Тарси Худо ба кадом маъност?

Пурсиш: Ҳар бандае аз Худо метарсад. Масалан, таърихи Абдуллоҳ ибни Умар (р) бо чӯпон. Нафаре мегӯяд, бояд аз Худо натарсем. Нафари дигар мегӯяд, аввалан бояд тарс аз Худоро хуб дарк кунем. Нафари саввумин мегӯяд, Аллоҳ Таъоло Раҳмону Раҳим аст, чаро бояд тарсем?! Яъне дар чаҳорчӯбаи қонуни Худо бошӣ, набояд тарсид. Каме равшанӣ андозед бобати ин мавзӯъ. Сипоси зиёд. Худо аз Шумо розӣ бошад!

Shamshod Hakimov

* * *

Посух: Ба номи Худо. Посух ба ин пурсиш зимни баёни ду нукта равшан хоҳад шуд:

1. Нуктаи аввал он ки: Худованди Мутаъол меҳрубонтарини меҳрубонҳост. Меҳрубонии ӯ ба ҳадде аст, ки ӯ аз миёни сифоти бешумори худ, китоби худро бо ду сифат, ки ҳар ду далолат бар раҳмат ва меҳрубонии ӯ доранд, оғоз кардааст. Яъне, бо сифати “Раҳмон” ва “Раҳим”. Ҳар дуи ин сифат реша дар “раҳмат” доранд. Дар Қуръон мефармояд:

 وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ

Ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст…” (Сураи Аъроф, ояти 156)

Бухорӣ дар Саҳеҳи худ ривоят мекунад, ҳазрати Паёмбар (с) бо ишора ба як зан, ки ба кӯдаке шир медод, хитоб ба асҳоб фармуд: “Оё ин модар фарзандашро дар оташ меандозад?” Гуфтанд: “Ҳаргиз намеандозад”. Он гоҳ ҳазраташ фармуд:

لَلَّهُ أَرْحَمُ بِعِبَادِهِ مِنْ هَذِهِ بِوَلَدِهَا

Бидонед, ки Худованд бар бандагонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш ҳам меҳрубонтар аст”. (Саҳеҳи Бухорӣ, 15/173, Ашшомила)

Пас, он ҷо, ки Қуръони Карим мефармояд:

وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Агар мӯъмин ҳастед, пас аз ман битарсед”. (Сураи Оли Имрон, ояти 175) ба ин маъно нест, ки алаёзу биллоҳ зоти поки Худо зоте будааст тарснок, ки бояд аз ӯ тарсид. Балки як маънои дигар дорад. Оё вақте масалан яке аз мо бигӯяд, ман аз модарам метарсам, ба ин маъност, ки модараш инсоне ҳавлнок, махуф ва тарснок аст? Ё мақсуди мо чизе дигар аст. Қатъан, манзурамон чизе дигар аст, ки дар нуктаи дуввум баён хоҳам кард.

* * *

2. Тарс аз Худованд ба ду маъност:

а) Тарс аз азоби Худо ба хотири аъмоли ношоисти худамон. Яъне, зоти Худованд мӯҷиби тарсу ваҳшат нест ва тарс аз Худо ба маънои тарс аз қонуни адли илоҳӣ аст. Ҳамон гуна, ки дар дуо омадааст:

يا من لا يرجى إلا فضله يا من لا يسأل إلا عفوه يا من لا ينظر إلا بره يا من لا يخاف إلا عدله

Эй Худое, ки ба ҳеч чизе ҷуз фазлу бахшиши ӯ умед намеравад ва танҳо аз адолати ӯ бояд тарсид!

Дар дуои дигаре омадааст:

جللت أن يخاف منك إلا العدل وأن يرجى منك إلا الإحسان والفضل

(Худоё!) Ту муназзаҳ ва пок ҳастӣ аз ин ки аз ту битарсанд, магар аз ноҳияи адолатат, ва аз ту ҷуз некӣ ва бахшандагӣ умед намеравад!” Албатта адолат ҳам ба навбаи худ амри тарсоваре нест. Касе, ки аз адолат метарсад, дар ҳақиқат аз аъмоли ношоист ва хатоҳои худаш метарсад. Он касе, ки дар додгоҳ ва маҳкама тарсу ваҳшат ӯро фаро мегирад, тарси вай аз қозӣ нест, балки тарсаш аз ҳукме аст, ки дар додгоҳ дар мавриди ӯ содир мешавад.

Пас, тарс аз Худованд ба маънои тарсидан аз аъмоле аст, ки сабаби дурӣ аз Худованд ме‏шавад. Худованд дар олам моро аз баъзе корҳо манъ кардааст ва набояд анҷомашон диҳем ва ба баъзе дигар фармон дода, то анҷомашон диҳем. Агар аз ин амрҳо ва наҳйҳои Худованд итоат накунем, азобҳои дарднок ва оташи ҷаҳаннам дар интизори мост. Пас, тарс аз Худо ба ин аст, ки корҳои мамнӯъ ва ҳаромро анҷом надиҳем ва корҳои воҷибро ба анҷом расонем.

Ба иборати дигар, ин Худованд нест, ки мо бояд аз ӯ битарсем, балки гуноҳони худи мост, ки бояд аз он битарсем. Чун азоби ҷаҳаннам чизе ҷуз ҳамон аъмоли зишти худи мо дар дунё нест.

* * *

б) Маънои дуввум он аст, ки инсон азамат ва бузургии Худовандро дар дилаш парвариш диҳад. Масалан, (албатта бидуни ташбеҳ) инсон вақте падару модараш дар назди вай дорои мақом ва манзилат ва бузургӣ бошанд, мегӯяд, ман аз падарам ё модарам метарсам. Ин тарс мисли тарсе нест, ки аз як мавҷуди даранда дорад, балки тарси мо омезае аз эҳтиром, таваҷҷӯҳ ва эҳсоси масъулият аст. Аз ин рӯ, вақте бузургӣ ва азамати Худованд дар диламон бошад, он вақт Худоро ҳозир ва нозир мебинем. Ба ин ҳолат Қуръони Карим “хашят” низ мегӯяд. Ва он ҳолате аст, ки барои дӯстон ва авлиёи илоҳӣ ба сабаби маърифати амиқ ва тақаррубашон ба Худованд ҳосил мешавад.

Ҳазрати Алӣ (а) дар тавсифи ин гуна бандагон мегӯяд:

قُلُوبَهُمْ مَخافَتَهُ، حَتّى اَسْهَرَتْ لَيالِيَهُمْ، وَاَظْمَاَتْ هُواجِرَهُمْ. فَاَخَذُوا الرّاحَةَ بِالنَّصَبِ، وَالرِّىَّ بِالظَّمَإِ. وَاسْتَقْرَبُوا الاْجَلَ فَبادَرُوا الْعَمَلَ، وَكَذَّبُوا الاْمَلَ فَلاحَظُوا الاْجَلَ

“(Дӯстони Худо) касоне ҳастанд, ки аз шиддати тарси Худованд, шабҳоро ба бедорӣ саҳар мекунанд ва дар шиддати гармӣ рӯзҳо ташна ба сар мебаранд. Пас роҳатӣ ва осоишро бар ранҷ, ва серобиро ба ташнагӣ табдил намудаанд, маргро наздик дониста, ба анҷоми амали некӯ шитофтаанд ва орзуро дурӯғ пиндошта, ба сар расидани умрро дар назар гирифтаанд”. (Наҳҷул-балоға, хутба 113).

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ахлоқи писандида, Ирфони назарӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: