Китоби илму ҳикмат

Пешгуфтори марҳум Устод Атахон Сайфуллоев бар китоби “Роҳе ба сӯйи Бӯстон”

Ишора: Имрӯз (17 марти соли 2017) Устод Атахон Сайфуллоев, адиб ва донишманди тоҷик, дар синни 84-солагӣ дори фониро падруд ва ба дори боқӣ шитофт. Зимни таслияти ин зойеъа ба бастагони марҳум, сазовор дидам пешгуфтори эшон ба китоби “Роҳе ба сӯйи Бӯстон”, асари устоди азизам Мулло Маъруфҷони Истаравшаниро пешкаши хонандагони азизи сойти “Кимиёи саодат” бикунам.

* * *

Инак, пешгуфтори марҳум бар ин китоб:

Донишманди тоҷик Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ шефтаи адабиёти ғанӣ ва рангини форсӣ, дилбохтаи илму ҳикмат ва дурдонаҳои муҷаллои панду ахлоқии он аст. Ин аст, ки ин марди фозил ба ҷуз таълиму тадрис пажӯҳиш ва тарғибу таблиғи беҳтарин намунаҳои мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии ниёгони бузургамонро рисолати худ медонад. Ба хусус офаридаҳои Шайх Саъдии Шерозӣ, ки дар мамолики Шарқ ҳамчун муаллими ахлоқ шӯҳрат дорад, ҳусни таваҷҷӯҳи ин шахси адабпарварро ба худ кашидааст.

Оре, ба қавли устоди муаззам Забеҳуллоҳи Сафо “Саъдӣ бузургтарин шоирест, ки баъд аз Фирдавсӣ дар осмони адаби форсӣ дурахшидааст ва ҳанӯз медурахшад”. (1) Ин устоди забардасти сухан ба ҷуз ашъори нафис, ширин, дилангез ва рӯҳпарвари худ, бо ду асари бузургаш “Гулистон” ва “Бӯстон” дар олами мутамаддин шӯҳрати афзун ёфт. Зеро, чунонки устод Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти навини тоҷик, овардааст, “Саъдӣ дар “Бӯстон” ҷаҳонро, ҷаҳони зиндаро тасвир кардааст. Агар мақсуд аз меҳнати адабӣ нафъи омма бошад, ҳар сухани “Бӯстон” як дурри ноёб — як гавҳар ва ҳар байташ як хазина аст…” (2)

“Бӯстон”аҳмияти бузурги ахлоқӣ ва тарбиявӣ дорад. Суханони пурҳикмат ва ибратбахше, ки Шайх Саъдӣ дар бораи адлу тадбиру рой, саховату эҳсон, ишқу ҷавонӣ, тавозӯъ ва хоксорӣ, ризо ва қаноат, тарбият ва парвариш, шукру офият, тавба ва роҳи савоб, муноҷот ва ҳақшиносӣ фармудааст, аз замони шоири хирадманд гирифта, то давраи мо на ин ки аҳмияти худро аз даст надодаанд, балки бо гузашти қарнҳо мазмуну моҳияти бештаре касб кардаанд. Магар андешаҳои башардӯстона ва инсонпарварона, ватанхоҳона ва сулҳдӯстона, ақидаҳои ин шоири ҳаётдӯст, ошиқ ва соҳибтадбир роҷеъ ба ҷаҳондорӣ, маҳкум кардани ҷанг, хунрезӣ, кинаву нифоқ ва шайтанату дасисабозӣ Саъдиро ҳамзамони мо ва “Бӯстон”-ро китоби зиндагӣ нагардонидаанд? “Бӯстон” монанди “Гулистон” хирадномаи ҷовидонист ва месазад, ки зинатбахши ҳар хонадон ва ҳамдаму ҳамнафас, ҳамсафари ҳар як инсони салимулақл қарор бигирад, мардумро аз ахлоқ ва одоби исломӣ ва андешаҳои судманди умумибашарӣ таълим бидиҳад.

Сухандон ва сухансанҷи моҳир Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ бо муҳаббат ва заҳмати зиёд “Бӯстон”-ро, ки сар то по моломоли шеъри ноби форсист, ба наср баргардонидааст ва сабаби ин ибтикори худро чунин шарҳ медиҳад:

Маҳҷур ва мунзавӣ қарор гирифтани китоби “Бӯстон”, бо вуҷуди муфид ва мамлув аз ҳикмат ва нуктаҳои зарифона буданаш, ки ҳайф аст инчунин китобе бо ин ҳама фазилат ва зарофат, дар дастраси мусулмонон ба хусус қишри ҷавон қарор нагирад. Бо вуҷуди ин ки дар фасоҳат, балоғат ва ҳикмат ин китоб камтар аз “Гулистон” нест, вале ба андозаи “Гулистон” мавриди истиқболи хонандагон қарор нагирифтааст, ба истиснои гурӯҳе аз аҳли илм ва таҳсилкардаҳо, ки дар баробари анбӯҳи мардум андаканд. Чаро ин китоб ба ин сарнавишт гирифтор шуд, ки набояд гирифтор мешуд? Ба назари ин ҷониб, сабаби маҳҷурияти ин китоб ин аст, ки аввалан ба шакли назм навишта шудаст, ки оммаи мардум ба назм ва шеър зиёд алоқа надоранд ва фаҳмидани он нисбат ба наср мушкилтар аст. Сониян, бештари луғатҳои ин китоб дар муомилоти имрӯз қобили истифода нест ва мардум наметавонанд онро бидуни муроҷиат ба китобҳои луғат дарк кунанд. Илова бар ин, олимони мо ва муллоёни мо низ бештар ба “Гулистон” гароиш доранд ва баъзеҳо онро ба барномаи дарсии худашон низ дохил кардаанд… Сабаби нигориши ин китоб (ба наср) аз номгузории он маълум аст: “Роҳе ба сӯйи “Бӯстон”, ки умедворем, ин китоб сабаб қарор гирад то бо мутолиаи он хонанда аз мӯҳтавои “Бӯстон” хабардор шавад ва пас аз хатми ин китоб битавонад “Бӯстон”-и Шайхро ба роҳатӣ бихонад ва бифаҳмад ва ба амал дароварад”.

Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ маҳсули заҳмати эҷодии худро “Нигориши навин ва гӯё бар асари адабӣ – ахлоқии Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” номидааст. Ин “нигориши навин” на танҳо аз насри фасеҳу балиғ ва шевою хоно иборат аст, балки аз тавзеҳоту баёни ҳаққонии манзуру матлаби соҳиби “Бӯстон” низ фароҳам омадааст. Агар Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ мазмуну мӯҳтаво ва дарунмояи ҳар боб ва ҳар ҳикояти ин китоби ахлоқӣ ва тарбиявиро амиқ ва саҳеҳ дарк намекард, дар таҳрири мансури он тавфиқ намеёфт. Агар ин устод аз Қуръони азимушшаън, ҳадиси Муҳаммад Мустафо (с), таърих, ҷуғрофия, фалсафа, забон ва фарҳанги арабу аҷам огоҳии комил намедошт, ба насри равони ширадор баргардонидани “Бӯстон” ва ҳикояти он муяссар намешуд. Зеро Саъдӣ дар таълифоти худ ба сарчашмаҳои динӣ ва асотир ишораҳо дорад.

Мулло Маъруфҷон байтҳои Саъдиро, ки мазмуни онҳо аз Қуръон ё ҳадис иқтибос шудааст, дар ҷою мақоми худ шарҳ медиҳад, сарчашмаашро дар поварақ ишора мекунад. Чунончи, пас аз ба наср баргардонидани чунин сатрҳои Саъдӣ дар поёни боби ҳафтум:

Манеҳ айби халқ, эй фурӯмоя пеш,

Ки чашмат фурӯ дӯзад аз айби хеш.

Чаро доманолударо ҳад занам,

Чу дар худ шиносам, ки тардоманам.

Нашояд ки бар кас дуруштӣ кунӣ,

Чу худро ба таъвил пуштӣ кунӣ! —

дар поварақ мехонем: “Паёмбар (с) фармуданд: “Хуш ба ҳоли касе, ки айби худаш ӯро аз айби дигарон машғул кунад”. Ин гуна шарҳу эзоҳ дар китоби “Роҳе ба сӯйи “Бӯстон” кам нестанд.

Баргардонандаи “Бӯстон” ба наср баъзе порчаҳои ҳикоятҳои манзумро бо забони содда ба хидмати ошиқони адабиёт мегузорад ва дар ин гуна маврид баъзе байтҳои Саъдиро дар шакли соддатари назммонанд нақл мекунад. Ба порчаи зерин эътибор медиҳем: “Дирӯз дар яке аз маҷолиси шабнишинӣ байтеро мусуруданд, ки хушам омад, он байт ба мазмуни зер буд:

Ман дишаб аз зиндагӣ роҳате доштам,

Ки аз маҳрӯён якеро дар оғӯш доштам.

Моҳи ман ҳаме маст хобида буд,

Вале ман бедор сӯҳбате доштам.

Ба ӯ гуфтам, ки эй сарви равонам,

Агар хоб набудӣ лаззате доштам.

Биханд ҳамчу гул, бигӯ ҳамчу булбул,

Ки фардо бигӯям ишрате доштам.

Чаро хобӣ, эй фитнаи рӯзгор,

Баланд шав ба ман лаъли нӯшин биёр.

Ба ман як нигоҳе карду бигуфт:

Маро фитна гуфтӣ, нагӯӣ нахуфт.

“Дар айёми султони равшаннафас,

Набинад дигар фитна бедор, кас!

Таҷрибаи аз назм ба наср баргардонидани асарҳои машҳури адабиёти ҷаҳон кайҳост, ки мушоҳида мешавад. Чунончи, дар Эрон “Мазҳакаи илоҳӣ”, достони шоири италиёӣ Алигери Данте (1265-1321) ва “Девони ғарбию шарқӣ”, китоби бузурги шоири Олмон Ҳӯтеро (1749-1832) бо наср тарҷума кардаанд. Гузидаҳои “Маснавии маънавӣ”, шоҳкории Мавлоно Ҷалолиддини Румиро адиби суханпардози эронӣ Муҳаммад Муҳаммади Иштиҳордӣ низ ба наср даровардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нависандаи маъруф Сотим Улуғзода баъзе достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба насри тоҷикӣ баргардонида буд. Арз доштан мехостам, ки нигориши тозаи шеър ба наср кори саҳл нест, хусусан ба наср гардонидани “Бӯстон” барин ганҷинаи сухани воло, ки самараи табъи латиф ва ақлу хиради нотакрор, таҷрибаи фаровони ҳаётӣ ва тафаккури бадеии Шайх Саъдист. Дар олами адаб ягон китоб аз лиҳози кӯтоҳбаёнӣ, пурмаъноӣ, панду ҳикмати олӣ, фарогирии фалсафаи ҳастӣ, нишонрасии сухан ва забони ширини худ бо “Гулистон” ва “Бӯстон” баробар шуда наметавонад. Бинобар ин пайравони зиёд пайдо карданд. ”Нигористон”-и шоири қарни 14 Муиниддини Ҷуайнӣ машҳур ба Муинӣ, “Хористон” ё ки “Равзат-ул-хулд”-и Маҷди Хофӣ, “Шабистони хаёл”-и Фаттоҳии Нишопурӣ, “Баҳористон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (а.15) ва ғайра осори панду ахлоқӣ буда, аз ҳикоятҳое фароҳам омадаанд, ки аз онҳо накҳати рӯҳпарвари “Гулистон” ва “Бӯстон” ба димоғ мерасад.

Хизмати шоистаи тақдири Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ қабл аз ҳама дар ин аст, ки эшони нуктадон дар насри дилнишини худ мазмуну мӯҳтаво, дарунмоя ва ғояҳои олии исломӣ, фикру андешаҳои умумиинсонӣ, башардӯстона, ватанхоҳона, ҳаётбахш ва ҷовидонии Шайх Саъдиро ба пуррагӣ риоя намуда, онҳоро бо камоли муҳаббат ва садоқат ба риштаи тасвир кашидааст. Садои дили “шоири рӯиҷаҳонии форс-тоҷик” (таъбири устод С.Айнӣ), ҳарфҳои гарм, рӯҳи абадзиндаи ин пири хирад дар ҳар як сатри китоби “Роҳе ба сӯи “Бӯстон” рӯшану бориз ба мушоҳида мерасанд. Муҳаққиқ ва тарҷумони борикбин ба ҳар як ҳикоят, ба ҳар як фасл ва порчаҳои дилангези “Бӯстон” аз ҷониби худ сарлавҳа — унвонҳое мегузорад, ки фаҳмишу дарки онҳоро осон мекунанд. Ӯ ҳамин усулро аз боби аввали китоб ва қиссапардозиҳои худ пеш гирифта, то поёни он идома медиҳад. Чунончи, Дар бораи адл ва тадбир, Тавсия барои интихоби вузаро, Дар мавриди инсонҳои фитнагар, Дар мавриди ҳақшиносӣ ва қадрдонӣ, Дар мавриди интихоби ашхос барои мақомҳои ҳассос, Дар мавриди бахшандагӣ пас аз муҷозот, Насиҳат…

Дар асли “Бӯстон” ба ҷуз унвони ҳар боб ин гуна номгузориҳо ба назар намерасанд.

Чунонки аз мундариҷаи китоб пайдост, тибқи ҳикоябандиҳои Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, вай бештар аз 230 мавзӯу масъалаҳоро дарбар мегирад ва аз боигариву ғановати афкори нависанда, вусъати ҷаҳонбинӣ, густурдагии ҷуғрофиёи асар, серқаҳрамонӣ ва гуногунмиллатии онҳо далолат мекунад. Дар ин миён ҳикоятҳо аз ҳаёти ашхоси таърихӣ ва ривоятӣ чун Ҳаҷҷоҷи Юсуф, Қизил Арслон, подшоҳи Ғур, Маъмун, шайхи Муршид Шаҳобиддин, Шайх Шиблӣ, Ҳотами Той, Маҷнун, Маҳмуди Ғазнавӣ, шайхи Форобӣ, Саъди Зангӣ, Боязиди Бастомӣ, ҳазрати Исо, шоҳзодаи Ганҷа, Маъруфи Кархӣ, Малик Солеҳ, Ҳотами Асам, Луқмони Ҳаким, Ҷунайди Бағдодӣ, ҳазрати Алӣ, ҳазрати Умар, Зуннуни Мисрӣ, Хоразмшоҳ, Азудуддавла, Фаридун, Туғралшоҳ, Юсуфу Зулайхо ва дигарҳо хеле ибратбахшанд. Он ҳикоятҳо аз таърихдонии Саъдӣ, воқеъгӯии ӯ ва садоқаташ ба ҳақиқатбаёнӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дониши васеи Мулло Маъруфҷон имконият додааст, ки ӯ ин ҳикоятҳоро ҳунармандона ба насри бадеӣ баргардонад.

Шайхи Шероз ҳатто офаридани чеҳраи нуронии яке аз бузургони Вахшонзаминро, ки “ӯ дур аз чашми халқ саргарми олами маънивиёт буд” ва “некбахтӣ ва саодат дари худро ба рӯи ӯ боз карда буд” ба дасти фаромӯшӣ намедиҳад ва Мулло Маъруфҷон низ ин гуна ҳикоятҳоро дар бораи ҳамдиёри худ бо самимияти комил ба насри моломол аз панду ҳикмат бармегардонад.

Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ мундариҷаи ҳикоятҳои асари безаволи Шайх Саъдиро пурра риоя менамояд, иллате ва нуқсоне дар “Бӯстон”-и мансур дида нашуд, аммо нигорандаи китоб дар чаҳорчӯбаи ҳикоятҳои он маҳдуд нагардидааст, балки дар фазои озод қалам ба ҷилва меандозад. Ин аст, ки ҷо-ҷо бо манзури ҳар чӣ комилтар ифода намудани фикр андаруни мутун тавзеҳи кӯтоҳе, ҳикмате аз худ илова месозад. Чунончи, Шайхи бузургвор дар ҳикояте (боби 1) фармудааст:

Шунидам, ки фармондеҳи додгар,

Қабо доштӣ ҳар ду рӯй остар…

Байти мазкур бо наср чунин баён шудааст: “Шунидам, ки яке аз фармондеҳони бузург ҷомае дошт, ки ҳар ду рӯяш астар буд”. Баъд аз ин ҷумлаи зеринро меафзояд: “Одатан астари либос аз порчаҳои арзон ва оддӣ истифода мешавад”.

Ҳикояте, ки матлааш ин аст:

Шабе дуди халқ оташ барафрӯхт,

Шунидам, ки Бағдод ниме бисӯхт.

Дар байн чунин байт дорад:

Агар дар саройи саодат кас аст,

Зи гуфтори Саъдиш ҳарфе бас аст.

Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ дар ҳикояти мансур байти мазкурро нигоҳ медорад ва аз худ мефизояд: “Дар масал низ омадааст: “Дар хона агар кас ҳаст, як ҳарф бас аст”.

Дар хотимаи ҳикояти шоҳе, ки гирифтори бемории ришта буд ва ӯро пири доно аз ин банд раҳо кард, Саъдӣ мегӯяд: “На ҳар афтода бархостаст”. Мулло Маъруфҷон илова мекунад: “Яъне инсони афтода ҳамеша наметавонад бархезад, баъзе афтоданиҳо ҳаст, ки бархостан надорад”. Нигоранда натиҷаро, ки худ аз ҳикояти Шайхи абадзинда бардоштааст, рақам мекунад.

Ҳамин шеваи баён, ки на як бору ду бор вомехӯранд, аз озодии эҷодии нигоранда далолат мекунанд.

Забони насри “Бӯстон” содда, оммафаҳм, ширадор ва фориғ аз такаллуф аст. Азбаски асар бо забони ягонаи адабии тоҷикӣ таълиф шудааст, вай ҳам ба хонандаҳои Тоҷикистону Эрон, ҳам ба мардуми Афғонистон ва соири форсигӯйҳои дунё фаҳмо ва ба дастраси онҳост. Дар он калимот ва таъбироти мураккаб, калом ва истилоҳоти душворфаҳму дандоншикан дида намешаванд. Навиштаи Мулло Маъруфҷонро аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола аҳли тамоми касубу кор, бахусус наслҳои наврас ва ҷавон бо рағбати тамом хоҳанд ба мутолиа гирифт. Дар натиҷа матлаби муаллиф низ ба даст меояд, ки рисолати ӯ ба оммаҳои васеи китобхонҳо дастрас намудани “Бӯстон”-и Шайх Саъдист.

Дар соддабаёнӣ чӣ гуна тавфиқ ёфтани Мулло Маъруфҷони Истаравшаниро бо усули муқоисаи “Ҳикояти Луқмони Ҳаким” (аз боби чаҳорум) дар назму наср метавон дарк кард.

Саъдии Шерозӣ менигорад:

Шунидам, ки Луқмон сияҳфом буд,

На танпарвару нозукандом буд.

Яке бандаи хеш пиндошташ,

Забун диду дар кори гил дошташ.

Ҷафо диду бо ҷавру қаҳраш бисохт,

Ба соле сарое зи баҳраш бисохт.

Чу пеш омадаш бандаи рафта боз,

Зи Луқмонаш омад нақибе фароз.

Ба пояш дарафтоду пӯзиш намуд,

Бихандид Луқмон, ки пӯзиш чӣ суд?

Ба соле зи ҷаврат ҷигар хун кунам.

Ба як соат аз дил бадар чун кунам?

Вале ҳам бибахшоям, эй некмард,

Ки суди ту моро зиёне накард.

Ту обод кардӣ шабистони хеш,

Маро ҳикмату маърифат гашт беш.

Ғуломест дар хайлам, эй некбахт,

Ки фармоямаш вақтҳо кори сахт.

Дигар раҳ наёзорамаш сахт дил,

Чу ёд оядам сахтии кори гил.

Ҳар он кас,ки ҷаври бузургон набурд,

Насӯзад дилаш бар заифони хурд.

Гар аз ҳокимон сахтат ояд сухун,

Ту бар зердастон дуруштӣ макун.

Накӯ гуфт Баҳромшаҳ бо вазир,

Ки душвор бо зердастон магир. (3)

Шакли мансури ҳикояти мазкур чунин аст: Мегӯянд Луқмони Ҳаким марди сиёҳҷурдаи нозукандом буд ва қомати зебо надошт. Як нафар ӯро аз ғуломони худаш гумон кард ва бо чашми хорӣ ба ӯ нигоҳ карда ба кори сахт ва гилкорӣ баргумошт. Луқмони Ҳаким муддате сахтӣ кашид, вале бо xафо ва қаҳри он марди зӯргӯ созиш кард ва дар тӯли як соли комил барои ӯ як бурҷ сохт. Пас аз итмоми сохтмон як дафъа ғуломи гумшудаи хоҷа пайдо шуд ва он мард бо дидани ғуломаш ба иштибоҳи худаш пай бурд ва донист, ки Луқмон он ғуломи фирорӣ набудааст, сахт дар ҳарос афтод ва ба пои Луқмон зад ва узрхоҳӣ намуд. Луқмон дар баробари он мард ва аз аксуламали ношиёнаи ӯ хандид ва гуфт: “Узрхоҳӣ чӣ суд дорад?” Оё мешавад, ки аз ҷабр ва зулми ту як соли дароз ҷигарам хун шавад ва дар як дақиқа ҳамаи он сахтиҳоро аз дилам берун кунам ва ба доди фаромӯшӣ супорам? Вале мебахшам. Мебахшам ба хотири ин ки суди ту ба ман зарареву зиёне ворид накард. Албатта ту саройи худатро ба хости ман обод кардӣ, вале дар баробари ин ҳикмат ва маърифати ман низ зиёд шуд. Дар мулки ман ғуломе ҳаст, ки гоҳ-гоҳе ба кори сахт водор мекунам. Аз имрӯз ният кардам, ки дигар он бечораро озор надиҳам ва дар истихдом сангдил набошам, чун сахтии кори гил ҳамеша дар ёди ман боқист ва намехоҳам, ки аз дасти ман каси дигар ин гуна ранҷ бикашад. Ҳар он кас, ки аз дасти золимон ҷавру ҷафо накашида бошад, ҳаргиз дилаш ба заифону бечорагон нахоҳад сӯхт. Бархурди ҳокимон агар ба ту сахт расад, пас ту ба зердастонат дуруштӣ ва хушунат накун”.

“Мушт намунаи хирвор” мегӯянд. Сухан на танҳо дар бораи он меравад, ки Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ мазмуну мӯҳтавои ҳикояти Шайхи Шерозро дар порчаи мансур пурраю мукаммал фаро гирифтааст, балки матлаби шоири шаҳирро чӣ тавр баён кардааст. Шакли ифодаи фикру андеша хеле рӯшан аст. Ӯ бузургии Луқмони Ҳакимро ба риштаи тасвир оварда тавонистааст. Ин донишманди закӣ ҳатто аз рафтору кирдори золиме ҳикмату маърифати худро меафзояд ва дар муносибати худ ба ғуломаш адолатпеша ва инсоннавоз мегардад. Сатҳи фарҳанги баргардонӣ аз назм ба наср баланд аст ва дар он вижагиҳои нависандагӣ ба зуҳур омадаанд. Тамоми “Бӯстон” дар ҳамин поя баргардон шудааст ва таҳиягар дар ҳар ҳарфи он қатрае аз хуни ҷигар кам кардааст, сабкҳои ҳамосавӣ, ғаноӣ ва амсоли инҳоро рӯи кор овардааст.

Дар дарозои бештар аз 700 сол “Бӯстон”-и ҳамешасабзи Саъдӣ нахустин маротиба қабои тозаи мансур ба бар кард. Ин амал ва ҳунар умри дигаре ба умри он бипайваст. Умедворам, ки он хонадони бисёре аз форсизабонҳоро зебу зинат мебахшад ва дар тарбияи олами зебои маънавии эшон нақши бориз бозӣ хоҳад кард. Дар ин ҷода ба Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ комёбиҳои тоза таманно дорам.

Атахон Сайфуллоев, доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор

* * *

Пайнавишт:

(1) Таърихи адабиёти Эрон, ҷилди дуввум, таълифи доктор Забеҳуллоҳи Сафо, чопи нӯҳӯм, Теҳрон 1374, саҳ 111

(2) Садриддин Айнӣ, Куллиёт, ҷилди 11, китоби якум, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, Душанбе, соли 1963, саҳ 103

(3) “Бӯстон”-Саъдӣ. Тасҳеҳи матн ва шарҳи луғат аз Ҳусайн Устод Валӣ. Интишороти Қидёнӣ, баҳори 69, саҳ. 276-277

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: