Миёнаравие, ки Бӯалӣ Сино аз он гуфтааст чист?

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қазоватҳо ва довариҳои нодуруст дар ҳавзаи андеша, дар бисёр маворид бархоста аз бардоштҳои ғалат аст. Ва агар ин гуна бардоштҳо аз сӯйи як донишманд ё касе, ки иддаъо мекунад донишманд аст сурат бигирад ва бар мабнои он, бихоҳад биное фикрӣ дуруст карда ва таҳвили ҷомеа бидиҳад, натоиҷи харобовари он, на танҳо домангири худи ӯ мешавад, балки гиребони ҷомеаро ҳам хоҳад гирифт.

Ҳафиз Бобоёров, донишманди ҷавони тоҷик, ахиран дар ёддоште дар сафҳаи худ дар шабакаи маҷозӣ, дар як таҳлил ва баррасӣ дар бораи “Вазъи равшанфикрони тоҷик ва системаи парастиш дар Тоҷикистон”, бо ишора ба решаҳои торихии мушкилот дар ин ҳавза, ба ин хулоса омадааст, ки мушкили умда, дар “миёнаравӣ”-и зиёиён ва ё худ равшанфикрони тоҷик будааст, ки ба гуфтаи эшон, “ҳамеша тоифаи миёнарав будаанд”. Ва манзури эшон аз “миёнаравӣ” ин аст, ки ин қишр ҳамвора “қудратҳои золимонаеро миёнаравӣ мекарданд”.

Дар ин ҷустор, баҳси банда ин нест, ки оё ин таҳлил дуруст аст ё нест? Яъне, феълан коре ба ин матлаб надорам, ки оё воқеан зиёиёни тоҷик дар гузашта “қишре миёнарав” (тибқи тафсири ҷаноби Бобоёров аз “миёнаравӣ”) будаанд ё набудаанд? Балки меҳвари баҳс дар ин навиштор, “далелҳое” аст, ки ҷаноби Бобоёров барои исботи муддаъои худ ба онҳо истинод ҷустааст.

Дар оғоз, лозим аст он қисмат аз гуфтори эшонро, ки ба баҳси мо муртабит аст, биёварам. Ҷаноби Бобоёров мегӯяд:

Ҷаҳонбинӣ ва таълимоти мазкур минбаъд фалсафаи миёнаравиро ба миён овард. Мувофиқи он, чун рафъи ҳеҷ кадоме аз ин мазҳарҳо имконпазир нест, аз ин рӯ, зарурат ба миёнаравӣ вуҷуд дорад. Чунин миёнаравӣ на ба хотири рафъи Бадӣ, балки барои нигоҳ доштани эътидол дар байни Нек ва Бад мебошад. Яъне ҳар ду мабдаъ дар ҷаҳон ногузир мебошанд ва кори хирад, адолат ва қудрат мусолиҳа кардан дар байни онҳост. Ин матлабро Фирдавсӣ бо консепсияи Фарри Каёнӣ, Сино бо консепсияи Адолат, Носири Хусрав бо консепсияи Ақли Кулл ва Мавлавӣ бо консепсияи Маҳак баён мекунанд...”

Ва ҳам дар ҷойе дигар ёдовар шудааст:

Бӯалӣ Сино дар бораи адолат дар «Мабдаъ ва Маод»-и худ мегӯяд: «Ва маънии адолат ин аст, ки нафси одамӣ дар иштиҳо ва адами иштиҳо ва ғазаб ва адами ғазаб ва идора ва тадбири зиндагӣ ва адами он ва хулоса дар миёни ахлоқи мутаззод миёнарав ва дар ҳадди истиво бошад» (саҳ. 379). То ин ҷо таърифи Сино аз адолат ба назар мантиқӣ ва дуруст мерасад. Аммо дар саҳифаҳои минбаъда (381-383) ӯ асли ин ҷаҳон ва нафси инсонро пуриллат ва аз ин рӯ, саодатро танҳо дар тарки ин ду асл медонад. Маҳз дар асоси ҳамин гуна ҷаҳонбинӣ аст, ки адолат на ба хотири маҳдуд ва рафъ кардани бадӣ, балки ба хотири бо роҳи миёнаравӣ ба таъхир андохтани он мебошад. Адолат ин бо роҳи миёнаравӣ дар ин ҷаҳон боқӣ гузоштани бадӣ ва ба он ҷаҳон интиқол додани некӣ аст…”

* * *

Комилан равшан аст, ки бардошт ва тафсири ҷаноби Бобоёров аз “эътидол” (миёнаравӣ)-е, ки фалосифае чун Бӯалӣ Сино аз он гуфтаанд, навъе истодан аст мобайни Некӣ ва Бадӣ, ва ба қавли худи эшон, “барои нигоҳ доштани эътидол дар байни Нек ва Бад… Яъне ҳар ду мабдаъ дар ҷаҳон ногузир мебошанд ва кори хирад, адолат ва қудрат мусолиҳа кардан дар байни онҳост.” Ба иборати дигар, “эътидол” ва “миёнаравӣ”-е, ки Бӯалӣ Сино аз он мегӯяд, аз назари ҷаноби Бобоёров ин будааст, ки на бояд сад дар сад тарафи Нек шуд ва на бояд сад дар сад тарафи Бад, балки миёни ин ду истод ва ҳавои ҳар дуро дошт ва миёни онҳо мусолиҳа барқарор кард.

Ин аст тафсир ва бардошти ҷаноби Бобоёров аз “эътидол”-е, ки Бӯалӣ Сино ба он қоил аст. Дар ин навиштор, ба нақд ва баррасии танҳо ҳамин қисмат аз иддаъои эшон мепардозем, ва дар оянда, агар тавфиқ даст дод, дар бораи “Фарри Каёнӣ” ва низ “Маҳакк”-и Мавлоно ва “Ақли кулл”-и Ҳаким Носири Хисрав ҳам мепардозем, ки дар ин маворид низ ҷаноби Бобоёров – огоҳона ё ғайри огоҳона — тафсире комилан ғалат ироа кардааст.

* * *

Инак, баёни “эътидол” (миёнаравӣ)-е, ки Бӯалӣ мегӯяд:

Дар ҳамин оғоз лозим аст ёдоварӣ шавад, ки “эътидол”-е, ки Бӯалӣ Сино аз он гуфтааст, танҳо махсуси ӯ ва фалосифаи исломӣ нест, балки тамоми фалосифаи пешин – аз Суқрот то Афлотун ва то Арасту ва навафлотуниён – онро гуфтаанд.

Масалан, Арасту ахлоқро “риояти эътидол ва ҳадди васат” медонад ва мегӯяд: Фазилат (ё ҳамон ахлоқ) ҳадди васат миёни ифроту тафрит аст. (Ифрот яъне зиёдаравӣ ва тафрит кундравӣ.) Ӯ мӯътақид аст, ҳар ҳолати руҳӣ як ҳадди муайян дорад, ки камтар аз он ва ё бештар аз он, “разилат” аст ва худи он ҳадди муайян “фазилат” аст. Масалан, “шуҷоат” — ки марбут ба қувваи ғазабия аст ва ҳадафи қувваи ғазабия дифоъ аз нафс аст — ҳадди васат миёни “ҷубн” (тарсуӣ) ва “таҳаввур” (бебокии ғайри мантиқона) аст. Ва ё “иффат” – ки марбут ба қувваи шаҳавия аст – ҳадди васат миёни “хумуд” (сустӣ) ва “шараҳ” (ғарқ шудан дар шаҳавот) аст. Ва низ “ҳикмат” – ки марбут ба қувваи оқила аст – ҳадди васат миёни “ҷарбуза” ва “балоҳат” аст. Ва ҳамчунин “саховат” ҳадди васат миёни “бухл” ва “исроф” аст. Ва ё “тавозӯъ” ҳадди васат миёни “такаббур” ва “тан ба ҳақорат додан” аст… (Ба нақл аз: Тафаккури фалсафии Ғарб, с.140-141)

Хуб, тамоми фалосифа аз ҷумла Ибни Сино, ки сухан аз “эътидол” ба миён овардаанд, манзурашон ҷуз ин нест.

Барои нигоҳ доштани эътидол дар байни Нек ва Бад”, ки ҷаноби Бобоёров мегӯяд, яъне чӣ?! Оё ифроту тафрит, ки дар ду тарафи ҳадди васат (фазилат) қарор дорад, неку бад аст? Дар мисоли “шуҷоат” масалан, таҳаввур ва ҷубн – ки дар ду тарафи шуҷоат аст – оё яке хуб аст ва яке бад?

Агар қарор бошад аз ифроту тафриту эътидол, ба неку бад таъбир бикунем, пас бояд бигӯем: ҳам ифрот бад аст ва ҳам тафрит, ва нек танҳо ҳадди васати онҳост. На ин ки бигӯем: ифрот масалан бад аст ва тафрит хуб, аммо эътидол (ҳадди васат) чизе нимабаду нимахуб аст.

Дар ҳамин иқтибосе, ки ҷаноби Бобоёров аз Бӯалӣ Сино карда ва аз он як натиҷаи ғалат мегирад, айни иборати Бӯалиро меоварам, бибинед Шайхурраис дар мақоми баёни чӣ чизе аст? Аз азизон хоҳиш мешавад дар ҷумалоти Шайх камоли диққатро ба харҷ диҳанд:

ومعنى العدالة أن تتوسّط النفس بين الأخلاق المتضادّة فيما تشتهى ولا تشتهى، وفيما تغضب ولا تغضب، وفيما تدبّر به الحياة ولا تدبّر والخلق هيئة تحدث للنفس الناطقة من جهة انقيادها للبدن وغير انقيادها له، فانّ العلاقة التي بين النفس والبدن توجب بينهما فعلا وانفعالا، والبدن بالقوّة البدنيّة يقتضى امورا، والنفس بالقوّة العقليّة تقضى امورا مضادّة لكثير منها. فتارة تحمل النفس على البدن فتقهره، وتارة تسلّم للبدن فيمضى البدن فى فعله، فاذا تكرّر تسليمه له أحدث ذلك فى النفس هيئة إذعانيّة للبدن حتّى أنّه يعسر عليه بعد ذلك ما كان لا يعسر قبل من ممانعته وكفّه عن حركته، وإذا تكرّر منعه له حدث فى النفس هيئة غالبة يسهل بذلك عليه من معاوقة البدن فيما يميل اليه ما كان لا يسهل قبل. وإنّما يقع هيئة الاذعان وقوع أفعال من طرف واحد فى التقصير والافراط، وإنّما تقع هيئة الاستيلاء بان يجرى الأفعال على التوسّط، فلا يمكن إيجاب شى‌ء بعد سلب شى‌ء، فانّ الفاتر مثلا لا حارّ ولا بارد بالحقيقة. فانّ الهيئة الاستيلائيّة ليست هيئة غريبة من جوهر النفس، بل من طبع التجرّد والتفرّد عن المادّة ولواحق المادّة، والهيئة الاذعانيّة هى الغريبة المستفادة من المادّة المضادة لما عليه مقتضى جوهر النفس. فسعادة النفس فى كمال ذاتها من الجهة التي تخصّها هو صيرورتها عالما عقليّا، وسعادتها من جهة العلاقة التي بينها وبين البدن أن يكون لها الهيئة الاستيلائيّة

Тарҷума: “Маънои адолат ин аст, ки: нафси одамӣ миёни ахлоқи мутазодд миёнарав (боэътидол) гардад; дар ин ки масалан чӣ бояд бихоҳад ва чӣ набояд бихоҳад, куҷо ба хашм ояд ва куҷо хашм накунад ва ё дар маҷоли тадбир ва идораи зиндагӣ ва ғайра…

Ва хулқ (ахлоқ) иборат аз ҳайъате (ҳолате) аст, ки барои нафси одамӣ падид меояд, аз назари фармонбардори бадан будан дар хостаҳояш ва ё фармонравои он будан дар хостаҳояш. Зеро робитае, ки миёни нафси нотиқа (ақл) ва бадан барқарор аст, мӯҷиби он аст, ки байни нафси нотиқа ва бадан кунишу вокуниш бошад. Бадан ба сабаби қувваи баданӣ умуреро иқтизо дорад, ва нафси нотиқа низ ба сабаби қувваи ақлӣ умури дигареро иқтизо дорад, ки дар бисёре аз маворид, хостаҳои нафси нотиқа бо хостаҳои бадан бо ҳам мутазодд ҳастанд. (Масалан: вақте инсон бемор мешавад, пизишк барояш тановули доруи талхеро тавсия мекунад, дар инҷо, бадан ибо дорад, ки он доруро бинӯшад, зеро барояш дардовар аст, вале нафси нотиқа (ақл) ба ӯ мегӯяд, бинӯш, зеро агарчӣ бароят сахт аст, аммо барои беҳбуд ёфтани саломатӣ бароят судманд аст. Яъне, инҷо иқтизои бадан бо иқтизои ақл бо ҳам дар тазодд ҳастанд.)

Пас, гоҳе нафс (ақл) бар бадан хостаи худро таҳмил мекунад ва онро мақҳури худ месозад, ва гоҳе ҳам, таслими хостаҳои бадан мегардад.

Хуб, агар чанд бор таслими хостаҳои нафс шавад ва ин такрор гардад, дар ин сурат, дар нафс ҳайъате (ҳолате) таслимӣ нисбат ба хостаҳои бадан ҳосил мешавад; ба тавре ки агар пештар ба осонӣ метавонист дар баробари хостаҳои тан муқовимат кунад, аммо ҳоло дигар муқовимат барояш бисёр сахт ва душвор мегардад.

Аммо агар акси он такрор шавад (яъне, чанд бор дар баробари хостаҳои тан муқовимат кунад ва ин амр такрор шавад), дар ин сурат, ҳайъате ғолиб ва пирӯз дар нафс падид хоҳад омад, ки ба сабаби он, дигар муқовимат дар баробари хостаҳои бадан, барояш бисёр осон мегардад, дар ҳоле ки пештар барои вай осон набуд.

Хуб, агар ҳайъате таслимӣ дар нафс собит шавад, дар ин сурат, аз нафс ё як феъли ифротӣ воқеъ мешавад ва ё як феъли тафритӣ. (Масалан, ё тарсу мешавад, ки тафрит аст ва ё мутаҳаввир мегардад, ки ифрот аст.) Ва аммо агар ҳайъате истилоӣ (ғолиб) дар нафс собит шавад, дар он сурат, феълҳои ӯ ҳамеша бар ҳадди васат (миёни ифроту тафрит) ҷараён меёбад. (Дар мисоли боло, ӯ шуҷоъ мешавад, зеро шуҷоат ҳадди васат миёни ҷубну таҳаввур аст.)

Пас ҳайъати истилоӣ (ғолиб), ҳайъате дур аз гавҳари нафс нест, балки ношӣ аз табиати таҷарруди вай аз модда ва моддиёт аст. Ва аммо ҳайъати таслимӣ, ҳайъате дур аз гавҳари нафс аст ва реша дар модда дорад, ки бо иқтизои гавҳари нафс мутазодд аст.

Ва саодати одамӣ дар камоли махсус ба зоти хеш аст, ки оламе ақлӣ гардад, ва аз ин рӯ, дар робитае, ки миёни вай ва миёни бадан ҳаст, саодаташ ба ин аст, ки дорои ҳайъате истилоӣ (ғолиб) гардад.” (Алмабдаъ вал-маъод, с.109-110)

* * *

Ҳол, дар ин гуфтори Бӯалӣ Сино, куҷо сухан аз Неку Бад рафтааст, то бигӯем, Бӯалӣ тавсия мекунад, ки миёни Неку Бад биист ва на ҷониби Некро бигир ва на ҷониби Бадро, балки нимахубу нимабад бош?! Ва ба гуфтаи ҷаноби Бобоёров, Бӯалӣ “саодатро танҳо дар тарки ин ду асл” медонистааст?! Баъд, хулоса бигирем ва бигӯем: “Маҳз дар асоси ҳамин гуна ҷаҳонбинӣ аст, ки адолат на ба хотири маҳдуд ва рафъ кардани бадӣ, балки ба хотири бо роҳи миёнаравӣ ба таъхир андохтани он мебошад. Адолат ин бо роҳи миёнаравӣ дар ин ҷаҳон боқӣ гузоштани бадӣ ва ба он ҷаҳон интиқол додани некӣ аст.

Кадом некӣ ва кадом бадӣ?! Оё масалан ифрот хуб аст ва тафрит бад? Ё баръакс, тафрит бад аст ва ифрот хуб?

Чунонки дар боло гуфтем, агар қарор бошад аз ифроту тафриту эътидол, ба неку бад таъбир бикунем, бояд бигӯем: ҳам ифрот бад аст ва ҳам тафрит бад аст, ва нек танҳо ҳадди васати онҳост. На ин ки бигӯем: ифрот бад аст ва тафрит нек, ё тафрит нек аст ва ифрот бад, аммо эътидол (ҳадди васат) чизе нимабаду нимахуб аст.

Росташ, роқими сутур интизор надошт ҷаноби Бобоёров ин гуна бардошт ва тафсири ғалат аз гуфтори Бӯалӣ ва ё соири фалосифаи исломӣ ироа бидиҳад. Аслан, номи инро ҳатто наметавон бардошт ва тафсири хато гузошт, балки як навъ таҳрифи гуфтори Бӯалӣ Синост. Ва аз ин ҳам бадтар он ки эшон бар мабнои ин тафсир ё таҳриф, ба бузургоне чун Бӯалӣ Сино тӯҳмати бисёр норавое задааст, ки гӯӣ тарвиҷкунандаи фалсафаи “миёнаравӣ” (ба маъное, ки худи Бобоёров ироа намуда) будаанд.

Албатта, умедворам ҷаноби Бобоёров амдан ва огоҳона таҳриф накарда бошад, ва ҳусни занн дорам ва ин амрро ҳамл бар бардошти нодуруст мекунам.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: