“Маҳакк”-и Мавлоно

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин ҷустор низ ба нақд ва баррасии яке дигар аз “далел”-ҳое, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар исботи муддаъои худ зикр кардаанд, мепардозем. Муддаъои эшон ин аст, ки равшанфикрони тоҷик (аъамм аз фалосифа, ҳукамо, шуъаро ва ғайра…) аз қадим то ба имрӯз, “миёнарав” буданд, ва муроди эшон аз “миёнаравӣ” ин аст, ки ин қишр ҳамеша “қудратҳои золимонаеро миёнаравӣ мекарданд”.

Ҳамон тавре ки дар мақолаи пешин ёдовар шуда будам, феълан банда дар мақоми радд ё таъйиди асли муддаъои ҷаноби Бобоёров нестам. Шояд дуруст бошад ва шояд ҳам нодуруст. Феълан коре ба ин надорам. Балки баҳси роқими сутур, чӣ дар навиштори ҳозир ва чӣ дар мақолаи дирӯз, нозир ба “далелҳое” аст, ки ҷаноби Бобоёров барои исботи муддаъои худ ба онҳо истинод ҷустааст.

Хуб, мақолаи ҳозир дар садади нақд ва баррасии ин муддаъои ҷаноби Бобоёров аст, ки Мавлоно Балхӣ низ бо тарҳи “консепсияи Маҳак” (ба қавли Бобоёров), ба ҷорӣ кардани фалсафаи “миёнаравӣ” дар ҷомеа пардохта будааст.

Ҳол, бибинем, эшон чӣ мегӯяд:

* * *

Ҳамин гуна, функсияи миёнаравиро консепсияи “Маҳак”, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар Маснавӣ баён кардааст, иҷро мекунад. Маҳак яке аз консепсияҳои марказии ҳақиқатшиносии марҷаӣ (авторитарӣ)-и Мавлавӣ мебошад. Мувофиқи ҷаҳонбинии ӯ, маҳак қудрату фаросати шинохти ҳақиқат мебошад, ки Худо онро фақат ба хоссагон медиҳад. Онро ӯ “ҳисси динӣ” номида дар муқобили “ҳисси дунё” мегузорад. Дар ҳоле ки “ҳисси динӣ” василаи ягонаи шинохти он-ҷаҳон мебошад, “ҳисси дунё” фақат ин-ҷаҳонро шинохта метавонаду халос. Дар ҳоле ки сарчашмаи “ҳисси дунё” бадан ва нафси инсон мебошад, “ҳисси динӣ” дар ҷисму нафс ва умуман дар падидаҳои моддӣ нануҳуфтааст. Сарчашмаи он аз Худо маншаъ мегирад ва тавассути баргузидагонаш ба дигарон расонда мешавад.

Ҳар киро дар ҷойи худ бинҳад маҳак,

Мар яқинро боздонад ӯ зи шак.”

Сипас Бобоёров идома медиҳад: “Ин ҷо мушкилии марказии маърифатӣ ва ё худ ҳақиқатшиносии Мавлавӣ марбут ба фарқ гузоштан дар байни сарчашмаҳои дониш ва ҳақиқат мебошад. Дар натиҷа, ин мушкилӣ ба тақсимот дар байни одамон оварда мерасонад: хоссагон – онҳое, ки қудрати шинохти ҳақиқатро доранд ва омма – онҳое, ки чунин қудратро надоранд. Аз ин рӯ, ин гуна ҷаҳонбинӣ ба хулоса меорад, ки баъд аз пайғамбарон дигар ҳеҷ гуна ҳақиқати бартаре кашф карда намешавад. Ҳамин гуна, зиндагии инсон ва ҷустуҷӯи илму дониш аз тарафи ӯ беҳуда дониста мешавад. Ин гуна абсурд ва пучии маърифатӣ бо номи “маҳак” боиси рукуд дар тафаккур ва амали одамон гардидааст…” (Поёни иқтибос)

* * *

Инак, як баҳси тақрибан муфассал дар хусуси манзури Мавлоно аз “маҳак” пешкаш мекунам. Хонандаи азиз дар онҳо диққат кунад, сипас бибинад, Мавлоно чӣ мегӯяд ва ҷаноби Бобоёров чӣ натиҷае аз он гирифтааст?

* * *

“Маҳак” яъне чӣ?

“Маҳак” — ки як вожаи арабист ва дурусташ “миҳакк” аст — дар луғат ба маънои “Санге, ки тилло ва ё нуқраро бад-он мемоланд ва иёри (андозаи) онҳоро озмоиш мекунанд” омада. Дар форсӣ ба он “санги зар” ҳам мегӯянд. Мавлоно дар Маснавӣ дар мавориде “маҳак”-ро ба ҳамин маъно ба кор баста, ба унвони мисол:

Зарри қалбу зарри некӯ дар иёр,

Бемиҳак ҳаргиз надонӣ з-эътибор.

“Зарри қалб” дар инҷо ба маънои “тиллои тақаллубӣ” ва “тиллои нохолис” аст. Мехоҳад бигӯяд, иёри тиллои нохолис ва холисро наметавонӣ бидуни санги маҳак таъйин кунӣ.

Сипас ин вожа тавсиъа пайдо карда, барои ҳар “меъёри ташхис” ба кор бурда шудааст, мисли маҳакки илм, маҳакки сабр, маҳакки дил, маҳакки дин, маҳакки ихлос, маҳакки имон ва ғайра… Масалан, “маҳакки сабр” яъне ҳар чизе, ки ба василаи он шикебоии фардро ташхис бидиҳанд, ва ё “маҳакки имон” ҳар он чӣ ба василаи он имони шахсро бисанҷанд ва ҳоказо…

* * *

“Маҳак” дар калимоти Мавлоно

Вожаи “маҳак” дар калимоти Мавлоно бештар ба маънои “меъёри ташхис”-и саҳеҳ аз ғалат, ҳақ аз ботил, хайр аз шарр, нек аз бад ба кор рафтааст.

Маҳаккҳои ташхис дар назари Мавлоно иборатанд аз: ақл, ваҳй ва дил.

1. Ақл: Дар абёти зерин ба маҳакк будани ақл ишора дорад:

Фарқи зишту нағз аз ақл оваред,

Не зи чашме, к-аз сияҳ гуфту сапед.

Чашм ғарра шуд ба хазрои даман,

Ақл гӯяд: “Бар миҳакки мо-ш зан”.

Ва ё дар ҷойе дигар мегӯяд:

Лутфи ақли хушниҳоди хушнасаб

Чун ҳама танро дарорад дар адаб.

Яъне, ақл тани одамиро ба адаб ва ахлоқи писандида ҳидоят мекунад. Ба иборати дигар, як маҳак аст барои ташхиси писандида аз нописанд, вагарна наметавонист ӯро ба ахлоқи писандида ҳидоят кунад.

Ва низ дар байте дигар инсонро ба шутур ва ақлро ба шутурбон ташбеҳ мекунад, чаро ки ақл роҳнамои инсон аст:

Ақли ту ҳамчун шутурбон, ту шутур,

Мекашонад ҳар тараф дар ҳукми мур.

* * *

2. Ваҳй: Дар абёти зерин ба маҳак будани ваҳй дар ташхиси сара аз носара ишора фармуда:

Ақл зидди шаҳват аст, эй паҳлавон

Он ки шаҳват метанад, ақлаш махон.

Ваҳм хонаш, он ки шаҳватро гадост,

Ваҳм қалби нақди зарри ақлҳост.

Бемиҳак пайдо нагардад ваҳму ақл,

Ҳар дуро сӯйи миҳак кун зуд нақл.

Ин миҳак Қуръону ҳоли анбиё,

Чун миҳак мар қалбро гӯяд: “Биё.

То бибинӣ хешро з-осеби ман,

Ки найӣ аҳли фарозу шеби ман”.

Яъне, ваҳму ақлро наметавон бидуни маҳак аз якдигар бозшинохт. Ин маҳак иборат аст аз Қуръон ва аҳволи паёмбарон, яъне ваҳй.

* * *

3. Дил: Аз назари Мавлоно, яке дигар аз “маҳаккҳо ва меъёрҳои ташхис” ин дил аст. Мавлоно мӯътақид аст, покии замир мӯҷиб мешавад, то чашми дили инсон ба рӯйи ҳақоиқ гушуда шавад:

Он ки ӯро чашми дил шуд дидабон,

Дид хоҳад чашми ӯ айнул-аён.

Шабзиндадориҳои холисона ва гиряҳои саҳаргоҳон метавонад дилро омодаи зуҳури анвори илоҳӣ бигардонад.

Гиряи босидқ бар ҷонҳо занад,

То ки чарху аршро гирён кунад.

Ақлу дилҳо бе гумоне аршиянд,

Дар ҳиҷоб аз нури аршӣ мезиянд.

Аз назари Мавлоно, касе ки дарунаш аз ғайри Худо тиҳӣ шавад ва замираш аз хаёлҳои фосид соф гардад, чунин сина ва замире монанди ойина софу шаффоф мегардад ва асрор ва ҳақоиқи олами ғайб дар он манъакис мешавад:

Он кӣ ӯ бенақши сода сина шуд,

Нақшҳои ғайбро ойина шуд.

Ва ҷон ва ботини инчунин инсоне маҳакки инсонҳои дигар мегардад:

Чун шавад ҷонаш миҳакки нақдҳо,

Пас бибинад қалброву қалбро.

* * *

Пас, он ҷо, ки Мавлоно барои ботини як инсони комил “маҳак” қоил мешавад, ҳадафаш ин нест, ки одамҳоро ба ду даста: “хоссагон – онҳое, ки қудрати шинохти ҳақиқатро доранд ва омма – онҳое, ки чунин қудратро надоранд” тақсим карда бошад, чунон ки ҷаноби Бобоёров бардошт намуда. Балки мегӯяд, эй инсон! Ё ту худат саъю талош кун ва замиратро пок намо, то битавонӣ роҳро аз чоҳ ташхис бидиҳӣ, ва ё агар нахостӣ, пас як инсони комилро дар ин росто роҳнамои худ бигир, то бароят нишон бидиҳад. Бибинед, Мавлоно чӣ мегӯяд:

Гар миҳак дорӣ, гузин кун в-арна рав

Назди доно хештанро кун гарав.

Ё миҳак бояд миёни ҷони хеш,

В-ар надонӣ раҳ, марав танҳо ту пеш.

Яъне, ё бояд маҳакро дар ботини худ дошта бошӣ, ва ё агар роҳро намедонӣ, ба танҳоӣ марав.

Агар ман писарамро пеши як муаллим супорам ва аз ӯ бихоҳам писарамро таълим ва тарбият бикунад ва роҳро аз чоҳ барояш нишон бидиҳад, оё одамҳоро ба ду дастаи хоссагон ва оммагон тақсим кардаам, ки масалан муаллимон хоссагони ҷомеа ҳастанд, ки: “қудрати шинохти ҳақиқатро доранд” ва шогирдон аммо омма ҳастанд, ки: “чунин қудратро надоранд”?!

Мурид, ки пеши як инсони комил меравад, то дасташро бигирад ва роҳро барои ӯ нишон бидиҳад, дуруст мисли рафтани як шогирд аст пеши як муаллим, ки ӯро таълим ва тарбият кунад. Ин ду ҳеч тафовуте бо ҳам надоранд. Тақсими инсонҳо ба хоссагон ва омма яъне чӣ? Ҳамин мурид низ бо дастгирии муршид ва тай кардани мароҳили сайру сулук ба кӯмаки вай, рӯзе ба ҳамон мақоме, ки устодаш дорад мерасад.

* * *

Баъд, банда то ҳанӯз нафаҳмидам, ин омӯза чӣ иртиботе бо тарвиҷи фалсафаи “миёнаравӣ”, ки ҷаноби Бобоёров мегӯяд, дорад?

Агар Мавлоно мегӯяд, ман ақл, ваҳй ва дилро маҳак медонам, оё лозимаи ин эътиқод он аст, ки мо бигӯем, пас Мавлоно фалсафаи “миёнаравӣ”-ро (бо тафсире, ки Бобоёров кардааст) тарвиҷ мекунад?

Ин дуруст мисли ин аст, ки як нафар иддаъо кунад, ки масалан “Имрӯз борон намеборад”, агар аз ӯ далели ин иддаъоро бипурсем, дар посух бигӯяд, “Чун гурба аз сари роҳам гузашт”.

Бале, шояд ҷаноби Бобоёров ин омӯзаҳоро аз беху бун қабул надошта бошад – масалан, инро, ки мо ваҳйро як маҳак медонем барои ташхиси дуруст аз нодуруст ва ё инро, ки дили як инсони комил маҳак аст – хуб, ин ишколе надорад, марбут ба ҷаҳонбинии эшон аст, аммо ин ки эшон аз ин омӯзаҳо як натиҷаи комилан ғалат бигирад, хуб, як масъалаи комилан дигар аст. Чунонки дар баҳси дирӯз ҳам гуфта будам, ин як тӯҳмат аст ба Мавлоно.

* * *

Иншоаллоҳ агар умре боқӣ буд, дар бораи андешаи “Ақли кулл”-и Ҳаким Носири Хисрав ва бардошт ва тафсири аҷибу ғариби оқои Бобоёров аз онро ҳам мавриди нақду баррасӣ қарор хоҳем дод.



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: