Фалсафа ва равиши реализм (63)

Пайдоиши касрат дар идрокот (18)

Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот (2)

Ва аммо эроде, ки мантиқи таҷрибӣ бар равиши истинтоҷи мантиқи таъаққулӣ мегирад ва муддаӣ аст, ки сайр аз куллӣ ба ҷузъӣ ва истидлоли қиёсӣ ё такрори амри маълум аст ва ё мусодира бар матлуб, посухаш ин аст, ки аввалан, худи ҳамин истидлоли мантиқи таҷрибӣ як истидлоли қиёсӣ аст ва аз куллӣ ба ҷузъӣ сайр намуда, ва бинобар ин, ё такрори амри маълум аст ва ё мусодира бар матлуб.

Сониян, ин ки мантиқи таҷрибӣ гумон карда, ки тамоми истидлолҳои куллӣ ё такрори амри маълум аст ё мусодира бар матлуб, мабнӣ бар ин аст, ки зеҳн ҳамвора аз ҳукми ҷузъӣ ба ҳукми куллӣ сайр мекунад. Вале бо баёни гузашта маълум шуд, ки зеҳн дар аҳкоми худ на танҳо ҳамеша аз ҷузъӣ ба куллӣ сайр намекунад, балки дар мавориде ҳам, ки аз ҷузъӣ ба куллӣ сайр мекунад ва қавси суъудӣ тай карда қонунҳои куллии улуми табииро месозад, аз як силсила усули куллитаре, ки зеҳн аз оғоз онҳоро ба ҳамон куллият ва бидуни висотати ҳеч омили хориҷӣ (таҷриба ва ғайра) пазируфтааст, мадад мегирад.

Солисан, он чӣ мантиқи таҷрибӣ дар мавриди инсон ва ҳайвон — ки ба унвони мисол оварда шуд – мегӯяд, муноқиша дар мисол аст. Мо метавонем тағйири мисол дода, риёзиётро гувоҳ биёварем. Дар риёзиёт аз равиши қиёси ақлӣ истифода мешавад. Масалан, дар ҳандаса (геометрия) ду се қонуни мусаллами куллӣ — аз қабили “қонуни мусовот” ва “қонуни куллу ҷузъ” — поя ва мабно қарор дода мешавад ва яко-яки мавориди ҷузъитар аз онҳо истинбот мешавад. Ва агар истидлолҳои ақлӣ ва сайр аз куллӣ ба ҷузъӣ мутлақан ғалат ва такрори маълум ё мусодира бар матлуб бошад, истидлолоти риёзӣ ба куллӣ беарзиш аст ва лозим аст барои дарёфтани чанд асли мутаъорафи риёзӣ — аз қабили “асли мусовот” ва “асли куллу ҷузъ” — аввал як-яки масоили риёзиро истиқро кунем ва ба масоили риёзӣ огоҳ шавем, баъд ҳукм кунем, ки “Миқдорҳои мусовӣ бо як миқдор, мусовӣ бо якдигаранд” ва “Кулл аз ҷузъ бузургтар аст”.

Баъзе аз донишмандон байни истидлолоти риёзӣ ва истидлолоти қиёсӣ фарқ гузоштаанд ва иддаъо кардаанд, ки истидлолоти риёзӣ дар айни ин ки таҷрибӣ нест, сайр аз куллӣ ба ҷузъӣ ҳам нест, балки ба акс сайр аз ҷузъӣ ба куллӣ аст ва “таъмим” ба кор меравад. Фелисин Шоле дар “Методология” фасли “Равиши риёзиёт” мегӯяд:

Метавон гуфт, ки дар тамоми бурҳонҳои риёзӣ “таъмим” ба кор бурда мешавад ва он чиро, ки барои як мисол собит шуд, дар мавориди дигар содиқ медонанд. Яъне, вақте мо матлаберо дар бораи мусалласи ABC исбот кардем, онро дар бораи ҷамиъи мусалласҳо таъмим мекунем. Вале байни таъмиме, ки дар риёзиёт ба кор меравад, бо таъмиме, ки дар улуми физик ва шимӣ эъмол мешавад, як фарқи асосӣ мавҷуд аст; бад-ин қарор, ки таъмими риёзӣ ба акси таъмими улуми таҷрибӣ, аз роҳи таҷриба ҳосил намешавад. Масалан, вақте ҳукмеро, ки ба василаи бурҳон дар бораи мусалласи ABC собит кардаем ва дар бораи тамоми мусалласҳо таъмим медиҳем, ба ҳеч ваҷҳ таҷриба дар ин таъмим дахолат надорад ва ҳол он ки ба василаи таҷриба аст, ки мутталеъ мешавем, ки дар муқобили ҳарорат, як филиз ва ду филиз ва се филиз ва билохира тамоми филизот мунбасит мешавад”.

Ҳақиқат ин аст, ки дар истидлолоти риёзӣ “таъмим” ба маънои сайр аз ҷузъӣ ба куллӣ ё аз “камтар куллӣ” ба “куллии васеътар” нест, зеро он чизе, ки зеҳнро дар масоили риёзӣ мулзам ба қабул мекунад, сирфан бурҳони риёзӣ аст ва заруратан ҳеч бурҳони риёзӣ ихтисос ба мавриди муайян надорад. Ва агар мавриди муайян – масалан, мусалласи ABC — ро мавриди эъмоли бурҳони риёзӣ қарор медиҳем, сирфан барои тафҳим ва равшан сохтани муфоди бурҳон бар зеҳн аст. Ва аз ин рӯ, агар зеҳн битавонад муфоди як бурҳони риёзиро бидуни муроҷеа ба мавриди хосс тасаввур кунад, фавран мулзам ба қабул мешавад. Ва ба иборати дигар, омили изъон ва илзоми зеҳн ба қабули муфоди куллии бурҳон, ҳамон худи бурҳон асту бас. Чизе, ки ҳаст ин аст, ки дар мавриди ҳар изъон ва ҳукме лозим аст, ки зеҳн қазияи мафрузаро ба таври вузуҳ тасаввур кунад, то битавонад ба он изъон дошта бошад. Эҳтиёҷ ба мавориди хосса дар масоили риёзӣ, барои тасаввури муфоди бурҳон аст, на барои тасдиқ ба он.

Фелисин Шоле сипас дар мақоми фарқ байни истиқро ва истидлоли қиёсӣ ва бурҳони риёзӣ чунин мегӯяд:

Ба василаи ҳамин матлаби асосӣ аст, ки бояд байни “қиёс”, ки дар он таҷриба дахил нест ва “истиқро”, ки мубтанӣ бар таҷриба аст, имтиёз гузошт ва таъриферо, ки маъмулан аз қиёс мекардаанд (истидлоле, ки дар он зеҳн аз як қазияи куллӣ ба қазияе, ки камтар куллӣ аст мерасад) ислоҳ намуд ва аз ин истидлол таърифе кард, ки ҳам бар қиёси сурӣ, ки дар он зеҳн ҳукми куллиро дар бораи афроди он эъмол мекунад мунтабиқ шавад ва ҳам бар бурҳон (бурҳони риёзӣ), ки дар он фикр аз “камтар куллӣ” гузашта ба “куллии бештар” мерасад. Нуқтаи муштараки қиёси сурӣ ва бурҳони риёзӣ ин аст, ки дар ҳеч як аз он ду зеҳн мутавассил ба таҷриба намешавад ва худи зеҳн равобитеро, ки мантиқан зарурӣ аст, байни афкор барқарор мекунад… Пас, беҳтар ин аст, ки дар таърифи “қиёс” ва ё “истидлоли истинтоҷӣ” бигӯем, ки он: қавле аст таълифшуда аз қазияҳо, ки байни тасаввурот робитаи зарурӣ барқарор месозад. Қиёси сурӣ яке аз мавориди ҷузъии қиёс (истинтоҷ) аст ва дар он, маъонӣ яке аз дигаре берун кашида мешавад, барои ин ки баъзе мундараҷ дар баъзеи дигар ва баъзе нисбат ба баъзе дигар оммтар аст, мисли фонӣ, ки оммтар аз инсон ва инсон оммтар аз Суқрот аст (дар мисоли: “Суқрот инсон аст ва инсон фонӣ аст, пас Суқрот фонӣ аст”) ва Суқрот дар зимни инсон ва инсон дар зимни фонӣ мундараҷ аст, ва он ҳукме, ки барои “шомил” ба таври куллӣ содиқ бошад, барои “машмул” низ содиқ аст. Аммо истидлоли риёзӣ яке аз суратҳои қиёсӣ аст, ки дар он, робитаи “индироҷ” малҳуз нест, балки дар он ҷо робитаи “тасовӣ” ё “муъодил будан” манзур аст ва миқдорҳои муъодилро ба ҷойи ҳам мегузорем ва натоиҷи зарурӣ ба даст меоварем”.

Ин ки дар мақоми фарқи қиёси ба истилоҳ сурӣ ва бурҳони риёзӣ дар боло гуфта шуд, ки дар аввалӣ робитаи “индироҷ” дар кор аст ва дар дуввумӣ робитаи “тасовӣ”, махдуш аст. Зеро ҳамон тавре ки мантиқдонон таҳқиқ кардаанд, “қиёси мусовот”, ки мавриди истифодаи риёзиёт аст, мунҳал ба ду қиёс аст ва дар қиёси дуввум робитаи индироҷ малҳуз аст, ва то қиёси дуввум мадад накунад, зеҳн ба мақсуди худ намерасад. Масалан, он ҷо, ки истидлол мекунем, ки “Зовияи A мусовӣ аст бо зовияи B ва зовияи B мусовӣ аст бо зовияи C” натиҷаи мустақими ин қиёс ин аст, ки “Зовияи A мусовӣ аст бо мусовии зовияи C (на бо худи зовияи C)” сипас ин натиҷаро муқаддимаи дигаре, ки дар он, робитаи индироҷ малҳуз аст ва зеҳн аз куллӣ ба ҷузъӣ сайр мекунад қарор медиҳем, ба ин тартиб: “Зовияи A мусовӣ аст бо мусовии зовияи C ва миқдорҳои мусовӣ бо як миқдор, мусовии якдигаранд, пас зовияи A мусовӣ аст бо зовияи C”. Чунонки мулоҳиза мешавад, халлоқияти зеҳн мадюни ҳамин қиёси ба истилоҳ сурӣ аст, ки зеҳнро аз “куллӣ” ба “камтар куллӣ” убур дода. Чизе, ки ҳаст (ин аст, ки) чун ин қиёси дуввум дар ҳамаи маворид ба як наҳв ба кор бурда мешавад ва ҳамвора инсон нисбат ба он ҳузури зеҳн дорад, дар формули риёзӣ дахолат дода намешавад.

Баъзе аз фалосифа ва равоншиносони ҷадид, ғайри таҷрибӣ будани як силсила усули куллии ақлониро пазируфтаанд, яъне қабул кардаанд, ки пайдоиши ин аҳкоми куллии ақлонӣ мавлуди мушоҳида ва озмоиш ва истиқро нест, лекин иддаъо кардаанд, ки пайдоиши ин усул маълули авомили ҳаётӣ ё авомили иҷтимоӣ аст, яъне эҳтиёҷоти зиндагии фардӣ ё зиндагии иҷтимоӣ зеҳнро водор кардааст, ки ин усулро бисозад. Масалан, ҳукм кунад ба ин ки “таноқуз маҳол аст” ва “субути шайъ барои худ зарурӣ аст” ва “судфа (иттифоқ) маҳол аст” ва ғайра… Ва бо тағйири эҳтиёҷоти зиндагӣ мумкин аст ин усул дар фикри башар ҷойи худро ба як силсила усули дигар бидиҳад ва бинобар ин, усули аввалияи фавқ ҳарчанд маълули таҷриба нест, вале арзиши мантиқии мутлақе ҳам, ки мантиқи таъаққулӣ барои онҳо қоил аст ва онҳоро саҳеҳи мутлақ ва куллӣ ва азалӣ ва абадӣ ва тахаллуфнопазир медонад дуруст нест.

Ин назария аз назарияи таҷрибӣ заъифтар аст. Дар ин назария байни афкори ҳақиқӣ ва афкори эътиборӣ фарқ гузошта нашуда. Мо дар мақолаи 6, ки дар эътибориёт ва афкори амалӣ гуфтугӯ мекунем, дар атрофи ин назария машруҳан баҳс хоҳем кард.

Гурӯҳи дигар нағмаи дигаре соз кардаанд. Ин гурӯҳ низ қабул кардаанд, ки усули фавқ ғайри таҷрибӣ аст ва ҳам қабул кардаанд, ки зеҳн аз ҳукми куллӣ ба ҳукми ҷузъӣ сайр мекунад, лекин иддаъо кардаанд, ки усули фавқ барои зеҳн арзиши яқинӣ надорад ва сирфан фарзҳое аст, ки зеҳн онҳоро сохта ва худи зеҳн дар бораи онҳо шакку тардид раво медорад; чизе, ки ҳаст зеҳн маҷбур аст, ки ин фарзияҳои бедалелро мусаллам фарз кунад, зеро агар ин фарзҳои бедалелро напазирад ва фарз накунад, ки масалан “таноқуз мумтанеъ аст” ва “судфа маҳол аст”… илм хароб мешавад ва илми башар интизом ва истеҳком ва истиқрор пайдо намекунад.

Посухи ин назария он аст, ки оё фарзи ин усули куллӣ, дар натиҷа додани масоили илмӣ муассир ҳаст ё нест? Агар муассир нест, пас зеҳн чӣ фарз бикунад ва чӣ накунад, баробар аст. Ва агар фарзи ин усули куллӣ дар ҳусули натоиҷ муассир аст, оё натиҷа шудани он масоили ҷузъӣ аз он фарзҳои куллӣ, қатъӣ ва яқинии зеҳн аст ё он ки он ҳам эҳтиёҷ ба фарз дорад? Агар қатъӣ ва яқинӣ аст, пас маълум мешавад, ин як бадеҳии аввалӣ (зарурати интоҷи қиёс)-ро дорем ва ин бадеҳӣ барои зеҳни мо қатъӣ ва яқинӣ аст ва зеҳни мо ҳеч гуна шакку тардиде дар бораи он раво намедорад. Ва агар натиҷа шудани масоили улум аз ин усули куллӣ низ мӯҳтоҷ ба фарз аст, пас зеҳн ба ҳадафи худ, ки интизом ва истеҳкоми масоили улум аст нарасида. Ва дар ин сурат низ фарз кардани ин усул ва фарз накардани онҳо барои зеҳн баробар аст ва масоили улум дар ҳадди фарз боқӣ мемонад ва аз аввал зеҳн бидуни даст дароз кардан ба ин усул метавонист ҳар чӣ бихоҳад фарз кунад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: