Андешаҳои “асримиёнагӣ”

Баҳсе қуръонӣ дар бораи таъбири “афкори асримиёнагӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Иборати “андешаи қуруни вустоӣ” (асримиёнагӣ) ё “фарҳанги қуруни вустоӣ” ва ҳамчунин “афкори пӯсида” ва ин қабил таъобир, ба гӯши азизон бисёр хӯрдааст. Ин гуна гузораҳо оё дар мавриди ҳамаи афкор, андешаҳо, одот ва фарҳангҳое, ки ба замони пеш ва қадим таъаллуқ дорад, ба кор мераванд ё танҳо ба баъзеи онҳо?

Агар шумо як таҳқиқ ва баррасии бисёр содда ва майдонӣ анҷом бидиҳед — ва инро ҳар касе ва дар ҳар ҷомеае метавонад анҷом бидиҳад – бароятон равшан хоҳад шуд, ки инчунин гузораҳо танҳо дар мавриди маорифи динӣ, ва он ҳам на ҳамаи адён, балки фақат динҳои осмонӣ (мисли ислом, масеҳият, яҳудият ва ба хусус маорифи исломӣ) ба забонҳо ҷорӣ мешавад.

Аммо агар як одат ва фарҳанг ва ё ҳатто як фикр, бархоста аз таълимоти паёмбарони илоҳӣ набуда, балки решаи масалан миллӣ дошта бошад, мебинед, аз онҳо ҳаргиз ба унвони “қуруни вустоӣ”, “пӯсида” ё “пуч” таъбир намекунанд, ҳарчанд сад дар сад пуч ва бе поя ва асос буда ва умраш на ин ки ба 1400 сол пеш, балки то ба 5000 сол ҳам бирасад. Ва агар аҳёнан ногузир шаванд аз онҳо ҳамчун як одат ва фарҳанг ва андешаи “кӯҳна” таъбир бикунанд, ба гунае таъбир мекунанд, ки бори манфӣ надошта бошад.

Ва аҷибаш он ки: ба кор бурдани ин гуна таъбирҳо барои таълимоти паёмбарон, фақат моли имрӯз набудааст. Яъне, чунин набудааст, ки фақат мардумони ба истилоҳ пешрафтаи ду се қарни ахир (ба хусус қарни 19, 20 ва 21 милодӣ) ба омӯзаҳои паёмбарони илоҳӣ гуфта бошанд (ва бигӯянд), ки ин афкор афкори пӯсида ва қуруни вустоӣ ҳастанд. Балки мухолифони ҳар паёмбаре – аз замони ҳазрати Нӯҳ (а) бигир то ҳазрати Иброҳим (а) ва Мӯсо (а) ва Исо (а) ва то замони ҳазрати Муҳаммад (а) – дар мавриди таълимот ва омӯзаҳои паёмбари даврони худ ин гуна таъбирҳо ва иборатҳоро ба кор мебастаанд. Ва Қуръони Карим тамоми инҳоро бароямон нақл мекунад:

وَإِنْ يَرَوْا كُلَّ آيَةٍ لَا يُؤْمِنُوا بِهَا حَتَّى إِذَا جَاءُوكَ يُجَادِلُونَكَ يَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Ва агар тамоми нишонаҳои ҳақро бибинанд, имон намеоваранд, то он ҷо, ки вақте ба суроғи ту меоянд, ки бо ту пархошгарӣ кунанд, кофирон мегӯянд: “Ин таълимоти ту фақат афсонаҳои хурофии пешиниён аст”. (Сураи Анъом, ояти 25)

وَإِذَا تُتْلَى عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا قَالُوا قَدْ سَمِعْنَا لَوْ نَشَاءُ لَقُلْنَا مِثْلَ هَذَا إِنْ هَذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Ва ҳангоме ки оятҳои мо бар онҳо хонда мешавад, мегӯянд: “Шунидем, (чизи муҳимме нест), мо ҳам агар бихоҳем, мисли онро мегӯем, инҳо ҳамон афсонаҳои хурофии пешиниён аст”. (Сураи Анфол, ояти 31)

فَيَقُولُ مَا هَذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Аммо ӯ (мухолиф) пайваста мегӯяд: “Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои хурофии пешиниён нест”. (Сураи Анфол, ояти 17)

إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Ҳангоме ки оятҳои мо бар ӯ (мухолиф) хонда мешавад, мегӯяд: “Инҳо афсонаҳои хурофии пешиниён аст”. (Сураи Қалам, ояти 15)

Ҳол, ин афроде, ки таълимот ва омӯзаҳои паёмбарони илоҳиро “афсонаҳои хурофии пешиниён” мехонанд, афроде ҳастанд, ки аз чӯбу сангу ин ҷур чизҳо барои худ бутҳое тарошида ва ин бутҳоро “Худо” медонистанд. Паёмбарон ба онҳо мегуфтанд, ин ақоид ва афкори шумо поя ва асосе надорад, даст бардоред, рӯй ба Худои ягона биёваред:

 إِنْ هِيَ إِلَّا أَسْمَاءٌ سَمَّيْتُمُوهَا أَنْتُمْ وَآبَاؤُكُمْ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ بِهَا مِنْ سُلْطَانٍ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَمَا تَهْوَى الْأَنْفُسُ وَلَقَدْ جَاءَهُمْ مِنْ رَبِّهِمُ الْهُدَى

Ин (бутҳо) фақат номҳое аст, ки шумо ва падаронатон бар онҳо гузоштаед (ки якеро Лот ном гузоштаед, якеро Уззо ва якеро Манот) ва ҳаргиз Худованд далел ва ҳуҷҷате бар он нозил накарда. Онон фақат аз гумонҳои бе асос ва ҳавои нафс пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҳидоят аз сӯйи Парвардигорашон барои онҳо омадааст”. (Сураи Наҷм, ояти 23)

Ин ки Қуръони Карим мегӯяд, ин ақоид бархоста аз ҳавои нафс буда, ишора ба ин нукта дорад, ки агар мухолифони анбиё барои худ дину кеше қоил буданд, сарчашмаи ин дину ойин Худо набуд, балки ношӣ аз ҳаво ва ҳавасҳои ҳайвонии онҳо буда. Аз ин рӯ, номи ин бутҳо дар ҳар замоне тағйир кардааст. Агар замоне номаш Лоту Уззо ва Маноту ин ҷур чизҳо буда, ҳоло имрӯза номҳои дигар барои худ гирифтааст. Масалан, Огуст Кант (Auguste Comte, 1798-1857), файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ, вақте динро зоидаи ҷаҳл ва нодонӣ дониста ва ҳамаро аз беху бун хурофа унвон кард, дид, ки бе дин ҳам намешудааст, инсон ба парастиш ниёз доштааст, он гоҳ омад ва як ҷомеаи ба истилоҳи худаш “исботӣ” (позетивӣ) барои ояндаи башарият тарҳрезӣ кард, ки таҳти ҳидояти коҳинони як дини исботӣ (позетивӣ)-и навин ва бонкдорони бузург ва соҳибони санойеъ идора гардад. Ин коҳинон, ки ҳамон ҷомеашиносони илмианд, ҳамонанди попҳои котулик, бояд роҳнамоёни ахлоқӣ дар ҷомеа бошанд ва вазоифи иҷтимоии афродро ба онҳо ёдоварӣ кунанд.

Ва ё ин таъбир дар калимоти бисёре аз равшанфикрони имрӯзӣ дар Ғарб шунида мешавад, ки он чӣ имрӯз бояд мавриди парастиш қарор бигирад, худи Инсон аст. Намегӯянд, инсон Худост, то парастида шавад, балки манзурашон ин аст, ки ҳар чӣ инсон хост, бояд он хоста бароварда шавад, ҳеч қайду банде дар баробари хостаҳои ӯ вуҷуд надошта бошад. Ин ҳамон ҳаво ва ҳавасе аст, ки Қуръони Карим дар мавриди дини бутпарастон мегӯяд.

Хуб, ҳоло баргардем бар сари асли матлаб. Мавзеъи паёмбарони илоҳӣ дар баробари он тӯҳматҳо, ки мегуфтанд: “Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои хурофии пешиниён нест”, фақат ва фақат ин буд, ки:

قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

Бигӯ: Агар рост мегӯед (ки ин омӯзаҳо афсонаҳои пешиниён будааст), пас далели худро бар ин муддаъо биёваред!” (Сураи Бақара, ояти 111) Аммо дар посух дармемонданд. Ҳеч посухе надоштанд.

Нуктаи дигар он ки: афроде, ки таълимоти паёмбарони илоҳиро “афсонаҳои хурофии пешиниён” мехонданд, бештар афроди ба таъбири Қуръон “мутраф” буданд. “Мутраф” дар луғат ба маънои “касе, ки ҳар коре дилаш бихоҳад бикунад ва касе ӯро манъ накунад” омадааст. Яъне, касоне, ки таълимоти паёмбаронро “афсона” ва “хурофа” мехонданд, ангезаи онҳо дар ин иттиҳомзанӣ, ин набуд, ки воқеан дар он омӯзаҳо таҳқиқ ва пажӯҳиш карда бошанд ва сипас онҳоро омӯзаҳои бе поя ва асос ёфта бошанд. Ҳаргиз! Балки он чӣ боис мешуд, дар баробари даъвати паёмбарон мавзеъ бигиранд ин буд, ки таълимоти паёмбарон дар воқеъ монеъи ҳавову ҳавасҳои онҳо мешуд, монеъ аз ин буд, ки ҳар чи дилашон бихоҳад анҷом диҳанд; аз зинокориву арақнӯшиву ҳаромхориву рибохориву хулоса раҳо будан дар ноҳияи хостаҳои ҷисмӣ ва ҳайвонии онҳо. Зеро, инсон аз назари онҳо, яъне ҳамин ҷисми моддӣ ва на руҳе ҳаст ва на Худову охирате. Пас, инсон бояд раҳо бошад! Ин аст тамоми қисса.

Ва аҷиб он ки: ин афрод баъд аз он ки иттиҳомашон бар таълимоти паёмбарон мабнӣ бар ин ки “хурофа” аст натиҷае намедод, чаро ки паёмбарон бурҳон мехостанд ва онҳо аз овардани далел худро оҷиз ва нотавон медиданд, он вақт паноҳ мебурданд ба фарҳанги пешиниёни худ ва мегуфтанд, ин дине, ки ту овардаӣ ва ба сӯяш моро мехонӣ, ҳатто агар афсона ҳам набошад, вале бар хилофи суннат ва фарҳанги гузаштагони мост, яъне бароямон бегона аст, ва мо ҳам бегонапараст нестем. Бибинед, Қуръон чӣ мефармояд:

وَكَذَلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ

Ва ин гуна, дар ҳеч шаҳр ва диёре пеш аз ту (эй Муҳаммад!) паёмбари инзоркунандае нафиристодем, магар ин ки мутрафонаш гуфтанд: “Мо падарони худро бар ойине ёфтем ва ба осори онон иқтидо мекунем”. (Сураи Зухруф, ояти 23)

Ва аммо посухи паёмбарон чӣ буд?

قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ

(Паёмбарашон) гуфт: “Оё агар ман ойине ҳидоятбахштар аз он чӣ падаронатонро бар он ёфтед оварда бошам, (боз ҳам инкор мекунед)?” Гуфтанд: “Оре, мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, кофирем!” (Сураи Зухруф, ояти 24)

* * *

Пас, ин қиссаи “афкори пӯсида”, “андешаҳои қуруни вустоӣ”, “фарҳанги асримиёнагӣ” ва ин қабил таъбоир, ки дар мавриди омӯзаҳо ва маорифи исломӣ ба кор бурда мешавад, чизи тозае набудааст. Балки такрори ҳамон корҳое аст, ки мухолифони паёмбарони илоҳӣ дар замони худи эшон ва бо ҳамон ангезаҳо, дар баробари даъват ва таълимоти онон аз худ ба намоиш мегузоштанд.

Реклама


Рубрики:Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: