Оё метавон зиндагиро натиҷаи тахайюлоти башар донист?

Пурсиш: Тахайюл чист? Оё тахайюл метавонад ҳақиқат дошта бошад ва мешавад зиндагиро натиҷаи тахайюлоти башар донист?

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Пеш аз посух ба ин пурсиш, лозим аст як матлабро ба унвони муқаддима ёдовар шавам. Ва он ин ки: дар зеҳни мо инсонҳо се гуна огоҳиҳо (маълумот) вуҷуд доранд:

1. Огоҳиҳои ҳиссӣ: Вақте инсон чашмҳояшро боз намуда ва манзараеро, ки дар баробараш мавҷуд аст тамошо кунад, тасвире аз он манзара дар зеҳнаш пайдо мешавад, ва он тасвир ҳамон ҳолати хоссе аст, ки инсон дар худ мушоҳида мекунад ва онро “дидан” меномем, ё он ки дар ҳоле ки касе сӯҳбат мекунад ва садои вай ба гӯш мерасад, ҳолати дигареро дар худ мушоҳида менамояд, ки онро “шунидан” меномем ва ғайра… Инҳо огоҳиҳои ҳиссӣ ҳастанд, ки сарчашмаи ҳамаи огоҳиҳои мо ҳаминҳо мебошанд;

2. Огоҳиҳои хаёлӣ: Огоҳии ҳиссӣ пас аз он ки аз байн рафт, асаре аз худ дар зеҳн боқӣ мегузорад, ва ба сухани дигар, пас аз пайдоиши сурати ҳиссӣ дар ҳавосси мо, сурати дигаре дар қувваи дигаре — ки онро “хаёл” ё “ҳофиза” меномем — пайдо мешавад. Ва пас аз он ки сурати ҳиссӣ маҳв шуд, он сурати хаёлӣ боқӣ мемонад ва ҳар вақт инсон бихоҳад, он суратро эҳзор менамояд ва ба истилоҳ, ба ин васила, он шайъи хориҷиро тасаввур мекунад. Ҳам огоҳиҳои ҳиссӣ ва ҳам огоҳиҳои хаёлӣ ҷузъӣ ҳастанд. Яъне, мисдоқи онҳо ҷузъӣ аст ва ба як фард бештар сидқ намекунанд.

3. Огоҳиҳои ақлӣ: Зеҳни инсон пас аз идроки чанд сурати ҷузъӣ, қодир аст, ки як маънои куллӣ бисозад, ки қобили татбиқ бар афроди зиёд бошад; ба ин тартиб ки пас аз он ки чанд фардро идрок намуд, илова бар сифоти ихтисосии ҳар як аз афрод, ба порае аз сифоти муштарак миёни онҳо ноил мешавад. Яъне як маъниро, ки дар як фард дида, думартиба мутаваҷҷеҳ мешавад, ки айни ҳамин маънӣ дар фарди дуввум низ ҳаст ва ҳамчунин дар севвум ва чаҳорум ва ғайра… Ин ба такрор дидани як маънӣ дар афроди мухталиф, зеҳнро омода мекунад, ки аз ҳамон маънӣ як сурати куллӣ бисозад, ки бар афроди номаҳдуде қобили интибоқ бошад. Ин навъ аз огоҳиро “таъаққул” ё “тасаввури куллӣ” меноманд; мисли мафҳуми “инсон”, ки ба Шокир, Олим, Ҳаким, Зафар ва ғайра… сидқ мекунад.

Ҳоло, посухи суоли шумо:

* * *

Огоҳиҳои хаёлӣ, ки гуфтем реша дар огоҳиҳои ҳиссӣ дорад ва дар зеҳн боқӣ мемонад, инсон метавонад дар онҳо ба сурати дилбахоҳ дахлу тасарруф намояд. Масалан, дар зеҳни инсон сурати як инсон ҳаст ва ҳамчунин сурати як гов ҳаст ва низ сурати як маймун ҳаст. Инҳо дар ҳофиза ҷамъ шудаанд. Хуб, инсон метавонад дар ин суратҳо дахлу тасарруф кунад. Масалан, ба сурати инсоне, ки дар зеҳнаш ҳаст, шохи гов ва думи маймунро бичаспонад ва он гоҳ дар олами хаёл, мавҷуде шабеҳи инсон, вале дорои шоху дум дуруст кунад.

Хуб, ин сурат, як сурати хаёлӣ аст ва ҷояш фақат дар олами хаёл аст, воқеият ва ҳақиқат надорад, қувваи тахайюли инсон онро сохтааст. Олами хаёл ҳам барои худаш як оламе аст. Тамоми афсонаҳо ва фантазияҳо дар ҳамин олам сохта мешаванд, ва он гоҳ рӯйи китоб навишта ва ё бар асоси онҳо, филмҳо дуруст мекунанд.

Аз ин рӯ, дар посухи пурсиши шумо гӯем: инҳо ҳақиқат надоранд.

* * *

Ва аммо қисмати дуввуми пурсиши шумо, ки оё метавон зиндагиро натиҷаи тахайюли башар донист? Инро метавон ба ду сурат фарз кард.

Як фарз ин ки: оё тахайюли башар метавонад дар воқеиятҳои олами хориҷ дахлу тасарруф намояд? Ба ин маъно, ки масалан, ман чизе дар олами хаёл бисозам ва сипас ҳамон чиз дар воқеъ таҳаққуқ ёбад, яъне вуҷуд пайдо кунад?

Фарзи дигар ин ки: оё зиндагиии башарро метавон бар асоси чизе, ки сохта ва пардохтаи олами хаёл аст, сӯ ва ҷиҳат дод?

* * *

Дар фарзи аввал, посух қатъан манфӣ аст. Олами хориҷ сарфи назар аз афкор ва андешаҳои зеҳнии мо буд ва ҳаст, ва ба вуҷуд омадани падидаҳо дар он, бастагӣ ба мо ва андешаҳои мо надорад. Мо фақат он воқеиятҳоро идрок мекунем.

Ин ҳам, ки идеалистҳое мисли Шупенҳовер ва ё Беркли мӯътақиданд, ки ҳар чи ҳаст, дар зеҳни мост ва мо наметавонем бигӯем, олами хориҷ ҳаст ё нест, ин тафаккур рабте ба масъалаи мавриди назари мо надорад. Ин донишмандон тасаввуроти зеҳниро дастабандӣ мекунанд ва миёни онҳо фарқ қоиланд. Масалан, огоҳиҳои ҳиссӣ ва ақлиро ҳаргиз мисли як тасаввури хаёлӣ намедонанд. (Ин баҳсаш инҷо нест албатта).

* * *

Ва дар фарзи дуввум, посух мусбат аст. Яъне тахайюлот ва сохтаи қувваи хаёл метавонанд ба зиндагии инсонҳо ҷиҳат диҳанд. Боризтарин намунааш, ашъори шӯрангези шоирон аст. Шеър зоидаи хаёл аст. Гӯянд, подшоҳи Сомонӣ боре ба Ҳирот сафар дошт ва он ҷо монд ва то чаҳор сол дар ин шаҳр иқомат кард. Сипоҳиён хаста шуданд ва дилашон ҳавои ватан, яъне Бухоро, кард. Ба Рӯдакӣ мутавассил шуданд, ки коре кунад, то Амир тасмим ба бозгашт ба Бухоро бигирад. Тибқи нақли Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола”, Рӯдакӣ шеъри маъруфи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён”-и худро он ҷо эҷод ва дар маҳзари Амир суруд ва ҳамин шеър сабаб шуд, Амири Сомонӣ тасмим ба бозгашт ба ватан бигирад. Яъне, ин шеър, ки зоидаи қувваи тахайюли Рӯдакӣ буд, дар Амир асар кард, ва ба таъбире, ба зиндагии ӯ ҷиҳат дод:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ,

Зери по чун парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро! Шод бошу дер зи,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме… (то охир)

Ашъори шӯрангези шуъаро ба қадре таъсиргузоранд, ки гоҳе миллатеро метавонанд бедор созанд ва гоҳе ҳам бихобонанд. Дар қадим, ҷанг, ки мешуд, умаро ва подшоҳон ба шуъаро мутавассил мешуданд, то бо эҷод ва сурудани ашъори шӯрангез сипоҳиёнро барои ҷангидан таҳрик кунанд, ва чунин ҳам мешуд.

Албатта, инро ҳам арз карда бошам, ки ин ки одам бо як шеър таҳрик шавад ва як чизи бархоста аз хаёл бар ӯ асар гузорад, ин нуқтаи заъф барои инсон аст, на нуқтаи қувват.

Ба ҳамин хотир аст, ки Бӯалӣ Сино ба шиддат аз хондани асарҳои тахайюлӣ ва афсона ва ин ҷур чизҳо, ки сохта ва пардохтаи қувваи тахайюли инсон аст, барҳазар медорад. Ӯ бар ин бовар аст, ки инсон ҳар андоза, ки таҳти таъсири қувваи хаёлия қарор бигирад, ба ҳамон андоза қувваи оқилаи ӯ нотавон ва заъиф мегардад. Бӯалӣ мӯътақид аст, инсон бояд тобеи бурҳони ақлӣ бошад ва чизе ҷуз ақл ба зиндагии ӯ ҷиҳат надиҳад.

Аз ин рӯст, ки шумо мебинед, осори фалсафии Бӯалӣ хушки хушканд, фақат бурҳон ва истидлоли ақлӣ. Ӯ дар як ҷумла, як олами маъноро баён медорад. Ӯ аз ба кор бурдани санъатҳои адабӣ дар нигориш, ба шиддат парҳез мекунад. Аз ҳамин рӯст, ки он ҷаззобияте, ки масалан Маснавӣ дорад, “Шифо”-и Бӯалӣ надорад. Бар хилофи китобҳои фалсафии фалосифаи чанд қарни ахири Урупо, ки аслан инсон мемонад, ки онҳоро як асари фалсафӣ биномад ё як асари ҳунарӣ ва адабӣ? Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки як инсони ошно бо фалсафа ва мантиқ вақте осори ин фалосифаро мехонад, масалан китоби “Чунин гуфт Зартушт!”-и Ничеро (ки муддаӣ аст як китоби фалсафист), бо садҳо ва ҳазорон муғолата бархӯрд мекунад. Дар сурате ки фалсафа бояд мубтанӣ бар бурҳон ва истидлоли ақлӣ бошад, на хитоба ва шеър.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Мантиқ, Нақду назар, Посух ба пурсишҳо, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: