бо якдигар ва бо дигарон танзим шавад. Зеро, то замоне ки кайфияти ин равобит танзим нагардад, ҳеч гурӯҳе (чӣ мусалмонон бошанд ё ғайри онон) наметавонад ба унвони як воҳиди иҷтимоии хосс шакл бигирад. Ба унвони мисол, миллигароён (миллигароӣ ба маънои хосси он, на ба маънои оммаш, ки ҳама миллатдӯстанд) бо меҳварияти “миллат”, ва ё нажодпарастон бо меҳварияти “нажод”, равобити худ бо якдигарро (ҳаммиллат ё ҳамнажодро) ба як наҳв танзим мекунанд ва равобити худ бо дигаронро (миллат ё нажоди дигарро) ба наҳве дигар. Такрор мекунам, шояд равобити онон бо дигарон меҳрубонона ва инсонӣ бошад, аммо дар ҳар сурат, ин ду навъ робита бо ҳам мутафовит аст. (Касоне, ки дӯст доранд дар ин мавзӯъ иттилоъи бештар пайдо бикунанд, назари уламо ва донишмандони ҷомеашиносро бихонанд.)

Хуб, дар ин росто, ислом мӯътақид аст, мусалмонон бо ҳамдигар бояд “вало” (ё вилоят) дошта бошанд; валое, ки бо ғайри мусалмонон ҷоиз нест:

وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاء بَعْضٍ

Ва мардон ва занони мӯъмин авлиёи якдигаранд…” (Сураи Тавба, ояти 71)

Вақте ки ду чиз ё ду шахс ба якдигар ончунон наздик бошанд, ки дар миёни онҳо фосилае вуҷуд надошта бошад, араб инро “таволӣ” меномад, ки аз решаи “вало” ва “вилоят” аст. Вақте мегӯянд, мусалмонон бояд нисбат ба якдигар “вало” (ё вилоят) дошта бошанд, мақсуд ин аст, ки руҳҳояшон ба якдигар наздик ва равобити иҷтимоияшон бо якдигар равобити наздик бошад.

Қуръони Карим ҳамин “вало”-ро бо ғайри мусалмонон ҷоиз намедонад, аммо на аз боби ин ки дӯст доштани инсонҳои дигарро бад бидонад ва тарафдори буғзи мусалмон нисбат ба ғайри мусалмон дар ҳар ҳол ва мухолифи некӣ бо онҳо бошад. Қуръони Карим сареҳан мегӯяд:

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُم مِّن دِيَارِكُمْ أَن تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

Худованд шуморо аз некӣ кардан ва адолат бо касоне, ки дар амри дин бо шумо наҷангида ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, манъ намекунад. Бе тардид, Худованд адолатпешагонро дӯст дорад”. (Сураи Мумтаҳина, ояти 8) Яъне, ислом намегӯяд, кори муҳаббатомез ва кори некатон фақат барои мусалмонон бошад ва ба ҳеч ваҷҳ хайре аз шумо ба дигарон нарасад. Инро намегӯяд. Дине, ки пайғамбараш ба насси Қуръон, “Раҳматан лилъоламин” аст, оё метавонад аз некӣ ба дигарон манъ кунад?! Аммо дар айни ҳол, мегӯяд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَتَّخِذُواْ الْيَهُودَ وَالنَّصَارَى أَوْلِيَاء بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاء بَعْضٍ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ

Эй мӯъминон! Яҳуд ва насороро авлиёи худ магиред (яъне ба онҳо вало надошта бошед), ки баъзе аз онон авлиёи баъзеи дигаранд. Ва ҳар кас аз шумо ба онҳо вало намояд, ӯ аз онон хоҳад буд…” (Сураи Моида, ояти 51)

Яъне, ҳар мусалмон бояд бидонад, ӯ узви як хонавода аст; хонаводае, ки аъзои он як пайкар ҳастанд, ва ба таъбири ҳазрати Паёмбар (с):

مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ؛ إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى

Ҷомеаи мӯъмин дар дӯстӣ ва меҳрубонӣ ва тараҳҳум ба якдигар, мисли як пайкар ва бадани воҳид аст, ки ҳар гоҳ узве аз он ба дард ояд, аъзои дигар низ бо бедорӣ ва таб ибрози ҳамдардӣ мекунанд”. (Ривояти Бухорӣ)

Як пайкар будан, хоҳ нохоҳ шароит ва ҳудудеро эҷоб мекунад. Ғайри мусалмон аммо узви як пайкари дигар аст. Узви пайкари исломӣ, равобиташ бо аъзои пайкари ғайри исломӣ бояд ба наҳве бошад, ки лоақал бо узвияташ дар пайкари исломӣ носозгор набошад, яъне ба ваҳдат ва истиқлоли ин пайкар осебе нарасад. Пас, хоҳ нохоҳ наметавонад равобити мусалмон бо ғайри мусалмон бо равобити як мусалмон бо як мусалмони дигар яксон ва аҳёнан аз он наздиктар бошад. Яъне, як мусалмон ҳамвора дар мувоҷеҳа бо ғайри мусалмон, бояд бидонад, ки бо аъзои як пайкари бегона мувоҷеҳ аст. Мехоҳад ба ӯ некӣ кунад, бикунад, эроде надорад. Мехоҳад бо ӯ равобити иқтисодӣ барқарор намояд, бисмиллоҳ, ҳеч ишколе надорад. “Вало” надоштан ба ғайри мусалмон, монеъи ин гуна таъомулот нест. Балки маънои ин ки набояд валои ӯро дошта бошад ин аст, ки набояд равобити мусалмон бо ғайри мусалмон, дар ҳадди равобити мусалмон бо як мусалмон бошад.

Пас, мунофоте нест миёни он ки мусалмон ба ғайри мусалмон эҳсон ва некӣ кунад ва дар айни ҳол, валои ӯро напазирад, яъне ӯро узви пайкаре, ки худ ҷузъе аз он аст нашуморад ва бегонавор бо ӯ рафтор кунад. Дуруст мисли ин ки равобити самимонаи шумо бо аъзои хонаводаатон — бо падар, модар бародарон ва хоҳаронатон — монеъ аз ин нест, ки шумо ба ҳамсоя некӣ ва эҳсон бикунед. Лозимаи башардӯстӣ ин нест, ки ман равобити хонаводагиамро ба ҳам бизанам.

Хулоса, ислом аз тарафе эҳсон ва некӣ ба ғайри мусалмонро муҷоз мешуморад ва балки ба он тавсия мекунад, вале аз тарафи дигар иҷоза намедиҳад, ки мусалмон валои ғайри мусалмонро бипазирад. Ислом дини башардӯстӣ аст. Бале. Ислом ҳатто мушрикро дӯст дорад, аммо на аз он назар, ки мушрик аст, балки аз ин назар, ки як инсон аст, ва албатта аз он ҷиҳат, ки дар роҳи ҳалокат ва залолат афтодааст ва роҳи наҷот ва саодатро гум кардааст, нороҳат аст. Ва агар ӯро дӯст намедошт, дар муқобили ширк ва бадбахтиаш бетафовут мебуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: