Баҳсе дар бораи вожаи “илм” ва “илмӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки миёни корбарон дар фазои маҷозӣ сурат мегирад, чунин бардошт мешавад, ки гоҳе, мо забони якдигарро нафаҳмида беҳуда бо ҳам ҷанҷол ва кашмакаш мекунем. Аз ин рӯ, дар ҳар баҳсе, аввал бояд маъноҳое, ки ҳар як аз мо ба кор мегирад, ба ҳамбаҳсаш хуб фаҳмонад, то суитафоҳум ва суибардошт пеш наояд.

Яке аз ин маъноҳо, ки бояд тавзеҳ дода шавад, маънои “илм” ва “илмӣ” аст. Дар ин ҷустор, саъй мекунам, ин мафҳумро — ки корбурди бисёр зиёд ва фаровон дорад — тавзеҳ бидиҳам, зимни баёни чанд нукта:

* * *

1. Гоҳе манзур аз вожаи “илм”, маънои он дар луғат аст. Дар луғат, ба ҳар “огоҳӣ” илм мегӯянд. Яъне, ҳар огоҳӣ, ки дар зеҳни шумо ҳосил меояд, ба он “илм” мегӯянд. Масалан, шумо ҳамин ки чашматонро боз кунед ва дар баробари худ дарахтеро бибинед, сурате аз он дарахт дар пеши шумо ҳосил мешавад. Ин сурат ҳамон “огоҳӣ” ва “илм” аст.

* * *

2. Аммо гоҳе, мурод аз ин вожа, маънои он дар луғат нест, балки манзур, маънои он дар истилоҳ (термин) аст. Ҳол, пеш аз баёни вожаи “илм” дар истилоҳ, лозим аст як нуктаро ёдоварӣ кунам. Ва он ин ки: истилоҳро луғат таъйин намекунад, балки ҳар касе метавонад вожаеро барои як маъно ихтисос диҳад ва бигӯяд, ин вожа аз ин ба баъд барои фалон маънои хосс ба кор меравад. Масалан, вожаи “қиёс”. Ин вожа дар луғат ба маънои “чизеро бо як чизи дигар муқоиса кардан” аст. Аммо дар истилоҳ, ҳар донише ин вожаро барои як маънои хосс ба кор бурдааст. Вожаи “қиёс” дар мантиқ ва фалсафа як маъно дорад, аммо дар фиқҳ ва усул ва ҳуқуқ як маънои дигар. “Қиёсе”, ки дар мантиқ ба кор меравад, бо “қиёсе”, ки дар фиқҳ ва ҳуқуқ ба кор мебаранд, ду маънои мутафовит аст.

Ва ё вожаи “маҳол” (ё “муҳол”) — ки дар луғат ба маънои “имконнопазир”, “нашуданӣ” ва “ғайри мумкин” аст — корбурдаш дар улуми ақлӣ, ғайр аз корбурди он дар урф ва ё забони шоирон ва адибон аст. Дар улуми ақлӣ, вақте ба гузорае бигӯянд, “маҳол аст”, маънояш ин аст, ки ин амр ақлан маҳол аст, мисли он ки бигӯем, маҳол аст, ки 2×2=5 бошад. Вале дар урф, вақте ин вожа ба кор бурда мешавад, лузуман мурод аз он, маҳоли ақлӣ нест, балки маҳоли урфӣ аст, мисли он ҷо, ки мегӯянд: “Маҳол аст дар тобистон барф биборад”. Пурвозеҳ аст, ки боридани барф дар тобистон, як маҳоли ақлӣ нест (яъне мисли 2×2=5 нест), балки одатан ва тибқи қавонини табиӣ дар тобистон барф намеборад.

Ҳол, вожаи “илм” дар истилоҳ (термин):

Ин вожа дар истилоҳ, барои маъноҳои гуногуне ба кор меравад, ки машҳуртарини он: “огоҳиҳое, ки аз роҳи таҷриба ва озмоиш ба даст меоянд” аст. Имрӯза вақте вожаи “илм” ба гӯшҳо мехӯрад, бештар ҳамин маъно манзур аст ва дар зеҳни инсонҳо бештар ҳамин маъно хутур мекунад. Яъне, улуми таҷрибӣ (мисли физик, шимӣ, зистшиносӣ ва куллан улуме, ки равиши таҳқиқашон озмоиш ва таҷриба аст) вақте матлаберо пешкаш мекунанд, мегӯем, ин матлаб “илмӣ” аст.

* * *

3. Ҳоло бармегардем ба маънои вожаи “илм” дар луғат. Гуфтем, ки дар луғат ба ҳар “огоҳӣ” илм гуфта мешавад. Албатта, маълумот ва огоҳиҳое, ки дар зеҳни мо инсонҳо ҳосил мешаванд, ҳама дар як сатҳ нестанд, балки ба ду қисманд. Қисмате аз огоҳиҳои мо, яқинӣ ва қатъӣ ҳастанд, яъне мо ба мазмуни онҳо, ба гуфти мардум, сад дар сад бовар дорем. Масалан, “Исмоили Сомонӣ бунёнгузори давлати Сомониён аст”, ин як огоҳӣ ва маълум дар зеҳни мост ва мо ба мазмуни он сад дар сад яқин дорем ва кучактарин шакку тардиде дар он намекунем. Ин як навъ огоҳӣ ва илм.

Аммо қисмате аз огоҳиҳои мо, чунин нестанд, балки мо ба мазмуни онҳо, яқин (яъне боварии сад дар сад) надорем, балки 70 дар сад ё 80 дар сад бовар дорем. Номи инро “гумон” мегӯянд. Ин ҳам як навъ огоҳӣ аст, вале огоҳии сад дар садӣ нест. Масалан, агар шумо дар хона нишаста бошед ва як нафар одами ростгӯ (на дурӯғгӯ) пешатон биёяд ва бигӯяд, ки: “Дар берун одамеро дидам, ки ду сар дорад”, ба мазмуни ин сухан, пеши шумо фақат гумон ҳосил меояд (яъне, боварии 60 ё 70 дар садӣ), на яқин. Яъне, ба мазмунаш на яқин пайдо мекунед ва на онро дурӯғ дониста инкор мекунед, балки бароятон фақат як гумон ҳосил мешавад.

Хуб, ба ин далел онро дурӯғ намешуморед ва зуд инкораш намекунед, ки чун аввалан, он одам ростгӯст ва ангезае барои дурӯғӯӣ надорад. Ва сониян, ду сар доштан барои як инсон, дар ҳадди зоти худ, як амри маҳол нест. Ва ба ин далел бароятон яқин ҳосил намешавад, ки аввалан, хабари як нафар ростгӯ ғолибан яқиновар нест, балки гумоновар аст. Ва сониян, эҳтимол медиҳед, ки шояд ин одам чашмаш ба хато рафта ва як сарро ду сар дида бошад. Зеро ду сар доштан барои инсон, як падидаи бисёр нодир аст. Хуб, ин ҳам як навъ огоҳӣ, ки ба он “гумон” мегӯянд.

Ҳол, дар ҳамин мисол, агар як нафар ростгӯи дигар вориди хона шавад ва бигӯяд, ман ҳам дар берун як одами дусара дидам, дар ин ҷо гумони шумо тақвият пайдо мекунад. Сипас агар нафари ростгӯи севвум ворид шавад ва ҳамин суханро гӯяд, ва ҳамин тавр ростгӯи чаҳорум ва панҷум ва шишум ва ҳоказо… дар ин сурат, гумони шумо дигар ба тадриҷ табдил ба яқин мегардад. Албатта, ба шарте, ки ин ростгӯён бо ҳам тавофуқ накарда бошанд, ки як сухани дурӯғро барои ин одам бигӯем ва фиребаш диҳем. Яъне, як навъ бозии “якуми апрелӣ” набошад, балки ҳамаи ин одамҳои ростгӯ дар сухани худ ҷиддӣ бошанд ва бо ҳам тавофуқе ҳам накарда бошанд. Дар ин сурат аст, ки мазмуни ин сухан пеши шумо ба яқин табдил мегардад. Инро дар истилоҳ “тавотур” мегӯянд.

Одамҳои солимулақл (на мариз ё равонӣ) чунон сиришта шудаанд, ки агар як хабар барояшон ба сурати “мутавотир” нақл шавад — яъне тавассути анбӯҳе аз ростгӯён нақл шавад, ки ҳеч маразе надоранд ва тавофуқе барои дурӯғ гуфтан бо ҳам накардаанд — ба мазмуни он хабар пеши онҳо яқин ҳосил мешавад. Яъне, илми сад дар садӣ. (Илм ба маънои он дар луғат.)

* * *

4. Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ дар боло гуфта шуд, возеҳ ва равшан мегардад, ки ҳар ҷо вожаи “илм” ё “илмӣ” ба кор равад, заруратан мурод аз он, “илмӣ” ба маънои “огоҳие, ки аз роҳи таҷриба ва озомиш” пеши инсон ҳосил мешавад нест, ки онро зуд “ғайри илмӣ” унвон кунем.

Масалан, вақте касе ба шумо бигӯяд: “Исмоили Сомонӣ бунёнгузори давлати Сомониён аст” ва таъкид кунад, ки ин мазмун “илмӣ” аст, шумо агар ба ӯ бигӯед, ки: на, ин “илмӣ” нест, дар ин ҷо, шумо дар воқеъ ё халт кардаед ва ё амдан халт мекунед. Зеро ӯ вақте гуфт, ин мазмун “илмӣ” аст, манзураш қатъӣ ва яқинӣ аст (илмӣ ба маънои он дар луғат) ва ё ҳаддиақал “илмӣ” бо меъёрҳое, ки назди улуми нақлӣ ба кор меравад.

Аз ин рӯ, агар мо мусалмонон дар мавриди маорифи динӣ (чӣ як ҳукм бошад ё як гузориш аз ҳаёти як паёмбар бошад ва ё як мӯъҷиза, ки дар Қуръони Карим ва суннат омада) вақте мегӯем, инҳо “илмӣ” ҳастанд, лузуман муроди мо “илмӣ” ба маънои истилоҳии он нест, ки касе эътироз кунад ва бигӯяд, инҳо “илмӣ” нестанд, ки дар ин сурат, барои вай ё масъала халт шуда ва ё амдан халт мекунад ва муғолата мекунад. Ин муғолатакориҳо бояд ошкор шаванд.

* * *

5. Ҳол, аз куҷо мо мегӯем, ин маориф “илмӣ” ҳастанд? (Илмӣ ба маънои он дар луғат, яъне қатъӣ.) Нуктаи муҳим баёни ҳамин матлаб аст. Бибинед, вақте бо як бурҳони ақлӣ (фалсафӣ, на таҷрибӣ) бароямон собит шавад, ки Худо ҳаст ва ӯ ҳаким аст ва паёмбароне ҳамроҳ бо китобҳо фиристода, лозимаи ин исбот он аст, ки мо чорае надорем ҷуз ин ки бипазирем, ки ҳар чӣ Худо дар китобаш фармуда ё ҳар чӣ Паёмбар (с) – ки фиристодаи Худост – баён карда, ҳама рост ва мутобиқ бо воқеъ ҳастанд, ҳарчанд аҳёнан барои ақли мо чигунагӣ ва ҳақиқати порае аз он маориф қобили дарк набошад. Зеро ин маориф ва мазмунҳо, тавассути як хабардиҳандаи содиқ ва ростгӯ, ва ба қавли Бӯалӣ Сино, тавассути як мухбири содиқ ба мо расида; касе, ки бо бурҳон пазируфтаем, ки ӯ фиристодаи Худост ва дурӯғ намегӯяд.

Ба сухани дигар, вақте масалан дар Қуръони Карим мехонем, ки: “Арши Билқис ба як чашм ба ҳам задане пеши ҳазрати Сулаймон (а) ҳузур пайдо кард”, пеши мо ба мазмуни ин хабар қатъ ва яқин ҳосил мешавад, яъне “илмӣ” аст ба ҳамин мазмун. Чаро? Зеро онро касе ба мо хабар медиҳад, ки мо аз пеш пазируфтаем, ки ӯ содиқ ва ростгӯст. Ва қарор ҳам бар ин нест, ки ҳар хабаре, ки ба мо аз тарафи хабардиҳандаи ростгӯ бирасад агар барои ақли мо номаънус аст, онро радд кунем ва нодурусташ шуморем. Ин ғояти ҷаҳолат ва нодонист. Оё ҳар чӣ барои зеҳни ту қобили дарк набошад ё пешат аҷибу ғариб намоён шавад, бояд онро инкор кунӣ ва дурӯғ бидонӣ?! Хеле чизҳо дар ин олами ҳастӣ вуҷуд дорад ва ҳақиқат аст, ки ҳанӯз бароят макшуф нашуда ва бароят маълум нагардида. Донистаҳои мо дар баробари надонистаҳоямон, ҳеч аст.

Дирӯз ин мисолро барои яке азизон задам, ки дар замони Батламюс (Птоломей), дар авоили ҳазораи аввал, назарияи илмӣ ва пазируфташуда назди мардум ин буд, ки: “Замин марказ аст ва хуршеду моҳу ситораҳо гирди он мечарханд”. Дар он даврон, ин назария ба унвони як назарияи сад дар сад илмӣ талаққӣ мешуд. Ҳол, фарз кунед, дар ҳамон даврон як нобиға пайдо мешуд ва мегуфт, ин назария дуруст нест, балки ҳақиқат ҷуз он аст, дар ин сурат, оё маъқул аст одамони он даврон гуфтаи ӯро ба навъе афсона ҳамл кунанд ва раддаш кунанд ба ин далел, ки барояшон номаънус ва хилофи дидгоҳи Батламюс аст?!

Ҳол, ки мо дар ин аср қарор дорем ва ашёро аз равзанаи худамон арзёбӣ мекунем, шояд ба роҳатӣ дар бораи он одамҳо қазоват кунем ва онҳоро як мушт ҷоҳилон қаламдод намоем. Аммо муҳим, дар ҳамон қарн будан ва дар ҳамон муҳит қазоват кардан аст.

Аз ин рӯ, бояд бибинем, мо, дар замони худамон ва дар ин қарн, оё шабеҳи ҳамонҳо нестем вақте ба роҳатӣ матлаберо инкор мекунем ва дар бораи он доварӣ мекунем?!

Одами оқил дар ин маворид, бояд фурӯтан ва мутавозеъ бошад. Хеле чизҳо ҳаст, ки ту намедонӣ, аммо ҳаққанд ва дуруст.

* * *

Хулосаи матлаб:

Хулосаи матлаб ин ки: роҳи ҳосил шудани “илм” (огоҳӣ) пеши инсонҳо, фақат ба ин нест, ки аз роҳи таҷриба ва озмоиш ҳосил шуда бошад, то ҳар матлаберо агар бо равиши улуми таҷрибӣ (мисли физик, шимӣ, зистшиносӣ ва ғайра) собит нашуда инкор кунем ва онро ғайри илмӣ қаламдод намоем.

Балки илм (огоҳӣ) гоҳе ба як бурҳони ақлӣ барои инсон ҳосил мешавад, мисли гузораи “Ҳар падидае иллате дорад”, гоҳе ба нақли мутавотир ҳосил мешавад мисли ин гузора, ки “Исмоили Сомонӣ бунёнгузори давлати Сомониён аст”. Ин гузораро, ки дар мазмунаш шакке надорем ва дурусташ мешуморем, имрӯза касе ба чашмони худ надида ва ё дар лабараторияҳо озмоиш нашуда, балки бароямон ба тавотур нақл шудааст. Ва гоҳе ҳам ба воситаи хабари як ростгӯ ва содиқ ҳосил мешавад. Ривоят, ки мегӯем, яъне як нақли саҳеҳи торихӣ.

Ҳол, маорифи динӣ (мисли ахбори паёмбарони гузашта, аҳкоми шаръӣ, мӯъҷизаҳои паёмбарон ва ғайра) инҳо “илмӣ” ҳастанд, яъне ё ба воситаи нақли мутавотир ба мазмуни онҳо қатъ ва илм ҳосил шуда ва ё ба воситаи хабар додани як ростгӯ ва содиқ. Аз ин рӯ, наметавон онҳоро ба ҳамин роҳатӣ “ғайри илмӣ” қаламдод кард.



Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: