Некӣ ва бадӣ дар фалсафаи Ибни Сино

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё Ибни Сино ҷаҳонро иборат аз “мазҳари Некӣ ва Бадӣ” медонад? Дар ин мақола, дидгоҳи Бӯалӣ Сино дар ин масъала, барои хонандаи азиз пешкаш мешавад. Баррасии ин масъала ба хусус аз ин ҷиҳат қобили аҳаммият аст, ки ахиран баъзе аз азизон иддаъо кардаанд, аз назари фалосифаи исломӣ аз ҷумла Ибни Сино, “ҳар ду мабдаъ (Некӣ ва Бадӣ) дар ҷаҳон ногузир мебошанд”?

Дидгоҳи Ибни Сино дар ин замина, зимни тавзеҳи ду нукта баён хоҳад шуд:

1. Ҳастӣ (вуҷуд) ҷуз хайр намебошад:

Нуктаи аввал ин ки: аз назари Ибни Сино, ҳастӣ (вуҷуд) ҷуз хайр намебошад, ва асосан вуҷуд аз он назар, ки вуҷуд аст, хайр аст. Яъне вуҷуд мусовӣ аст бо хайрият. Ва аммо шарр (бадӣ) ё худаш адам аст ва ё агар вуҷуд аст маншаи адам барои чизи дигар аст. Ӯ мегӯяд:

اللّه تعالى كان خلق هذا العالم مختارا، فإنه إن لم نقل إنه كان مختارا، كان ذلك منه عن غير رضى به… هو عاشق لذاته وذاته مبدأ كل نظام الخير الخير بالحقيقة هو كمال الوجود، وهو واجب الوجود بالحقيقة والشر عدم ذلك الكمال

Худованд ин ҷаҳонро бо ихтиёр офарид, зеро агар чунин нагӯем, дар он сурат, зоти ӯро маҷбур ва ҷаҳонро бидуни ризоят аз ӯ содиршуда донистаем (ки ақлан маҳол аст)… Худованд ошиқи зоти худ аст ва зоташ маншаи некӯтарин низом аст… Хайр дар воқеъ, ҳамон камоли вуҷуд аст ва Ӯ воҷибулвуҷуд аст, ва аммо шарр (бадӣ) адами он камол аст…” (Таълиқот, с.71-72)

Тавзеҳи матлаб он ки: Ибни Сино мегӯяд, Худованд, ки ҷаҳонро офарид, аввалан бо ирода ва ихтиёр офарид, на ин ки дар офариниши ҷаҳон маҷбур буда бошад. Ва сониян, Худованд, ки воҷибулвуҷуд аст, дорандаи тамоми камолоти вуҷудӣ (асмо ва сифоти субутӣ) аст ва адам дар зоти ӯ роҳ надорад. Ва солисан, чун Худованд илм ба зоти худ ва камолоти худ дорад, шавқ ва ишқ ба зот ва камолоташро низ дорад, ва офариниши ҷаҳон таҷаллии камолоти зоти илоҳист, аз ин рӯ, ҷаҳон ҷуз хайр наметавонад буда бошад. Яъне, вақте мегӯем, ҷаҳони офариниш ҷилваи зоти ӯст, пас ақлан ногузир бояд бигӯем, ҷаҳони офариниш низ ҷуз хайр нест. Зеро вақте зоти илоҳӣ ҷуз хайр (камоли мутлақ) набошад, ҷилваи ӯ низ бояд ҷуз хайр набошад.

Ва аммо шарр адами камол (яъне адами вуҷуд ва ҳастӣ) аст. Масалан, яке аз шурур ва бадиҳо ҷаҳл аст. Ҷаҳл дар таҳлили фалсафӣ, наметавонад чизе офаридашуда бошад, яъне аз синхи вуҷуд бошад, то гуфта шавад, Худо ҷаҳлро офарид. Ҷаҳл яъне “адами илм”. Он чӣ вуҷуд ва ҳастӣ ва камол маҳсуб меояд, ин илм аст. Аммо мо инсонҳо вақте дар як инсон илмро пайдо накунем, мегӯем, илм надорад, ҷоҳил аст. Яъне, ӯ дорандаи камол (илм) нест.

Албатта, як қисми дигар аз шурур ва бадиҳо, ки дар ҷаҳон мешиносем, инҳо аз он чиҳат, ки вуҷуд ҳастанд, бад нестанд, балки хайранд, зеро Худо ҷуз хайр наёфарида, вале аз он ҷиҳат, ки маншаи як бадӣ ва нестӣ дар мавҷуди дигар мешаванд, мо шаррашон медонем, ки дар нуктаи дуввум ба тафсил аз онҳо баҳс мекунем.

* * *

2. Моҳияти шурур ва бадиҳо аз назари Ибни Сино:

Гуфтем, ки шарр (бадӣ) аз назари Ибни Сино, як амри адамӣ аст, ва албатта ин масъаларо ба тафсил тавзеҳ медиҳад. Ӯ аз сафҳаи 415 то 421 Илоҳиёти “Шифо”, як баҳси тақрибан муфассале дар ин замина кардааст, ки ҳол, хулосаи онро барои азизон пешкаш мекунам ва касе ҳам, ки арабӣ медонад, дар поварақӣ метавонад онро бихонад.

Бӯалӣ Сино аввал мегӯяд, шурур ва бадиҳои олам мутанаввеъ ва гуногун ҳастанд, мисли нодонӣ, фақр, нотавонӣ, муъзиҳо, бемориҳо, қаҳтиҳо ва хушксолиҳо ва ғайра. Ӯ, дар як тақсимбандии куллӣ, бадиҳоро ба ду даста тақсим мекунад: қисме, ки адам ва нестӣ ҳастанд, на ҳастӣ, мисли кӯрӣ, фақр, нотавонӣ ва зиштиҳо. Ва қисми дигар, маншаи нестӣ ҳастанд мисли шайтон, муъзиҳо, офатҳо, балоҳо, зулмҳо ва таҷовуз ба ҳуқуқҳо, ахлоқи нописанд монанди ҳасад, кина, бухл ва ғайра.

Дар робита бо қисми аввал мегӯяд, мо инсонҳо агар ҷаҳл ва нотавонӣ ва зиштӣ ва ин қабил умурро шарр ва бад медонем, аз он ҷиҳат аст, ки чун як инсон камолеро фоқид аст, яъне онро надорад. Ҷаҳолат яъне “адами илм”, кӯрӣ яъне “адами биноӣ”, нотавонӣ яъне “адами қудрат”. Он чӣ вуҷуд ва ҳастӣ мебошад ин илм аст, биноӣ аст, қудрат аст. Аммо “адами илм” (ҷаҳл) ё “адами биноӣ” (кӯрӣ) ва ё “адами қудрат” (нотавонӣ) инҳо чизе дорои вуҷуд ва ҳастӣ нестанд, балки адаманд. Адам чизе нест, ки мо барояш мабдаъ қоил бошем.

Ва дар мавриди дастаи дуввум мегӯяд, муъзиҳо ва шайтон ва балоҳо ва офатҳо инҳо аз он ҷиҳат шарр ва бад маҳсуб мешаванд, ки вуҷудашон мунҷар ба салби камоле дар як мавҷуди дигар мешавад, на ин ки худашон дар зоти худ шарр бошанд, балки дар зоти худ хайранд. Масалан, агар инсон каждумро як ҳашараи муъзӣ ва шарр мешуморад, аз он ҷиҳат аст, ки чун ӯро мегазад ва озораш медиҳад. Вагарна, каждум ба худии худ, қатъи назар аз мо инсонҳо, як хайр аст. Яъне, шаррияташ нисбӣ аст. Чӣ басо мо инсонҳо ба назари ӯ як мавҷуди шарр шумурда шавем, зеро ҳамеша қасди куштани онро мекунем.

Он гоҳ, Бӯалӣ Сино натиҷа мегирад, ки пас вуҷуд мутлақан хайр аст. Ва мегӯяд, мо дар ҷаҳон мабдае ба номи Шарр ва Бадӣ надорем. Он чӣ бадӣ ва шарр мешуморем, ё адам аст ва ё нисбӣ аст. (1)

Сипас, ба як шубҳа посух медиҳад. Мегӯяд, агар касе бигӯяд, ҳарчанд қабул кунем, ки бадиҳо аз нестиҳо бармехезад, вале суол ин аст, ки чаро Худо оламро тавре халқ накард, ки “надоштанҳо” аслан набошад ва ҳама комил бошанд? Ҳама олим бошанд, ҳама доро бошанд, ҳама тавонманд бошанд. Чаро ин тафовутҳо ва нобаробариҳо мавҷуд аст?

Бӯалӣ посух медиҳад, ин “надоштанҳо” ва нобаробариҳо лозимаи олами табиат аст. Мегӯяд, ин як таваҳҳуми маҳз аст, ки бигӯем, суратҳои гуногуни олам вуҷуд дошта бошанд, вале миёни онҳо тафовут вуҷуд надошта бошад. Мегӯяд, лозимаи табиати моддӣ, як силсила ”надоштанҳо” ва тафовутҳост. Масалан, агар олами табиат чунин бошад, ки дар он, инсон ҳам бошад, асп ҳам бошад, гов ҳам бошад, каждум ҳам бошад, хуршед ҳам бошад, моҳ ҳам бошад ва хулоса ҳамаи мавҷудот бошанд, лозимаи ин он аст, ки инсон ғайр аз асп ва гов ғайр аз дарахт ва дарахт ғайр аз хуршед бошад. На ин ки бигӯем, ҳам инҳо бошанд ва ҳам ҳама яксон бошанд ва ҳеч тафовут миёни мавҷудот вуҷуд надошта бошад. Мегӯяд, ин як таваҳҳум аст.

Мегӯяд, низоми олам дар маҷмӯъ низоми аҳсан (некӯ) ва хайр аст. Ва ҳамин хайрият ва некӯ будан иқтизо дорад, ки ин тафовут бошад.

* * *

Поварақӣ:

(1)

إن الشرور متنوعة: فمنها الأمراض و الآلام، ومنها الذنوب والمعاصى، ومنها القحط و الجدب… الشرور إلى ثلاثة أقسام: طبيعية، وأخلاقية، وميتافزيقية. وإذا كان الشر موجودا، فكيف نوفّق بينه وبين عناية اللّه وخيرية العالم؟إن هذه الشرور لا تتنافى مع العناية فى شى‌ء. ذلك لأنها طفيفة و جزئية، فلا توجد إلا فيما تحت فلك القمر، أما عالم السماوات فخير كله، ولا جدال فى أن عالم الأرض أصغر بكثير من عالم السماء. على أن الشرور الأرضية نفسها محدودة، فهى لا تصيب إلّا أشخاصا وفى أوقات معينة، فى حين أن الأنواع محفوظة والفرد لا أهمية له بجانب النوع. وهناك شرور ظاهرية، أو إن شئت نسبية، ليست شرا فى ذاتها، كالجهل بالفلسفة أو الهندسة يكون شرا بالنسبة لأناس، ولا ضير فيه على آخرين، و كالنار تكون شرا إن أحرقت الناسك الفقير، وخيرا إن ساعدت على نضج الطعام‌. وهناك شرور صغيرة توصل إلى خير محقق، وتقى من شر أعظم، و كثيرا ما تحدثوا عن أخف الضررين وأهون الشرين، دون أن يتعارض هذا مع كمال الكون و صلاحه. ووجود هذه الشرور لا يعنى أنها غير مرادة، فإن الحكمة فيها واضحة والمصلحة منها ظاهرة، ولا غضاضة مطلقا من دخول الشر فى القضاء الإلهي. ولن يحول دخوله دون القول بخيرية العالم، لأن أكثريته فى جانب الخير، وليس فى الإمكان أبدع مما كان

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: