Ҳаким Носири Хусрав ва “Консепсияи Ақли Кулл” (2)

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров, бахши дуввум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин қисмат аз навиштор — ки бахши дуввум аз нақду баррасиҳои андешаи ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар бораи “Консепсияи Ақли Кулл”-и Ҳаким Носири Хусрав аст — ибтидо саъй мешавад назари Ҳаким барои хонандаи азиз дуруст тафҳим бишавад, то бибинем, Ҳаким чӣ мехоҳад бигӯяд. Сипас, бояд дид, оё метавон аз ин назария чунин натиҷаро гирифт, ки Ҳаким дар садади ироаи фалсафаи миёнаравона будааст, ё назарияи ӯ ҳеч иртиботе бо ин истинтоҷ надорад?

Дар оғоз, лозим медонам, ёдоварӣ шавад, ки ин баҳсҳо ба ҳеч унвон бо ҳадафи “иғвоангезӣ” ё бо ғаразе дигар ба риштаи таҳрир надаромадаанд, балки ҳадафи мо танҳо ин аст, ки мегӯем, ҷаноби Бобоёров аз мафҳуми “Адолат” назди Бӯалӣ Сино, мафҳуми “Ақли Кулл” аз назари Ҳаким Носири Хусрав ва низ мафҳуми “Маҳак” аз дидгоҳи Мавлоно бардошт ва тафсире ғалат ироа фармудаанд. Инсон гоҳе хато мекунад ва ин табиист, аз ин рӯ вақте касе ӯро ба хато ва иштибоҳаш воқиф созад, ӯ бояд хушҳол гардад, ба хусус агар аҳли илм ва маърифат аст, на ин ки асабонӣ шавад.

Хуб, барои он ки як вақт суитафоҳум пеш наояд ва кори моро ҳамл ба “ағроз” ва “иғво” накунанд, боре дигар асли муддаъои ҷаноби Ҳафиз Бобоёровро мутазаккир мешавем, аз забони худи эшон, яъне айни калимоти эшонро меоварам:

* * *

Асли муддаъои эшон ин аст: “Зиёиён ва ё худ равшанфикрони тоҷик ҳамеша “тоифаи миёнарав” будаанд, на “синфи миёна”. “Дар ин бахш (яъне ҳамон ёддошт. С.И), қолабҳои зеҳниеро ошкор хоҳем кард, ки баҳсу талоши фикриро дар Тоҷикистон ба миёнаравию ҳимояти “равшанфикрон” аз ҷараёнҳои иртиҷоӣ табдил додааст”. Ин, асли муддаъои эшон аст.

Хуб, ҳоло “миёнаравӣ” ба назари эшон чист? Мегӯяд: “Равшанфикрони тоҷик дар давраҳои гуногуни таърих пешрави ҷомеа ва таърих набуданд. Балки онҳо дар таърихи дуру наздик қудратҳои золимонаеро миёнаравӣ мекарданд”. Ин дигар хеле возеҳ аст ва ниёз ба шарҳ ҳам надорад, ки манзури эшон аз “миёнаравӣ” чист.

Баъд, эшон ба дунболи намунаҳо ва қолабҳои зеҳние меравад, ки дар шаклгирии мавқеи бузургони торихи мо ҳамчун “миёнарав” таъсиргузор будаанд: “Бузургони таърихи илм ва фарҳанги эронӣ ба кадом намунаҳо ва ё худ қолабҳо побанд ҳастанд ва билохира ин қолабҳои фикрӣ ба ташаккули мавқеи онҳо чун миёнарав чӣ таъсире гузоштааст?” “Хирад, адолат ва қудрати миёнаравона дар фарҳанги эронӣ тасодуфӣ нест. Он дар мифология ва таълимотҳои фалсафӣ таҷассум ёфта, минбаъд дар бисёр давраҳои ҳалкунандаи таърихӣ сурати амал пазируфтааст”.

Сипас, эшон иддаъо мекунад, ки ин қолабҳои зеҳнӣ дар чаҳор маврид дида мешаванд: “Дар ин мақола кофист, ки чор консепсияи марказии эрониро номбар кунем, ки хирад, адолат ва қудратро чун миёнаравӣ дар байни қувваҳои некӣ ва бадӣ баррасӣ мекунанд. Ин консепсияҳо аз идеологияи динӣ сарчашма мегиранд, ки ҷаҳонро иборат аз мазҳари Некӣ ва Бадӣ медонад.”

Ҳоло, онҳо кадоманд аз назари Бобоёров? “Ҷаҳонбинӣ ва таълимоти мазкур минбаъд фалсафаи миёнаравиро ба миён овард. Мувофиқи он, чун рафъи ҳеҷ кадоме аз ин мазҳарҳо имконпазир нест, аз ин рӯ, зарурат ба миёнаравӣ вуҷуд дорад. Чунин миёнаравӣ на ба хотири рафъи Бадӣ, балки барои нигоҳ доштани эътидол дар байни Нек ва Бад мебошад. Яъне ҳар ду мабдаъ дар ҷаҳон ногузир мебошанд ва кори хирад, адолат ва қудрат мусолиҳа кардан дар байни онҳост. Ин матлабро Фирдавсӣ бо консепсияи Фарри Каёнӣ, Сино бо консепсияи Адолат, Носири Хусрав бо консепсияи Ақли Кулл ва Мавлавӣ бо консепсияи Маҳак баён мекунанд.”

Ин аст моҳасали муддаъои ҷаноби Ҳафиз Бобоёров.

* * *

Ҳол, муддаъои мо чист? Банда аз аввал ва дар се мақолаи пешин, ба такрор ва бо таъкид ин нуктаро ёдовар шудам, ки дар ин нақду баррасиҳо, роқими сутур на дар садади радди асли муддаъои ҷаноби Бобоёров аст ва табиатан на дар мақоми таъйиди онҳо. Балки тамоми ҳарфам ин аст: ин ки иддаъо мешавад фалсафаи “миёнаравӣ” реша дар он чаҳор консепсия доштаанд, ин як иддаъои бе поя ва асос аст, зеро он андешаҳо ҳеч иртиботе бо фалсафаи “миёнаравӣ”, ки гуфта мешавад, надоранд. Тамоми ҳарфам ҳамин аст.

Дар мақолаи аввал ва дуввум, ба тафсил дар бораи мафҳуми “Адолат”, ки Шайхурраис аз он мегӯяд ва низ мафҳуми “Маҳак” назди Мавлоно баҳс кардем. Ва аммо дар ин мақола роҷеъ ба “Консепсияи Ақли Кулл” (ба таъбири Бобоёров), ки Ҳаким Носири Хусрав аз он гуфтааст, баҳс хоҳем кард.

* * *

Кайфияти офариниш назди Ҳаким Носири Хусрав

Аз қадим, бархе аз фалосифаи Худобовар (мисли фалосифаи навафлотунӣ пеш аз ислом ва ҳамчунин фалосифае мисли Носири Хусрав ва дигарон), баҳсҳои фаласафии амиқе дар бораи кайфияти офариниш ва ин ки мавҷудот (ҳарчи ғайри Худо) чӣ гуна падид омадааст анҷом додаанд. Инак, баёни хулосаи ақидаи Ҳаким Носири Хусрав дар ин замина:

Офариниш дар назди Ҳаким Носири Хусрав, бар асоси қоъидаи фалсафии “Аз иллати воҳид танҳо як маълул содир мешавад” табйин шудааст. Маънои ин қоъидаи фалсафӣ он аст, ки: байни ҳар иллат ва маълулаш бояд таносуб ва ҳамгунӣ бошад, вагарна, лозим меояд, ки ҳар маълуле аз ҳар иллате содир шавад ҳарчанд бо он иллат таносуб ва ҳамгунӣ надошта бошад, масалан об бисӯзонад ва оташ хомӯш кунад. Зоти Борӣ Таъоло воҳиди ҳақиқӣ аст ва ҳеч касрате дар зоти муқаддасаш нест, аз ин рӯ, маҳол аст аз вай маълулҳои гуногун содир шавад.

Бар асоси ин қоъидаи фалсафӣ, Ҳаким Носири Хусрав ҷаҳонро дорои як низоми тӯлӣ медонад, ки танҳо маълули нахустин бидуни восита ва ба таври мустақим аз Худованд содир шудааст ва аммо мавҷудоти дигар, аз мавҷудоти пеш аз худ содир шудаанд ва ба таври ғайримустақим маълули зоти воҷиб мебошанд ва ин низоми тӯлӣ ба ҷаҳони модда хатм шудааст.

Албатта, ин бад-он маъно нест, ки Худованд маълули нахустинро офарид ва сипас канор рафт ва нишаст ва он гоҳ аз маълули аввал маълули дуввум падид омад ва ҳоказо. Мақсуди Ҳаким Носири Хусрав ва соири фалосифа ин нест. Як вақт суифаҳм пеш наояд. Эҷод ва вуҷуд бахшидан, танҳо ва танҳо кори Худост ва лоғайр. Офариниш ҳама кори Худост ва бо калимаи “Бош” либоси ҳастӣ бар тан мекунанд. Ва калимаи Худо низ яке беш нест:

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ. وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ

Мойем, ки ҳар чизеро ба андоза офаридем. Ва амри мо (калимаи “Бош”) ҷуз як бор нест, он ҳам чун чашм ба ҳам задане”. (Сураи Қамар, оятҳои 49 ва 50)

Яъне, тамоми офаридаҳо, аз аввали мавҷудот ва то охири онҳо, ҳама бо як амр падид омадаанд ва дар мартибаи зоти муқаддаси Худованд, аввалу охир маъно надорад. Аммо мо инсонҳо, ки дар зарфи замон ва макон қарор дорем, фикр мекунем тақаддуми маълули нахустин аз маълули дуввумӣ, тақаддуми замонист. Дар ҳоле ки тақаддуми маълули нахустин бар дуввумӣ дар мартибаи зоти илоҳӣ, тақаддум дар рутба аст. Бибинед, Ҳаким Носири Хусрав чӣ мегӯяд:

Фармони Борӣ Субҳонаҳу, ки ҳастиҳо ҳама зери ӯст, як сухан буд ва он калимаи таъйид (ҳамон калимаи “Бош”)…” (Гушоиш ва раҳоиш, с.89)

Ҳол, маълули нахустин ва ба истилоҳ содири аввал, аз назари Ҳаким Носири Хусрав, ақли кулл аст. Ҳаким мӯътақид аст, аз амри Худо ақли кулл падид омад. Баъд, нафси кулл тавассути ақл аз калимаи амри Борӣ Таъоло вуҷуд ёфт ва аз нафси кулл ба таъйиди ақл, табиати кулл, ҳаюло, аҷроми самовӣ ва ғайра падид омаданд.

Падид омадани ақли кулл аз амри Борӣ Таъоло, ба тариқи ибдоъ аст. Ибдоъ аз назари Ҳаким, яъне офаридан аз лошайъ. Ва аммо падид омадани соири мавҷудот — ки тавассути ақл ва нафс, аз амр ба вуҷуд омадаанд — ба тариқи инбиъос аст. Инбиъос аз назари Ҳаким, яъне баромадан ва бархостан.

Ба сухани дигар, маҷмӯъи олам аз назари Ҳаким Носири Хусрав ибдоъӣ аст. Яъне Худованд оламро ба як калима ва ба сурати билқувва дар ақли кулл офарид ва сипас ҳар як аз ин суратҳои билқувва ба тадриҷ ба феълият мерасанд.

Сипас, Ҳаким барои ақли кулл ва нафси кулл ва соири маротиб, масодиқе қоил аст. Яъне ҳар як аз онҳоро бар шахсияте исломӣ татбиқ кардааст.

Хуб, ин буд, хулосаи он чӣ Ҳаким Носири Хусрав дар ин мавзӯъ гуфтааст. Албатта, роқими сутур хеле ба таври хулоса овардам, зеро мақола гунҷоиши тафсили онҳоро надорад. Аммо ба ҳар сурат, як тасвири куллӣ аз андешаи Ҳаким дар ин хусус дар зеҳни хонанда ҳосил мешавад.

* * *

Ҳол, ин андеша — чӣ онро дуруст бидонем ё нодуруст, чӣ онро қабул дошта бошем ё қабул надошта бошем — як андешае аст марбут ба кайфияти офариниши ҷаҳон тибқи ҷаҳонбинии Ҳаким Носири Хусрав, ки албатта аз ҷиҳате реша дар ҷаҳонбинии навафлотуниён дорад ва бештари фалосифаи исмоилӣ онро матраҳ кардаанд. Хуб, ин андеша чӣ иртиботе бо фалсафаи “миёнаравӣ” дорад? Ва ё беҳтар аст бигӯем, аз куҷои ин андеша метавон фалсафаи “миёнаравӣ” (ба маъное, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров гуфтаанд)-ро берун овард, то гуфта шавад: “Хирад, адолат ва қудрати миёнаравона дар фарҳанги эронӣ тасодуфӣ нест. Он дар мифология ва таълимотҳои фалсафӣ таҷассум ёфта, минбаъд дар бисёр давраҳои ҳалкунандаи таърихӣ сурати амал пазируфтааст. Дар ин мақола кофист, ки чор консепсияи марказии эрониро номбар кунем, ки хирад, адолат ва қудратро чун миёнаравӣ дар байни қувваҳои некӣ ва бадӣ баррасӣ мекунанд.”?

Ва танҳо чизе дар андешаи Ҳаким Носири Хусрав, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров аз он фалсафаи “миёнаравӣ”-ро истинбот карда ва талвеҳан ба он ишора ҳам мекунад, ин “восита” донистани ҳазрати Паёмбар (с) ва ё бузургони динӣ (тибқи ҷаҳонбинии Ҳаким Носири Хусрав) дар файз аст. Ҷаноби Бобоёров мегӯяд: “Бинобар ин, фақат Расул ягона воситае ва миёнараве мебошад, ки ҳақиқати куллиро бозгӯ мекунад. Аммо ин бозгӯкунӣ на дар нафсҳои ҷузъӣ, балки дар Нафси куллӣ (Қуръону ҳадис) нуҳуфтааст. Марҳилаи минбаъдаи маротиби эътиборот Васӣ, яъне Алӣ мебошад…

Хуб, оё метавон аз ин андеша фалсафаи “миёнаравӣ” ба он маъное, ки ҷаноби Бобоёров мегӯяд-ро истинбот кард? Зоҳиран, эшон тасаввуре дуруст аз мафҳуми ин “восита” дар зеҳни худ надоранд. Ҳол, як мисоли динӣ бизанам, то бифаҳмем, “воситае”, ки Ҳаким Носири Хусрав аз он сухан мегӯяд чист? (Феълан дар мақоми ин нестам, ки оё ин дидгоҳи Ҳаким дуруст аст ё нодуруст, балки фақат мехоҳам муродашро тафҳим бикунам.)

Тибқи ҷаҳонбинии мо мусалмонон, фариштаҳо “воситаҳои” иҷрои дастуроти илоҳӣ дар ҷаҳони ҳастӣ мебошанд. Масалан, ҳазрати Ҷабраили Амин (а) “воситаи” расондани паёми илоҳӣ ба пайғамбарон аст, ва ё ҳазрати Азроил (а) “восита” дар гирифтани ҷонҳо ҳангоми марг аст ва ғайра… Ин мақоми “висотат”, ки Ҳаким барои ҳазрати Паёмбар (с) ва ё авсиёи ӯ қоил аст, шабеҳи ҳамин “висотат” аст, ки Худованд барои фариштаҳо эъто кардааст, ҳеч тафовуте байни ин ду нест.

Ҳол, оё аз ин навъ “висотат” метавон фалсафаи “миёнаравӣ”, ки ҷаноби Бобоёров дар садади баёни он аст, истинбот кард ва гуфт, пас решаи ин ки рӯшанфикрони тоҷик “миёнарав” ҳастанд, дар “Консепсияи Ақли Кулл”-и Ҳаким Носири Хусрав нуҳуфтааст?

Баъд, дар куҷои ин андешаи Ҳаким Носири Хусрав, ки дар бораи кайфияти офариниш аст, сухан аз Некӣ ва Бадӣ рафтааст, то бигӯем: “Хирад, адолат ва қудратро чун миёнаравӣ дар байни қувваҳои некӣ ва бадӣ баррасӣ мекунанд”?

Аз куҷои ин андеша “фалсафаи миёнаравӣ” истинбот мешавад, то гуфта бишавад: “Чунонки аён аст, ҳадафи Носири Хусрав ташаккул додани фалсафаи мукаммали ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ нест. Балки нигаронӣ ва рисолати ӯ миёнаравона мебошад.”?

Иттифоқан, ин андеша андешаи ҳастишиносӣ аст. Ҳол, чӣ мо онро дуруст бидонем, ё нодуруст. Зеро, ҳастишиносӣ донистани як дидгоҳ, доир мадори ин нест, ки он дидгоҳ дуруст аст ё нодуруст, балки ҳамин ки як донишманд дар бораи ҷаҳони ҳастӣ дидгоҳеро матраҳ бикунад, ҳатто агар сад дар сад ғалат бошад аз назари донишманде дигар, ин латмае бар ҳастишиносӣ донистани он ворид намекунад, мунтаҳо мегӯянд, ин тарзи нигоҳ ба ҷаҳони ҳастӣ, аз назари мо ғалат аст ба ин далел ё он далел.

* * *

Дар поён, ин нуктаро боре дигар ёдовар мешавам, ки ҳадафи роқими сутур, ҷуз як нақд бар андешаҳое, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров матраҳ кардааст ва аз назари ин ҷониб истинботҳо ва истинтоҷҳои бисёр ғалат аз афкор ва андешаҳои бузургоне чун Бӯалӣ Сино ё Ҳаким Носири Хусрав ва ё Мавлоно намудааст, намебошад. Аз ин рӯ, банда таваққӯъ надоштам эшон дар ҳошияи ин баҳсҳо, хитоб ба ин ҷониб бинависанд:

Сайидюнус Истаравшании гиромӣ! Хеле таҳаммул кардам, вале иғвои худро идома додед. Ман кай гуфтам, ки Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Мавлавӣ, «як мушт одамони манфиатҷӯ ва маслиҳатгаро, ки тамоми ҳимматашон дар он ҳама фалсафиданҳо, фикр ронданҳо, “Шоҳнома” ва “Маснавӣ” саройиданҳо ва “Шифо” ва “Наҷот” навиштанҳо, ин будааст, ки коре бикунанд, то ҷойгоҳашон дар ҷомеа тасбит бишавад ва ба истилоҳ, “Нонашон дар равған бошад”.» Дурӯғ нагӯед ва иғво накунед! Медонам, ҳадафатон чӣ аст. Мехоҳед бо ин корҳо аз чеҳраи ман як деве тарошед. Ин ҳиллаи ҳазорсолаи шумост. Он қадаре ки «Шоҳнома», «Маснавӣ», «Шифо»… дар назди илм эътибор дорад, дар назди шумо надорад. Чаро обро лой мекунед, то аз он моҳӣ бигиред… Ва шумо аз ин сиёҳкории худ манфиат мебардоред. Агар ин матлабҳои фаровон, ки аз шумо бошад, оё боваркарданист, ки дар як шаб ҳамаи осори Сино, Мавлавӣ ва Носири Хусравро хонда, хулосаи онро дар ҷавоби ман нависед? На, равшан аст, ки чизакое сарсарӣ ва бо ғараз менависед.”

Балки интизори ман аз эшон ин буд, ки зимни таҳаммули як нақд, агар онҳоро нодуруст медонанд, олимона ва бо истинод ба бурҳон ва далел, ҷавоб нависанд. Интизори банда ин аст. Албатта, ваъда ҳам додаанд, ки ҳатман ҷавоб хоҳанд навишт. Банда бо камоли хушҳолӣ ва гушодадилӣ, мунтазири радди илмии эшон бар ин дидгоҳҳои бахусус, ки дар ин чаҳор мақола овардаам, мемонам.

Саломат бошед!



Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: