Зиёновартарин таҳрифи торих ва масъалаи тазодди илму дин

Маҳмудхон Бурҳонов

Дар Таврот таҳрифе воқеъ шудааст, ки ба назар мерасад, дар ҷаҳон ҳеч таҳрифе ба он андоза, ба башар зарба назадааст. Медонем, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар Таврот достони Одам ва биҳишт омадааст. Достон ба ин сурат аст, ки Одам ва ҳамсараш дар биҳишт ҳақ доранд, аз неъматҳо ва меваҳо истифода кунанд ва як дарахт ҳаст, ки набояд ба он дарахт наздик шаванд ва аз меваи он бихӯранд. Одам аз меваи он дарахт хӯрд ва ба ҳамин далел аз биҳишт ронда шуд. Ин миқдор дар Қуръон ва Таврот ҳаст. Масъала ин аст, ки он чӣ дарахтест?

Аз худи Қуръон ва қаринаҳои қуръонӣ ва аз ривоятҳои мусаллами исломӣ бармеояд, ки он меваи мамнӯъа ба ҷанбаи ҳайвонии инсон марбут аст, на ба ҷанбаи инсонии инсон. Яъне як чизест аз ҷинси шаҳват, ҳирс, ҳасад ва тамаъ, ки ҷанбаи зидди инсонӣ дорад. Мехоҳад бигӯяд, ки ба дарахти тамаъ наздик машав, яъне аҳли тамаъ мабош, ҳарису ҳасуд мабош ва ҳасодат маварз. Вале Одам аз одамияти худ таназзул кард ва ба онҳо наздик шуд, ба ҳирс, ба тамаъ, ба такаббур, ба ин чизҳое, ки сабаби суқути инсоният аст, наздик шуд.

Вале дар Таврот дасти ҷинояткори таҳриф омада масъаларо ба шакли дигар ҷилва додааст: он дарахте, ки ба Одам дастур дода шуд, ба он наздик нашавад, ба ҷанбаи инсонияти инсон марбут буд, на ба ҷанбаи ҳайвонии инсон, ба ҷанбаи рушду камоли инсон марбут буд, на ба ҷанбаи суқуту таназзули ӯ. Ду камол барои Одам вуҷуд дошт ва Худо мехост он ду камолро аз Одам дареғ дорад: яке, камоли маърифат, дигарӣ камоли ҷовидонагӣ. Одам аз он дарахт, яъне дарахти маърифат, чашид ва чашмаш боз шуд ва бо худ гуфт, то ҳоло кӯр будам ва акнун мефаҳмам хуб яъне чӣ ва бад яъне чӣ. Худо ба фариштагон гуфт, ҳоло ки чашмҳояш боз шуд, хатари ин ки аз дарахти ҷовидонагӣ ҳам бихӯрад вуҷуд дорад ва ҷовидона бимонад, пас беҳтар аст, ӯро аз биҳишт берун намоем.

Ин аст насси Таврот (Аҳди қадим) дар ин хусус:

Ва Худованд Худо ба Одам амр фармуда гуфт: “Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир, аммо аз дарахти маърифати неку буд зинҳор нахӯр; зеро рӯзе, ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд”. (Аҳди қадим, китоби Ҳастӣ, боби дуюм: 16-17)

Ин фикру ин таҳриф барои дин ба таври умум бисёр хатарнок афтид, зеро дин яъне дастури Худо, пас маълум мешавад, миёни дин ва маърифат зиддият ҳаст. Бинобар ин, Одам ё бояд дин дошта бошад ва амри Худоро пазирад, ё аз дарахти маърифат бихӯрад ва чашмҳояш боз гардад. Дар натиҷа ё бояд дин дошт ва кӯр буд ва ҳеч чизро нашинохт, ё бояд чашмҳоро кушод ва шинохт ва аз амри Худо исён кард. Ба хотири ҳамин кам-кам дар Урупо масалҳое дар ин хусус роиҷ шуд, ки мегуфт:

Инсон агар суқротӣ бошад гарчи фақиру гурусна, беҳтар аз он аст, ки хукӣ бошаду барда!“ (Манзур аз хукӣ дар инҷо, сарватманду фарбеҳ аст.)

Як рӯз зиндагӣ кунам ва чашмҳоям боз бошад, беҳтар аст аз ин ки як умр чашмҳоям баста ва кӯр бошам, ба умеди он ки баъд дар биҳишт зиндагӣ кунам. Ҷаҳаннамро бо чашмҳои боз тарҷеҳ медиҳам бар биҳишт бо чашмҳои баста!

Ин аст, ки мебинем дар дунёи ғарб масъалаи тазодди илму дин, масъалаи фавқулодда муҳим аст. Чунин нест, ки масъалаи тазодди илму динро чаҳор то донишманд аз пеши худ бофта бароварда бошанд, ҳаргиз чунин нест, балки он дар боварҳои масеҳият ва яҳудият дар Тавроту Инҷил реша дорад.

* * *

Қуръон ва достони Одам (алайҳис салом)

Аммо Қуръон ҳаргиз чунин ҳарфе намезанад. Қуръон достони наздик шудани Одам ба он дарахтро баъд аз достони

وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا

Ва Худо ҳамаи номҳоро ба Одам омӯхт…” (Сураи Бақара, ояти 31) зикр карда аст. Яъне Одам пеш аз он ки ба биҳишт биравад ва ба ӯ бигӯянд инҷо бимон, чашмаш боз шуда буд ва ҳамаи ҳақоиқи оламро омӯхта буд. Ӯ чун одам буд, ба биҳишт рафт ва чун одам буд шинохт дошт ва ориф буд ва ҳақоиқро медонист. Одамро аслан ба хотири ҳамин маърифат ва мақоми одамияш, ба биҳишт бурданд. Ва ба хотири он аз бишиҳт ронданд, ки аз мақоми одамият хориҷ шуд. Бо он ҳама илму маърифат асири ҳавову ҳавас шуд, асири ҳирс шуд, асири васваса ва тамаъ шуд. Барои ҳамин ба ӯ гуфтанд, инҷо ҷойи одам аст. Одам ноодам шуд, ки аз биҳишт суқут кард, Одам чун ба лавозими шинохту маърифати худ амал накард, аз ҷойгоҳи аслии худ ихроҷ шуд.

Ин аст, ки дар мантиқи ислом Одам ба хотири он аз биҳишт ронда шуд, ки ба шинохту маърифати худ пойбанд намонд, медонист, вале амал накард. Вале Таврот мегӯяд аз аввал ба ӯ гуфтанд, шинохт пайдо накун! Ва чун шинохт пайдо кард ва чашмҳояш боз шуд, ӯро берун карданд.

Барои ҳамин ҳам метавон гуфт, ки ҳеч фикру назарияе ба андозаи ин таҳрифи Таврот ба башарият ва дин зарар назадааст. То имрӯз ҳам ин таваҳҳум ҳанӯз вуҷуд дорад, ки ё илм, ё дин, фақат якеро метавон интихоб кард, он ду бо ҳам ҷамъ намешаванд. Бо ин таҳриф Тавроту Инҷил ба нодонию тақлиди кӯр-кӯрона даъват мекунад. Аммо Қуръон илова бар он ки хабар медиҳад, ки ба Одам ҳамаи ҳақоиқ омӯхта шуд, одамизодро расман ба шинохту маърифат даъват мекунад.

* * *

Даъвати Қуръон ба илму маърифат

Дар Қуръони Карим беш аз ҳама чиз ба касби маърифат даъват шудааст, таъбироте ҳамчун: “Оё тафаккур намекунед?!”, “Оё ақли худро ба кор намегиред?!”, “Оё намебинед?!..” беш аз ҳар чизи дигаре дар Қуръони Карим ба чашм мехӯрад.

Ба унвони мисол мефармояд:

قُلِ انظُرُواْ مَاذَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

(Сураи Юнус, ояти 101) Яъне, ба ин мардум бигӯ: Назар кунед, фикр кунед дар ин осмонҳо ва ба замин, чӣ чизҳое ҳаст, онро бишиносед! Қуръон мегӯяд дар ин осмонҳову замин назар кунед ва биравед ҳар чӣ ҳаст бишносед! Эй инсон! Худатро бишнос, ҷаҳонатро бишнос, Худоятро бишнос, замонатро бишнос, ҷомеа ва торихи худатро бишинос!..

(Баргирифта аз китоби «Шинохт»-и Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои қуръонӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: