Ҳаким Носири Хусрав ва “Консепсияи Ақли Кулл” (1)

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров, бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин навиштор, ки дар ду бахш ироа хоҳад шуд ва инак бахши аввали он пешкаши хонандаи азиз мешавад, ба нақду баррасии яке дигар аз “далелҳое”, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров барои исботи муддаъои хеш ба он такя кардаанд, мепардозем. Ва он нест ҷуз “Консепсияи Ақли Кулл” ба таъбири ҷаноби Бобоёров. Лозим аст барои бори севвум такрор кунам, ки роқими сутур дар ин силсиламақолот, на дар мақоми радди асли муддаъои Бобоёров ҳастам ва табиатан на дар мақоми таъйиди онҳо. Ин мақолот дар садади нақди “далелҳои” эшон аст.

Ҳол, пеш аз ҳама лозим аст, он қисмат аз дидгоҳҳои эшонро, ки ба навиштори ҳозир муртабит аст, биёварем. Эшон мегӯяд:

* * *

Носири Хусрав дар “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, «Хон-ул-ихвон”, “Рӯшноинома” ва ғайра (Носири Хусрав, Куллиёт (ҷ. 1), Душанбе: Дониш, 1991. – 637 саҳ.) консепсияи “Ақли Кулл”-ро меҳвари осори насрӣ ва назмии худ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, вале иштибоҳан, ӯро ақлгаро низ мегӯянд. Дар “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн” ӯ идеяи ақли кулро ҳаматарафа ва системавӣ шарҳу тафсир медиҳад. Аз он ҷумла ҳафт зинаи маротиби ҳастӣ, ҳафт зинаи “маротиби эътиборот” (ин истилоҳро муаллифи ин матлаб ворид кард) ва ҳафт зинаи маротиби камоли нафсро номбар ва баён месозад.

Ӯ дар “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн” дар бахши “Андар ҳафт нур” ҳафт ситораи мудаббир (сайёраҳо)-ро равзанаҳо аз “олами олӣ” меномад. Онҳо зарфиятҳои гуногуни пазириши нур аз олами олӣ ё худ олами илоҳӣ доранд. Барои ҳамин чизҳо аз ҷиҳати латофат, нозукӣ ва шаффофият дараҷаҳои гуногун доранд. Чунончи, зару ёқут аз ҳама тинати покизатар доранд. Дараҷаи покӣ ва камоли онҳо вобаста ба он аст, ки онҳо кадоме аз ҳафт нури азалиро мепазиранд. Ин ҳафт нур инҳоянд: 1) Ибдоъ; 2) Ҷавҳари Ақл; 3) Маҷмӯи Ақл (дарбаргирандаи Ақл, Оқил, Маъқул); 4) Нафс, ки аз Ақл мунбаис аст; 5) Ҷидд; 6) Фатҳ ва 7) Хаёл. Ягон мавҷудот дорои хосияти се нури аввал – Ибдоъ, Ҷавҳари Ақл ва Маҷмӯи Ақл нестанд, мар худи Ақлро. Дар олами сағир, яъне инсон осор аз ин ҳафт ҷавҳари ибдоӣ инҳоянд: 1) Ҳаёт; 2) Илм; 3) Қудрат; 4) Идрок; 5) Феъл; 6) Иродат; 7) Бақо.

Носири Хусрав инчунин мардумро дар дараҷаи қабули ин ҳафт нур ба 7 гурӯҳ тақсим мекунад: 1) Расул; 2) Васӣ (Алӣ); 3) Имом; 4) Ҳуҷҷат; 5) Доӣ; 6) Маъзун; 7) Мустаҷиб. Дар олами дин ҳам 7 нур аст: 1) Одам; 2) Нӯҳ; 3) Иброҳим; 4) Мӯсо; 5) Исо; 6) Муҳаммад; 7) Алӣ. Носири Хусрав ба ин ақида аст, ки дар 7 ҳазор сол 6 пайғамбар омадааст ва 7-ум нафаре дар оянда хоҳад омад, ки одамон ба ҳар ном мебарандаш (Масеҳ, Маҳдӣ, Қоим) ва Давр бо ӯ тамом ва Камол ҳосил мегардад (саҳ. 87-95).

Чунонки аён аст, ҳадафи Носири Хусрав ташаккул додани фалсафаи мукаммали ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ нест. Балки нигаронӣ ва рисолати ӯ миёнаравона мебошад. Ӯ дар Миср ба ҳаракати Исмоилия пайваст ва ба Хуросон баргашта, онро дар байни мардум тарғиб мекард. Ин функсияи сиёсӣ-иҷтимоии ӯ талаб мекард, ки онро аз нуқтаи назари ақлӣ ва фалсафӣ дар муқобили мактабҳои зиёди фикрӣ ва ҷараёнҳои сиёсию иҷтимоии Хуросон асоснок кунад.

Ба назари Носири Хусрав, Ақли Кулл зоти олӣ ва нотакрори Худо мебошад, ки барои худро дар воқеият санҷидан манишеро бо номи Нафси кулл меофарад. Нафси кулл дар зинаи поинтар аз Ақли Кулл қарор дошта, функсияи миёнаравиро байни қувва ва феъл иҷро мекунад. Дар марҳилаи поинтар Нафс ба феъл мегузарад ва дар ҳар мавҷуд таҷассум мегардад. Ҳар як мавҷуд, аз он ҷумла инсон нафси ҷузъӣ дорад, ки дар шинохти мустақилонаи ҷавҳари худ оҷиз аст. Яъне инсонҳо чунин қудратеро надоранд, ки тавассути ақл ҷавҳари ҳастиро дарк кунанд. Фарқияти ягонаи онҳо аз ҳайвоноти дигар (ки дар зинаи поинтари маротиби ҳастӣ қарор доранд) он аст, ки нафси нотиқа доранд. Нафси нотиқа дар инсон қудрати ақлии пайравӣ кардан аз суннати бартар (дин) мебошад.

Ба ҳамин шева, Носири Хусрав ба тавсифи силсилаи маротиби эътиборот мепардозад. Ҳафт марҳилаи маротиби эътиборот вуҷуд дорад, ки ба ҳафт маротиби ҳастӣ мутобиқат мекунанд. Марҳилаи якум Худо мебошад, ки дорои Ақли Кулл аст, марҳилаи дуюм Расул (Муҳаммад) аст, ки ба он Нафси кулл марбут аст. Яъне Расул ягона башаре мебошад, ки ба ӯ қудрати ба миён овардан ва ниҳодани ҷавҳару зоти Худо даст додааст. Ҳеҷ касе баъд аз ӯ ваҳй намегирад ва ба меъроҷ намеравад. Бинобар ин, фақат Расул ягона воситае ва миёнараве мебошад, ки ҳақиқати куллиро бозгӯ мекунад. Аммо ин бозгӯкунӣ на дар нафсҳои ҷузъӣ, балки дар Нафси куллӣ (Қуръону ҳадис) нуҳуфтааст. Марҳилаи минбаъдаи маротиби эътиборот Васӣ, яъне Алӣ мебошад. Ӯ дар байни Нафси кулл (Муҳаммад) ва нафсҳои ҷузъии одамон меистад ва миёнаравӣ мекунад. Ӯ ҳақиқатро дар нафсҳои ҷузъии одамон ба феъл табдил медиҳад. Чун Васӣ наметавонад дар ҳама давру замонҳо бошад, аз ин рӯ, ҷонишинҳои ӯ Имомон мебошанд, ки ҳатман аз хонадони ӯ бармеоянд. Васӣ ва Имомон дар маконҳои гуногун намояндаҳо доранд, ки Ҳуҷҷат ва Доӣ мебошанд. Ин намояндаҳо дар замону макони дигар функсияи миёнаравии ӯро иҷро мекунанд ва ҳақиқатро ба Маъзуну Мустаҷиб (мардум) мерасонанд…” (Поёни иқтибос)

* * *

Пеш аз пардохтан ба асли мавзӯъ ва нақди ин дидгоҳҳо, шоиста аст ду нуктаи бисёр муҳим ёдоварӣ шавад, зеро таваҷҷӯҳ ба ин ду нукта, барои фаҳми асли мушкил бисёр кӯмак мекунанд:

* * *

1. Нуктаи аввал ин ки: файласуф, ки ҳадафаш тафҳими як андеша ва расондани он ба зеҳни мухотаб аст, бояд то ҳадди тавон ва то ҷойе, ки барояш имкон дорад, аввалан худаш аз истилоҳсозӣ парҳез кунад, ва сониян, вожаҳо ва истилоҳотеро, ки дар калимоти фалосифа ва донишмандон ба кор рафтааст ва ҳар як дорои маънои хоссе ҳастанд, барои хонанда хуб тафҳим намояд, то хонанда аввал онҳоро бифаҳмад ва ҳазм кунад, то сипас битавонад дар мавриди натоиҷе, ки нависанда аз онҳо гирифтааст қазоват кунад, ки оё саҳеҳ натиҷа гирифтааст ё ғалат?

Дар ҳамин чанд матлаб, ки ҷаноби Бобоёров онҳоро ба унвони андешаҳои Ҳаким Носири Хусрав матраҳ кардааст, истилоҳот ва вожаҳои фаровоне, ки Ҳаким дар осораш ба кор бурдааст, бидуни ҳеч тавзеҳ ва шарҳе оварда шудаанд, истилоҳоте мисли: Ибдоъ, Ҷавҳари Ақл, Нафс, Инбиъос, Ҷидд, Фатҳ ва ғайра, ки мақсуд аз инҳо ба ҳеч ваҷҳ маънои луғавии онҳо нест, ки як нафар бо муроҷеа ба “Луғатномаи Деҳхудо” ё як луғатномаи дигар битавонад муроди Ҳакимро бифаҳмад, балки ҳар як дорои як маънои истилоҳӣ ҳастанд ва Ҳаким аз онҳо маънои хоссеро дар назар дорад.

Ва аз ҳама бадтар ин ки: дар мавориде, аз онҳо комилан тафсир ва бардошти ғалат ироа шуда. Масалан, ҷаноби Бобоёров мегӯяд: “Ба назари Носири Хусрав, Ақли Кулл зоти олӣ ва нотакрори Худо мебошад, ки барои худро дар воқеият санҷидан манишеро бо номи Нафси кулл меофарад.

Касе, ки бо фалсафа ва андешаҳои Ҳаким Носири Хусрав камтарин иттилоъе дорад, ӯ медонад, ки манзури Ҳаким аз “Ақли Кулл”, Худо нест. Ақли Кулл содири аввал аст, яъне нахустин офаридаи Худост, на худи Худо. Ва бадтар аз ин, дунболаи он аст, ки Ақли Кулл “барои худро дар воқеият санҷидан манишеро бо номи Нафси кулл меофарад”. Оё “Нафси кулл” офарида шудааст барои он ки Ақи Кулл (яъне Худо ба эътиқоди Бобоёров) “дар воқеият худро бисанҷад”?! Ин истинтоҷ ё истинтоҷи худи ҷаноби Бобоёров аст, ки комилан нодуруст аст ва ё чи басо аз китобе онро нақл мекунад, ки нависандаи он, матлабро ғалат тафсир карда.

Баъд, рӯйи ҳамин истинтоҷи нодуруст, ҷаноби Бобоёров истилоҳе аз пеши худ ҷаъл карда ба номи “Консепсияи Ақли Кулл”. Мо агар ногузир бошем, ки барои ин андешаи Ҳаким Носири Хусрав истилоҳе бисозем, пас дуруст он аст, ки номашро “Консепсияи оламҳои чандгона” бигузорем, на “Консепсияи Ақли Кулл”, ки дар ин хусус баъдан тавзеҳ хоҳем дод.

Банда низ, ки ин истилоҳи ҷаноби Бобоёровро дар унвони мақола овардаам, танҳо барои ин аст, ки чун мақола дар садади нақду баррасии он аст, на ин ки онро дуруст бидонам. Албатта, ба нафси ҷаъли ин истилоҳ аз сӯйи ҷаноби Бобоёров эроде надорам, зеро ҳар файласуф ва донишманде дар ҷаъл ва сохтани истилоҳ (термин) озод аст, аз ҷумла ҷаноби Бобоёров.

* * *

2. Нуктаи дуввум ва муҳимми дигар он ки: ҷаноби Бобоёров дар андешаҳое, ки дар ёддошти худ матраҳ кардааст, фарзро бар ин гирифта, ки донишмандоне мисли Фирдавсӣ, Бӯалӣ Сино, Ҳаким Носири Хусрав ва Мавлавӣ агар андешаеро ба унвони як тарҳи фалсафӣ ё фикрӣ арза кардаанд, ин тарҳҳо бархоста аз ин нестанд, ки масалан Шайхурраис ё Ҳаким Носири Хусрав аз ибтидои кор бо як зеҳни холӣ ва бидуни ҳеч пешфарзе, таъаммулоти фалсафӣ намуда ва он гоҳ ҳосили фалсафиданашон ин тарҳҳо буда бошад. Балки фарзи ҷаноби Бобоёров ин аст, ки ин донишмандон (ба унвони равшанфикрони рӯзгори худ) аввал ба дунболи ин будаанд, ки дар ҷомеа барои худ як ҷойи пой ва мавқеияте пайдо бикунанд ва он гоҳ мавқеият ва ҷойгоҳи иҷтимоии худро дар ин диданд, ки бояд “миёнарав” бошанд. Сипас, барои тасбити ин ҷойгоҳ, нишастанд ва заҳмат кашиданд ва фалсафиданд ва ин тарҳҳоро таҳвили ҷомеа доданд. Ва ба таъбири худи ҷаноби Бобоёров: “Чунонки аён аст, ҳадафи Носири Хусрав ташаккул додани фалсафаи мукаммали ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ нест. Балки нигаронӣ ва рисолати ӯ миёнаравона мебошад”.

Ба сухани дигар, ин донишмандон ҳаргиз ба дунболи ёфтани ҳақиқат набудаанд, балки як мушт одамони манфиатҷӯ ва маслиҳатгаро, ки тамоми ҳимматашон дар он ҳама фалсафиданҳо, фикр ронданҳо, “Шоҳнома” ва “Маснавӣ” саройиданҳо ва “Шифо” ва “Наҷот” навиштанҳо, ин будааст, ки коре бикунанд, то ҷойгоҳашон дар ҷомеа тасбит бишавад ва ба истилоҳ, “Нонашон дар равған бошад”. Ба ин қисматҳо аз навиштаҳои ҷаноби Бобоёров таъаммул бифармоед:

Маҳз ба ҳамин хотир онҳо ба миёнарав табдил меёбанд ва зуд-зуд мавқеи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравии худро ба манфиати қудрати мавҷуда иваз мекунанд. Кор то ба ҷое мерасад, ки аз куҷое манфиат пайдо кунанд, ба ҳамон сӯ майл мекунанд.”

Ва ё: “Чунин миёнаравӣ на ба хотири рафъи Бадӣ, балки барои нигоҳ доштани эътидол дар байни Нек ва Бад мебошад. Яъне ҳар ду мабдаъ дар ҷаҳон ногузир мебошанд ва кори хирад, адолат ва қудрат мусолиҳа кардан дар байни онҳост. Ин матлабро Фирдавсӣ бо консепсияи Фарри Каёнӣ, Сино бо консепсияи Адолат, Носири Хусрав бо консепсияи Ақли Кулл ва Мавлавӣ бо консепсияи Маҳак баён мекунанд.”

Банда ҳаргиз мухолифи ба чолиш кашидани афкор ва андешаҳои гузаштагон, ҳатто Фирдавсӣ, Бӯалӣ, Ҳаким Носири Хусрав, Мавлавӣ ва дигарон нестам. Ва ҳаргиз нагуфтаам ва намегӯям, ки андешаҳои эшон ҳама “ваҳйи мунзал” ва орӣ аз хато ва иштибоҳанд. Ҳаргиз ҳарфам ин нест. Ва иттифоқан, бисёр хушҳол ҳастам, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар ин росто руҳияи бебоконае дорад.

Балки тамоми ҳарфам ин аст, ки оё ҷаноби Бобоёров дар ин истинтоҷҳо ва қазоватҳои худ ба иштибоҳ роҳ надодааст?! Мехоҳам, худи эшон андаке таъаммул бифармояд. Билохира, торихи ин бузургон дар дастраси мост. Яъне, сарфи назар аз афкор ва ақоиди эшон, ки ҷаноби Бобоёров бардоштҳои бисёр ғалате аз онҳо ироа мекунад, оё аз назари торихӣ Бӯалӣ Сино масалан як “миёнарав” ба ҳамин маъно буд? Оё метавон он ҳама заҷреро, ки ин фарҳехтаи торих дар роҳи тарвиҷи ҳақиқат кашидааст, нодида гирифт? Шахсияте, ки ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз аст, фарзандони намакнашносаш ба сурати бояд ӯро нашинохтаанд. Агар Бӯалӣ муддате дар ин дарбор ва муддате ҳам дар он дарбор вазир будааст, ҳаргиз худаш ба дунболи он набуд. Азизон торихро аз нав таварруқ бикунанд. Вазоратро бар ӯ таҳмил мекарданд. Ҳамеша ҳуккоми вақт ба дунболаш буданд, то вазирашон бошад, аммо ӯ фирор мекард.

Ва ё бо торихи Мавлонои Балхӣ ошно ҳастем? Роқими сутур ҳамин ҳоло, ки дорам ин сатрҳоро менависам, ашк аз чашмонам дар ҳоли ҷорӣ шудан аст, ки шахсиятеро, ки асараш, яъне “Маснавӣ”, дар ин яке ду соли ахир аз пурфурӯштарин китоб дар Омрико будааст, аммо мо, ки фарзандони ӯ маҳсуб меойем, бигӯем, ӯ як манфиатҷӯ ва маслиҳатгарое беш набуд, ки тамоми ҳимматаш тақвияти ҷойгоҳи иҷтимоии худ буда ва “Маснавӣ” ҳам, ки халқ кард, як китоби тарвиҷкунандаи фалсафаи “миёнаравӣ” мебошад! Оё ин ҷойи таъассуф хӯрдан надорад?!

Асосан, дар як матлаб мондам, ки чаро ва ба кадом далел ҷаноби Бобоёров ба ин натиҷа расидааст, ки ин бузургон одамони “миёнарав” будаанд ва андешаҳояшон тарвиҷи фалсафаи “миёнравӣ”?! Зеро, усулан, ҳеч файласуф ва донишманде, ки номе аз ӯ дар торих сабт шудааст – ҳол, чӣ як файласуф ва донишманди исломӣ бошад ва чӣ ғарбӣ — мабнои афкор ва андешаҳои вай манфиатҷӯӣ ва маслиҳатгароӣ набудааст. Асосан, касе, ки бар мабнои як маслиҳат ва манфиати шахсӣ, мактабе фикрӣ ё фалсафӣ бино мениҳад, ӯ дигар файласуф нест.

Таҳлили шахсии банда аз ин бардошти ҷаноби Бобоёров он аст, ки ба назарам, ин тафсир як решаи равонӣ дорад, то илмӣ. Ба ин маъно, ки эшон, ки муддате дар дохили кишвар ба кори таҳқиқ ва пажӯҳиш машғул буд ва дар ин муддат, бештар бо “равшанфикрон” дар Тоҷикистон сару кор дошт, дар вуҷуди онҳо шояд инро мушоҳида карда, ки равиши фикрии онҳо мабнои “манфиатҷӯёна” дорад, то як мабнои илмӣ. Ва сипас, ҳамин бардоштро таъмим дода ва ба ин натиҷа расидааст, ки равшанфикрони тоҷик дар кулли торих вазъашон ҳамин будааст. Албатта, умедворам, ин таҳлилам хато бошад.

* * *

Хуб, дар бахши дуввуми ин мақола, иншоаллоҳ дар бораи “Консепсияи Ақли Кулл” ба таъбири ҷаноби Бобоёров, агар умре боқӣ буд, ба тафсил баҳс хоҳем кард ва хоҳем дид, ки оё бардошти эшон дуруст аст ё нест.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: