Некӣ ва бадӣ дар андешаи Мавлоно

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар мақолаи пешин, дидгоҳи Бӯалӣ Сино дар бораи некӣ ва бадӣ баррасӣ ва баён шуд, ки Бӯалӣ Сино ба чизе ба номи “мабдаи бадӣ” қоил набудааст ва аз назари вай, ҳар чӣ ҳаст хайр аст ва ҷаҳон мабдае ҷуз хайр ва некӣ надорад.

Дар ин навиштор, ҳамин масъаларо аз назари Мавлоно баррасӣ хоҳем кард. Яъне, бояд бибинем, оё Мавлоно барои ҷаҳон, мабдае ба номи “мабдаи бадӣ” қоил аст ё нест?

* * *

1. Аз назари Мавлоно, шарр (бадӣ) дар ҷаҳон нисбӣ аст:

Мавлоно мӯътақид аст, бадӣ ва шарри мутлақ дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Ҳар он чӣ мо инсонҳо “бад” мешуморем, нисбӣ аст; ба ин маъно, ки як чиз нисбат ба чизе метавонад “нек” тавсиф бишавад, ва ҳамон чиз нисбат ба чизе дигар “бад”:

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон,

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон.

Мегӯяд:

Дар мақоме заҳру дар ҷойе даво,

Дар мақоме куфру дар ҷойе раво…

Об дар ғӯра туруш бошад, валек

Чун ба ангурӣ расад, ширину нек.

Боз дар хум ӯ шавад талху ҳаром,

Дар мақоми сиркагӣ ниъмал-адом.

Мегӯяд, заҳри мор гоҳе сабаби ҳалокат ва гоҳе сабаби шифост, ва ангур низ гоҳе ҳалол аст ва гоҳе ҳаром. Яъне, дар ҷаҳон чизе ба номи “шарр”-и мутлақ пайдо намешавад. Ҳар мавҷуде дар ҳадди зоти худ ва аз он назар, ки мавҷуд аст, хайр аст. Ва агар ҷойе ба “шаррият” ва “бадӣ” тавсиф мешавад, ин васф барояш аз нисбати он бо чизе дигар интизоъ мешавад. Дар мақолаи пешин гуфтем, ки агар инсон каждумро “бад” медонад, ба ин ҷиҳат аст, ки ӯро мегазад, вагарна каждум дар ҳадди зоти худ ва сарфи назар аз мо инсонҳо, шарр ва бад нест.

Аз ин рӯст, ки Мавлоно мегӯяд, бояд ба ашё аз диди касоне, ки онро “хайр” мешуморанд, нигоҳ кунем, на аз диди худамон:

Гар ту хоҳӣ, к-ӯ туро бошад шакар,

Пас, варо аз чашми ушшоқаш нигар.

Мангар аз чашми худат он хубро,

Бин ба чашми толибон матлубро.

Чашми худ барбанд з-он хушчашм, ту,

Орият кун чашм аз ушшоқи ӯ.

Ба заҳри мор, аз чашми беморе бингар, ки давояш заҳри мор аст, на аз диди касе, ки ӯро ба ҳалокат мерасонад.

* * *

2. Бардоштҳои зоҳирбинона:

Мавлоно мӯътақид аст, мо инсонҳо аз ашё ва падидаҳо гоҳе фақат ба зоҳирашон нигоҳ мекунем ва аз ин рӯ зуд ба қазоват мепардозем ва мегӯем, инҳо “шарр” ва “бад” ҳастанд, дар ҳоле ки ботини он ашё ҷуз хайру некӣ дарбар надоранд:

Боғбон з-он мебурад шохи музирр,

То биёбад нахл қоматҳову бирр.

Мебурад аз боғ доно он ҳашиш,

То намояд боғу мева, хуррамиш.

Меканад дандони бадро он табиб,

То раҳад аз дарду беморӣ ҳабиб.

Вақте як ноогоҳ ба боғбоне, ки аррае ба даст гирифта шохаҳоеро мебурад нигоҳ кунад, ҳукм ба зиштии амали ӯ менамояд, дар ҳоле ки боғбон бе далел ба ҷони дарахтони хеш наафтидааст, балки ӯ дар пайи хайре барои дарахтон ва боғи хеш аст; зеро бо бурида шудани шохаҳои хушку бесамар дарахтон дар фазое шоиста нафас хоҳанд кашид ва ба камоли вуҷудии хеш сабукболтар хоҳанд расид.

* * *

3. Хайр кай намоён мешавад?

Гузашта аз он ки аз назари Мавлоно шарри мутлақ дар ҷаҳон вуҷуд надорад, баъзе аз падидаҳо, ки мо “шаррашон” медонем, маншаи хайр ва некӣ ҳастанд; ба ин маъно, ки агар онҳо набуданд, хайр аслан намоён набуд. Дар миёни мусибатҳо ва дардҳо ва ранҷҳост, ки пухтагиҳо ва такмилҳо ва нубуғҳо пайдо мешаванд. Агар рақобатҳо ва адоватҳо набошад, такопӯ ва ҷунбиш ва мусобиқа ҳам нест. Агар ихтиноқ ва фишорҳо набошад, озодихоҳ ва озодихоҳӣ, ки мазҳари ҷамол ва камоли инсоният аст, буруз намекунад. Агар зулмҳо ва қасоватҳо набошад, адолатҳо ва алолатхоҳиҳо арзиш пайдо намекунад:

Ҳастӣ андар нестӣ битвон намуд,

Молдорон бар фақир оранд ҷуд.

Яъне, сарватманди бахшанда ва сахӣ, бо бахшидан ба фақирон сифати ҷуду карами худро менумояд.

Нестиву нақс ҳар ҷойе, ки хост,

Ойинай хубии ҷумла пешаҳост.

Дар ҳар ҷо, ки нестӣ ва нуқсоне намоён шавад, ойинаи хубест барои нишон додани арзиши пешаҳо ва санъатҳо.

Чунки ҷома чусту дӯзида бувад,

Музҳири фарҳанги дарзӣ чун шавад?

Ба унвони мисол, агар ҷомаҳо ва либосҳо дар дунё дӯхташуда ба вуҷуд меомаданд, он либосҳо чӣ гуна мазҳари ҳунар ва камоли хайёт мешуд?

Нотарошида ҳамебояд ҷузӯъ,

То даравгар асл созад ё фурӯъ.

Мисоли дигар, бояд тана ва шохаҳои дарахтон тарошида ва мавзун набошад, то наҷҷор биёяд ва рӯйи онҳо кор кунад ва арзиши ҳирфаи худро нишон диҳад.

Хоҷаи ишкастабанд он ҷо равад,

К-андар он ҷо пойиишкаста бувад.

Мисоли дигар, устоди шикастабанд ба ҷойе меравад, ки дар он ҷо пойе шикаста бошад ва ӯ бо банд задани он камоли ҳирфаи худро нишон диҳад.

Кай шавад, чун нест ранҷури низор,

Он ҷамоли санъати тиб ошкор?..

Нақсҳо ойинаи васфи камол

В-он ҳақорат ойинай иззу ҷалол.

Пас, натиҷа мегирем, ки ҳамаи нақсҳо ойинаи камол ва ҳунар аст. Камол бо вуҷуди нақоис ошкор мешавад ва ҳақорат ойинаи ҷалолат ва шукӯҳмандӣ аст. Зеро ҳар гоҳ ҳақорат падид ояд, зидди он, ки иззат ва ҷалолат аст намоён мешавад.

З-он ки зиддро зидд кунад пайдо яқин,

З-он ки бо сирка падид аст ангубин.

Ҳатто шайтон — ки баъзеҳо гумон мекунанд, аз назари ислом шайтон метавонад як мабдаъ барои бадӣ ва шарорат муаррифӣ шавад – ҷуз хайр нест. Агар васвасаи шайтон набуд, мо кай одамҳои хубро аз бад, тақвопешагонро аз фосиқон, худсохтаҳоро аз худбохтаҳо, ва хулоса, хубонро аз бадон ташхис медодем?! Ин васвасаҳои шайтон аст, ки баъзеҳо дар баробари он муқовимат мекунанд ва он гоҳ хубии эшон пайдо мешавад, вале баъзеҳо дар баробари он таслим мешаванд ва он гоҳ зиллат ва хории онон ошкор мешавад. Бояд Худоро аз як ҷиҳат шукргузор буд, ки шайтоне офарид, то бад-ин васила заминаи расидан ба камол барои инсонҳо фароҳам шуда.

Хулоса, аз назари Мавлоно, барои ҷаҳон чизе ба номи “мабдаи бадӣ” вуҷуд надорад.



Рубрики:Бишнав аз най..., Маснавии Маънавӣ, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: