Бадтарин шакли диндорӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бадтарин шакли диндорӣ он аст, ки соҳибаш фоқиди он бошад. Яъне, чизеро, ки ӯ муддаъист дорад, шумо онро пеши вай наёбед. Масалан, як мусалмони диндор, ки қоъидатан бояд пойбанд ба ислом бошад, шумо исломро пеши вай наёбед. Як ривоят аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл шудааст, ки ҳарчанд муҳаддисон онро аз назари санад заъиф донистаанд, вале аз назари маъно комилан дуруст аст. Ҳазраташ (с) мефармояд:

يأتي على الناس زمان لا يبقى فيما يبقى من الإسلام إلا اسمه، ولا من القرآن إلا رسمه، مساجدهم عامرة وهي خرابٌ من الهدى

Замоне бар мардумон хоҳад омад, ки аз ислом ҷуз номаш ва аз Қуръон ҷуз хатту расмаш боқӣ нахоҳад монд, масҷидҳояшон обод хоҳад буд, аммо аз ҳидоят холӣ ва хароб…” (Ривояти Байҳақӣ дар Шуъабул-имон, 3/317-318)

Ин ки мефармояд, аз ислом ҷуз номаш боқӣ нахоҳад монд, ба ин маъност, ки шумо пеши касе, ки иддаъо мекунад мусалмон аст, аз ислом ҷуз номашро пайдо намекунед. Мебинед, хеле дилсӯз аст ба ислом, аҳёнан аз он дифоъ ҳам мекунад ба ҳадде, ки ҳозир аст ҷонашро низ дар он роҳ қурбон кунад, вале вақте таваҷҷӯҳ мекунед, мебинед ҳамин ислом, ки ӯ ҳозир аст ҷонашро дар роҳи он нисор кунад, пеши вай мафқуд аст ва нест.

Ҳоло, чистии исломро, ки баён бикунам, масъала бароятон равшан мешавад.

* * *

Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим исломро ба ин сурат баён доштааст:

 فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Рӯйи худро бо гаройиш ба ҳақ ба сӯйи ин дин кун. (Ин дин) ҳамон фитрате аст, ки Худо мардумро бар он сириштааст. Офариниши Худо қобили табдилу тағйир нест. Ин аст ҳамон дини пойдор, вале бештари мардум намедонанд”. (Сураи Рум, ояти 30)

Яъне, Худо мегӯяд, ман ба шумо эй мардумон, чизи тозае нозил накардаам, он чӣ фурӯ фиристодаам, баёни ҳамон чизҳое аст, ки дар фитрати шумо мавҷуд аст, хамирмояи шумо ба он сиришта шуда. Вале чун аҳёнан фаромӯшатон мешавад, ман бароятон ёдоварӣ мекунам, онро тазаккур медиҳам. Аз ин ҷост, ки дар Қуръон хитоб ба ҳазрати Паёмбар (с) омадааст:

فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ

Пас, ёдоварӣ бикун, ки ту танҳо ёдоварикунандаӣ”. (Сураи Ғошия, ояти 21) Яъне, чизеро, ки дар фитрати мардум нуҳуфта аст ва фаромӯшашон шуда, барояшон ёдоварӣ кун, кори ту фақат ёдоварӣ кардан аст.

Ба унвони мисол, вақте Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِّنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَّحِيمٌ

Эй касоне, ки ба Худо имон овардаед! Аз бисёре аз гумонҳо дурӣ кунед, ки порае аз гумонҳо гуноҳ аст. Ва корҳои пинҳонӣ (ва шахсӣ)-и якдигарро бармаковед (яъне дар мавриди корҳои шахсии якдигар ҷосусӣ макунед ва ҳарими хусусии якдигарро машканед). Ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеч як аз шумо меписандад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Албатта, ки онро нописанд хоҳед дошт. Ва тақвои Худо пеша кунед, ки Ӯст тавбапазир ва бахшоянда”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)

Ва ё он ҷое, ки мефармояд:

إِنَّ اللّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تُؤدُّواْ الأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُم بَيْنَ النَّاسِ أَن تَحْكُمُواْ بِالْعَدْلِ إِنَّ اللّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُم بِهِ إِنَّ اللّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا

Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш баргардонед. Ва чун миёни мардум доварӣ мекунед, ба адолат доварӣ кунед. Дар ҳақиқат некӯ чизест, ки Худо шуморо ба он панд медиҳад! Худо шунавои биност”. (Сураи Нисо, ояти 58)

Ё он ҷо, ки ҳазрати Паёмбар (с) мефармояд:

إذا حدَّثَ الرجلُ بالحديثِ ثم التفتَ، فهي أمانةٌ

Ҳар гоҳ мард сухане (ба ту) бигӯяд сипас биравад, сухани ӯ (пеши ту) як амонат аст (ки набояд фошаш кунӣ, ки ба амонат хиёнат кардаӣ)”. (Сунани Абӯдовуд, 4868)

Ва ё ин ҷо, ки ҳазраташ мефармояд:

يَا مَعْشَرَ مَنْ آمَنَ بِلِسَانِهِ وَلَمْ يَدْخُلِ الْإِيمَانُ قَلْبَهُ لَا تَغْتَابُوا الْمُسْلِمِينَ وَلَا تَتَّبِعُوا عَوْرَاتِهِمْ فَإِنَّهُ مَنْ يَتَّبِعْ عَوْرَاتِهِمْ يَتَّبِعْ اللَّهُ عَوْرَتَهُ وَمَنْ يَتَّبِعِ اللَّهُ عَوْرَتَهُ يَفْضَحْهُ فِي بَيْتِهِ

Эй касоне, ки ба забони худ имон овардаед, вале имон вориди қалби шумо нашуда! Ғайбати мусалмонҳоро макунед! Аз пайи айбҳои эшон машавед! Зеро касе, ки ба дунболи айбҳои онҳо мешавад, Худо аз пайи айбҳои ӯ хоҳад шуд, ва касе ки Худо ба дунболи айби касе шавад, ӯро дар манзили худаш ва дар назди хонаводааш расво хоҳад кард”. (Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ) —

— ва ғайра аз ин қабил дастуроти ахлоқӣ, инҳо рафторҳое ҳастанд, ки зишт ва нописанд будани онҳоро ҳар инсоне фитратан меёбад. Ин ки масалан гумони бад надошта бошӣ, аз ғайбат бипарҳезӣ, вориди ҳарими хусусии афрод нашавӣ, амонатро ба соҳибаш баргардонӣ, аз дашном ва таҳқир ва тавҳин парҳез кунӣ, ин ки вақте доварӣ кардӣ, ба адолат доварӣ бикунӣ, ин ки вақте касе ба ту сухане гуфт онро ҳамчун амонат пеши худ нигаҳ дорӣ ва фошаш насозӣ, ин ки дунболи айбҳои одамон машавӣ ва ғайра… аз амру наҳйҳои илоҳӣ, ки дар Қуръони Карим ва суханони ҳазрати Паёмбар (с) омада, инҳо чизи тозае нестанд, ҳар инсоне зиштӣ ва нописанд будани онҳоро фитратан дарк мекунад. Ва паёмбарони илоҳӣ, ки омаданд, ҳамин умури фитриро ба мардум тазаккур доданд, зеро дар асари ғӯтавар шудан ба гуноҳон, фаромӯшашон шуда буд. Тамоми маорифи исломӣ ҳамин гуна ҳастанд: ақоидаш, аҳкомаш, дастурҳои ахлоқиаш, ҳама.

Пас, ислом яъне фитрат; чизе, ки бо як тазаккур, мардум фитраташон бедор мешавад ва ба ёдашон меояд. Ислом яъне ҳамин умури фитрӣ.

* * *

Ҳол, касе, ки иддаъо мекунад мусалмон аст ва пойбанд ба дин аст ва диндор, диндории ӯ қоъидатан бояд ба ҳамин умур бошад. Яъне ғайбат накунад, дурӯғ нагӯяд, роздор бошад, ба дунболи айби мардумон нашавад, вақте касе ба ӯ чизе гуфт, онро ҳамчун амонат пеши худ нигаҳ дорад ва фош накунад, ба адолат доварӣ кунад ва ғайра…

Хуб, ҳоло шумо саре бизанед ба фазои маҷозӣ ва нигоҳе биафканед ба гуфтор ва навиштори касоне, ки мегӯянд диндор ҳастанд ва ҳамеша аз ислом дифоъ ҳам мекунанд ва воқеан дар ихлосашон одам шакке намекунад, вале оё ин азизон аз рафторҳои зиште, ки намунаҳояш оварда шуд, парҳез мекунанд?!

Ин ки як нафар биёяд ва паёмҳои хусусии касеро, ки бо ӯ сӯҳбат кардааст – ки гуфтем, ин як амонат аст пеши вай – фош кунад ва тасвири онро дар малаъи омм дар фазои маҷозӣ бигузорад ва обрӯйи тарафро бирезад, хуб ин чист?! Ислом он аст, ки ту онро фош накунӣ, чунонки оёт ва ривоётеро ба унвони намуна овардам. Ту, ки муртакиби ин амал мешавӣ, хилофи ислом иқдом намудаӣ. Он вақт, ту диндор ҳастӣ?! Дине, ки он ҷуз парҳез аз ин умур нест. Дин ҳамин аст, на чизе дигар. Оё ту ҳамин динро дорӣ?!

Ва ё ин ки дин мегӯяд, дурӯғ магӯ, ки дар воқеъ фитрат гуфтааст, ки дурӯғ магӯ. Ҳоло азизоне ҳастанд, ки барои дифоъ аз дин, аҳёнан ба дурӯғ мутавассил мешаванд. Масалан, бисёриҳо бо ин пиндор, ки аз мазҳаб ва дини худ дифоъ мекунанд — чӣ шиъа аст вай ва чӣ суннӣ — барои он ки собит кунанд мазҳабашон ҳақ аст ва соири мазоҳиб ботил, як матлаби дурӯғеро дар бораи мазҳаби дигар мунташир мекунанд. Ва ҷолиб он ки медонанд, ки дурӯғ аст. Вақте мепурсӣ, охир, ин дурӯғ аст ва дурӯғ як амри ҳаром, дар посух мегӯянд, барои дифоъ аз мазҳаб ва сиёҳ нишон додани фалон мазҳаби дигар – ки аз назари ӯ ботил аст – ҷоиз аст, ки ба дурӯғ мутавассил бишавем!

Дин омадааст, то бо дурӯғ мубориза кунад ва басоти дурӯғро барчинад, бо ин ҳол, оё иҷоза медиҳад, ки ту барои як ҳадафи пок масалан, ба як василаи номашрӯъ ва нопок мутавассил бишавӣ?! Ҳар олим ва муфтӣ ва мубаллиғ, ки фатво диҳад, барои сиёҳ нишон додани мухолиф, дурӯғ равост, ба Худо пеши Худованд хоҳад истод ва бозхост хоҳад шуд ва ҷойгоҳи ӯ низ ҷуз дарки асфалуссофилин нест! Дар ойини поки мо “ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад”. Ҳар касе, ки огоҳ нест, китобҳои фиқҳиро таварруқ кунад ва бибинад, фуқаҳо ва муҷтаҳидони исломӣ дар ин бобат чӣ гуфтаанд!

Ислом яъне ин ки дурӯғ нагӯӣ. Ислом ҳамин аст. Ҳол, вақте дурӯғ гуфтӣ, ҳатто барои дифоъ аз дин ва ё мазҳаби худ, оё ислом дорӣ, ки иддаъо бикунӣ, ман диндорам?! Ту, ки онро надорӣ!

Ва ё он ки ислом ба шиддат аз рехтани обрӯи мӯъмин ва мусалмон барҳазар доштааст ва онро мисли рехтани хуни ӯ медонад. Банда, ки ҳама рӯза вориди фазои маҷозӣ мешавам, рӯзеро суроғ надорам, ки дида бошам, як диндор обрӯи як диндори дигареро нарехтааст. Бо ин ҳол, оё ту диндорӣ?! Ё онро надорӣ?!

Ё ин ки ислом ба шиддат аз дашном ва таҳқир ва тавҳин манъ кардааст, ҳатто дар ояте, аз саббу дашноми мушрикони бутпараст низ манъамон карда, он ҷо, ки фармудааст:

وَلاَ تَسُبُّواْ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ

Ва онҳоеро, ки ғайри Худоро мехонанд, дашном мадиҳед!..” (Сураи Анъом, ояти 108), вале шумо мебинед, тараф, ки масалан дар ҳоли дифоъ аз ислом аст, фарди мухолифи худ дар дин ё мазҳаб ва ё андешаро, ба қабеҳтарин ва зишттарин ва ракиктарин алфоз дашном медиҳад.

Ислом он аст, ки ту дашном мадиҳӣ. Ислом ҳамин аст. Хуб, вақте ту дашном медиҳӣ, дин дорӣ, ки бигӯӣ, ман диндорам?!

Ин аст мисдоқи он ривояте, ки дар садри мақола овардам, ки мегуфт:

Замоне бар мардумон хоҳад омад, ки аз ислом ҷуз номаш ва аз Қуръон ҷуз хатту расмаш боқӣ нахоҳад монд, масҷидҳояшон обод хоҳад буд, аммо аз ҳидоят холӣ ва хароб…” (Ривояти Байҳақӣ дар Шуъабул-имон, 3/317-318)



Рубрики:Ахлоқи зишт, Барномаи зиндагӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Суннат, Қуръони Карим

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: