Устод Атахон Сайфуллоев дори фониро тарк гуфт

Устод Атахон Сайфуллоев, адиб ва донишманди тоҷик ва раиси асбақи Садо ва симои Тоҷикистон, субҳи 17 март дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд чашм аз олам пӯшид.

Маросими ташъей ва хоксупории марҳум, бино бар хабари Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, имрӯз (17 март), соати 12 дар назди манзилаш дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад.

Шарҳи ҳоли Устод Сайфуллоев (ба нақл аз Донишномаи озоди Википедиа)

Атахон Сайфуллоев мутаваллиди 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд, драматург, адабиётшинос, нависанда, шоир, доктори илми филологӣ (1979), профессор (1983), Ходими шоистаи фарҳанги ҶТ, узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон (1963).

Устод Атахон Сайфуллоев факултаи филологияи тоҷики ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1954). Аспиранти ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко (1955-58), ходими калони илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-65), мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДОЛ (1965-68), котиби садорати ИН ҶШС Тоҷикистон (1968-73), докторанти Академияи улуми ҷомеашиносии назди КМ ХКИШ (1973-75) сармуҳаррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1975-85), ходими пешбар ва сарходими илмии ПЗА АУ ҶШС Тоҷикистон (1985-89), директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони ҶТ (1989-90), мудири шӯъбаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои миллии КМ ХК Тоҷикистон (1990-91), раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1991-92), котиби масъули шӯъбаи суғдии ИН Тоҷикистон (1993-2002), мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик (аз с.1995), ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар в.Суғд (1997-2007), муовини раиси Шӯрои мазкур (аз с.2007), сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии “Паёми Суғд (аз с.2002). Муаллифи бештар аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Х.Карим, Ч.Икромӣ, Р.Чалил, А.Шукӯҳӣ, Ф.Муҳаммадиев, П.Толис ва дигарон, хамчунин проблемаи таъсири мутақобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст. Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик» ва «Таърихи адабиёти сермиллати шуравӣ» (Маскав), муаллифи повест ва очеркхои бадеӣ, тарчумони романи С.Баруздин «Такрори дарсхои гузашта», очеркхои М.Котов ва тадқиқоти Г.Ломидзе «Оҳанги интернатсионали дар адабиёти шурави» мебошад. Як силсила мақолахояш дар Маскав, Киев, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд ва Афгонистон ба чоп расида, қисме аз онхо ба забонхои англиси, фаронсави, олмони, испани тарчума шудаанд. Таҳти рохбарии С. хафт нафар рисолаи номзади дифоъ кардаанд.

Осори илмӣ:

Романи устод Садриддин Айни “Дохунда”. — Д., 1966;

Тафаккур ва образ. — Д., 1968;

Меридианы поэзии. — Д., 1971;

Мирзо Турсунзода. — Д., 1983;

Дустии халқхо – дустии адабиётхо. — Д., 1975;

Проблемы взаимодействия литератур. — Д., 1976;

В единстве и родстве. — Д., 1989;

Президент Эмомали Рахмонов. — М., 2000 (бо хаммуаллиф);

Халқахои пайванди адаби. — Хуҷанд, 2003;

Фуруги маънавият. — Хуҷанд, 2005;

Уфукхои тозаи наср. — Д., 2006.

Мукофот:

Дорандаи Чоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, бо ифтихорномахои Раёсати ШО Чумхурии Тоҷикистон, орденхои Шараф, Дустӣ, медали тиллои Кумитаи ҷумҳуриявии сулх, медали 10-солагии Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ва гайра мукофотонида шудааст.

* * *

Ба бастагони Устод Сайфуллоев ба хусус бародари азизам ҷаноби Акрамхон Зиёдуллоев даргузашти эшонро таслият ва барояшон сабри ҷамил хоҳонам.

 

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: